ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОҒОЗ ЁФТ

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОҒОЗ ЁФТ

14 март 2024, Панҷшанбе
68
0


Соли шашум аст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад. Дар ҳақиқат, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро рӯ ба китобу китобхона овардааст. Тули чанд соле, ки Озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, бешак, шоҳиди он мегардем, ки шумораи дӯстдорони каломи бадеъ меафзояду аудиторияи онҳо васеъ мегардад. Лаёқати волои китобхонию суханронии иштирокдорон, бахусус насли наврас, бори дигар собит мекунад, ки тоҷикон аз азал дилбохтаи каломи бадеанд. 
Лозим ба ёддоварист, ки даври аввали Озмун, аллакай, дар донишгоҳу донишкадаҳо ва  шаҳру ноҳияҳо оғоз гардида, дӯстдорони олами китобро ба ҳам овардааст. 
- Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баёнгари он аст, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолааи китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, новобаста ба синну сол барои хондану аз бар намудани мероси адабиву илмӣ ва, бо ин роҳ, мусоидат дар ташаккули маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш саҳм мегузоранд. Гуфтан ба маврид аст, ки рафти Озмун аз тарафи намояндагони шуъбаи маориф ва намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти назорат қарор гирифтааст. Умед аст, ки иштирокдорон дар ин сол то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, - иброз намуд Маҳмадулло Исмонов роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор. 
1-уми январи соли 2024 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории Озмун дар соли 2024 ба тасвиб расид. Тибқи дастури Пешвои миллат, имсол низ барои иштирокчиёни даври чумҳуриявии Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд. 

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 14.03.2024 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив