ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Ҳадафҳои рушди устувор 

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Ҳадафҳои рушди устувор 

15 март 2024, Ҷумъа
24
0


13-14-уми  март ҳайати расмии кишвар таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар Форуми Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар доираи Комиссияи иқтисодии СММ барои минтақаи Аврупо дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гашт, иштирок намуд.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мо иттилоъ доданд, ки дар Форум муколамаи сатҳи баланд байни давлатҳои аъзои Комиссия доир гардида, иштироккунандагон вобаста ба дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар татбиқи пурраи Рӯзномаи 2030 табодули афкор намуданд.
Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, аз ҷумла рушди миёнасолонаи иқтисодии мамлакат 7,5 дарсад таъмин гашта, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3 баробар афзоиш ва сатҳи камбизоатӣ 1,6 маротиба коҳиш ёфт. 


Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ ва молиявӣ 
Марҳалаи дуюми «Барномаи тақвият бахшидани бахши молиявӣ ва рушди бахши хусусӣ» дар мулоқоти раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода бо намояндагони ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гашт. 
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, айни замон Бонки миллӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи се лоиҳа: «Асосҳои рақамии Тоҷикистон», «Устувории низоми молиявӣ ва таҳкими бахши хусусӣ» ва марҳалаи дуюми «Барнома оид ба таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон» ҳамкориро идома медиҳад.Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди назар, аз ҷумла маблағгузории «иқтисоди сабз», хавфҳои тағйирёбии иқлим, дастгирии имконияти рушди устувори бозори суғурта, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, хизматрасонии молиявии рақамӣ, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ ва афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ табодули афкор намуданд.


Баррасии вазъи ҳамкориҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва СММ 
14-уми март бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамоҳангсозони доимии СММ дар минтақаи мо баргузор шуд. 
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни  давлатҳои Осиёи Марказӣ ва СММ, алалхусус дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим, масъалаҳои обу энергетика ва рақамикунонӣ мубодилаи афкор намуданд.


Муаррифии зарфияти манбаъҳои неруи таҷдидпазири Тоҷикистон 
14-уми март дар шаҳри Майнси музофоти Федеролии Райнланд-Пфалси Олмон «Муколамаи сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Каспий» баргузор гашт.
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон иттилоъ додааст, ки дар ҳошияи ин нишаст бо вазири иқтисод, нақлиёт, кишоварзӣ ва соҳаи токпарварии музофоти федеролии Рейнланд-Пфалс Даниела Шмитт ва роҳбарони ширкатҳои мухталиф оид ба ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор сурат гирифт. 


Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Литва 
Дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Литва дар соҳаи нақлиёт 14-уми март дар мулоқоти вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Литва дар кишвари мо  Эгидиус Невикас баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва имконияти густариши ҳамкории минбаъда, аз ҷумла дар бахши транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд. Таъкид шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Литва танҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли 2023 18759,4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Асоси шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба дар марҳалаи ташаккулёбӣ қарор дошта, имрӯз он аз 5 ҳуҷҷат иборат аст.

Санаи нашр: 15.03.2024 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив