ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БУЗУРГОН ДАР ВАСФИ ЗАН – МОДАР

БУЗУРГОН ДАР ВАСФИ ЗАН – МОДАР

07 март 2024, Панҷшанбе
32
0


Вақте ки вожаи муқаддаси “модар”-ро ба забон меорем, қабл аз ҳама, пеши назар симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи Замин ва сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва, дар маҷмуъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад. Зеро, агар Хуршед бо анвори хеш ҷаҳонро файзу рӯшноӣ ва хуррамӣ бахшад, пас, меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан-модар нури зиндагии инсон, сарчашмаи саршори рӯзгор ва ободию осудагии ҳар хонавода маҳсуб меёбад.
Калимаи “модар”, ки аз панҷ ҳарф иборат аст, ба назари ман, ифодагари панҷ унсури таҷассумгари шахсияти беҳамтои ӯ – Меҳр, Одамӣ, Дилсӯзӣ, Адолат ва Ростӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки вақте мо калимаи муқаддасу зебои “модар”-ро ба забон меорем, тамоми вуҷудамонро эҳсоси гарму фараҳбахше фаро мегирад, қалбамонро лабрез аз шодию сурур мегардонад.
Мақоми модар он қадар баланд аст, ки бузургон биҳиштро зери пои модарон қарор додаанд. Мо дар ин росто суханҳои бузургони оламро дар ситоиши модар гирд овардем, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад:

Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда, агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Эмомалӣ РАҲМОН
Модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Эмомалӣ РАҲМОН

Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Зан кӯдаке аст, ки бо андак табассум хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.
ҲЕРВЕД

Зан ягона вуҷуде аст, ки ҳақиқати ишқи покро мешиносад.
ШИЛЛЕР

Тамаддун чист? Натиҷаи нуфузи занони покдоман.
ЭМЕРСОН
Хашми зан монанди алмос аст, ки медурахшад, аммо намесӯзонад.
ТАГУР
Чизе, ки зан дорад ва мардро тасхир мекунад, меҳрубонии ӯст, на симои зебояш.
ШЕКСПИР

Агар зани зебо гавҳар бошад, пас зани бофазилат канз аст.
КАНТ

Тору пуди модарро аз меҳрубонӣ бофтаанд.
Ралф Уолдо ЭМЕРСОН

Поктарин нигоҳи меҳромезро дар чашмони падару модари хеш ҷустуҷӯ кун.
Уруди БУЗУРГ

Камоли зан дар модарӣ аст, зане, ки модар нест, мавҷуди ноқисе аст.
Оноре де БАЛЗАК

Модар шудан марҳалаи камоли зан аст.
Александр ДЮМА
Аз ишқ бадам меояд, зеро як бор ошиқ шудам ва модарамро фаромӯш кардам.
Марк ТВЕН

Меҳмониҳои фаровон аз арзиши одамӣ мекоҳад, магар дидори падару модар.
Уруди БУЗУРГ

Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари хуб ёбед.
Оноре де БАЛЗАК  

Аз ҷамъи меҳрубониҳо модар сохтаанд.
Кристофер МАРЛО

Тифл модарашро аз лабхандаш мешиносад.
ФЕРҶИЛ

Яке аз бузургтарин офаридаҳои Худо қалби модар аст.
Андре ГРЕТРИ

Барои модар вожае зеботар аз фидокор наметавон ёфт.
Уруди БУЗУРГ

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,  
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 07.03.2024 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив