БАДАХШОН. ТАЪРИХЧАИ ТАВЛИДИ БАРҚ ДАР ОСИЁБИ БОБОӢ
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои аз лиҳози захираи барқи обӣ бой маҳсуб меёбад, аммо то ҳол ин захира ба таври кофӣ истифода нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Мухбирҷон Кенҷаев, сармутахассиси раёсати табъу нашри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таърихи гидроэнергетикаи Осиёи Миёна ибтидои худро маҳз аз Помири солҳои пеш аз Инқилоби Октябр гирифтааст.
Воқеа чунин сурат гирифта: марзбонони рус дар наздикии Қалъаи Хоруғ осиёберо диданд, ки дар он бошандагони Хоруғ ғалладонаҳояшонро орд мекарданд, аз тут талқон тайёр менамуданд. Осиёб бо оби чашмаи Хуфак ҳаракат мекард. Марзбонон ба дохили бинои осиёб даромада, бо рафти кори он шинос шуданд, ҳамаи тарафҳояшро аз назари таҳқиқ гузаронда, ба хулосае омаданд, ки ба иловаи таҷҳизоти осиёб дар он асбобҳои тавлидкунандаи барқро насб карда, барқ истеҳсол кардан мумкин аст. Онҳо дар ин бора соли 1910 ба Ситоди Округи ҳарбии Туркистон, ба шаҳри Тошкент хабар дода, хоҳиш намуданд, ки ба отряди Хоруғ турбина, генератор ва дигар таҷҳизоти заруриро фиристанд. Ҳамин тариқ, масъалаи ҷудо намудани қисмҳои зарурӣ барои бунёди нахустин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Миёна ба миён гузошта шуд ва он аз тарафи Округи ҳарбии Туркистон ва Ҳукумати подшоҳии рус дастгирӣ ёфт. Дере нагузашта тамоми асбобу анҷоми барои бунёди як неругоҳи хурди барқи обӣ зарурӣ аз Россия ба Тошкент расид, аммо барои ба Хоруғ овардани ин таҷҳизот роҳ ва нақлиёт лозим буд. Сарҳадбонони русро лозим омад, ки онро бо уштурҳо тариқи роҳи куҳна, ки аз он пеш корвони савдогарон мегузашт, ба роҳ дароранд. Корвони уштурон аз шаҳри Тошкент тариқи водии Фарғона ба шаҳри Ӯш расид. Минбаъд паси сар намудани душвортарин минтақаҳои роҳ, аз ҷумла аз ағбаи Қизиларт (4280 метр аз сатҳи баҳр), Оқбайтал (4655 метр), Найзаташ (4137 метр) ва Кӯҳтезак (4241 метр), лозим омад. Барои мувофиқа бо Округи ҳарбии Туркистон ва овардани таҷҳизот наздики 4 сол сипарӣ гардид. Баъди расидани корвон ба Хоруғ, ки он вақт аз 5-6 хоҷагӣ иборат буд, марзбонон бо қувваи худ ба насби таҷҳизоти зарурӣ шуруъ намуданд. Дар корҳои сохтмонӣ сокинони маҳаллӣ ба сарҳадбонон ёрӣ расонданд. Баъди як моҳ корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба охир расид ва генератор ба кор даромад. Сокинони таҳҷоӣ аз нури фурӯзонакҳои барқӣ дар ҳайрат монданд. Ин ба назарашон мисли як муъҷиза менамуд. Онҳо фаҳмида наметавонистанд, ки чӣ тавр як осиёби одии деҳқонӣ ҳамин хел равшанӣ медодааст. Дар ҳақиқат, ин ҳодиса дар ҳаёти мардуми Помир мисли нахустпарвози ҳавопаймо ба Хоруғ муҳим ва фаромӯшнопазир буд. Сардори Отряди Помир подполковник Г. А. Шпилко 5 августи соли 1914 дар гузориши худ ба сардори Ситоди Округи ҳарбии Туркистон иттилоъ дод, ки 1 июли соли 1914 дар посгоҳи Отряди Помир дар Хоруғ чароғҳои карасинӣ пурра ба фурӯзонакҳои барқӣ иваз карда шуданд. “Ситоди Хоруғ бо 2 чароғдони 500 фурӯзонакдор ва 88 лампочка равшан карда мешавад”.
Ба гуфтаи Пайрав Мирзоашрафзода, номзади илмҳои таърих, ки дар самти таърихи электриккунонии ВМКБ таҳқиқот бурдааст, ҳамин рӯз, яъне 1 июли соли 1914, санаи оғози электриккунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аммо баъдан корҳои такмили осиёби одӣ ба нуқтаи тавлиди барқ бар асари вазъияти ноороми сиёсӣ чи дар Россия ва чи дар ҳудуди Бадахшон боз дошта шуданд. Ҳарчанд дар ин самт чанд даҳсолаи дигар дар Бадахшон кор пеш нарафт, фаъолияти осиёби нахустини барқтавлидкунанда нишон дод, ки дар ин ҷо барои шинондани турбинаҳои барқдиҳанда тамоми шароит мавҷуд аст. Қариб дар ҳамаи деҳоти минтақа рӯдҳои кӯҳӣ ва дарёву дарёчаҳо бо суръати баланд аз боло ба поён сарозер мешаванд ва барои фаъолияти осиёб ва турбинаҳо шароити мусоид ба вуҷуд меоранд. Ба ғайр аз ин, зимистони қаҳратуни Помир ҷиҳати гарм кардани хонаҳо ниёзмандиро ба истеҳсоли қувваи барқ хеле шиддат мебахшид. Зурурати сохтмони осиёбҳои барқистеҳсолкунанда сол ба сол меафзуд, вале ин ҳама орзуҳо танҳо баъди Инқилоби Октябр амалӣ шуданд. Аввалин Неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон – “Варзоб-1” соли 1937 ба кор даромад. Баъд аз ин, гидроэнергетика дар Тоҷикистон хеле пеш рафт. Махсусан, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди соҳа афзалият дода шуда, даҳҳо иншооти калони гидроэнергетикӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Солҳои охир дар кишвар нахустин неругоҳҳои барқи офтобӣ сохта, мавриди истифода қарор мегиранд.
Тоҷикистон аз соли 2008 ба содироти қувваи барқ оғоз бахшид, аммо нахустин иншооти истеҳсолкунандаи барқ чи дар Осиёи Миёна ва чи дар Тоҷикистон ин осиёби деҳқонии бобоии мавзеи Хоруғ маҳсуб меёбад, ки 3 сол пеш аз Инқилоби Октябр, 1 июли соли 1914 аз он ба Ситоди Отряди ҳарбии Помир дар Хоруғ қувваи барқ интиқол дода шуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)