ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “АГАР ҶАНГ НАМЕБУД”. БАРДОШТ АЗ НАМОИШИ ТЕАТРӢ

“АГАР ҶАНГ НАМЕБУД”. БАРДОШТ АЗ НАМОИШИ ТЕАТРӢ

29 март 2024, Ҷумъа
5
0
Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нахустнамоиши “Агар ҷанг намебуд”-ро аз рӯйи асари  Нависандаи халқии Тоҷикистон  Ато Ҳамдам пешкаши дӯстдорон ва ҳаводорони театр намуд.
Ин намоиш фарогири ҳаёти мардуми одии тоҷик дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, дар муҳтавои намоиш коргардони маъруфи кишвар Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Давлат Убайдуллозода  кӯшиш намудааст то муҳаббат ва садоқати зани тоҷик,   дӯстию рафоқат ва ҳоли давриҷангии одамони дар ақибгоҳмондаро равшан ба тамошогар нишон диҳад. 
Оғози намоиш ин тавассути радио шунавонидани ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар бар зидди Германияи фашистӣ буда, дар намоиш баргаштани Ҳамид (қаҳрамони асосии асар), ки аз ӯ хатти сиёҳ омада буд, қисса мекунад. Ҳангоми бозгашт Ҳамид огоҳ мешавад, ки ҳамсараш Саодат  бо дӯст ва ҳамяроқаш дар ҷанг Шариф, ки захмӣ ва  маъюб баргашта буд, оиладор шудааст. Ин ҳодиса ба қаҳрамон ба ҳадде таъсир мерасонад, ки ҳисси худхоҳиро дар вуҷудаш бедор мекунад. Ҳарчанд дӯст ва ҳамсараш ба ӯ мефаҳмонанд,  ин издивоҷ барои наҷоти Саодат, ки маҷбуран мехостанд ба марди солхӯрдае оиладор шавад, будааст, вале ӯ бовар намекунад. 
Кулминатсияи намоиш саҳнаи исботи Шариф аз маъюбияти худ ва ҳақиқатро фаҳмидани Ҳамид мебошад, вале дар ин лаҳза хабари худкушӣ кардани Саодатро меоранд. Монолог - пушаймонии Ҳамид дар анҷоми намоиш хеле таъсирбахш буда, аз хонавайронӣ  ва чи оқибати ногувор овардани ҷанг бар сари фарзанди инсониятро дар бар мегирад. 
Дуруст аст, ки ҷанг ба ҷуз харобкорӣ ва оқибатҳои ногувор дигар чизе намеорад ва моро мебояд шукр аз осудагӣ ва ободии кишвари азизамон намоем.  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронии худ ба аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон, пайваста таъкид менамояд, ки бояд бо дӯстию иттифоқ будан ва шукр аз оромӣ намудан кишварамонро обод созем.
Намоиш бо фоҷиа анҷом меёбад ва қаҳрамонони он Ҳамид  Муродов, Саидҷон Шариф (дӯсти Ҳамид) Боймурод Ҳаитов, Саодат (ҳамсари Ҳамид), Гулмира Аҳрорзод (амаки Ҳамид), Салоҳиддин Шукуров ва Асалбек Назриев - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (ҷияни Ҳамид), Суҳроб Эгамназарзода дар сатҳи баланди ҳунарӣ нақшҳоро офариданд, ки ин аз маҳорати волои ҷавонон дар саҳнаи театри тоҷик дарак медиҳад. Инчунин, намоиш аз тарафи мунаққидон, намояндагони соҳаи фарҳанг ва тамошогарон сазовори  баҳои баланд гардид.
 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.03.2024 №: 57
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив