ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

23 апрел 2024, Сешанбе
1
0
19-уми апрел сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои 18-19-уми апрел ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Зимни сафар меҳмони олимақом муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар намояндагони воломақоми Тоҷикистон мулоқот карданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 28 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи ин сафар дар Кохи Борбад барномаи бошукӯҳи консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва дар маркази ЭКСПО намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон баргузор гардида, ба хотири рушду густариши муносибатҳои дипломатӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо арзи эҳтирому самимияти хос меҳмони олиқадр – муҳтарам Шавкат Мирзиёевро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд.
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив