ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАВҶУДИ БУЗУРГУ МУҚАДДАС 

МАВҶУДИ БУЗУРГУ МУҚАДДАС 

07 март 2024, Панҷшанбе
32
0


Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардондаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Модар мавҷудест, ки барои баркамолии фарзанд ҳамаи дороӣ ва нозу неъмати дунёро, ки самари умраш аст, мебахшад. Осудагию хушбахтӣ ва дороии худро дар ҳастӣ ва симои фарзанди дилбандаш мебинад. Фарзандро сармояи умри ҷовидонии худ меҳисобад. Пас аз Худо офарандаи мо модар аст.
Шоири маҳбуби миллат, Лоиқ Шералӣ шири модарро маҳсули сӯзиши дил ва таровишҳои хуни ҷигар ҳисобида, мефармояд:
Шири модар аз таровишҳои хуни ҷигар аст,
Модаронро з-ин сабаб ҳам сӯзиши дил дигар аст.
Сафедӣ ва покии шири модар рамзист. Шири поки модар на ин ки муҳимтарин ва арзишмандтарин ғизо, балки руҳу равон ва дорую дармон барои фарзанд аст. 
Бӯйи муаттари модар аз ҳазор атрафзоию атрафшонии гулу себаргаҳои гулистон ва майсаву бӯстон болотару авлотар ва ба машоми одамӣ расонандаи бӯйи биҳишти анбарсиришт аст. Барои модар дили шоду лаби пурханда ва фатҳу дастовардҳои фарзанд таманниёти ҳамешагии ӯянд. 
Меҳнату заҳмат, ранҷу азият ва ҳолату нороҳатии модарони арҷмандро шоири маҳбуб Эраҷ Мирзо бо самимият чунин ифода мекунад:

Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё,
Зи модар бештар, бечора модар.
Дасти навозишкорона ва ё меҳронае, ки модар лаҳзае ба рӯ ва ё сари фарзанд мениҳад, таскинбахшандаю руҳафзо, қувваю тавон ва дармонбахшандаю тақвиятдиҳандаанд. Модар шамъу чароғи хона, дороӣ, тавоноӣ, ҳастӣ, давлату савлат ва баракати умру сармояи аслии одамӣ аст. 
Шоир бо меҳри саршор аз муҳаббату садоқат ва ихлосмандию эътиқоду эътимоди бепоён ҳастии худро дар ҳастии модари арҷманд дониста, фармудааст:
Гар ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст!
Рӯзи Модари арҷманду дилписанд ва мавҷуди бузургу муқаддас ба ҳама  фарзандони дилбанд муборак бошад! 

Раҷабалӣ САНГОВ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон  

Санаи нашр: 07.03.2024 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив