ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОРУҒ.  ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

ХОРУҒ.  ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

29 май 2024, Чоршанбе
16
0
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар марҳалаи нави рушд қарор дорад. Бо дастур, супориш ва дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин минтақаи кӯҳии кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагӣ ба пешравиҳои бесобиқа ноил гашта, махсусан ба созандагиву бунёдкорӣ, таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Ҳар сол дар шаҳру деҳоти вилоят даҳҳо иншооти муҳими саноатӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ бунёд мегарданд, ки на танҳо ба ҳусни маҳал ҳусни тоза зам мекунанд, балки дар фароҳам кардани ҷойҳои нави корӣ боис мешаванд, ки ба беҳбуди зисту зиндагии сокинон таъсири нек мерасонад.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ҳам дастуру супоришҳои Сарвари кишварро сармашқи кори худ қарор дода, рафти корҳои сохтмониро пайваста назорат мебарад. Ҳафтаи сипаришуда раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти маркази вилоят шинос гардиданд. Онҳо, нахуст, аз майдони сохтмони бинои нави беморхонаи вилоятӣ, ки бештар аз 1 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуданд. Тибқи лоиҳа, бино аз шаш ошёна иборат буда, арзиши лоиҳавии он беш аз 100 миллион сомонӣ аст. Фармоишгар Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ" - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳбарияти вилоят ба масъулон супориши қатъӣ дод, ки корҳои тахту ҳамворкунии майдонро дар рӯзҳои наздик анҷом дода, ба сохтмони бино шуруъ намоянд. 
Дар маҳаллаҳои Ниводак, Носири Хисрав ва Хоруғи Боло сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 4, 6 ва 8 идома дорад. Бинои Муассисаи таълимии №8-и маҳаллаи Хоруғи Боло аз се қисм иборат буда, ду қисми он бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Айни ҳол сохтмони қисмати сеюми бино бомаром идома дорад. Дар маҳаллаҳои Ниводак ва Носири Хисрав сохтмони биноҳои нави мактабҳо ба ҷойи биноҳои пешина оғози сол шуруъ гардида буд. Биноҳои куҳнаи ин муассисаҳо солҳои чилум ва панҷоҳуми асри гузашта сохта шуда, ба талаботи имрӯзаи шаҳрсозию меъморӣ номувофиқ буданд. Сохтмони биноҳои нав бо дастури Пешвои миллат сурат мегирад. Бинои муассисаи таълимии маҳаллаи Ниводак аз 12 синфхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хоруғ бошад, 35 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб гаштаанд. Онҳо нимаи моҳи апрели соли равон ба кор шуруъ намуда, бунёди зербинои биноро, аллакай, анҷом додаанд. Барои бунёди иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат 27 миллион сомонӣ ҷудо намудааст. Раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ, инчунин, бо корҳои таъмиру навсозӣ дар майдони варзишии шаҳр ва сохтмони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ шинос гардиданд.
Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.05.2024 №: 100
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив