ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АШУР ОДИНА. МАРД НАМИРАД БА МАРГ

АШУР ОДИНА. МАРД НАМИРАД БА МАРГ

03 июн 2024, Душанбе
6
0
 
Ӯро ба ҳеҷ сурат дӯст надоштан мумкин набуд. Як инсони заминӣ, хоксор, шикастанафс ба шумор мерафт. Ба қавле, агар дар сараш чормағз мешикастӣ, ҳатто ба рӯят наменигарист ва намепурсид, ки чаро ин ҷаврро бароям раво дидаӣ. Оре, ҳарчанд ки дили касе намешуд ва ин ҷуръатро ҳам пайдо намекард, то дар борааш сухани бадеро низ раво бубинаду изҳори норизоятӣ бинамояд. 
Ашур Одина ба сол аз аксари мо калонтар буд ва ин андешаро дар он рӯзгор надоштему напурсидем, ки чи сон худро як инсони комилу таҳаммулгаро сохта тавонист. Акнун, ки ҳақиқати кору рӯзгор ва асолати зиндагиву зистанро андак ҳам бошад, дарёфтаему мехоҳем бипурсем, дер шудааст. 
Ба чандин сол пештар, дақиқтараш  моҳи сентябри  соли 2008  дунё ва моро падруд гуфт. Шаст сол умр дид, на кам ва на зиёд. Бемории саратонро дар худ дер эҳсос кард, фаҳмид. Ин бемориро  он замон пинҳон карда натавонист, зеро духтурон эълонаш намуда буданд.  Ва вазъи тандурустияш рӯз ба рӯз бад шудан мегирифт. Аммо тавонист ба ранҷҳои шадиду вазнини он тоб биёраду ниҳонашон бидорад. Чӣ қадар мушкил аст, ки пушти пардаи табассум, лабхандҳо онҳоро аз чашми дигарон ниҳон бисозӣ. На танҳо аз чашми мо, балки аз чашми духтурон ҳам  дурашон нигоҳ медошту пинҳон менамуд. 
Гуфтанд, ки саҳар, соате пештар аз фарорасии маргаш барои харидани шир аз хона бадар шудааст. Охирон амале, ки анҷом додааст, ҳамин будааст, ба хонааш шир, яъне сафедӣ, покӣ, руҳу тавоноӣ овардааст. 
Хабари маргаш ҳамаи моро, аҳли кормандони идораро андуҳгин сохт. Зуд ба хонааш шитофтем. Умеди мо бар ин набуд, бовар надоштем, ки мемирад, ба ин зудӣ мемирад. Мепиндоштем, ки шифо меёбад ва боз ба идора бо ҳамон табассумҳои ширин ворид мешавад ва корро идома медиҳад. Чанде пештар охир ба унвони  Корманди шоистаи Тоҷикистон мушарраф шуда буд. Дар саҳифаи рӯзнома аз номи аҳли эҷод табрикаш кардем ва барори кору рӯзгорашро хостем. Ӯ дар ҳузури ҳамаи мо изҳор дошт, ки ин унвони баланд масъулияташро дар кор, ба яқин, меафзояд. Дар рӯзҳои камшумори фаъолияташ дидем, эҳсос кардем, ки воқеан, масъулияташ афзудааст. Афзудани умр, зиндагӣ  аммо дар ихтиёри худи ӯ набуд. Агар мебуд, сад соли дигар розӣ буд, ки заҳмат бикашад, бо аҳли эҷоди рӯзнома бошаду бимонад. 
Одамон, ҳамкорон, дар ин гуна лаҳзаҳои барояшон   душвор бештар, балки бо ҷон эҳсос карданд, ки чи инсони маҳбубе, гавҳари ноёберо аз даст додаанд. Марг ба яқин омаданист, фаро мерасад, на соате пештар ва на пастар, таъхир намекунад. Ин ҳақиқатро ҳамаи мо медонем ва мехоҳем ё намехоҳем бо он меозем. Аммо замоне як инсони соҳибдил мемирад, ғаму андуҳ вуҷудамро меларзонад ва ба нохост мегӯем: Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст. Ҷойи ӯ холист”.  Дуруст аст, ман бо ӯ, шахсияти нотакрораш, зебову дар ёд монданияш дар ҳамин идора, идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” соли 1993, моҳи феврал ошно шудам. Сардиҳои ҳаворо он вақт бо як лутфи зебову гарм ва намакин аз миён мебурд. 
Барои рӯзнома мавод менавишт ва ҳикояҳои ҳаҷвӣ низ. Табъи равон дошт. Навиштаҳояш ҷолибу дилнишин буданд. Бо хондани ҳикояҳои ҳаҷвияш рӯзе ба ӯ гуфтам “Бояд узви Иттифоқи нависандагон бошӣ, арзандаӣ, ҳикояҳои зиёд барои пешбарӣ дорӣ”. Бо шикастанафсӣ, хоксорӣ изҳор дошт: “Магар зарурат дорад? Не! Мурод аз ҳама навиштаҳо такомули инсон, рафъи камбудиҳо, бадиҳо ва ҷалбу тарбияи хонандагон, хосса насли баъдӣ, яъне наврас мебошад. Хоҳиш мекунам дар ин бора дигар ҳеҷ гоҳ сухан магӯ ва ҳам бовар дорам, намегӯӣ.”.  Ноилоҷ бо изҳори ризоят сар ҷунбондам ва тасдиқ кардам. 
Пас аз чанд соли фаъолитам дар рӯзнома ӯро котиби масъул таъин карданд. Ба дил гуфтам:  “Корест душвор, масъулияти зиёд дорад. Магар ба он тоб меоварда бошад?”. Не, на танҳо тоб оварда тавонист, балки собит сохт, ки эҷодкори асил аст”. Ороиши рӯзнома беҳтар гардид. Маводҳоро бе маслиҳату пешниҳоди дигарон низ ҷо ба ҷо мекард, дар ҷойи арзишманди худ мегузошт. 
Саҳифаҳои “Ҷумҳурият” бо омадани ӯ рангу ҷилои тоза гирифтанд, ҷолиб шуданд. Меомӯхт барои равнақи кору эҷодаш. Аз ӯ дар ин гуна мавридҳо дигарон, хосса масъулони соҳа меомӯхтанд. Мехостанд ба ин дунёи асрори эҷод, оре,  эҷод, бештару беҳтар роҳ баранд. 
Бухл бар вуҷудаш роҳ наёфта буд. Ба шогирдон, насли наврас тарзу усули навиштан, кор кардану истифодаи дурусту бомавқеи  фактҳоро меомӯхт. Ва ҳам омӯхтанро меомӯзонд. Ба тарбияи чандин шогирд дар ороиши рӯзнома, ҷобаҷогузории мавод, суратҳо, зернавиштҳо муваффақ шуда тавонист. Адолатро ҳамеша худ риоя мекард ва ба шогирдон талқину таъкид менамуд, ки онро ба дунёи фаромӯшӣ насупоранд. 
Кори котиби масъул барвақттар аз дигар кормандони рӯзнома оғоз меёфт ва пас аз ҳамаи онҳо анҷом мепазируфт. Назорат дар нашри рӯзномаро низ тақозогар буд.
Ба кораш, ороишаш, интихоби ҷойҳои матолиби навишташуда ҳеҷ кас эрод намегирифт, балки  гирифта наметавонист. Пешниҳодҳои хубу арзандаро бо хушнудӣ мепазируфт. 
Наздики сӣ сол дар ин рӯзномаи бонуфуз фаъолият кард. Фаъолияти чашмрас ва дар ёдҳо монданӣ.
Сармуҳаррирони рӯзнома, ки дар ҳақиқат сарварону эҷодкорони асил буданд, аз кораш, муносибаташ, масъулияташ изҳори қаноатмандӣ менамуданд. Ӯ аммо ҳеҷ гоҳ саргарми таърифу тавсифҳо намешуд. Аз ҳар кас ба таври худ чизе меомӯхт ва мегуфт, ки инсон то дами вопасини зиндагияш бояд биомӯзад.
Дар идораи рӯзнома имрӯз ҳам аз ӯ ба некӣ ёд меоранд. Аз лутфҳои зебо, суханони пандомезаш мегӯянд.
Ӯ ба тамоми маънӣ намунаи ибрат буд. Як инсон, фикр мекунам, ҳамин қадар дар зебову хонданӣ шудани рӯзнома, махсусан дар солҳои басе душвор барои кишвар хидмат намуда, заҳмат кашида метавонист. Корманде, инсоне мисли ин марди фидокору дӯстдори одамону миллату давлат, ба ростӣ, кам буду ҳаст. Ёди ӯ, ёди неки ӯ, як ёду хотираву таърихи нонавиштаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” аст. Хушбахтанд, мактабдидаанд, онҳое, ки давлату бахту ҳамкориро бо  Ашур Одина доштанд. 
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.06.2024 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив