ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН ТАНТАНА ДОШТ

БМТ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН ТАНТАНА ДОШТ

05 июн 2024, Чоршанбе
11
0
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти бонк, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, шарикони рушд ва воситаҳои ахбори омма Ассотсиатсияҳои бонкҳои Тоҷикистон, ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, ҳайати ҳакамон ва тадорукот, маросими тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаи Озмун барои дарёфти ҷоизаи “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” баргузор гардид.  
Озмун соли дуюм аст, ки дар доираи “Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” гузаронда мешавад. Дар асоси фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли сипаригашта аз рӯйи чор номина: “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор”, “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор”, “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор” ва “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор” ҷамъбаст гардид.
Дар чорабинӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории Озмун, пеш аз ҳама, таъмини иҷрои банди 32 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 мебошад ва он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29-уми ноябри соли 2023, №545) тасдиқ шудааст. Инчунин, тавсеаи дастрасии соҳибкории бонувон ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявист.
Дар навбати худ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки дар шароити имрӯза фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории бонувон, яке аз неруҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаҳои асосии иқтисодӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир, афзоиши даромади аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмуъ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ саҳми назаррас дорад. 
Сипас, аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои Озмун барандагони ҷоизаҳо бо ҷомҳо, дипломҳо ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадр гардиданд. Ҷоизаҳоро ба ғолибони Озмун Фирдавс Толибзода, Бунафша Файзиддинзода, Хуршедаи Қодир муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Икромӣ ва Гулбаҳор Назирӣ муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон супурданд.
Дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда, маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор” мутаносибан ба гирифтани ҷойҳои аввалу дуюму сеюм КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ва КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” мушарраф гаштанд.
Дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор” ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶДММ ТАҚХ “Фазо С” ва ҶСК “Ориёнбонк” мақомҳои якуму дувуму сеюмро ишғол намуданд.
Аз рӯйи ҷамъбасти номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор” ҷойи 1-умро ҶСК “Бонки Эсхата”, дарёфт намуд. Ҷойҳои 2-юму 3- юмро ҶСК “Алиф Бонк” ва ҶСП ”Бонки байналмилалии Тоҷикистон” соҳиб гаштанд.
Дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор” ҷойи 1-ум ба ҶСП Бонки ”Арванд”, ҷойи 2-юм ба ҶДММ ТАҚХ “Финка” ва ҷойи 3-юм ба ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл” насиб гардид. 
Барои саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва иштироки фаъолона дар Озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСК “Тавҳидбонк”, ҶСП “Актив Бонк” ва ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” бо ифтихорномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар Озмун ҶДММ ТАҚХ “Фурӯз”, ҶДММ ТАҚХ “Матин”, ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия”, ҶДММ ТАҚХ “Зудамал”, ҶСП ТАҚХ “Ардо-капитал” ва ҶСП ТАҚХ “Сандуқ” бо сипосномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон қадр шуданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.06.2024 №: 106
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив