ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРЛИ ЧАПЛИН.  НАҚШ ДАР САНГ

ЧАРЛИ ЧАПЛИН.  НАҚШ ДАР САНГ

10 июн 2024, Душанбе
10
0
Бешубҳа, Чарли Чаплин машҳуртарин чеҳраи синамо дар асри ХХ ба шумор меравад.  Ӯ мутаваллиди соли 1889 (дар Лондон) буда, соли 1977 дар Швейтсария вафот мекунад. Ин марди кӯчакандом, пас аз гузарондани айёми душвори кӯдакиву навҷавонӣ ва пур аз сахтиҳои зиндагӣ, вақте вориди як гурӯҳи намоиши сайёр шуд, кам-кам шуҳратманд гардид ва дар дувумин даҳаи қарн ба саноати филмсозии ИМА – Ҳолливуд роҳ ёфт. 
Дар он ҷо қарордодҳои гаронқиматро ҳосил намуд ва дар муддати ҳафт сол теъдоди зиёди филмҳои кӯтоҳметражро бозӣ ва коргардонӣ кард. Тайи панҷоҳ соли фаъолияташ бо маҳорати волои худ дар гӯшаву канори гуногуни олам дили миллионҳо нафар мухлиси синаморо тасхир намуд. 
Вай ҳамчун марди ҳунар хусусиятҳои хоси модарзодӣ низ дошт. Пеш аз ҳама, бо пайкари хурду нозук, аммо бо кафшҳои бузургандозаи худ зуд ба чашми тамошобин аён мегардид. Ҳамчунин, табассуми малеҳ ҳамеша гирди лабонаш сайр мекард ва ин як навъ лабхандҳои маъсумонаро ба хотири мухлисони ҳунар меовард. Аҷибаш он аст, ки дар ҳамаи филмҳое, ки ӯ нақш офаридааст, ин гуна эпизодҳои дилхушкунанда  зиёд ба чашм мерасанд. Аз ин ҷо фаҳмидан душвор нест, ки ин хел  филмнома ё нақшҳо махсус барои ӯ офарида шудаанд. 
Филмҳои ӯ пур аз шӯхиҳои тасвирӣ ҳастанд, ки тамошогарро аз ханда бетоб мекунад. Баъзе аз саҳнаҳои филмҳои машҳураш пас аз такрор ба такрор  намоиш  доданаш, ҳанӯз ҳам дилбазан нагардидаанд, баръакс таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб менамоянд. 
Ин ҳунарпешаи машҳур  ханда ва хандиданро ба унвони яке аз шарифтарин халлоқияти инсонӣ бори дигар ба мо меомӯзонад. Муваффақияти Чаплин барори ҳунармандест, ки дар кори худ ба дараҷаи устодӣ расидааст. Филмҳои «Писарбача» (1921), «Ҷӯяндагони тилло» (1924), «Сирк» (1928), «Рӯшноиҳои шаҳр» (1931), «Асри ҷадид» (1936), «Диктатори бузург» (1940), «Мисе Верду» (1948), «Лайм Лойт» (1950), «Шоҳ дар Ню-Йорк» (1957) ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд. Филмномаи мазкур мазҳакаҳои инсондӯстона, зиддикапиталистӣ ва зиддифашистии ӯ маҳсуб мешаванд. Чарли Чаплин тамоми нозукиҳои жанри мазҳакаро аз бар намуда буд ва ҳамаи образҳояш самимӣ баромадаанд. 
Чарли Чаплинро  барои фаъолияти пурмаҳсулаш Академияи санъат ва илми синамои ИМА солҳои 1929 ва 1972 бо ҷоизаи «Оскар»-и ифтихорӣ қадр кардааст. Ӯ, хамчунин, дорандаи Мукофоти байналмилалии сулҳ (соли 1954) мебошад. Айни замон ҳунари ӯро духтараш Ҷаролдин Чаплин, ки, аллакай мисли падараш машҳур гаштааст, идома медиҳад. Аз таваллуди сэр Чарлз Спенсер  Чаплин 135 сол ва аз вафоташ 41 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале ному фаъолияти эҷодияш ҷовидонист. 
Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив