ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҚТЕ ЯТИМ МЕХАНДАД...

ВАҚТЕ ЯТИМ МЕХАНДАД...

03 июн 2024, Душанбе
24
0
Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир намуд. Дар чорабинӣ 50 тарбиятгирандаи “Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор” -и шаҳри Душанбе иштирок дошт.
Директори Осорхона Зафаршо Иброҳимзода тамоми кӯдакону наврасони кишварро ба муносибати ин рӯзи фархунда таҳният намуда, иброз дошт, ки онҳо неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҷонии ҳар фард, ҷомеа ва давлат мебошад. Аз ин лиҳоз, иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд.
Ба хотири хушҳол намудани кӯдакони ятим ва бепарастор ҳунармандону санъаткорони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва Сирки давлатӣ бо барномаҳои ҷолибу рангини худ хотири дӯстрӯяконро шод намуданд.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.06.2024 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив