ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАСИЯТИ МАРШАК: “МАРО ДАР ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ БА ХОК СУПОРЕД”

ВАСИЯТИ МАРШАК: “МАРО ДАР ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ БА ХОК СУПОРЕД”

18 март 2024, Душанбе
20
0

 
Хоку оби Тоҷикистон ва фарҳангу тамаддуни тоҷикон чи эъҷоз ва оҳанрабо дорад, ба худи мо – тоҷикон он қадар равшану намоён нест. Ба андешаи мо, ошиқони ин марзу бум, ки, аслан зодаи кишварҳои дигаранд, ин эҳсос ва ҷозибаро ба ҷону дил санҷидаанд ва некутар медонанд. Яке аз онҳо бостоншиноси номвар, пажӯҳишгари собитқадами Панҷакенти Қадим Борис Илич Маршак мебошад. Мавсуф пеш аз марг васият кард, ки тани беруҳашро дар пояи қалъаи бостонии Панҷакент ба хок супоранд ва чунин ҳам шуд. Ҳоло пеши назари гардишгарони ин ҷо меомада, аввал санги мазори ӯ мерасад, ки чунин катиба дорад: “Доктори илми  таърих,  муҳаққиқи  Панҷакенти  Қадим Борис  Илич Маршак”.

ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Борис Маршак 9-уми июли соли 1933 дар  вилояти Ленингради Русия ба дунё омад. Падараш шоири дар замони шуравӣ номошно Самуэл Маршак аст. Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дохил мешавад. Ҳанӯз донишҷӯ буд, ки соли 1954 ба шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон омад. Фаъолияти кориаш баъди хатми Донишгоҳ расман дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз ёфт. 
Зиндаёд Борис Маршак ҳамчун бостоншиноси варзида баъд аз вафоти устодаш А. Беленитский аз соли 1978 роҳбарии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакентро ба уҳда дошт ва аз соли 1958 дар шуъбаи Шарқи Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург ба ҳайси мудири бахши Осиёи Марказӣ ва Қафқоз фаъолият дошт. 
– Ҳамсари вай Валентина Распопова низ аз бостоншиносони маъруф мебошад, ки солиёни зиёд шаҳри бостонии Панҷакентро таҳқиқ намудааст. Дар рисолае, ки зану шавҳар соли 2005 бо номи «Сангҳои тарозуи суғдӣ дар Панҷакент» таълиф намудаанд, сангҳои тарозуи ҳангоми ҳафриёт ёфтшуда ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд, – менависад журналисти шинохта Бобо Солеҳзода.
Ин ховаршиноси маъруфи рус қариб панҷоҳ сол бо Панҷакенти Қадим буд ва 28-уми июли соли  2006 дар ҳамин ҷо дар 73-солагӣ чашм аз ҷаҳон баст.

АЗ «НУҚРАИ СУҒД» ТО «ҲУНАРИ СУҒДИ БОСТОН»
Номбурда муаллифи беш аз дусаду панҷоҳ асари илмӣ буда, бештари онҳо ба таҳқиқи таърихи тоҷикону Тоҷикистон бахшида шудаанд.  Машҳуртарин асараш, ки номи ӯро чун донандаи ҳирфаии ёдгориҳои нуқра ба олами илм ошно кард, «Нуқраи Суғд» аст. Он натиҷаи таҳқиқоти чандсолааш дар шаҳри бостонии Панҷакент мебошад.
Асари дигари Маршак «Silberschatze des Ortents» (Лейпсиг, 1986) аз ҷониби шарқшиносону бостоншиносони маъруфи ҷаҳон баҳои баланд гирифт. Ӯ солиёни зиёд ҳамчун профессори даъватшуда дар донишгоҳҳои машҳури Аврупо ва Амрико ба олимон ва донишҷӯён маъруза мехонд. Узви вобастаи Пажӯҳишгоҳи Африқо ва шарқи Италия, узви фахрии Ҷамъияти Осиёи Бритониёи Кабир ва Ирландия, узви фахрии Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Амрико ва узви хориҷии Академияи Фаронса буд. Дар заминаи дарсҳои донишгоҳиаш дар Лондон соли 2002-юм дар Ню-Йорк асари пурарзиши илмие таълиф намуд, ки қиссаю ривоятҳои қадимаи халқҳои эрониро, ки дар деворнигораҳои шаҳри бостонии Панҷакент бозгӯ ва тафсир менамояд. 
Ҳамин ишқу робита буд, ки баъди марг китоби дигари ӯ бо номи «Искусство Согда» («Ҳунари Суғди бостон») дар Санкт-Петербург (2009) ба табъ расид. Онро соли 2020 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ ва бо тарҷумаи Олими Хоҷамурод бо забони тоҷикӣ чоп карданд. 
Борис Маршак яке аз муаллифону тарроҳони намоишгоҳи «Ёдгориҳои қадимаи Тоҷикистон» дар Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург ҳам буд. Онро ҳазорон кас дидаву бо таърихи тоҷикон ошноӣ пайдо кардаанд. 

ДИЛБОХТАИ ХАЙЁМ
Азбаски Маршак дар хонаводаи шоир ба камол расида буд, ба шеъри тоҷикии порсӣ низ ошиқу дилдода боқӣ монд. Ҳатто, ба тарҷумаи рубоиёти фалсафии Хайём даст зад, ки бино ба эътирофи тарҷумонон ва суханшиносон, мазмунҳои бикри хайёмиро бо забони русӣ зебову баҷо баргардон карда.
Бобо Солеҳзода дар ин маврид менависад: “Ӯ тоҷикон, забон, таърих, ҳунару адабиёти ин миллатро дӯст медошт. Зимнан, дар силсилаи калони «Китобхонаи шоир»-и Маскав рубоиёти Умари Хайём дар тарҷумаи Борис Маршак чоп шудааст. Ба андешаи хонандагон, ӯ тавонистааст маъниҳои рубоиёти Хайёмро хеле хуб ба русӣ ифода намояд, зеро донандаи хуби забону таърихи тоҷик ва фалсафаи Шарқ буд. Ӯро дар марказҳои машҳури илмии ховаршиносӣ ҳамчун мутахассиси варзидаи таърихи Осиёи Миёна, бавижа тамаддуни суғдиён эътироф менамуданд”.
Яке аз муҳаққиқони варзидаи Панҷакенти Қадим В. Шкода дар хотираҳояш навиштааст: «Маршак шаҳраки қадимаи Панҷакентро барои  оламиён шиносонд. Ӯ дар  Коллеҷи де Франси Фаронса (таъсисёбӣ соли 1530), дар машҳуртарин марказҳои  илмии Русия, Англия, Олмон, Испания, Италия, Маҷористон, Швейтсария, Кувайт, Чин, Ҷопон, ИМА фарҳанги ғании  Тоҷикистонро  муаррифӣ намудааст».
Оғози  экспедитсияи  илмӣ  ва  омадани  Борис Маршакро  даҳҳо  зиёиёни шаҳри Панҷакент ҳар сол бо омадани гармо интизор  мешуданд ва ӯро  чун  меҳмони  азиз  ва  шаҳрванди  ифтихорӣ эҳтиром мекарданд.
Хидматҳои Борис Маршак бо ордени Дӯстӣ ва унвони Арбоби илми Тоҷикистон, ордени «Шараф»-и Русия қадр шуда, ду навбат барандаи ҷоизаи Р. Гришман ва ҷоизаи Фирдавсӣ гардидааст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.03.2024 №: 52
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив