ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ

ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ

13 декабр 2024, Ҷумъа
13
0

Тартиби намунавии овоздиҳӣ муҳокима ва қабул шуд

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) масъалаҳои вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣқарор гирифт. Аз ҷумла, бо мақсади татбиқи якхелаи меъёри қонунҳо дар бораи интихобот ва мусоидат ба фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот роҳнамо барои комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили ташвиқоти пешазинтихоботӣ ва роҳнамо оид ба ташкили овоздиҳӣ баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР, доир гардид, ҷиҳати мусоидат барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тартиби намунавии овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муҳокима ва қабул шуд.

Тавре дар ин бора аз КМИР ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси на­мояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 2-юми марти соли 2025 доир мегардад, идома доранд.

Ф. ҶУМЪАЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 13.12.2024 №: 243
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив