ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАР ГАҲ КИ МЕРАВАМ БА СУРОҒИ ТУ, МОДАРАМ…

ҲАР ГАҲ КИ МЕРАВАМ БА СУРОҒИ ТУ, МОДАРАМ…

07 март 2024, Панҷшанбе
19
0


Очаҷон, арафаи Рӯзи Модар асту меҳрубониҳоят як-як пеши назар меоянд. Бо ёди қадди мавзунат, чашму абрувонат, хандаҳои дилкашат, ки дигар ҳеҷ гоҳ намебинамашон, дилам хун аст…
 Боре ба аёдаташ рафтам. Рӯи кати таги тути ҳавлӣ бо ҳам суҳбат мекардем. Модарам ба бародарам гуфт: «Вақте набошам,  духтарам, ки омад, ҳангоми бозгашт ӯро бо мошин хонааш бубар, боз танҳо наравад». Акаам хандида гуфт: «Мошин надошта бошам чӣ?».
 Модарам каме хомӯш истода, гуфт: «Дар ин сурат, вақти рафтан аз қафояш барою то аз чашм ғоиб гаштан, нигоҳаш кун». 
«Инаш осон», – гуфт бародарам ва ҳар ду хандидем. 
Хандидем, аммо дилам ба дард омад, зеро ҳарфҳои модарам одӣ набуд, балки андарз буду ҳикмате дошт. Медонист, ки солҳои вопасини умраш боқӣ монда. Мехост баъд аз сараш мо – фарзандонаш, парешон набошем, балки аз ҳамдигар муроқибат кунем. Модарам дар вопасин лаҳзаҳои умраш ҳам дар андешаи мо буд. Ба назарам чунин менамояд, ки ҳоло низ моро аз куҷое назорат мекунад, зеро вақте бемор мешавам, ба хоби наздиконам меояд аз бемориям огоҳашон менамояд. 
Модар ганҷи ноёб, меҳрубонтарин ва наздиктарин шахс барои фарзанд буда, ҳастии худ, буду набуди хешро фидои ҷигарбандонашон месозад. Офтоберо мемонад, ки бо нуру зиёи худ ба қалбу руҳи фарзандон гармӣ мебахшад. Дарёро мемонад, ки аз баракаташ замини умеди фарзандон шодоб мегардад. Кӯҳеро мемонад, ки бо салобаташ ба фарзандон  ғуруру сарбаландӣ мебахшад. Абреро мемонад, ки об мешавад, то аз файзаш меваҳои боғи умед самар оранд. Бузургии ӯ тасаввурнопазир аст. 
Модарам баъди марги падар моро падар ҳам буд. Моро соҳибмаълумот ва дар зиндагӣ ба по рост кард. Ёд дорам, балки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, то лаҳзаҳои вопасини умраш оча мегуфт. Куртаи модарашро аз сандуқ мебаровард, бо ашки шашқатор модарашро ёд мекард. Ҳоло ки модарам бо ман нест, акнун дарк менамоям: модарам бо ёди модараш чи сӯзу фироқе доштааст.
Ёдҳои кӯдакӣ, ёди деҳа, хонаи падарӣ бо ёди ӯ сахт тавъаманд. Аммо дигар ӯро на дар хонаи падар меёбам ва на дар кӯчаҳои деҳа, ки замоне аз қафояш медавидам. Садои форамашро намешунавам. Дигар он хона барои ман аз муҳаббати гарми  модаронаи ӯ тиҳист. Нуру сафои пешинаи худро гум карда. Ҷойи ӯ дар ҳама ҷо холист, ба ҷуз қалби мо –  фарзандон ва наберагонаш. 
Ҳар гаҳ ки меравам ба суроғи ту, модарам,
Куи падар, ки сояи ӯ буд бар сарам.
Бар он макони содаи айёми кӯдакӣ,
Бар хонаи бародари бар ҷон баробарам.
Бӯят дигар димоғ муаттар намекунад,
Бӯйи танури нони ту дигар намекунад.

Адолат БӮРИЕВА, 
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Санаи нашр: 07.03.2024 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив