Сафари кории Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Фарғона
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ноҳияи тоҷикнишини Сӯхи вилояти Фарғона сафар карда, бо дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва рафти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълими умумии рақамҳои 10, 11, 14, 16 ва 29 ошно шуд.
– Бори дуюм аст, ки ба ноҳияи Сӯх сафар мекунам. Ин сафар ва боздиду мулоқотҳо натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду абармарди бузурги мардуми тоҷик ва ӯзбек – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад. Онҳо тоҷикону ӯзбеконро дубора ба ҳам оварданд, ки дар масири таърих бо ҳам дӯсту бародар ва паҳлуи ҳамдигар зиндагиву кор мекунанд, – гуфт сафир.
Ноҳияи Сӯх мисли аксари ноҳияҳои Тоҷикистон дар доманаи кӯҳҳо, талу теппаҳои сарсабзу хуррам воқеъ гаштааст. Мардумаш меҳмоннавоз ва заминаш шоирхез мебошад.
– Боиси шукргузорӣ ва ифтихор аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Сӯх омӯзиш бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти вилояти Фарғона ва ноҳия ба забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикӣ арҷу эҳтиром гузошта, дар рушду такомули он заминаи мусоид фароҳам овардаанд, – афзуд А. Раҳмонзода.
Сафир дар доираи ин сафар дар маросими рӯнамоии китобҳои тозанашри шоирони Сӯхзамин Расулбеки Аҳмадзод, Муҳаммадҷони Шодӣ ва Масъуди Мирзо иштирок карда, ба онҳо ва тамоми эҷодкорони Сӯх, ки теъдодашон бештар аз сад нафар аст, арзи сипос намуд ва муваффақият хост. Онҳо дар шеърҳои худ забон, адабу фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикиро тарғиб ва васфу тараннум менамоянд.
Дар ҷараёни боздид аз мактабҳо ва коллеҷи касбу ҳунар Абдуҷаббор Раҳмонзода ба сифати армуғон китобҳои бадеиву илмӣ туҳфа намуд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242