ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “БЕШАИ ПАЛАНГОН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ”

“БЕШАИ ПАЛАНГОН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ”

03 июн 2024, Душанбе
16
0
Соли гузашта “Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон” дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ин созмон дохил гардид. Дар Осиёи Марказӣ нахустин бор дар Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бойи табиӣ, обҳои шифобахшу канданиҳои фоиданок низ мебошад, мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо таъсис ёфтанд. Мамнуъгоҳи давлатии “Бешаи палангон” 4-уми ноябри соли 1938 бо қарори Комиссариати халқии зироати Тоҷикистон таъсис гардида, ба расмият шинохта шуд. 
Китоби тозанашри адиб, рӯзноманигор ва табиатшинос Маҷид Салим бо номи “Бешаи палангон мавзеи сайёҳӣ” дар ин бора аст. Китоб илмӣ-оммавӣ буда, дар хусуси таърихи таъсисёбӣ  ва хусусиятҳои ин мамнуъгоҳ мебошад.
Муаллиф изҳор медорад, ки “омӯзиши олами ҳайвоноту наботот, умуман иқлими мамнуъгоҳи  “Бешаи палангон”  ҳоло низ ба таври васеъ идома дорад. Солҳои охир равшан шуд, ки баъзе мавзеъҳои мамнуъгоҳ бо номҳои сайёҳон ё ҷангалбонҳо номгузорӣ шудаанд. Масалан, кӯлҳои Болобанов, Дедов, Фомкин, Пионер, Ҳалқакӯл, Тарзан, Королевский”.
Ҳамчунин, муаллиф зикр мекунад, ки дар ин макон кӯлҳои зиёд ба вуҷуд омадаанд, ки баъзе аз онҳо то 2-4 километр дарозӣ ва 10-15 метр чуқурӣ доранд.
Дар мамнуъгоҳи давлатии “Бешаи палангон” дар барорбари ҳайвоноти нодир ва мурғи даштӣ, тазарв, 33 намуди ширхорон, шағолу гурбаи ёбоӣ - 26 намуди гуногуни хазандаҳо мавҷуданд. 
Инчунин, дар ин ҷо морҳои куброи осиёмиёнагӣ, гурза ва мори афъӣ  зиндагӣ ба сар мебаранд. 
Муаллиф дар қатори зикру маълумотҳои ҷолиб дар бораи ҳайвоноту парандаҳо ба гиёҳҳои табиӣ, гулҳо ва дарахтони ин мавзеъ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Ба ин сурат, хонандаро ба боигариҳои табиии кишвар ошно месозад. Масалан, ӯ дар бораи парандагон бо забони равону дилнишин менависад: “Дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба даҳҳо номгӯи парандагону ҷонварон вохӯрдан мумкин аст. Хосса, дар фасли баҳори нозанин дар ин ҷо лаҳзае хониши парандагони баҳорӣ қатъ намегардад”. 
Маҷид Салим дар ин китобаш масълагузорӣ мекунад, ки ин беша бояд бештару беҳтар омӯхта, таҳқиқ гардида, дар миёни аҳли кишвар ва дунё муаррифӣ ва ташвиқу тарғиб шавад. Ин амалҳо имкон фароҳам меоранд, ки сайёҳон аз гӯшаҳои дурдасти дунё ба дидани “Бешаи палангон” биёянд ва дар бораи боигариҳои табиати кишварамон маълумоти дақиқу айнӣ пайдо намоянд.
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.06.2024 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив