ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ САФИРОНИ НАВ

ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ САФИРОНИ НАВ

18 март 2024, Душанбе
17
0

 
15-уми март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷеш Уки, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Мунирул Ислом, Подшоҳии Нидерланд Нико Схемерс, Ҷумҳурии Литва Навикас Эгидиюс, Ҷумҳурии Словакия Виктор Боретски, Ватикан Ҷорҷ Ҷорҷ Панамтундил, Ҷумҳурии Ангола Аугушто да Силва Куня, Ҷумҳурии Бенин Андре Акамби Окунлола-Биау, Ҷумҳурии Сйерра Леоне Моҳамед Йонгаво ва Ҷумҳурии Колумбия Эктор Исидро Аренас Нейра, эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ин маснад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд. Изҳори итминон карда шуд, ки фаъолияти самараноки сафирон омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мулоқоти имрӯза дар айёме сурат мегирад, ки дар саросари сарзамини куҳантамаддуни Тоҷикистон накҳати яке аз зеботарин ҷашнҳои Машриқзамин – Наврӯзи оламафрӯз ба машом мерасад. Бо истифода аз фурсати муносиб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони навтаъиншуда табрикоту таманниёти неки худро ба муносибати ин ҷашни байналмилалӣ иброз намуданд.
Зикр гардид, ки баробари мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз фазилатҳои неку созандаи он аз фазои милливу фарҳангиаш фаротар рафта, мазмуну тобиши ҷаҳонӣ касб кардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Бангладеш, Шоҳигарии Нидерланд, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Словакия, Ватикан, Ҷумҳурии Ангола, Ҷумҳурии Бенин, Ҷумҳурии Сиерра-Леоне ва Ҷумҳурии Колумбия андеша ронданд.
Президенти мамлакат зикр намуданд, ки давлати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста саъй менамояд, то доираи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самтҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ равобити фаъолу созанда ба роҳ монда, пеш мебарад. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авҷи бесобиқаи ташаннуҷ дар манотиқи гуногуни олам изҳори ақида карда, таъкид доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории пурсамари байнидавлатӣ ҳамчун омилҳои калидии устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунанд.
Таъкид гардид, ки дар ин замина давлати Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъиншударо бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.

Санаи нашр: 18.03.2024 №: 52
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив