ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЮНЕСКО Меҳргон ва санъати навозиши рубоб дар Феҳристи мероси ғайримоддӣ

ЮНЕСКО Меҳргон ва санъати навозиши рубоб дар Феҳристи мероси ғайримоддӣ

13 декабр 2024, Ҷумъа
11
0

4-уми декабр дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Асунсиони Парагвай баргузор шуд, Ҷашни Меҳргон ва санъати сохт ва навозиши рубоб ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият дохил гардиданд.

Меҳргон ҳамчун ҷашни бостонии ҷамъоварии ҳосил аз ҷониби Тоҷикистон ва Эрон, ҳунари сохтан ва навозиши рубоб аз ҷониби Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон пешниҳод шудаанд.

МЕҲРГОН – ҶАШНИ ШУКРГУЗОРӢ АЗ ҲОСИЛИ РӮЁНДАИ КИШОВАРЗОН

Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии пешазисломии мардуми форсизабон буда, тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Он ҳамчун рамзи пайванди инсон бо табиат ва сипосгузорӣ аз баракатҳои он доир мегардад.

Соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки Меҳргон ҳамчун ҷашни расмӣ қабул карда шавад. Аз ҳамон сол ин ҷашн моҳи октябр дар тамоми кишвар бо шукӯҳ ва шаҳомат таҷлил мешавад.

Дар сомонаи расмии ЮНЕСКО оид ба ин Ҷашни ориёиҳо чунин маъ­лумот дода шудааст: “Меҳргон дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳар сол аз 2-юми октябр то 2-юми ноябр таҷлил мешавад. Маросим аз намоиши хӯрокҳо ва дастранҷи деҳқон иборат аст. Мусиқӣ, рақс, намоишҳои театрӣ ва варзишҳои маҳаллӣ (ба монанди гӯштин) ҷузъи ин ҷашн мебошанд. Меҳргон муттаҳидшавии ҷомеаро та­вассути ба ҳам овардани миллатҳои гуногун мустаҳкам мекунад”.

РУБОБ – СОЗИ МУСИҚИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶАНУБӢ

Рубоб сози тории қадимӣ буда, дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ паҳн шудааст. Рубоб бештар бо плектор ё камонча навохта меша­вад ва садои форам дорад. Намудҳои гуногуни рубоб мавҷуданд. Рубобҳои тоҷикӣ (помирӣ), афғонӣ ва қашғарӣ аз машҳуртарини он мебошанд. Ин сози мусиқӣ дар кишварҳои Африқои Шимолӣ, Туркия ва ҷануби Испания низ истифода бурда мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии ЮНЕСКО, “рубоб дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии мардум нақши муҳим мебозад. Онро дар чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла идҳо, арусиҳо ва маросимҳои дафн истифода мебаранд. Ин асбоб дар намоишҳои оркестрӣ ва мусиқии муосир истифода мешавад”.

Мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов гуфт: “Лоиҳаи нахустин танҳо намуди маъруфи рубоби қашғариро дар на­зар дошт, вале баъдан бо пешниҳоди Тоҷикистон ва ҷонибдории Эрону Афғонистон намудҳои дигари он – ру­боби помирӣ ва афғонӣ низ илова гар­дид.

Ин иқдом барои дар оянда ҳифз на­мудан омода сохтани ин сози маъруфи мусиқии тоҷикӣ ва ниҳоят, барои рушди санъати иҷрогарии он мусоидат хоҳад намуд”.

Ба иттилои А. Низомов, тибқи банди 4-уми нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби сунна­тии устод – шогирд барои солҳои 2025- 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2023 тасдиқ шудааст, лабораторияи махсу­си илмӣ-истеҳсолии созтарошӣ таъсис дода хоҳад шуд, ки он ба ҳалли масъа­лаи омода сохтани сози миллии рубоб мусоидат хоҳад намуд.

ФАРҲАНГИ ТОҶИК ҶАҲОНГИР МЕШАВАД

Шомил шудани Ҷашни Меҳргон ва санъати сохтан ва навозиши рубоб ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО қадами муҳим дар ҳифз ва рушди мероси фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдом на танҳо фарҳанг ва таърихи кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад, балки пайванди мардум бо арзишҳои бостонии худро қавитар месозад.

Ёдрас мешавем, ки ЮНЕСКО қаблан як қатор ёдгориҳои фарҳангии Тоҷикистонро ба рӯйхати фарҳанги ғайримоддии башарият сабт намуда буд.

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.12.2024 №: 243
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив