ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРИШТАИ МЕҲР

ФАРИШТАИ МЕҲР

07 март 2024, Панҷшанбе
19
0

 
Фасли баҳори нозанин, ки мавсими эҳёи табиат, таҷаллии рангҳову ҳавои атрангез, мазҳари зебоиву нур ва падидоварандаи суруру шодмонӣ дар дилу дидаи ҳамаи мавҷудоти зинда аст, худ як иди бузург аст, ки ҳамаи мо расидани онро бесаброна интизорӣ мекашем. Аввалин ид дар ин фасли зебо Рӯзи Модар аст, ки ҳамроҳ омадани он бо ин айёми мубораку фархунда бесабаб нест. Зеро модар рамзи ҳаёт, зебоӣ, муҳаббат, фазилат, меҳрубонӣ ва мавҷуде фархундаву муборак аст. 

Модар пурсабртарин, дилсӯзтарин, меҳрубон-тарин ва пуротифатарин шахсест, ки қодир аст азимтарин гуноҳи фарзандро бибахшад ва дар оғӯши пурмеҳру муҳаббати беканори хеш паноҳаш диҳад. Барои ҳамин, касе дар зиндагӣ наметавонад муҳаббате амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хешро дарёбад. 
Воқеан, рушду нумӯи ҷомеаи башариро бе ҳузури фаъол ва пурранги бонувону модарон наметавон тасаввур кард. Зеро модар дарахти сабзи имон, махзани муҳаббати бекарон ва гавҳари сидқу вафо буда, дар роҳи рӯзгори башарӣ чароғи саодатро равшан менамояд. Ӯ ҳамон фаришта ва мавҷуди муқаддасест, ки ба ҳама аҳли башар бо дили саршор аз меҳру утуфат дида медӯзад. Дар ҳақиқат, модар фаришта аст, фариштаи меҳр, фариштаи умед, фариштаи бахт, фариштаи ормонҳо ва аз ҳама муқаддам фариштаи рӯзгор.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад».
Азамати дили модар ҳамто надорад ва қалбаш Офтоби рӯзгори ҳама давру замонҳо ба хотири нуронӣ сохтани ҳастии фарзанд аст. Адибон дар васфи бузургии модар, бо вуҷуди он ки асарҳои бешумор эҷод кардаанд, ҳанӯз лол монда, натавонистаанд, ки ранҷи якшабаи ӯро ба қалам диҳанд. Оре:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид. 
Бузургии модар дар он ифода мешавад, ки насли одамро идомаи ҳаёт мебахшад, муқаддасӣ ва бузургии ӯ дар он зуҳур карда, ки фарзанди ҷаҳонӣ, сарнавиштсоз ва ё таконбахши руҳи ин ё он халқу миллат, эҳёгари давлатҳоро ба дунё меорад.
Албатта, он модароне, ки мардони бузургро ба дунё меоваранд, пеш аз ҳама, дили бузург, нигоҳи бузург ва неруи бузург доранд. 
Дар ҳамин радиф  модаре, ки фарзанди бузург, сарвари сулҳофару нуронии халқу миллат, наҷотбахши давлату тавонбахши зиндагии наслҳоро ба ҷаҳон овардааст, аз раҳмати Ҳақ бонасиб буда, муқаддасии рисолати модариро дар худ бештару пештар инъикос намудааст. Модари бузург ва муқаддасе, ки Пешвои миллатро ба миллати шарифу таърихӣ ва фарҳангии тоҷик бахшидаанд, дили бузурги бахшоянда, гуфтору пиндори хос ва кирдори нек доштанд. 
Ҷавҳари ҳазорон панднома ва суханҳои орифонаи Пешвои миллат дар васфи Зан-Модар паҳлуҳои фарохро дар бар гирифта, онҳо маҳсул ва эҳсони дасти дуои модари бузургворашон мебошанд. Дили бузургу бахшандаашон ба Пешвои миллат тавони бахшандагӣ бахшид, ки гунаҳкорони азими миллию давлатиро афв карданд.
Нигоҳи ояндабин ва пиндори фариштасиришти он кас ба ояндаи Тоҷикистон нури зулматшикан ва ояндаи дурахшонро эҳдо намуд. Имрӯз дар садои гарми Пешвои миллат оҳанги нарми гуфтори модари бузургворашон, дар ҷавҳари хиради волояшон таъсири пиндори неки азалии модари арҷмандашон ҳувайдо аст. 
Тамкини модари Пешвои миллат худ як мактаби бузурги тарбият буда, дарси таҳаммулу муваффақият, таълими инсонсолориву ҳувият аст. 
Дасти дуои модари Пешвои миллат дуои фатҳу кушоиш ва суботу салоҳ, дуои раҳоиш аз ҳар банд буда, ниёише барои имрӯзу фардои дурахшони миллати бузурги тоҷик ва Тоҷикистони биҳиштосо аст.
Мактаби ахлоқи ҳамидаи модари Пешвои миллат дабистони бузурги одамият, мактаби бузурги худшиносӣ ва меҳнатдӯстию меҳанпарастист.
 Барои ҳамин, дар меҳрномаи миллат ба унвони Роҳбари давлат муҳаббати самимии мардуми Тоҷикистон ба шахсияти бузурги эшон ва модари нотакрорашон нуҳуфта аст. 
Ватани мо модари мост. Арҷ гузоштан ба Ватан арҷгузорӣ ба Модар ва хидмат ба Ватан хидмат ба Модар аст. Зеро  фарҳанги мо ҳамеша  аз мақому манзалати ҳамвазн бархӯрдор буданду ҳастанд. 

Иброҳим ПИРНАЗАРЗОДА, номзади илмҳои сиёсӣ

Санаи нашр: 07.03.2024 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив