ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "МИМИНО". ФИЛМЕ, КИ БА ОФАРАНДАГОНАШ ШУҲРАТИ ҶАҲОНӢ ОВАРД

"МИМИНО". ФИЛМЕ, КИ БА ОФАРАНДАГОНАШ ШУҲРАТИ ҶАҲОНӢ ОВАРД

03 июн 2024, Душанбе
15
0
Георгий Данелия бо офаридани филми «Мимино» дар радифи филмбардорони машҳури ҷаҳон ҷой гирифт. Бо гузашти бештар аз чор даҳсола ин филм ҳаводорони зиёде дорад. Метавон гуфт, умри «Мимино» тулонист. 
Аз рӯзи банаворгирии филм 45 сол пур шуда бошад ҳам, ҳар дафъа гӯё онро бори аввал медида бошем, бо шавқи зиёд тамошо карда, аз самими дил механдем. Дар он ду ситораи кинои шуравӣ: Вахтанг Кикабидзе ва Фрунзик Мкртчян нақшҳои фаромӯшнашуданӣ офаридаанд. Коргардони филм Георгий Данелия дар як мусоҳибаи худ ёдовар мешавад, ки аввал онҳо ҳамроҳи Виктория Токарева бо номи «Ҳеҷ гап не» сенария навиштанд. Қаҳрамони асосии он як нафар лётчики руси деҳотӣ буд, ки тайёраи хурдакаке дорад ва карнай менавозаду дар дил орзуҳои зиёде мепарварад. Сенария аз ҷониби «Госкино» тасдиқ мешавад ва барои рӯйи навор овардани он маблағи заруриро ҷудо мекунанд. Георгий Данелия дар тараддуди наворгирӣ буд, ки ба назди ӯ коргардони шинохта Рустам Иброҳимбеков меояд. Данелия ӯро бо муҳтавои сенария  шинос карда, дар омади гап мегӯяд, ки вай дар аввал ҳамроҳи Резо Габриадзе мехостанд дар бораи лётчики гурҷӣ чунин филме ба навор бигиранд. Ҳатто, баъзе лаҳзаҳояшро низ рӯйи коғаз овардаанд. Рустам Иброҳимбеков, дар навбати худ, маслиҳат медиҳад, ки агар қаҳрамони асосии филм лётчики гурҷӣ бошад, беҳтар аст. Ҳамин тавр, Георгий Данелия ҳамроҳи Р. Габриадзе ва В. Токарева аз нав ба сенариянависӣ шуруъ мекунанд ва қаҳрамони асосиаш Мимино буд. 
Филмро барои ба намоиш гузоштан дар Кинофестивали байналмилалӣ, ки соли 1978 дар шаҳри Москва барпо шуд, ба нақша гирифтанд. Пас аз навиштани сенарияи нав, Г. Данелия ба «Госкино» занг зада, мехоҳад филмро ба «Мимино» иваз кунад. 
- «Мимино» чӣ маъно дорад, - мепурсанд аз ӯ. 
- «Шоҳин», - ҷавоб  медиҳад коргардон. 
Аслан, дар забони гурҷӣ ин калима  на шоҳин, балки «калхот» аст. Аммо ин ном ба онҳо маъқул намешавад. Хушбахтона, ҳамон рӯз раиси «Госкино» Ермаш махсус барои тамошои  ҳамин филм меояд. Номи филм «Ҳеҷ гап не» ба ӯ писанд намеояд.
- Бигузор «Мимино» бошад, - мегӯяд ӯ. 
Бешубҳа, сабаби асосии ба муваффақият ноил гаштани филм дар он нақш офаридани Вахтанг Кикабидзе (Мимино) ва Фрунзик Мкртчян (Рафикҷон) аст. Баъди ба экран баромадани филми «Мимино» ба Вахтанг Кикабидзе аз ҳама гӯшаву канори Иттиҳодӣ Шуравӣ бо нишонии «Тбилиси, ба  Мимино»  мактуби зиёде меояд. Ҳатто, як мард ба ин маънӣ менависад: «Ман барои он ба Шумо менависам, ки Шумо аз дигар одамон фарқ доред. Ман мехоҳам мошин бихарам, аммо пулам намерасад. Шумо, албатта, имконият доред. Чӣ мешавад, ки ман паспортамро фиристаму Шумо ба  ман пул қарз диҳед? Баъд ман пулатонро кам-кам бармегардонам». 
Дар филми «Мимино» Вахтанг Кикабидзе хеле мекӯшад, ки нақши бозидааш табиӣ барояд. Лаҳзае, ки вай ҳамроҳи Рафикҷон (Мкртчян) дар назди Театри калони Москва Лариса Ивановнаро интизор мешаванд, ӯ барои он ки, дар ҳақиқат, хунукӣ ба ӯ таъсир кунад, астари гарми плашашро мекушояд. 
Азбаски он сол зимистони Москва сард (-37 дараҷа) буд, қариб дасту пояшро сармо мезанад. Инчунин, лаҳзае, ки Мимино баландии яхпӯшро тозон поён меравад, пояш хато хӯрда, ба тахтапушт меафтад. Кикабидзе  барои боварибахш бозидани ин манзара бо тамоми қувва худро ба тахтапушт мепартояд ва сараш ба замин бармехӯрад. Пас аз як сол духтурон сари ӯро ҷарроҳӣ карда, варамашро бурида мепартоянд, ки он таъсири ҳамон зарба буд.
Ба қавли шодравон Вахтанг Кикабидзе, имрӯзҳо ба навор гирифтани чунин филмҳо амрест муҳол. Чунки ҳозир мисли Мимино, Рафик ва дигар қаҳрамонҳои он одамони дилсофу самимиро ёфтан ниҳоят душвор аст. Охир, замона дигар гашту одамон ҳам тағйир ёфтанд. Акнун, мо танҳо ин гуна филмҳои самимиро тамошо карда, хумор мешиканем.   
 
Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор
Санаи нашр: 03.06.2024 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив