ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИЗБИ РАҲНАМО

ҲИЗБИ РАҲНАМО

21 май 2024, Сешанбе
11
0
Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Эй ҳизби раҳнамо, қадамат устувор шуд,
Назму низому манзалатат бовиқор шуд.
Созандагист пешаи ту, ҳизби пешбар,
Созанда ҳар кӣ гашт, дигар пойдор шуд.
Созандагӣ ба ҳусни Ватан ҳусн медиҳад,
Созандагӣ нишонаи номусу ор шуд.
Олам гувоҳи он, ки чӣ сон халқпарварӣ.
Бо халқ будани ту беҳин ибтикор шуд.
Бо Раҳбари муаззами худ пеш меравӣ,
Роҳи ту сӯи оламиён нурбор шуд.
Мо заррае зи ҷамъияти аъзами туем,
Ин боҳамии нек ба мо ифтихор шуд.
Поянда бош, ҳизби ҳақиқатпарасти мо,
Поянда бош, хуб зи ту рӯзгор шуд.
Созандагист пешаи ту, ҳизби пешбар,
Созанда ҳар кӣ гашт, дигар пойдор шуд!
 
 
ТАМАННО
Бимон, ки зиндагӣ хушранг бошад,
Ҷаҳон пур аз фару фарҳанг бошад.
Бимон, имрӯзу рӯзони пас аз ин
Замон саршор аз оҳанг бошад.
Бимон, ҷону дили ҳар сокини даҳр
Пур аз номусу ору нанг бошад.
Бимон, ки роҳи ҳалли ҳар муаммо
Фақат бо роҳи ғайри ҷанг бошад.
Бимон, ҳар қалб бо иршоди ишқе
Мубарро аз ғубору чанг бошад.
Бимон, занги дил аз дил пок гашта,
Фақат тилфону зангу занг бошад.
Бимон, аз тобиши рӯйи ҷавонон
Рухи ҳар пир бе ожанг бошад.
Дили ҳар фард бошад нарм чун мум,
Тану ҷонаш вале аз санг бошад.
Бари гунҷондани шодии мардум
Бимон, дунёи паҳно танг бошад.
 
 
ДУШАНБЕ – БОҒШАҲРИ ДИЛНИШИНАМ
Душанбе, боғшаҳри дилнишинӣ,
Нишемангоҳи сабзи нозанинӣ.
Ҷаҳон бишнохтат чун шаҳри гулҳо,
Муаттар аз шамими ёсаминӣ.
Ирам мафтуни ин сарсабзии туст,
Биҳишти барҳақи рӯи Заминӣ.
Набошад ҷомаи барфӣ писандат,
Ҳамеша дар либоси махмалинӣ. 
Шабонат мисли рӯзонат муҷалло,
Таҷаллибахш монанди нигинӣ.
Ту дар қаъри қурун сад реша дорӣ,
Куҳантаърихи фарҳангофаринӣ.
Ливои бахт ҳуснатро фузун кард,
Фузунтар бош, к-ин сон беҳтаринӣ!
 
Раънои МУБОРИЗ
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив