ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАШВАРАТИ КОРӢ

МАШВАРАТИ КОРӢ

12 март 2024, Сешанбе
20
0

 
11-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, ки зимни суханрониашон дар мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин  рӯзи 9-уми март иброз дошта буданд, машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат, ки бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар ҷараён гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки масъулон барои татбиқи амалӣ ва босамари дастуру супоришҳо, ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои он рӯз садодода, ки дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии зиёд дарёфт намуданд, нақшаю барномаҳои асосноку ҳадафманд таҳия карда, чораҳои зарурӣ  роҳандозӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф кардани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ, аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ ва баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда пурсамар истифода баранд.

Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив