ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЛАТАИ ҲИСОБ Стратегияи нави рушд муаррифӣ гардид

ПАЛАТАИ ҲИСОБ Стратегияи нави рушд муаррифӣ гардид

13 декабр 2024, Ҷумъа
15
0

Палатаи ҳисоб бо иштироки намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, коршиносони ташкилоти рушди ИНТОСАЙ, ниҳодҳои олии аудити ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Гурҷистон дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и пойтахт Нақшаи стратегии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028-ро муаррифӣ кард.

   Зимни муаррифии он зикр шуд, ки Нақшаи стратегии маз­кур бо дарназардошти анҷом ёфтани Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023, дар асоси Страте­гияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, паёмҳои Президент, чолиш ва хавфҳои нав, инчу­нин, дар натиҷаи баҳодиҳии мустақили берунаи сифати ау­дит ва фикру андешаҳои коршиносон таҳия шудааст. Таъмини арзёбии самаранок, мақсаднок, шаффоф ва идоракунии масъули­ятноки захираҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асо­сии Палата дониста шуд. Ҳамзамон, такмил додани фаъолияти Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии аудити давлатӣ, таъмини сифа­ти аудит ва ҳисоботи аудиторӣ дар заминаи стандартҳои касбӣ аз рӯйи принсипҳои ISSAI, таъмини рушди неруи касбӣ, ба роҳ мондани робитаи судманд бо ҷонибҳои манфиатдор аз мақсадҳои асосии ниҳоди олии аудити кишвар арзёбӣ гардид. 

   Маврид ба ёдоварист, ки Палатаи ҳисоб бо мақсади амалигардонии фаъолияти худ стандартҳои миллии аудитро бо назар­дошти таҷрибаи пешрафтаи мақоми олии аудит таҳия ва ҷорӣ намуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ниҳодҳои олии аудити кишварҳои хориҷи дуру наз- дик, аз ҷумла Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ширкати байналилмилалии Британияи Кабир СИПФА ва созмонҳои мо­лиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. 

Меҳрангез ҚОДИРОВА, 

«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 13.12.2024 №: 243
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив