ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Душанбе шаҳри сабзтарини Осиёи Марказӣ 

Душанбе шаҳри сабзтарини Осиёи Марказӣ 

20 март 2024, Чоршанбе
17
0
То соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил дода мешавад. 
Чунин гуфта шуд дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе». Дар Конфронси байналмилалӣ, ки дар  пойтахти мамлакат сурат гирифт, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок намуданд.
 
 
Нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Лондон 
18-уми март дар Донишгоҳи SOAS-и шаҳри Лондон аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир таҳти унвони «Рӯдакӣ- падари шеъри форсӣ, дарӣ – тоҷик» барномаи илмӣ-фарҳангӣ баргузор гашт.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рафти чорабинӣ аз рӯйи нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Эмомалӣ ба барнома ҳусни оғоз бахшида, профессорони Донишгоҳи SOAS нимпайкараи Рӯдакиро ба меҳмонон рӯнамоӣ карданд.
 
 
Иштироки 15 ширкат ва хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон дар «AgroWorld Uzbekistan-2024» 
Дар шаҳри Тошкент Намоишгоҳи 19-уми байналмилалии кишоварзӣ – «AgroWorld Uzbekistan-2024» баргузор гардид, ки дар он 15 ширкати кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии кишвари мо иштирок намуд. 
Дар Палатаи савдо ва саноат ба мо шарҳ доданд, ки дар Намоишгоҳ намояндагони 21 давлати ҷаҳон иштирок доштанд. Дар ҷараёни он Конфронси байналмилалии соҳаи кишоварзӣ бо иштироки намояндагони ширкатҳои бонуфуз, мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ баргузор гашт. 
 
 
Шиносоӣ бо фаъолияти марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои вилояти Хатлон 
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои марказии якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан кард. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки вазир, ҳамзамон, бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ шинос шуда, бо беморон ва наздикони онҳо суҳбат намуд.
 
 
Вохӯрӣ бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 бо намояндагони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мулоқот баргузор шуд.
Кумитаи мазкур иттилоъ додааст, ки дар вохӯрӣ намояндагони Агентӣ оид ба муқаррар намудани ҷазо барои гирифтан ва додани ришва, миёнаравӣ дар порагирӣ суҳбат карданд.
 
 
Форуми минтақавӣ оид ба татбиқи Паймони ҷаҳонии муҳоҷирати бехатар 
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавӣ оид ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба татбиқи Паймони ҷаҳонии муҳоҷирати бехатар, мунтазам ва қонунӣ барои давлатҳои аъзои Комиссияи иқтисодии СММ  иштирок намуд. 
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ медиҳад, ки Форум  масъалаи татбиқи Созишномаи глобалиро оид ба муҳоҷирати бехатар, ботартиб ва мунтазам баррасӣ кард. Созишнома соли 2018 аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳим дар самти танзими раванди муҳоҷират қабул гардидааст. 
Санаи нашр: 19.03.2024 №: 53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив