ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛЁБИИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛЁБИИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

16 март 2023, Панҷшанбе
246
0


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 сол муқаддам, 15 марти соли 2013 зимни вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ чунин изҳор доштанд: “Иштироки густурдаи давлати мо дар фаъолияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ аз зарурате сар задааст, ки кишварамон дар таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ аз рӯи имкон саҳм гузошта, ҳимояи манфиатҳои хешро ба таври афзал таъмин намояд, инчунин, имкониятҳои технологӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва зеҳнии онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои дарозмуддати сиёсати хориҷии Тоҷикистон – ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи ислоҳоти муваффақона дар дохили кишвар ва такомулу инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷалб намояд”.
Ҳоло бо гузашти як марҳилаи муайян аз он рӯзи таърихӣ, тасмим гирифтем, ки ҷанбаҳои муҳимтарини раванди ташаккулёбии сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба таври мухтасар матраҳ намоем.
Замоне ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатӣ ба даст овард, воқеияти ҳол чунин буд, ки дар вазъи ниҳоят ҳассосу мураккаб ва печидаи сиёсӣ касе аз сиёсатмадорони вақт ҳозир набуд, ки масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирад. Аз нухбагони сиёсии вақт нафаре ҳозир набуд, ки рисолати ҳаётан муҳим, яъне раҳо кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро анҷом диҳад. Дар чунин вазъи душвор, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои ҳақиқии миллат, ки дар ҷодаи сиёсат аз миёни мардум бархостанд, бо ҷасорат, дарки масъулияти баланд ва ҳисси ватанхоҳӣ азми наҷоти Ватан, мубориза барои пойдории давлат ва таъмини ҳастии миллат карданд.
Дар чунин ҳол, баробари ҳалли масъалаҳои мураккаби сиёсати дохилӣ, муаррифии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ба даст овардани эътирофу эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Тоҷикистон коре буд басо мушкил. Барои анҷоми ин рисолати муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли моро бо нақшаҳои бунёдкорона, ба ҳайси субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.
Ин рӯйдод аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ, албатта, аҳамияти таърихӣ дорад ва маҳз дар ҳамин асос, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумони кишвар 29 сентябрро “Рӯзи кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар кард.
Аз ҳамон рӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи интихобкардаи Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан қадамҳои аввалин дар сиёсати прагматикӣ, санҷида ва устувори хориҷии онро эътироф намуд ва ҳусни эътимоди давлатҳои дуру наздик бо Тоҷикистон пайи ҳам ба вуҷуд омад. Бешубҳа, дар ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои сулҳофарӣ ва сарҷамъ кардани миллати пароканда, ҳамзамон, меъмори сиёсати хориҷии мутавозин ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон гардиданд. Воқеан, заминаи назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳтавои амалгарона ва воқеъбинона, ки ҳадафу самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллиро муайян мекунад, маҳз тавассути истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфтааст.
Қадами дигари муҳим дар ин масир, ин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуда, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарварро аз ҳадафҳои волои давлат муайян кард, ки ба боло рафтани эътибори байналмилалии ҷумҳурӣ замина фароҳам кард. Дар ин раванд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар асоси Конститутсия таҳия ва ба тасвиб расиданд, заминагузори ҳадафу вазифаҳо, хостаҳои давлат ва мардуми кишвар дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ баҳри ҳимоя ва татбиқи манфиатҳои миллӣ гардиданд.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шудааст ва мо низ дар заминаи ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондаем. Дастёбӣ ба чунин муваффақият ҳанӯз дар ибтидои даҳаи дувуми марҳалаи соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудани сиёсати хориҷии «дарҳои кушода», муяссар гардид. Бо такя ба сиёсати «дарҳои кушода» давлати мо равиши хоси дипломатияи худро дарёфт ва имрӯз, на танҳо дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъол дорад, балки дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари пешсаф ва пешбарандаи ташаббусҳои аҳамияти глобалидошта эътироф гардидааст. Ин ҷо иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 басо бамаврид аст, ки фармуданд: “Давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад”.
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд марҳала ба марҳала намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъсис ёфтанд, ки теъдодашон имрӯз 39 ададро ташкил медиҳад, ҳамчунин, дар зиёда аз 20 кишвар сафирони ғайримуқим таъин гардиданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагию дафтарҳои 57 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд.
Маврид ба таъкид аст, ки бо назардошти равандҳои муосир сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар хусусият ва муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинонаро рушд медиҳад, ки он албатта, ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат мекунад. Махсусан, дар ду даҳсолаи охир Тоҷикистон якчанд тадбирҳоро роҳандозӣ кард, ки онҳо ба сифати омилҳои рушди сиёсати хориҷӣ ҷумҳуриро ба дастовардҳои муҳим дар ин раванд комёб гардонданд:
1. Ба мақсади зарурати такмили фаъолият дар самти таҳия ва иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ ва мутобиқсозии онҳо ба манфиатҳои миллӣ, инчунин, ҳамоҳангсозии густурдаи фаъолияти ниҳодҳои масъули сиёсати хориҷӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хидмати дипломатӣ» (соли 2014 ва бо тағйирот дар соли 2019) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2016) дар таҳрири нав қабул шуданд. Илова бар ин, 30 декабри соли 2019 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 657 дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 593 аз 26 декабри соли 2006 “Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар асоси он тағйироти ҳадафмандона, аз ҷумла таҷдиди сохтори Вазорат сурат гирифт;
2. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 332 аз 27 январи соли 2015 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар он бо назардошти таҳаввулоту дигаргуниҳо дар арсаи байналмилалӣ, ҳадафу мақсадҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат муайян карда шуданд. Албатта, ҳадафу вазифаҳо дар Консепсияи мазкур, ҳамчунин, аз шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар ва дурнамои вазъи геосиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон дар даҳаи дуюми асри XXI бармеоянд. Аз ҷумла, ин санади заминавӣ таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиеро пешбинӣ кардааст, ки мутобиқ ба рушди кишвар ва равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ ва ҷаҳонишавӣ буда, дар масири воридшавӣ ба онҳо мусоидат мекунад, имкониятҳои муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатару таҳдидҳои имконпазир ба амнияти миллӣ фароҳам меорад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ таъмин мекунад. Қабули консепсияи нав, ки онро метавон ҷузъе аз раванди ташаккулёбии сиёсати хориҷӣ номид, бо фарогирии хусусиятҳои миллӣ дар сатҳи сифатан нав таҳия гардида, манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дурнамо муайян намудааст.
Дар радабандии манфиатҳои миллӣ – ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини амнияти миллӣ, соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлат аз авлавиятҳо маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ ва экологии кишвар, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ, шараф ва манфиати шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон берун аз кишвар, ташаккули ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳамсоягон дар минтақа, рушду таҳкими муносибатҳои дӯстонаю боэътимод ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон, тақвият бахшидани симои мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон, амиқсозии робитаҳо бо ҷамъиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ дар доираи қонунгузории кишварҳои иқомати онҳо аз вазифаҳои умдаи сиёсати хориҷӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои миллӣ муайян шудаанд;
3. Ба мақсади такмил додани хидматрасониҳои консулӣ барои шаҳрвандон ва мутобиқсозии ин раванд ба талаботу ниёзмандиҳои муосири шаҳрвандон, дар самти мазкур дигаргуниҳои чашмгире ба амал оварда шуд, ки, пеш аз ҳама, омилҳои таъмини кайфияти шаҳрвандон, амният ва эътимод ба ҳуҷҷатҳои таҳияшаванда ба эътибор гирифта шуд.
Бо назардошти рушди имрӯзаи технологияҳои иттилоотӣ, дар низоми хадамоти консулӣ шабакаҳои электронии таҳия ва судури шиносномаҳои дорои маълумоти биометрии хориҷӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ роҳандозӣ гардид. Ба вижа, татбиқи барномаи судури раводиди электронӣ (e-visa), ки имрӯзҳо аз он шаҳрвандони аксар кишварҳои дунё истифода мекунанд, инчунин, қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 464 аз 1 январи соли 2022 “Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ”, дар тақвияти симои мусбати давлат ва ҷалби бештари сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон нақши муассир бозид;
4. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Маҳсули чунин ҳамкории самаранок имкон фароҳам овард, ки ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа дар самти дарёфти роҳҳалҳои муносиб ва саривақтӣ вобаста ба мушкилиҳои марбут ба об ва истифодаи оқилонаи он, масъалаҳои иқлим ва ҳифзи муҳити зист, муқовимат бар зидди таҳдиду чолишҳои замони муосир аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирии аксарияти мутлақ қарор гирифта, Тоҷикистон дар ин масири созандагию башардӯстона ба сифати кишвари пешсаф эътироф гардид. 
Қобили зикр аст, ки зимни пешбурди тадбирҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об, мафҳуми дипломатияи об эҷод ва мавриди корбурди ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт, ки ғояи асосии он дар истифодаи абзори нави музокиротӣ ба мақсади дарёфти наздикии мавқеъҳо ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба мудирияти об ифода мегардад.  
Имрӯз бо ҳисси ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон соҳиби панҷ ибтикори амалгароёнаи сатҳи ҷаҳонист, ки дар маҷмуъ, ҳар яки он бевосита ба тақдири инсоният алоқаманд буда, тақрибан ягон кишварро дар ҳалли онҳо бетараф гузошта наметавонад.
Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-ум (1 октябри соли 1999), Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ, ки 20 сентябри соли 2000-ум баргузор шуд, соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” эълон гардид. Дар пайи татбиқи ин иқдом аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзуи оби тоза баргузор гардид.
23 декабри соли 2003 Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. Гузашта аз ин, соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи умумии СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”-ро қайд намуд. Маросими оғози “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” дар қароргоҳи UNESCO дар шаҳри Париж 11 феврали соли 2013 бо иштироки фаъоли ҳайати воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ қатъномаи дахлдорро қабул кард, ки тибқи он солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардид. Ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрели соли 2015 зимни ҳамоиши ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея манзури ҷомеаи байналмилалӣ гардида буд.
Баъдан, дар доираи татбиқи ин иқдоми бузург моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои СММ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид, ки зимни он маҷмуи масъалаҳои муҳими марбут ба захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Рӯйдоди дигари таърихӣ, ки 14 декабри соли 2022 ба вуқуъ пайваст, ин дар асоси ташаббуси Пешвои миллат зимни Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома дар бораи соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо буд. Ин иқдом бо пуштибонии 153 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, ҳамчунин дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар умури ҳифзи пиряхҳо, таъсис ёфт ва дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуд.
Акнун, бо назардошти пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ибтикори навбатии Пешвои миллат, дар марҳалаи татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Тоҷикистон ба сифати кишвари ташаббускор бештар мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор хоҳад гирифт. Зеро ташаббуси пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои махсуси соҳавӣ, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад дошт.
Зикри як нуктаи дигар низ бағоят муҳим аст, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонист. Вале мо дар оғози замони Истиқлоли давлатӣ ниҳод ё сохтори мукаммали татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ надоштем. Аз ин лиҳоз, имрӯз бо итминони комил ва бо ҳисси ифтихор бояд гуфт, ки ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи он таъсис ва фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ зодаи ҳақиқии даврони истиқлол ва самараи заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷик мебошанд.

Сироҷиддин МУҲРИДДИН, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 16.03.2023 №: 56
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив