ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

16 феврал 2024, Ҷумъа
21
0


Ҳаҷми ММД то 8,3 дарсад афзоиш ёфт

Соли сипаришуда новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар натиҷаи амалигардонии истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, фаъол гардондани корхонаву коргоҳҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар маҷмуъ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 130,8 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,3 дарсадро ташкил дод.

Дар ин бора Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Суръати рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 дарсад, кишоварзӣ 9, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5, боркашонӣ 16,6, гардиши савдо 13,4, хизматрасонии пулакӣ 14,1 ва мусофиркашонӣ 9,8 дарсад таъмин гардид.
Сатҳи таваррум дар ин давра 3,8 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ  (4,2 фоиз) 0,4 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 3,4 дарсад, молҳои ғайриозуқа 6,6 ва хизматрасонӣ 1,2 дарсад ташаккул ёфтааст.
– Дар соҳаи саноат соли гузашта ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат дар ҳудуди мамлакат 729 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 4846 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 46,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 12 дарсадро ташкил дод, – гуфт З. Завқизода.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 


Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ барзиёд таъмин шуд

– Соли 2023 ба буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиарду 79,6 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид гардиданд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда ба андозаи 1 миллиарду 670,8 миллион сомонӣ ё 122,6 фоиз ва нисбат ба нақшаи аниқшуда 1 миллиарду 70,7 миллион сомонӣ ё 113,4 фоиз зиёд мебошад, – иттилоъ дод Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи сардори Хадамот, новобаста аз идома ёфтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар робита ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки боиси ба вуҷуд омадани душвориҳо ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ гардид, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки сабаби асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба дуруст муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукӣ, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тақвияти фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии мол, назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва дуруст амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки дигар давлатҳо марбут мебошанд.
Инчунин, зикр шуд, ки ба иҷрои босифат ва барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ҳамзамон, ҷорӣ намудан ва истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумот дар шакли электронӣ, бо низоми ғайринақдӣ ва электронӣ пардохт намудани боҷҳои гумрукию андозҳо, таъсиси низоми Равзанаи ягона мусоидат кард. Ин чораҳо раванди вобастагии барасмиятдарории гумрукӣ ва ситондани пардохтҳои гумрукиро аз омилҳои инсонӣ коҳиш дода, фаъолиятро дар ин самт ба таври системавӣ тавассути технологияҳои муосир таъмин намуданд.

Шаҳноз ҚУРБОН 


ВМКБ ба марҳалаи нави рушд ворид гашт

Дар нишасти матбуотӣ раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зикр кард, ки иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ дар соли 2023 ба андозаи 105,2 фоиз таъмин гашт. Ҳамаи уҳдадориҳои давлатӣ оид ба сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ пурра иҷро гардиданд.

Дар заминаи эълон намудани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат дар вилоят 24 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 220 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифта, соли ҷорӣ боз 40 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 700 ҷойи нави кор бунёд меёбад.
Соли сипаришуда ба иқтисоди вилоят зиёда аз 1 миллиарду 779 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 1736,6 миллион сомонӣ расид, танҳо барои соҳаи сохтмон 1 миллиарду  253,7 миллион сомонӣ ҷудо гашт, ки  нисбат ба соли 2022-юм 2 баробар  зиёд аст. 
Кишоварзони вилоят бо меҳнати самараноки худ  ба маблағи 885,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Барои тавсеаи соҳаи моҳидорӣ, то моҳи августи соли ҷорӣ, дар ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон хоҷагиҳои калони моҳипарварӣ ба истифода дода мешаванд. Дар давоми сол 80  гармхона дар майдони 3 га бунёд гардид, соли ҷорӣ боз 50 гармхонаи дигар дар майдони 2 гектар, аз ҷумла дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ба истифода дода мешавад. 
Дар баробари равнақи инфрасохтори хизматрасонӣ теъдоди сайёҳон, ки аз вилоят дидан менамоянд, сол ба сол зиёд гашта, соли 2023-юм шумораи онҳо ба 20594 нафар расид, ки 6961 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.

Раҳмони ГУЛЗОР 


ШОҲМАНСУР
ТАЪМИНИ 2756 НАФАР БО ҶОЙИ КОР

Имсол дар ноҳияи Шоҳмансур дар доираи Солҳои рушди саноат 5 корхонаи нав ба истифода дода мешавад. Соли 2022-юм 126 корхонаи саноатӣ фаъолият дошт, соли гузашта ба 150-то расид. Инчунин, ҳафт корхонае, ки аз фаъолият боз монда буд, ба кор пардохт. Корхонаҳои саноатӣ бо назардошти бахши ғайридавлатӣ 641,6 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид карданд, ки 125,4 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳаҷми фурӯш ба 566,3 миллион сомонӣ расид.

Зимни нишасти матбуотӣ Билол Иброҳим, раиси ноҳия, иттилоъ дод, ки дар соли ҳисоботӣ қисми даромади буҷет 100,7 дарсад иҷро гардида, 289,7 миллион сомонӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ба хазинаи ноҳия ворид гаштанд. Ин нисбат ба нақша 1,9 миллион сомонӣ зиёд аст. 
Мавсуф тазаккур дод, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷет 291,3 миллион сомониро дар бар гирифт. Музди миёнаи меҳнат ба 3479 сомонӣ баробар шуд, ки аз соли пеш 399 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин муддат 4007 корҷӯ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат карда, тавассути татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, 2756 сокин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт. 

Кароматулло АТО



ТОҶИКОБОД
Сармоягузории 103 иншоот

Қадриддин Фақерзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки  ба ифтихори Ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду барқарорсозии 101 иншоот дар нақша аст. То имрӯз 27 иншоот ба истифода дода шуд, сохтмон ва ҳуҷҷатгузории иншооти боқимонда идома дорад.

Мавсуф зикр намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар Тоҷикобод 103 лоиҳаи хурду калони давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 42,2 миллион сомонӣ амалӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 196 лоиҳаро ба маблағи 139 миллион сомонӣ дар бар гирифта, то охири соли рафта 70 лоиҳа ба маблағи 50,1 миллион сомонӣ ё 36,8 фоиз иҷро гардид. 50 лоиҳа, ки зиёда аз 40 миллион сомониро дар бар мегирад, дар ҳоли татбиқ қарор дорад. 
Инчунин, зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ кишоварзони Тоҷикобод 3102,7 тонна ғалладона, 29469 тонна картошка, 6094,6 тонна сабзавот, 5567 тонна мева, 2122,6 тонна гӯшт ва 117 тонна асал истеҳсол намуданд, аз ҷумла ба бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 21 ҳазор тонна маҳсулот ворид гардид.

Гулнисои САЪДОНШО



Бунёди 80 иншоот дар ноҳияи Сангвор

– Ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бунёди 80 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуд. Аллакай як қисми он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Соли 2023 барои сохтмонҳои асосӣ аз  буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ ҷудо  гардид, – гуфт Маҳмадшоҳ Давлатзода, раиси ноҳияи Сангвор, зимни нишасти матбуотӣ. 

Қисми даромади буҷети  ноҳия ба ҷойи 16 миллиону 700 ҳазор сомонӣ дар ҳаҷми 18 миллиону 436 ҳазору 526 сомонӣ иҷро гардид, ки ба 110 дарсади нақша баробар аст. Яъне ба хазинаи ноҳия 1 миллиону 736 ҳазору 568 сомонӣ зиёдтар маблағ ворид гашт. 
Ба иттилои раис, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ  ба 575,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 331,3 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 67,1 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 10,7 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 166,3  миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд.

Гулнисои САЪДОНШО



БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ:
«Се озмоишгоҳи нави замонавӣ таъсис ёфт»

Бахтиёр Маҳмадалӣ,  ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки давоми соли 2023 дар Донишкада се озмоишгоҳи нави замонавӣ барои ихтисоси заргарӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, зикр гашт, ки 15 озмоишгоҳи мавҷуда бо таҷҳизоти наву муосир таъмин ва якчанд  озмоишгоҳ ба таври комил навсозӣ гардид.
Ректор дар рафти нишаст аз ифтитоҳи филиали кафедраҳои Донишкада дар назди корхонаҳои саноатӣ ёд оварда, гуфт, ки дарсҳои зиёди амалии донишҷӯён дар корхонаҳои саноатӣ баргузор мегарданд. Ин раванд ба омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа мусоидат менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои соҳаҳои кӯҳкорӣ, металлургия, энергетика, иқтисодиёт ва сохтмон мутахассис омода месозад.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА


ПАЛАТАИ ҲИСОБ
405 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қоидавайронкунии 
молиявиро ошкор кард

Соли гузашта зимни гузарондани 166 чорабинии аудиторӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 405 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қоидавайронкунии молиявӣ ошкор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 28 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

Дар ин бора Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргашта тадбирҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкунии молиявӣ ба маблағи 398 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ 310 миллион сомонӣ, ба корхонаҳо 41 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47 миллиону 200 ҳазор сомонӣ барқарор гардид, ки 98,2 дарсади маблағи умумиро ташкил медиҳад. 
– Дар  самти  баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ дар сохтор-ҳои вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 64 чорабинии аудиторӣ гузаронда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 41,4 миллион сомонӣ муайян ва аз он 34,6 миллион сомонӣ барқарор шуд, – гуфт Қарахон Чиллазода.

Комрон САФАР


БМТ 
Робитаҳои байналмилалӣ самар меоранд

Бонки миллии Тоҷикистон соли 2023 фаъолияти худро дар самти татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ, нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин, таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт чораҳои зарурӣ меандешад, - иброз дошт Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ. 

Дар соли 2023 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок ҷамъбаст гардида, 3,8 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 0,4 банди фоизӣ кам мебошад. 
Тавре маълум аст, маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъати истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.
Ҳаҷми қарз дар соли 2023-юм 19 миллиард сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 4,6 миллиард сомонӣ ё 32 фоиз зиёд мебошад. 
Барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ ба санаи ҳисоботӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 6 939 POS-терминал насб шудааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2022 теъдоди онҳо 79,2 дарсад зиёд аст. Инчунин, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 12,6 ҳазор QR–рамзи ягона насб гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари сармояи хориҷӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки рушди Авруосиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳоди дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар соли 2023 ба низоми бонкии кишвар 2 204,6 миллион доллари ИМА қарз, сармоягузориҳои мустақим ва ҷомадонӣ ҷалб шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 66,8 фоиз зиёд мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи самараноки сиёсати пулӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, тақвияти идоракунии корпоративӣ ва, ба ин васила, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ пайваста чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА



ВҲИ
1527 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ гардид

Соли 2023 ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1527 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гашт, 35 муроҷиат мусбат ҳал шуд. Дар ин бора Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 

Бо мақсади иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмияти Шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд - Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон  ва Ташкилоти ҷамъиятии “Идора оид ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун” силсилачорабиниҳои иттилоотӣ - фаҳмондадиҳӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Ҳисор, Ваҳдат, Хуҷанд ва ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардиданд. Инчунин, дар доираи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз” ҳамкориҳои самаранок бо дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе, Барномаи Рушди СММ, Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Намояндагии Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ дар Тоҷикистон (ICNL), Фонди ҷамъиятии “Нотабене” ба роҳ монда шудаанд.

Судобаи ФАЙЗАЛӢ

Санаи нашр: 15.02.2024 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив