ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАБРИ УСТОД БЕҲ ЗИ МЕҲРИ ПАДАР

ҶАБРИ УСТОД БЕҲ ЗИ МЕҲРИ ПАДАР

04 октябр 2024, Ҷумъа
388
0


Омӯзгорӣ касби пуршараф ва масъулиятноки ҷомеа аст. Агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш, 1-уми сентябри соли ҷорӣ аз мақому манзалати омӯзгор ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” шаъну шарафи омӯзгор таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад. 

Ҳамсуҳбати мо Комрон Аҳмадхонов, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ андешаҳои худро дар робита ба мақом ва рисолати омӯзгор дар ҷомеа чунин баён намуд:
- Дар ҳар давру замон ҷойгоҳи омӯзгор хеле арзишнок буда, соҳиби обрӯю эътибор ва иззати хос аз сӯи аҳли ҷомеа будааст. Устоди ҳақиқӣ  дар замири шогирдон тухми меҳру вафоро мепошад ва ононро дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ парвариш намуданро ба худ мояи ифтихор медонад. 
Омӯзгори ҷавон бояд мудом дар хотир дошта бошад, ки устоди муваффақ ва арзанда ҳамонест, ки дар муомила ва муошират ба шогирдони хеш алоқа ва дилбастагии самимона дошта бошад. Ба унвони як фарди огоҳу маърифатпазир ба ҳарфу нуктаи шогирдон ҳарисона гӯш дода, онро ба андозаи имкон дастгирӣ намояд. Воқеан, қадру манзалати омӯзгор дарёест, ки ҳадду канор надорад. Маҳз ӯ ҷомеаро ба хатти низоми хирад ворид сохта, боис мешавад, ки инсон дар зиндагӣ мавқеи худро пайдо намояд. 
Ба андешаи Тағойбек Олимов, мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ин рӯзҳо шумораи зиёди омӯзгорони на танҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, балки олии касбиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Номбурда дар идома чунин ибрози андеша намуд:
- Агар мо мушоҳида кунем, бешак мебинем, ки дар соҳаҳои гуногун бештари кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Махсусан, дар соҳаи маориф, чи дар муассисаҳои миёнаи касбӣ ва чи дар муассисаҳои олии касбӣ ҷавонон бо шавқу рағбати зиёд фаъолият доранд. 
Дар Донишгоҳи мо 50-60 дарсади кормандонро омӯзгорони ҷавон ташкил медиҳанд. Аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад. То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа даҳҳо санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд гардида,  дар ин давра музди меҳнати кормандон 21 маротиба баланд бардошта шуд. 

Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.10.2024 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив