ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ВА “ОВОЗИ ТОҶИК”

УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ВА “ОВОЗИ ТОҶИК”

20 март 2024, Чоршанбе
48
0
Дар арафаи Рӯзи матбуот аз чанд мақолаи таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ёд меорем, ки имсол ба таълифашон сад сол мешавад. 
Таври маълум, нахустин намунаи матбуоти тоҷик маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” аст, ки аз моҳи апрели соли 1919 то моҳи декабри соли 1921 дар шаҳри Самарқанд нашр мешуд ва устод Садриддин Айнӣ яке аз муаллифони асосии маҷалла буд. 
Қобили зикр аст, ки солҳои аввали инқилоб устод Садриддин Айнӣ ба жанри фаъоли адабӣ-публитсистика бештар рӯ оварда, бахши муҳими осори публитсистияш дар ҳамин давра ба вуҷуд омад ва дар маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” ва рӯзномаи “Овози тоҷик” нашр шудааст. 
Мақолаи таърихии устод “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, ки имсол аз таълифи он як сада пур мешавад, 25-уми августи соли 1924 дар саҳифаи аввали рӯзномаи “Овози тоҷик” бо имзои “Сод-Айн” ба табъ расид. Дар он устод Айнӣ аз ҳаммиллатони хеш, хосса аз қаламкашони тоҷик, даъват ба амал меорад, ки дар атрофи рӯзномаи худ ҷамъ шаванд: “Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст... 
Қавми тоҷик, ки дар Туркистон истиқомат доранд, дар аҳди салтанати императории рус ба чӣ ҳол буданд, мо аз ин масъала ҳеҷ баҳс намекунем. Зеро дар он давр на танҳо тоҷикон, балки ҳамаи ақвоми Туркистон ҳам, мисли ӯзбек, туркман ва қазоқ, асири панҷаи зулм буда, аз ҳар гуна неъмат ва фаровонӣ маҳрум буданд. 
Лекин баъд аз Инқилоби Ӯктабр ҳамаи ватандорони Туркистон соҳиби рӯзнома, соҳиби мактаб, соҳиби илму қалам шуданд. Аммо қавми тоҷик ҳамон “Аҳмади порина, ки ҳастанд, ҳастанд”. Яъне эшонро на як рӯзнома, на як мактаби ба усули тоза ва на як хабардорӣ аз аҳволи олам ва на як воситае, ки эҳтиёҷоти худро ба ҷое ба яке фаҳмонанд. Дар аҳди озодӣ, албатта, ин ҳол айб аст. 
Мо умедворем, ки қавми тоҷик, хусусан бечорагони эшон ба атрофи рӯзномаи худ ҷамъ мешаванд”. 
Устод Айнӣ, ки дар он айём тани танҳо бо мухолифон мубориза намуд ва бо қалами буррояш дар шаклгирии давлати навини Тоҷикистон ҷонашро ба гарав гузошт, на танҳо асосгузори адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад, балки поягузори мактаб ва маорифи Тоҷикистон низ маҳсуб мешавад. Ба ин гуфта мақолаҳои устод, ки дар иртибот ба ин соҳа эҷод гардидаанд, минҷумла “Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик”, “Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон”, “Тоҷикони кӯҳистон” ва ғайра далел шуда метавонанд. Устод дар мақолаи “Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик”, ки чоруми сентябри соли 1924 дар рӯзномаи “Овози тоҷик” интишор ёфт, нигоштааст: “Бар ҳама кас маълум аст, ки тоҷикони Туркистон дар бобати илму маорифи замонӣ аз дигарон ба қафо мондаанд. Як масъалае, ки имрӯз ҳаёту мамоти қавми тоҷик ба он вобаста аст, масъалаи мактаб ва маориф аст. 
Барои ба роҳ андохтани мактабҳои тоҷик нахустин мартаба муаллим (омӯзгор) ва китоб даркор аст. Назар ба як хабари пухта, ки имрӯз ба рӯзномаи тоҷик чоп мешавад, ҳукумати марказии Туркистон ҷиҳати ҳозир кардани муаллим барои тоҷикон дар Тошканд як мактаб мекушояд (Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар назар аст). 
Дарвоқеъ, ин кор барои тоҷикон зиёда муҳим ва барои ояндаи эшон зиёда боровар аст. Лекин ин ҳам маълум аст, ки аз ин мактаб барои тоҷикон пеш аз чор-панҷ сол муаллим намерасад. Хеле сабр лозим аст, ки хонандагони ин мактаб муаллим шуда бароянд ва мактабҳои тоҷиконро ба роҳ андозанд. Ва ҳол он ки моро лозим аст аз ҳамин сол сар карда, кори мактаби тоҷикро пеш гирем. Инак, дар ҳамин боб фикри оҷизонаи худро баён мекунем. 
Ба фикри ман мерасад, ҳеҷ фурсат нагузаронда, дар Самарқанд, ки ба кӯҳистони тоҷикон наздик аст ва маркази маданият ба шумор меравад, як курс кушода шавад. Дар ин курс аз Фалғар, Масчоҳ ва сойири кӯҳистон ва деҳоти тоҷикон толибилмон бирасанд ва ҷавононе, ки дорои хатту саводанд, тахминан 40 ё 50 нафар ҷамъ карда, 4 ё 5 моҳ тарбият карда шаванд. 
Агар то моҳи ӯктабр ҳозирӣ дида ба шартҳое, ки дар боло навишта шуд, барои тоҷикон курси тарбия ва таълим кушода шавад, умед аст, ки дар моҳҳои январ ё феврал дар кӯҳистони тоҷик чанд мактаб ба усули нав боз гардад. 
Ҳамин ки намунаи мактаби нав ба кӯҳистони тоҷик қадам гузошт, хотирҷамъ бошед, ки зеҳни соф ва қобилияти фитрии аҳли кӯҳистон ба майдон баромада, корномаҳо хоҳанд нишон дод. 
Дар мақолаи оянда дар бобати китобҳо ва рисолаҳои мактабии тоҷик баёни фикр хоҳад карда шуд”. 
Воқеан ҳам, пас аз ҳашт рӯзи нашри ин мақола, 12-уми сентябр, дар рӯзномаи “Овози тоҷик” мақолаи устод бо номи “Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон” интишор ёфт. Дар он устод Айнӣ ба таври возеҳ зикр мекунад: “Барои қавми тоҷик масъалаи маориф воҷибтарини масъалаҳост. Барои ба роҳ андохтани мактаб ва маорифи тоҷик ҳозир намудани муаллим чӣ қадар лозим бошад, тайёр кардани китоб ҳам ҳамон қадар зарур аст”. 
Муҳимтарин масъалае, ки устод Айнӣ дар ин мақола ба миён мегузорад, забони китобҳои мактабии тоҷикон аст. Забони китобҳои дарсӣ бояд ба аксарияти тоҷикони кӯҳистон фаҳмо бошад. Аз ин хотир, устод менигорад: “Барои китобҳои мактабии тоҷикон кадом шева риоя карда мешавад? Ин як масъалаест, ки то ҳол расман ҳал нашудааст.
Дар шаҳри Самарқанд як забони тоҷикӣ маълум аст, ки ин забон бо ӯзбекӣ махлут буда, ба таъбири “бӯқаламун” сазовор аст. Чунончи мегӯянд: “Аробаро қӯшӣ карда биёр – буғулӣ карда монд – йиқилӣ карда рафт...”. Албатта ин забонро ҳеҷ тоҷик қабул нахоҳад кард. Забони шаҳри Ӯротеппа ва Хуҷанд агарчи аз забони тоҷикии шаҳри Самарқанд қадаре софтар аст, маазолик аз таъсири ӯзбекӣ ва ихтилоти луғат ва адотҳои ӯзбекӣ холӣ нест. Бинобар ин, моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем. 
Бояд аз ҳамин рӯз эътиборан ба китобҳозиркунӣ шуруъ карда, то моҳҳои декабр ду-се китоб чоп карда шавад, вагарна дар кӯҳистони тоҷик мактаб кушода намешавад. Дар ин хусус диққати доираҳои ҳукуматӣ ва таваҷҷуҳи касонеро, ки дар масъалаи тоҷик вобастаанд, ҷалб менамоем”.
Дар силсила мақолаи “Тоҷикони кӯҳистон”, ки 21-уми сентябр ва 5-уми октябри соли 1924 дар рӯзномаи “Овози тоҷик” чоп шудааст, сухан оид ба аҳволи иқтисодию иҷтимоӣ, расму одат, касбу ҳунар, табиат ва аҳсофи тоҷикони кӯҳистон меравад. Масалан, дар фасли “Маорифи кӯҳистон” устод ба заковати тоҷикони кӯҳистон баҳои баланд дода, менигорад:
“Аҳолии кӯҳистон нисбат ба сойири ҷоҳои Туркистон бисёртар соҳиби хату савод ҳастанд. Дар аҳди куҳна мадрасаҳои Бухоро ва Самарқандро бисёртар талабаи тоҷикони кӯҳистон ишғол мекарданд. Аҳолии кӯҳистон, умуман, соҳиби заковат ва зеҳни соф буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд”. 
Ин гуфтаҳо далели онанд, ки саҳми  рӯзнома дар роҳи худшиносии тоҷикон ниҳоят бузург аст. Бо ибтикори бевоситаи устод Айнӣ ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик дар атрофи ин рӯзнома ҷамъ омаданд. 
Ин буд як нигоҳи мухтасар ба бархе аз мақолаҳои устод Садриддин Айнӣ, ки як қарн муқаддам, яъне соли 1924, дар рӯзномаи “Овози тоҷик” ба табъ расидаанд.
Қобили зикр аст, ки имсол аз таъсиси рӯзномаи “Овози тоҷик” сад сол пур мешавад. Умед аст, ки аҳли матбуоти  ду ҷумҳурии ба ҳам дӯсту бародар ин санаи муборакро ба таври шоиста таҷлил мекунанд.
 
Карим МӮСО, нависанда
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив