ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»

09 январ 2024, Сешанбе
956
0
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 3, мод. 218; с. 2018, № 1, мод. 21; с. 2020, № 12, мод. 914) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 11 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Нисбат ба кӯдак истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ манъ аст.».
2. Моддаи 111 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 111. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя
1. Ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба ҳимоя дорад.
2. Падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, мақомоти васояту парасторӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту ташкилотҳои дигар уҳдадоранд барои ҳимояи кӯдак чораҷӯйӣ намоянд.
3. Ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба нигоҳубин, тарбия ва таълими кӯдак аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ё шахсони онҳоро ивазкунанда ва ё ҳангоми суиистифодаи падару модар аз ҳуқуқҳояшон, кӯдаке, ки ақидаҳои худро мустақилона ифода карда метавонад,  ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти васоят ва парасторӣ, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ бевосита муроҷиат намояд.».
3. Ба қисми 1 моддаи 14 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида вобаста ба синну сол маҳдуд карда намешавад. Ба кӯдак дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконият дода шавад, ки фикри худро дар шакле, ки ӯ мехоҳад, баён кунад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2034
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонМ. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1091
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 456
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, №7, мод. 447) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати чилу дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таҳсилоти дуалӣ - низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад;».
2. Дар моддаи 19: 
- ба қисми 8 баъд аз калимаи «тиббӣ» калимаҳои «ва ихтисосҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 9 баъд аз калимаи «фосилавӣ» аломат ва калимаи «, дуалӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2036
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1101
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 458
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ  МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ»
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 10 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 298; с. 2007, № 5, мод. 353; с. 2012, № 8, мод. 813; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 383, № 11, мод. 640; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 269; с. 2019, № 7, мод. 461) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар тамоми матни Қонуни конститутсионии мазкур калимаҳои «ҳамин Қонун» ва «ҳамин Қонунро» мувофиқан ба калимаҳои «Қонуни конститутсионии мазкур» ва «Қонуни конститутсионии мазкурро» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаҳои 1 ва 4 калимаҳои «мустақим» ва «мустақиман» ба калимаи «бевосита» иваз карда шаванд. 
3. Дар моддаи 6: 
- дар қисми якум калимаи «Таёйрӣ» ба калимаи «Тайёрӣ» иваз карда шуда, пеш аз калимаи «ошкоро» калимаҳои «шаффоф ва» илова карда шаванд; 
- дар қисмҳои сеюм ва панҷум калимаҳои «(нозир)» ва «нозирон» мувофиқан ба калимаҳои «(мушоҳид)» ва «мушоҳидон» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 8:
- дар қисми чорум калимаи «дератр» ба калимаи «дертар» иваз карда шавад;
- дар қисми ҳафтум калимаҳои «Комисиияи» ва «ва ҳудуди ҳар участкаи интихоботро» мувофиқан ба калимаҳои «Комиссияи» ва «ва дар бораи ҳудуди ҳар участкаи интихобот» иваз карда шаванд.
5. Номи боби сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:                    «III. КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТӢ». 
6. Дар номи моддаи 9 калимаи «Системаи» ба калимаи «Низоми» иваз карда шавад. 
7. Дар сархати сездаҳуми моддаи 11 калимаҳои «аз хусуси» ва «амали» мувофиқан ба калимаҳои «дар хусуси» ва «амал (беамалӣ)-и» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 13:
- ба сархати сеюм пас аз калимаи «номзадҳо» калимаҳои «ба вакилӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаи «участкаҳои» ба калимаҳои «комиссияҳои участкавии» иваз карда шавад. 
9. Дар номи моддаи 15 калимаи «комиссияҳои» ба калимаи «комиссияи» иваз карда шавад.
10. Дар қисми сеюми моддаи 16 калимаи «талабҳои» ба калимаи «талаботи» иваз карда шавад. 
11. Дар қисми чоруми моддаи 17 калимаҳои «ва мақомоти» ба аломати вергул  иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 18 калимаи «нозирон» ба калимаи «мушоҳидон» иваз карда шавад. 
13. Дар моддаи 19:
- дар қисми чорум калимаҳои «Фамилияи» ва «зикр» мувофиқан ба калимаҳои «Насаби» ва «сабт» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаи «фамилия» ба калимаи «насаб» иваз карда шавад.
14. Дар номи моддаи 21 калимаи «ғалати» ба калимаҳои «саҳву хатои» иваз карда шавад. 
15. Дар моддаи 22 калимаи «паспорт» ба калимаи «шиноснома» иваз карда шавад.
16. Номи боби панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«V. ПЕШБАРӢ ВА БАҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ». 
17. Дар қисми якуми моддаи 23 калимаи «хатми» ба калимаҳои «ба охир расидани» иваз карда шавад.
18. Дар моддаи 24:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Барои пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳизбҳои сиёсии аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тариқи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд шахсонеро, ки узви ҳизби сиёсӣ нестанд, ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ номзад пешниҳод намоянд.»;
- қисмҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд.
19. Дар моддаи 25: 
- дар қисми якум калимаҳои «хатм мегардад» ба калимаҳои «ба охир мерасад» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаи «маҷлиси» ба калимаҳои «Маҷлиси вакилони халқи» иваз карда шуда, пас аз калимаи «ҳудуди» калимаи «дахлдори» илова карда шавад;
- қисми ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар ҳолати худпешбарӣ номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе имзои 200 нафар ва номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи шаҳр ва ноҳия имзои 100 нафар интихобкунандаро аз ҳавзаи дахлдори интихоботӣ якҷо бо ариза пешниҳод менамояд.». 
20. Дар моддаи 26:
- ба қисми чорум пас аз калимаи «номзад» калимаҳои «ба вакилӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми чорум калимаҳои «ҷавоб дода наметавонанд» ба калимаҳои «ҷавобгӯ нестанд» иваз карда шаванд.
21. Дар моддаи 27:
- ба қисми якум пас аз калимаҳои «номзадҳоро» ва «шудаанд» мувофиқан калимаҳои «ба вакилӣ» ва аломати вергул  илова карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаҳои «аъзои» ва «вазифаи аъзои» мувофиқан ба калимаҳои «узви» ва «узвияти» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳафтум калимаҳои «ному насаб» ба калимаҳои «насаб, ном, номи падар» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳаштум калимаи «маҳаллӣ» ба калимаҳои «маҳаллии вакилони халқ» иваз карда шавад.
22. Ба номи моддаи 29 пас аз калимаи «номзадҳо» калимаҳои «ба вакилӣ» илова карда шаванд.
23. Дар моддаи 30:
- аз қисми якум калимаи «кулли» хориҷ карда шавад;
- дар қисми дуюм пас аз калимаи «то» калимаи «баргузории» илова карда шуда, калимаи «моувини» ба калимаи «муовини» иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаи «мавҷуданд» ба калимаҳои «нигоҳ дошта мешаванд» иваз карда шавад.
24. Дар қисми якуми моддаи 31 калимаҳои «Маҷлисҳои маҳаллӣ» ба калимаҳои «Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» иваз карда шаванд.
25. Дар моддаи 32 калимаи «хеш» ба калимаи «худ» иваз карда шавад. 
26. Дар моддаи 34: 
- дар қисми дуюм пас аз калимаи «намудаанд» аломати вергул  хориҷ карда шуда, калимаи «гирдиҳамоиҳо» ба калимаи «ҷамъомадҳо» иваз карда шавад.
- дар қисми сеюм калимаҳои «бо асосҳои» ба калимаҳои «дар асосҳои» иваз карда шуда, калимаи «участкавии» хориҷ карда шавад.
27. Дар моддаи 35 калимаҳои «вакилӣ», «гирдиҳамоиҳо» ва «ҷудо карда,» мувофиқан ба калимаҳои «вакилии Маҷлиси вакилони халқ», «ҷамъомадҳо» ва «ҷудокарда» иваз карда шуда, пас аз калимаи «радио» аломати вергул  хориҷ карда шавад.
28. Дар моддаи 36:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад;
«Моддаи 36. Ҳуқуқи ройгон сафар кардани номзад ба вакилӣ»;
- дар матни модда калимаҳои «бе пул» ба калимаи «ройгон» иваз карда шаванд. 
29. Матни моддаи 37 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро, бе розигии комиссияи интихоботи дахлдори вилоят, шаҳр, ноҳия, ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содир намудани ҷиноят.». 
30. Дар моддаи 38 калимаҳои «вакилон дар», «участкавӣ» ва «тамом шуда» мувофиқан ба калимаҳои «вакилон ба», «участкавии интихобот» ва «тамомшуда» иваз карда шаванд.
31. Дар моддаи 39:
- дар қисми сеюм калимаи «хоҳиши» ба калимаи «иродаи» иваз карда шуда, пас аз калимаи «интихобкунандагон» аломати вергул  илова карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаи «паспорт» ба калимаи «шиноснома» иваз карда шавад;
- дар қисми шашум калимаи «фамилияи» ба калимаи «насаби» иваз карда шавад.
32. Дар моддаи 40:
- ҷумлаи сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Интихобкунандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ бо салоҳдиди худ каси дигарро, ғайр аз аъзои комиссияи интихобот, шахсони боэътимоди номзадҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, мушоҳидон, даъват кунад.». 
- дар ҷумлаи ҳафтум калимаҳои «яке аз аъзоёни» ба калимаҳои «узви ҷудогонаи» иваз карда шаванд. 
33. Дар моддаи 41:
- дар қисми дуюм калимаҳои «ҳисоб ва ботил мекунанд» ба калимаҳои «шуморида, аз ҳисоб мебароранд» иваз карда шаванд;
- ба қисми дуюм ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Аз ҳисоб баровардани бюллетенҳои интихоботии истифоданашуда бо роҳи буридани тарафи рости қисми поёнии бюллетен сурат мегирад.»;  
- дар ҷумлаҳои дуюм ва сеюми қисми панҷум калимаҳои «интихоботӣ буда» ва «фамилияҳои» мувофиқан ба калимаҳои «овоздиҳӣ буда» ва «насабҳои» иваз карда шаванд;
- қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ба аъзои комиссияи интихобот, ба истиснои раис ва котиби комиссия, ҳангоми ҳисобкунии овозҳо доштани воситаҳои хатнависӣ мумкин нест.»; 
- дар қисми шашум калимаҳои «ғайри муқаррарӣ» ва «ҳини» мувофиқан ба калимаҳои «ғайримуқаррарӣ» ва «ҳангоми» иваз карда шаванд;  
- қисмҳои шашум ва ҳафтум мувофиқан қисмҳои ҳафтум ва ҳаштум ҳисобида шаванд;
- қисми нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Протоколи комиссияи участкавии интихобот ҳамон вақт боэътибор ҳисобида мешавад, ки агар онро аз нисф зиёди аъзои комиссия имзо карда бошад.». 
34. Дар номи моддаи 42 калимаи «ҳавза» ба калимаҳои «ҳавзаи интихоботӣ» иваз карда шавад.
35. Дар моддаи 43:
- ба қисми якум пас аз калимаҳои «протоколҳои комиссияҳои» калимаи «ҳавзавии» илова карда шавад;
- ба қисми дуюм пас аз калимаи «интихоботро» калимаҳои «дар ҳавзаи дахлдор» илова карда шаванд.
36. Матни моддаи 44 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Комиссияи дахлдори интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар бораи натиҷаи интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор хабар ва рӯйхати вакилони интихобшударо дар муддати на дертар аз ҳафт рӯзи баъди интихобот бо тартиби алифбо ва бо зикри насаб, ном, номи падар, вазифа (шуғл), ҳизбият, ҷои кор ва истиқомат, ҳавзаи интихобот, ки ӯ вакил интихоб шудааст, дар матбуот чоп мекунад.». 
37. Қисми дуюми моддаи 45 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Пас аз он, ки Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи дахлдор ваколатҳои вакилони интихобгардидаро тасдиқ менамояд, ба онҳо ба ҷои шаҳодатнома дар хусуси вакил интихоб шуданашон шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагии дахлдор дода мешавад.». 
38. Ба қисми сеюми моддаи 46 пас аз калимаҳои «ба номзад» калимаҳои «ба вакилӣ» илова карда шаванд.
39. Дар қисми якуми моддаи 47 калимаҳои «интихобти» ва «интихбот» мувофиқан ба калимаҳои «интихоботи» ва «интихобот» иваз карда шаванд.
40. Дар моддаи 48:  
- дар қисми якум калимаҳои «талабҳои», «як моҳ» ва «як моҳ қабл» мувофиқан ба калимаҳои «талаботи», «30 рӯз» ва «30 рӯз пеш» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «қабл аз хатми мӯҳлати» ба калимаҳои «пеш аз қатъи» иваз карда шуда, пас аз калимаи «вакил» аломати вергул  илова карда шавад.
41. Дар номи моддаи 481 калимаи «Интихобот» ба калимаҳои «Гузаронидани интихобот» иваз карда шавад.
42. Дар моддаи 51 калимаи «ин» ба калимаи «ҳамин» иваз карда шавад. 
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2016
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» қабул карда шавад. 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА 
ш. Душанбе, 1 ноябри соли 2023, № 1148
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:    
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 466
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ  ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8,     мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1,   мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, №1-2, мод. 5, №4, мод. 197, №12, қ. 2, мод. 684, мод. 685; с. 2022, №1-3, мод. 4, №7, мод. 442, №12, қ. 2, мод. 766, мод. 767), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 138 калимаи «ҷустуҷӯи» ба калимаҳои «ҷустуҷӯ ва супоридани» иваз карда шавад.
2. Фасли ХII хориҷ ва қисми IV бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«ҚИСМИ IV. 
ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ 
МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ
ФАСЛИ XII.
ҲАМКОРИИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН 
ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ 
МАНСАБДОРИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ
БОБИ 48.
ҲАМКОРИИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ ОИД 
БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 470. Доираи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ
1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии мутақобила бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷие, ки барои иҷрои амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ, супоридани ҳуҷҷатҳо, баамалбарории таъқиби ҷиноятӣ, супоридани шахс ва дар муҳлати муайяншуда бозпас гардонидани шахси муваққатан супоридашуда, шахси мубталои бемории рӯҳӣ, ки нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, интиқоли транзитӣ ва супоридани муваққатии шахс, эътироф ва иҷрои санадҳои судӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,  ба амал бароварда мешавад.
2. Шаклҳои дигари ҳамкорӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ нашудаанд, метавонанд бо созиши тарафҳо муқаррар гарданд.
Моддаи 471. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Дар мавриди мавҷуд набудани шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқӣ мумкин аст дар асоси дархости давлати хориҷӣ ва ё дархости мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории тарафҳо расонида шавад.
2. Мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати хориҷӣ дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ дархост ирсол карда, ба давлати дархостшаванда дар шакли хаттӣ кафолат медиҳад, ки дар оянда дархости он тарафро дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ баррасӣ менамояд. 
3. Мувофиқи шартҳои қисми 1 моддаи мазкур мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости давлати хориҷиро, танҳо дар сурати мавҷуд будани кафолати хаттии тарафи дархосткунанда ҷиҳати дар оянда қабул ва баррасӣ намудани дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории тарафҳо, баррасӣ менамояд.
4. Мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни дархост  оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба давлати хориҷӣ дар асоси ҳамкории тарафҳо Кодекси мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
5. Дар мавриди мавҷуд набудани шартномаи байналмилалӣ бо давлати хориҷӣ мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост оид ба расонидании ёрии ҳуқуқиро ба тарафи дархостшаванда бо роҳҳои дипломатӣ мефиристонад.
Моддаи 472. Мақомоти марказӣ ва ваколатдор
1. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти мурофиаи ҷиноятӣ буда, вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ муроҷиат намуда, инчунин дархостҳои мақомоти марказӣ ва ваколатдори давлатҳои хориҷиро баррасӣ менамояд.
2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти марказӣ ба судҳои давлатҳои хориҷӣ бо дархостҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба пешбурди мурофиаи судӣ муроҷиат намуда, дархостҳои дахлдори судҳои давлатҳои хориҷиро баррасӣ менамояд. 
3. Мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятии дар пешбурдашон қарордошта бо дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба гузаронидани амалҳои мурофиавие, ки розигии прокурор ва иҷозати судро талаб наменамоянд, ба мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ бевосита муроҷиат намуда, чунин дархостҳои мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷиро иҷро менамоянд. 
4. Дархостҳои дигар оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ танҳо тавассути мақомоти марказӣ - Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол ва қабул карда мешаванд.
Моддаи 473. Дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар асоси талаботи Кодекси мазкур ва ё шартномаи байналмилалии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.
2. Дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда дар шакли хаттӣ дар бланкаи расмӣ, ки бо имзои роҳбари  мақомоти ваколатдор ё шахсе, ки ӯро иваз мекунад ва муҳри нишондор тасдиқ карда шудаанд, тартиб дода мешаванд.
3. Дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда бо забони дар шартномаи байналмилалии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда ва дар сурати набудани он, бо забони давлати дархостшаванда ё дархосткунанда ё бо забони пазируфтаи тарафҳо тарҷума ва ирсол карда мешаванд.
4. Дархост аз ҷониби мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати хориҷӣ тавассути почта, дар ҳолатҳои фаврӣ бо почтаи электронӣ, факс ё воситаи дигари алоқа фиристонида мешавад. Дар чунин ҳолат нусхаи аслии дархост тавассути почта на дертар аз панҷ шабонарӯз пас аз лаҳзаи ирсол тавассути почтаи электронӣ, факс ё воситаи дигари алоқа фиристонида мешавад.
5. Дар сурати рад кардан аз  ирсоли дархост, ҳамаи мавод аз ҷониби мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоте, ки дархостро пешниҳод кардааст, бо дарҷ намудани камбудиҳое, ки бояд бартараф карда шаванд ё сабабҳои ғайриимкон будани ирсоли дархост, бозпас гардонида мешаванд.  
6. Мақомоти марказӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дархости мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ, ки  тавассути почтаи электронӣ, факс ё воситаи дигари алоқа ворид шудаанд, мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Иҷрои чунин дархост танҳо дар мавриди тасдиқ шудани ирсол ё супоридани нусхаи аслии дархост ба иҷро расонида мешавад. Маводи иҷрои дархост танҳо дар сурати аз ҷониби мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани нусхаи аслии дархост ба  мақомоти марказӣ ва ваколатдори давлати хориҷӣ фиристонида мешавад. 
Моддаи 474. Ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатҳо
1. Ҳуҷҷатҳои дар робита бо дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ пешниҳодшуда, ки  аз ҷониби шахси расмии мақомоти ваколатдори тарафҳои дархосткунанда ва ё дархостшаванда тартиб дода шуда, бо муҳри  мақомоти ваколатдор тасдиқ карда шудаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе тасдиқи иловагӣ (легализатзия ё опостил) қабул карда мешаванд.
2. Вазъи мурофиавии иштирокчиёни пешбурди ҷиноятии дар давлати хориҷӣ амалишаванда ҳангоми иҷрои дархостҳои мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқарраркунии иловагӣ зарурат надорад. 
Моддаи 475. Эътирофи далелҳои дар ҳудуди давлати хориҷӣ ба даст овардашуда
Далелҳои дар ҳудуди давлати хориҷӣ аз тарафи шахсони мансабдори он дар рафти иҷрои дархостҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба даст овардашуда ва ё ба дархости ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсолшаванда оид ба амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси принсипи мутақобила замимашуда, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ ва дода шудаанд, бо далелҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, эътибори якхелаи ҳуқуқӣ доранд. 
Моддаи 476. Нигоҳ доштан ва супоридани далелҳои шайъӣ
1. Далелҳои шайъие, ки аз тарафи дархостшаванда бо тартиби иҷрои дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нигоҳ дошта, пас аз анҷоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ба тарафи дархостшаванда баргардонда мешаванд, агар нисбат ба онҳо ба мувофиқаи дигар нарасида бошад.
2. Ҳангоми ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ супоридани далелҳои шайъӣ бо тартиби иҷрои дархост, мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз талаби бозпас гардонидани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи дархосткунанда пас аз анҷоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ даст кашад, агар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати истифодаи онҳо дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ ба пешбурди парвандаи ҷиноятии дигар ё талаби қонунии шахси сеюм вобаста ба ҳуқуқ ба моликияти дахлдор ва ё нисбат ба он дар суд баҳс ҷой надошта бошад. 
Моддаи 477. Хароҷот вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Хароҷот вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби  маблағҳои буҷетии барои таъмини мақомоти таҳқиқ, тафтишот, прокуратура, суд ё муассисаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда, ки иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба зиммаи онҳо вогузор шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида, ба амал бароварда мешавад.
2. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, хароҷоти зерин зимни иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҳисоби тарафи дархосткунанда ба амал бароварда мешавад:
1) даъвати иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳудуди тарафи даъваткунанда, аз ҷумла ҳангоми супоридани муваққатии шахс;
2) гузаронидани экспертиза;
3) таъмини бехатарии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ;
4) истирдоди транзитии шахси супоридашуда тавассути ҳудуди  давлати сеюм ба тарафи дархосткунанда. 
БОБИ 49. РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 478. Дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
1) номи мақомоте, ки дархостро мефиристад;
2) ном ва суроғаи мақомоте, ки дархост ба он фиристода мешавад;
3) истинод ба шартномаи байналмилалии дахлдор  ё риояи принсипи мутақобила; 
4) парвандаи ҷиноятие, ки нисбат ба он дархост фиристода мешавад;
5) маълумоти мухтасар оид ба кирдори ҷиноятӣ, ки мавзуи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ мебошад ва бандубасти ҳуқуқии он бо зикри матни пурраи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолатҳои зарурӣ - маълумот дар бораи андозаи зарари расонидашуда;
6) маълумот дар бораи айби эълоншуда бо зикри матни пурраи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) маълумот дар бораи шахси дахлдор, аз ҷумла насаб, ном, номи падар (ҳангоми мавҷуд будан), вазъи мурофиавӣ, ҷойи зист ё будубош, шаҳрвандӣ, барои  шахсони ҳуқуқӣ - ном ва маҳалли ҷойгиршавӣ, маълумоти дигар, ки метавонанд барои иҷрои дархост мусоидат намоянд, ҳамчунин алоқамандии ин шахс бо пешбурди парвандаи ҷиноятӣ;
8) баёни ҳолатҳое, ки бояд муайян карда шаванд, ҳамчунин номгӯйи амалҳои тафтишотии дархостшаванда, ҳуҷҷатҳо, далелҳои шайъӣ ва далелҳои дигар, инчунин асосноккунии ҳамбастагии онҳо бо пешбурди парвандаи ҷиноятӣ;
9) маълумот дар бораи шахсоне, ки иштироки онҳо ҳангоми иҷрои амалҳои мурофиавӣ зарур мебошад ва асосноккунии чунин зарурат.
2. Ба дархост оид ба пурсиши шахс ба сифати шоҳид, ҷабрдида, коршинос (эксперт), гумонбаршуда ва айбдоршаванда иқтибоси аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқшудаи моддаҳои Кодекси мазкур бо мақсади фаҳмондани ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо замима карда мешавад. Ба дархост инчунин номгӯйи саволҳое, ки ба шахс дода мешаванд ё маълумоте, ки бояд аз шахс гирифта шаванд, замима карда мешаванд.
3. Ба дархост оид ба гузаронидани амалҳои мурофиавие, ки тибқи Кодекси мазкур  барои гузаронидани  онҳо розигии прокурор ё иҷозати суд зарур аст ва ё барои мусодираи молу мулк, нусхаи аслӣ ё нусхаи тасдиқшудаи қарори асоснокшудаи мақомоти ваколатдор оид ба гузаронидани онҳо замима карда мешавад.
Моддаи 479. Тартиби иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқиро, ки мувофиқи қоидаҳои муқарраргардида ба онҳо супорида шудааст, аз рӯйи талаботи Кодекси мазкур иҷро мекунад.
2. Ҳангоми иҷрои дархост мумкин аст меъёрҳои қонунгузории давлати хориҷӣ истифода шаванд, агар ин дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он давлат басташуда пешбинӣ шуда бошад. 
3. Агар иҷрои дархост дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ғайриимкон бошад, мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои воридшударо бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти дархосткунанда бо нишон додани сабабҳое, ки ба иҷрои он монеа гардидаанд, бармегардонад. 
Моддаи 480. Баррасии дархостҳо оид ба  расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Мақомоти марказӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ваколатдор мебошанд, пас аз  гирифтани дархост онро баррасӣ намуда, масъалаҳои зеринро муайян менамоянд:
1) имконияти иҷрои дархост бо дарназардошти меъёрҳои қонунгузории мурофиавии давлати хориҷӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) имконияти иҷрои дархост дар ҳолати ҷой доштани монеа ба пешбурди таъқиби ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 482 Кодекси мазкур барои рад кардани иҷрои дархост;
4) зарур будани хароҷоти иловагӣ ё ғайричашмдошт барои иҷрои дархост.
2. Дар сурати имконпазир будани иҷрои дархост мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостро иҷро менамояд ё онро барои иҷро ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи тобеияти тафтишотӣ мефиристад.
3. Дар доираи ваколатҳои худ прокурор ҳуқуқ дорад оид ба таъмини иҷрои пурра, ҳаматарафа ва саривақтии дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дастур диҳад. Иҷрои дастури прокурор ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 481. Махфияти маълумот ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Бо хоҳиши тарафи дархосткунанда мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти барои ҳамкорӣ ваколатдор ҳуқуқ дорад барои таъмини махфияти ҳолати гирифтани дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ, мазмун ва маълумоти зимни иҷрои он бадастомада, тадбирҳои иловагӣ андешад.
2. Дар ҳолати зарурӣ шартҳо ва муҳлатҳои нигоҳдории махфияти маълумоти зимни иҷрои дархост бадастомада мувофиқа карда мешаванд.
3. Ҳангоми  супоридани маводҳо ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дигари ваколатдор метавонад нисбат ба истифодаи чунин маводҳо дар асоси Кодекси мазкур ва шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар намояд.
4. Агар дар натиҷаи иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоте гирифта шавад, ки дорои сирри давлатӣ бошад, онҳо ба тарафи дархосткунанда дар ҳолате метавонанд дода шаванд, ки ин маълумот ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро додааст, зарар нарасонад ва танҳо дар  сурати мавҷуд будани шартнома дар хусуси  ҳимояи мутақобилаи иттилооти махфӣ ва мутобиқ ба талабот ва қоидаҳои дар онҳо пешбинишуда дода мешаванд.
Моддаи 482. Рад кардани иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Дархости тарафи дархосткунанда оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ метавонад дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рад карда шавад.
2. Дар сурати мавҷуд набудани шартномаи байналмилалӣ, иҷрои дархост бояд бо асосҳои  зерин рад карда шавад, агар:
1) иҷрои дархост ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад ё ин ки ба соҳибихтиёрӣ, амният, тартиботи ҷамъиятӣ ё манфиатҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
2) тарафи дархосткунанда ҳамкории мувофиқро дар ин самт таъмин накунад;
3) дархост кирдореро дар бар гирад, ки он  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ба ҳисоб наравад; 
4) асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, ки дархост  бо мақсади таъқиби ҷиноятӣ, маҳкумкунӣ ё ҷазо додани шахс аз рӯйи баромади иҷтимоӣ, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молумулкӣ, ҷинс, нажод, миллат, забон, муносибат ба дин, ақида ва маҳалли зист ё бо дилхоҳ асосҳои дигар фиристода шуда бошад. 
Моддаи 483. Хабар додани натиҷаи баррасии дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Дар сурати қонеъ гардонидани дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ, мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоте, ки барои амалӣ намудани ҳамкорӣ ваколатдор аст, супоридани ҳуҷҷатҳои зимни иҷрои дархост бадастомадаро ба тарафи дархосткунанда таъмин менамояд.
2. Дар сурати рад кардани дархост оид ба расонидани  ёрии ҳуқуқӣ мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ба ҳамкорӣ ваколатдор ба тарафи дархосткунанда оид ба сабабҳои рад кардан, инчунин шартҳое, ки дархост такроран баррасӣ шуда метавонад, хабар медиҳад ва дархостро бозпас мегардонад.
3. Дар сурати мавҷуд будани асосҳо барои рад намудани иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ё ба таъхир гузоштани иҷрои он мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоте, ки барои амалӣ намудани ҳамкорӣ ваколатдор аст, метавонад бо тарафи дархосткунанда тартиби иҷрои дархостро бо маҳдудиятҳои муайяншуда мувофиқа намояд. Агар тарафи дархосткунанда ба шартҳои муайяншуда розӣ бошад, дархост пас аз тарафи дархосткунанда таъмин намудани иҷрои ин шартҳо, қонеъ карда мешавад.
Моддаи 484. Иштироки намояндагони мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар рафти иҷрои дархост
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар рафти иҷрои дархост танҳо бо иҷозати мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд. 
2. Намояндагони мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ, ки тибқи талаботи Кодекси мазкур ба онҳо иҷозати иштирок дар рафти иҷрои дархост дода шудааст, ҳуқуқ надоранд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои мурофиавиро мустақилона анҷом диҳанд. 
3. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ҳуқуқ доранд ҳангоми пешбурди парванда иштирок намоянд, ариза ё эродҳо пешниҳод кунанд, бо иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор саволҳо диҳанд ва тавассути воситаҳои техникӣ рафти амалҳои тафтишотиро сабт намоянд. Ҳангоми иштирок дар рафти гузаронидани амалҳои мурофиавӣ чунин намояндагон бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
Моддаи 485. Даъвати шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта
1. Шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, барои гузаронидани амалҳои тафтишотӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъватнома дар асоси дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ даъват карда мешавад. Чунин шахс оид ба даъват шуданаш қаблан хабардор карда мешавад. Ба шахси даъватшуда, ғайр аз гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда, оид ба  андоза ва тартиби пардохти хароҷот вобаста ба даъват хабар дода мешавад.  
2. Шоҳид, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндаҳои онҳо, коршинос (эксперт), ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва дар асоси дархост ҳозир шудаанд, новобаста аз шаҳрвандии худ, барои кирдор ё дар асоси ҳукмҳое, ки то убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуданд ё ҷой доштанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Инчунин ин шахсон барои нишондодашон  ба сифати шоҳид, ҷабрдида ё барои хулосаҳо ба сифати эксперт вобаста ба парвандаи ҷиноятие, ки онҳо даъват карда шудаанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. 
3. Шахси даъватшуда кафолати дар моддаи мазкур пешбинишударо аз даст медиҳад, агар дар муҳлати понздаҳ шабонарӯз ё муҳлати дигар, ки шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи мақомоти дахлдор дар хусуси ҷой надоштани зарурати гузаронидани амалҳои тафтишотӣ бо иштироки ӯ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накунад ё ба таври ихтиёрӣ баргардад. Ба ин муҳлат вақте, ки дар давоми он шахс бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк карда наметавонист, ба ҳисоб гирифта намешавад.
Моддаи 486. Супоридани муваққатии шахс, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад
1. Агар барои додани нишондод ё ин ки иштирок дар гузаронидани амалҳои дигари мурофиавӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ зарурати иштироки шахс, ки таҳти ҳабс қарор дорад ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро дар ҳудуди давлати хориҷӣ адо мекунад ва бо парвандаи ҷиноятии мазкур ба ҷавобгарӣ кашида намешавад, мақомоти пешбарандаи мурофиаи ҷиноятӣ оид ба супоридани муваққатии шахси мазкур ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд. 
2. Дар ҳолати аз ҷониби дархостшаванда қонеъ гардидани дархост оид ба супоридани муваққатии шахс, ӯ пас аз гузаронидани амалҳои  мурофиавӣ, ки барои иштирок дар онҳо супорида шуда буд, дар муҳлати бо давлати хориҷӣ мувофиқашуда бояд бозпас гардонида шавад. 
3. Дар ҳолати кифоя набудани муҳлати муофиқашудаи супоридани муваққатӣ, мақомоти пешбарандаи мурофиаи ҷиноятӣ бояд дар муҳлати на дертар аз бист шабонарӯз то ба охир расидани муҳлат ба мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост оид ба дароз намудани ин муҳлатро барои мувофиқа бо давлати хориҷӣ пешниҳод намояд.
4. Қарори мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба таҳти ҳабс қарор додани шахс ё ин ки нисбат ба ӯ татбиқ намудани ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, барои таҳти ҳабс қарор додани шахсе, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, асос мешавад.
5. Муваққатан ба давлати хориҷӣ супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо мекунад бо дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бо риояи муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур имкон дорад. Супоридани муваққатии шахс танҳо дар ҳолати мавҷуд будани розигии хаттии ин шахс ва розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 487. Гузаронидани амалҳои мурофиавӣ тавассути алоқаи видеоӣ
1. Амалҳои мурофиавӣ дар асоси дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бо розигии мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути алоқаи видеоӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешаванд:
1) имконнопазир будани ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ ҳозир шудани  шахсони даъватшуда;
2) таъмини амнияти шахсон; 
3) асосҳои дигари дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.
2. Сабти амалҳои мурофиавӣ тавассути алоқаи видеоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии тарафи дархосткунанда гузаронида мешаванд, агар ин тартиб ба принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад. 
3. Мақомоти ваколатдори тарафи дархосткунанда ҳангоми гузаронидани амалҳои мурофиавӣ тавассути алоқаи видеоӣ иштироки тарҷумонро бояд таъмин намояд.
4. Агар зимни гузаронидани амалҳои мурофиавӣ ҳолатҳои вайрон намудани тартиби дар қисми 2 моддаи мазкур зикршуда ошкор гарданд, мақомоте, ки амалҳои мурофиавиро мегузаронад ба иштирокчиён оид ба ин ҳолатҳо хабар дода, ҷараёни онро  то бартараф намудани камбудиҳои роҳдода, манъ менамояд. Амалҳои мурофиавӣ танҳо пас аз бо ҷониби дархосткунанда мувофиқа намудани тағйироти ба рафти амалиёт воридгардида идома дода мешаванд.
5. Протоколи амалҳои мурофиавӣ ва маҳфузнигоҳдорандаи иттилооти видеоӣ ба мақомоти ваколатдори ҷониби дархосткунанда ирсол карда мешавад.
6. Аз рӯйи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи мазкур амалҳои тафтишотӣ тавассути алоқаи видеоӣ бо дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Моддаи 488. Кофтуков, ҳабси молу мулк ва мусодираи он
1. Дар асоси дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ мақомоти марказӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои мурофиавии дар Кодекси мазкур пешбинишударо бо мақсади ошкор ва ба ҳабс гирифтани молу мулк, маблағҳои пулӣ ва ашёҳои қимматбаҳои бо роҳҳои ҷиноят бадастомада, инчунин молу мулки ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё маҳкумшуда тааллуқдошта мегузаронанд.
2. Ҳангоми ҳабс гузоштан ба молу мулки дар  қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, барои ҳифзи он то баровардани  қарори ниҳоии суд вобаста ба молу мулки мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин хусус  тарафи дархосткунанда огоҳ карда мешавад.
3. Бо дархости тарафи дархосткунанда молу мулки дарёфтгардида мумкин аст:
1) бо риояи талаботи Кодекси мазкур ба ҳабс гирифта шуда, ба мақомоти ваколатдори тарафи дархосткунанда ҳамчун далели шайъӣ бо парвандаи ҷиноятӣ ё барои баргардонидан ба соҳибмулк супорида шавад;  
2) мусодира карда шавад, агар ин дар ҳукм ё қарори дигари эътибори қонунӣ пайдокардаи суди тарафи дархосткунанда пешбинӣ шуда бошад.
4. Молу мулке, ки ба он мутобиқи банди 1) қисми 3 моддаи мазкур ҳабс  гузошта шудааст, ба тарафи дархосткунанда дода намешавад ё интиқоли он мумкин аст ба таъхир гузошта шавад ё муваққатан дода шавад, агар ин молу мулк барои мақсадҳои баррасии парвандаҳои гражданӣ ё ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад ё бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонун берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварданаш номумкин бошад.
5. Молу мулки тибқи банди 2) қисми 3 моддаи мазкур мусодиракардашуда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи мазкур, ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
6. Бо муроҷиати мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд метавонад дар бораи супоридани молу мулки тибқи банди 2) қисми 3 моддаи мазкур мусодирашуда ба тарафи дархосткунанда, инчунин оид ба супоридани арзиши пулии он қарор қабул кунад. Тартиби тақсимоти молу мулки мусодирашуда ё арзиши пулии онро шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд. 
Моддаи 489. Таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ ва тафтишотӣ-оперативӣ
1. Гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ ва тафтишотӣ-оперативӣ барои гузаронидани тафтиши пешакии ҷиноятҳое, ки дар ҳудуди  якчанд давлатҳо содир шудаанд ё ин ки манфиатҳои якчанд давлатҳо поймол карда шудаанд, мумкин аст  созмон дода шаванд.
2. Мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳои мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ оид ба таъсиси гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ ва тафтишотӣ-оперативиро баррасӣ намуда, дар ин хусус қарор қабул менамояд.
3. Аъзои гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ ва тафтишотӣ-оперативӣ байни ҳамдигар бевосита робита менамоянд, самтҳои асосии тафтишот ва гузаронидани амалҳои тафтишотиро мувофиқа мекунанд, табодули иттилоот анҷом медиҳанд. Фаъолияти онҳоро роҳбарони гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ аз ҳар кадом тараф ё дар асоси мувофиқа бо онҳо ташаббускори созмон додани гурӯҳҳои тафтишотӣ, тафтишотӣ-оперативӣ ё яке аз аъзои онҳо ҳамоҳанг менамоянд.
4. Амалҳои тафтишотӣ-оперативӣ ва амалҳои дигари мурофиавӣ аз ҷониби гурӯҳи муштараки тафтишотӣ, гурӯҳи тафтишотӣ-оперативии он давлате иҷро мегарданд, ки дар ҳудуди он амалҳо бояд гузаронида шаванд.
Моддаи 490. Супоридани ҳуҷҷатҳо
1. Бо дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ  ҳуҷҷатҳо ва қарорҳои ба ин дархост замимашуда ба шахсе, ки дар дархост нишон дода шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур супорида мешаванд.
2. Муфаттиш, мақомоти таҳқиқ, прокурор ё суд барои иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ шахсро барои супоридани ҳуҷҷатҳо даъват менамояд. Агар шахс бе сабабҳои узрнок ҳозир нашавад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба таври маҷбурӣ оварда мешавад.
3. Муфаттиш, таҳқиқбаранда, прокурор ё суд дар бораи супоридани ҳуҷҷатҳо ба шахс бо нишон додани ҷой ва санаи супоридани онҳо протокол тартиб медиҳад. Протоколро шахсе, ки ба ӯ ҳуҷҷатҳо супорида шудаанд, бо илова намудани ариза ё эродҳояш, ки ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо изҳор кардааст, имзо мекунад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санад тартиб дода мешавад, ки онро шахси қабулкунандаи ҳуҷҷатҳо ва шахси супоранда имзо мекунанд.
4. Агар шахс аз гирифтани ҳуҷҷатҳое, ки бояд супорида шаванд, саркашӣ кунад, дар ин бора дар протокол нишон дода мешавад. Дар ин ҳолат, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда супоридашуда ҳисобида шуда, он дар протокол қайд карда мешавад.
5. Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда бо забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷума надошта бошанд ва ба забоне тартиб дода шуда бошанд, ки шахси дар дархост  нишондодашуда онро надорад, чунин шахс ҳуқуқ дорад аз гирифтани ҳуҷҷатҳо даст кашад. Дар ин ҳолат, супоридани ҳуҷҷатҳо иҷронашуда ҳисобида мешавад.
Моддаи 491. Амалҳои мурофиавие, ки иҷозати махсусро талаб мекунанд
Агар барои иҷрои дархост гузаронидани амалҳои мурофиавӣ, ки  розигии прокурор ё иҷозати судро талаб кунанд, чунин амалҳо танҳо дар сурати гирифтани иҷозати дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур сурат мегиранд, ҳатто агар қонунгузории тарафи дархосткунанда инро пешбинӣ накарда бошад. Асосҳо барои ҳалли масъалаи иҷозат додани чунин амалҳои мурофиавӣ маводи дархости тарафи дархосткунанда мебошад.
БОБИ 50. ДАВОМ ДОДАНИ ТАЪҚИБИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 492. Тартиб ва шартҳои супоридани пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ
1. Дар сурати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудани шахсе, ки пас аз содир кардани ҷиноят ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк кардааст ва маҳалли будубоши ӯ дар давлати хориҷӣ муқаррар карда шудааст, мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ оид ба равон кардани маводи парвандаи ҷиноятӣ ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ қарори асоснок  бароварда, оид ба идома додани таъқиби ҷиноятӣ дархост омода менамояд. Маводи парвандаи ҷиноятӣ бо дархост оид ба идома додани таъқиби ҷиноятӣ барои ҳалли масъалаи равон кардани парвандаи ҷиноятӣ ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳамкории тарафҳо ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешавад.
2. Парвандаи ҷиноятӣ дар сурати имконнопазир будани супоридани шахсе, ки бо парвандаи ҷиноятӣ бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад ва ё аз супоридани ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рад шуда бошад, мумкин аст ба давлати хориҷӣ фиристонида шавад.
Моддаи 493. Мазмуни дархост оид ба амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ ба давлати хориҷӣ 
1. Дархост оид ба амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
1) номи мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ;
2) номи мақомоти пешбарандаи мурофиаи ҷиноятӣ;
3) истинод ба шартномаи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад;
4) баёни кирдор, ки вобаста ба он дархост оид ба таъқиби ҷиноятӣ ирсол мегардад;
5) вақт, маҳал ва ҳолати содир шудани ҷиноят;
6) нишон додани андозаи зарари бо ҷиноят расонидашуда;
7) насаб, ном, номи падари (дар сурати мавҷуд будан)  гумонбаршуда ё айбдоршаванда, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ ва маълумоти дигар оид ба шахсияти ӯ.
2. Ба дархост оид ба таъқиби ҷиноятӣ чунин ҳуҷҷатҳо бояд замима карда шаванд:
1) маводи парвандаи ҷиноятӣ;
2) матни қонуни ҷиноятӣ, ки дар асоси он кирдор ҳамчун ҷиноят эътироф шудааст, инчунин матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, ки ба парвандаи ҷиноятӣ иртибот доранд;
3)  маълумот оид ба шаҳрвандии шахс.
3. Ҳар як саҳифаи ҳуҷҷатҳои дар парвандаи ҷиноятӣ, маҳфузбуда бояд бо муҳри нишондори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ тасдиқ карда шаванд.
4. Якҷоя бо дархост оид ба таъқиби ҷиноятӣ, дар баробари ҳуҷҷатҳои муқарранамудаи қисми 2 моддаи мазкур, инчунин ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ метавонанд далелҳои шайъии мавҷуда низ фиристода шаванд.
5. Нусхаи маводи парвандаи ҷиноятӣ дар мақомоти ваколатдори пешбарандаи таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 494. Тартиб ва шартҳои қабул намудани пешбурди таъқиби ҷиноятӣ аз давлати хориҷӣ
1. Дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба давом додани таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар давлати хориҷӣ ҷиноят содир намудааст, аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
2. Қабули пешбурди таъқиби ҷиноятӣ аз мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бо шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) шахсе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва дар ҳудуди он қарор дошта бошад;
2) шахсе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад, ки супоридани ӯ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон номумкин бошад ё супоридани ӯ рад карда шуда бошад;
3) агар давлати дархосткунанда кафолат дода бошад, ки пас аз баромадани ҳукм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин шахс дар ҳудуди давлати дархосткунанда таъқиби ҷиноятӣ барои ҳамин ҷиноят сурат намегирад;
4) кирдоре, ки дар дархост дарҷ гардидааст, тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят бошад.
3. Дар ҳолати қонеъ намудани дархост оид ба таъқиби ҷиноятӣ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тафтиши пешакии онро ба мақомоти ваколатдори дахлдор супориш дода, дар ин хусус давлати дархосткунандаро огоҳ месозад.
Моддаи 495. Рад кардани қабули таъқиби парвандаи ҷиноятӣ
1. Таъқиби парвандаи ҷиноятӣ қабул карда намешавад, агар: 
1) талаботи қисми 2 моддаи 494 Кодекси мазкур ё шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя нашуда бошад;
2) нисбат ба шахс вобаста ба ҳамин кирдор аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми сафедкунанда бароварда шуда бошад;
3) нисбат ба шахс вобаста ба ҳамин кирдор аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми айбдоркунанда бароварда шуда, ӯ ҷазоро адо кардааст ё адо карда истода бошад;
4) нисбат ба шахс вобаста ба ҳамин кирдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъқиби ҷиноятӣ қатъ карда шудааст ё бо татбиқи санадҳои авф ва бахшиши ҷазо  ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад;
5) муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс гузашта  бошад.
2. Дар ҳолати рад кардани давом додани таъқиби ҷиноятӣ мавод аз тарафи мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бо нишон додани асосҳои радкунӣ бозпас гардонида мешавад.
Моддаи 496. Дар ҳабс нигоҳ доштани  шахс то ворид гардидани дархост оид ба амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ
1. Бо дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ шахсе, ки нисбат ба ӯ дархост дар бораи таъқиби ҷиноятӣ пешниҳод карда мешавад, мумкин аст дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шавад. Дар дархост бояд маълумот дар бораи қонунгузорӣ, ки шахс тибқи он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, бо нишон додани ҷазои пешбинишуда, истинод ба қарори ба ҳабс гирифтан ва оиди он, ки дархост дар бораи таъқиби ҷиноятӣ ба таври иловагӣ пешниҳод карда мешавад, дарҷ карда шаванд. Дархости мазкур ва қарори ҳабс то гирифтани дархост дар бораи таъқиби ҷиноятӣ метавонанд бо истифода аз воситаҳои техникии алоқа, бо фиристодани нусхаҳои аслӣ тавассути почта ё хаткашон фиристонида дода шаванд.
2. Ба ҳабс гирифтани шахс тибқи тартиб ва қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 510 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
3. Шахсе, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур дар ҳабс нигоҳ дошта шудааст, агар дархост оид ба амаликунии таъқиби ҷиноятӣ дар давоми чил шабонарӯз аз рӯзи дастгиркунии ин  шахс ворид нагардад, аз ҷониби прокурор аз ҳабс озод карда мешавад ва бетаъхир ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.
4. Дар ҳолати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати хориҷӣ ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир кардааст, мавод ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ  барои пешбурди таъқиби ҷиноятӣ аз давлати хориҷӣ дархост карда мешавад. Нисбат ба шахс пас аз ворид гардидани ҷавоб ба дархост, дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофии пешбининамудаи Кодекси мазкур, метавонад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чораи пешгирӣ татбиқ карда шавад. Дар ҳолати мавҷуд будани қарори шахси ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба татбиқи чораи пешгирӣ, он иҷро карда мешавад.
Моддаи 497. Таъини ҷазо ва хабардиҳӣ
1. Ҷазое, ки аз тарафи суд таъин карда мешавад, агар тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз ҳадди болоии ҷазо барои ҳамин ҷиноят, ки қонунгузории давлати дархосткунанда муқаррар намудааст, наметавонад зиёд бошад.
2. Оид ба қабули қарори қабулшуда бо парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ хабар дода мешавад. Дар асоси дархости давлате, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро супоридааст, нусхаи қарори ниҳоӣ фиристода мешавад.
БОБИ 51. СУПОРИДАНИ ШАХС
Моддаи 498. Равон кардани дархост оид ба супоридани шахс
1. Дархост оид ба супоридани шахс дар сурате равон карда мешавад, ки агар барои яке аз ҷинояти содирнамудаи ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати на кам аз як сол пешбинӣ шуда бошад ё муҳлати адонакардаи ҷазои шахси бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда на кам аз шаш моҳро ташкил диҳад. 
2. Дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар хусуси супоридани шахс танҳо  дар сурати  риояи талаботи қисми 1 моддаи мазкур метавонад  мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
3. Дархостҳо оид ба супоридани муваққатии шахс ва истирдоди транзитии шахс бо тартибе, ки барои дархости супоридани шахс пешбинӣ шудааст, ба амал бароварда мешавад.   
Моддаи 499. Эълон кардани ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ бо мақсади супоридани шахс
1. Эълон кардани ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ё байналмилалии шахси айбдоршаванда танҳо дар асоси хулосаи хаттии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ҳангоми баррасии дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати мавҷуд будани шартномаҳои байналмилалӣ бо давлате, ки айбдоршаванда эҳтимолан дар он қарор дорад, риоя гардидани принсипи мутақобила аз тарафи давлати хориҷӣ ҳангоми набудани шартномаи байналмилалӣ, эҳтимолияти воқеии супоридани шахс аз ҷониби он давлат, сатҳи муносибатҳои ҳуқуқии дуҷониба бо он давлат ва ҳолатҳои дигарро баррасӣ мекунад.
3. Дар ҳолати мавҷуд будани монеаҳо оид ба қонеъ намудани дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ, прокурор дар хулосаи хаттии худ ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани камбудиҳо тавсияҳо дода, пас аз бартараф намудани онҳо вобаста ба дархост қарор қабул менамояд. 
Моддаи 500. Тартиби омода намудани ҳуҷҷатҳо ва равон кардани дархост дар бораи супоридани шахс
1. Бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намуда, ҳудуди онро тарк кардааст, бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд.
2. Дар ҳолати дастгир гардидани шахси дар ҷустуҷӯ қарордошта дар хориҷи кишвар, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводро аз мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, ки дар муҳлати панҷ шабонарӯз маводҳои зеринро дар шакли нусха пешниҳод намояд:
1) қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ;
2) қарор дар бораи интихоб намудани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан;
3) қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда; 
4) ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд бо пешниҳоди маълумотнома оид ба эътибори қонунӣ пайдо кардани он ва маълумотнома оид ба қисми адонакардаи ҷазо (дар ҳолати супоридани маҳкумшуда);
5) қарор дар бораи эълон намудани ҷустуҷӯ;
6) ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсияти айбдоршаванда ё маҳкумшуда;
7) хулосаи мақомоти ваколатдор оид ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани айбдоршаванда ё маҳкумшуда;
8) қарори суд нисбат ба айбдоршаванда дар бораи ғоибона то шаш моҳ аз лаҳзаи дастгир шуданаш дароз кардани муҳлати ҳабси пешакӣ;
9) иқтибос аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, ки ҷиноят будани кирдорро тасдиқ намуда, барои супоридани шахс заруранд, аз ҷумла муҳлатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан;
10) тарҷумаи ҳуҷҷатҳои болозикр бо забони аз тарафи мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон талабшуда;
11) ҳуҷҷатҳои дигар, ки шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд ва онҳо дар ҳудуди давлати хориҷие, ки шахси дар ҷустуҷӯбуда дастгир ва ё муайян карда шудааст, эътибори ҳуқуқӣ доранд. 
3. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ барои супоридани шахс дархост ирсол менамояд.
Моддаи 501. Ҳадди ҷавобгарии ҷиноятии шахси супоридашуда
1. Шахсе, ки аз тарафи давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, бе розигии давлате, ки ӯро супоридааст, барои ҷинояти дигаре, ки ба супоридани ӯ вобаста нест, наметавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ҷазо дода шавад, ҳамчунин ба давлати сеюм супорида шавад.
2. Қоидаҳои қисми 1 моддаи мазкур нисбат ба шахсе, ки пас аз супоридан ҷиноят содир кардааст, инчунин  шахси супоридашуда то сӣ шабонарӯз пас аз ба охир расидани таъқиби ҷиноятӣ ва дар сурати маҳкумшавӣ то сӣ шабонарӯз пас аз адои пурраи ҷазо ё аз лаҳзаи озод шудан аз ҷазо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накунад ва ихтиёран ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардад, татбиқ намегарданд. Ин муҳлат ба вақте, ки дар давоми он шахс бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк карда наметавонад, дохил намешавад.
Моддаи 502. Супоридани шахс
1. Дар ҳолате, ки агар мавқуфгузории супоридани шахс боиси гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, хавфи нобудшавии далелҳои ба даст овардашуда бо парвандаи ҷиноятӣ гардад ва ё ба тафтишоти ҷиноят зарар расонад, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 498 Кодекси мазкур ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба супоридани муваққатии шахс дархост ирсол карда шавад.
2. Дар сурати қонеъ гардидани дархост оид ба супоридани муваққатӣ, шахси супоридашуда бояд дар муҳлати муайянгардида ба давлати супорида бозпас дода шавад.
3. Дар сурати зарурият мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ барои дароз намудани муҳлати супоридани муваққатии шахс ҳуҷҷатҳои заруриро омода намуда, на дертар аз бист шабонарӯз то анҷоми муҳлати супоридани муваққатӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости асоснок бо зикри сабабҳои дароз намудани муҳлати супоридан пешниҳод менамояд.
4. Агар дар бораи супоридани шаҳрванди давлати хориҷӣ, ки барои ҷинояти дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содирнамуда адои ҷазо мекунад, дархост  ворид гардад, супоридани ӯ метавонад то ба охир расидани муҳлати ҷазо ё озод кардан аз ҷазо мувофиқи асосҳои қонунӣ ба таъхир гузошта шавад. Агар шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, муҳлати супоридани ӯ то баровардани ҳукм, ба охир расидани муҳлати ҷазо ё озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо, мувофиқи асосҳои қонунӣ мумкин аст ба таъхир гузошта шавад. Агар ба таъхир гузоштани муҳлати супоридани айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшуда боиси гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ гардад ё ба таҳқиқ ё тафтишоти ҷиноят халал расонад, шахсеро, ки супоридани ӯ дар асоси дархост зарур аст, ба давлати дархосткунанда муваққатан супоридан мумкин аст.
Моддаи 503. Хабар додан дар бораи натиҷаҳои мурофиаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси супоридашуда 
Прокурори назоратбаранда дар бораи натиҷаҳои мурофиаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси супоридашуда ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минбаъд воқиф намудани мақомоти ваколатдори тарафи дархосткарда хабар медиҳад.
Моддаи 504. Ҳисоб кардани муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан 
1. Оғози муҳлати ҳабс нисбат ба шахси супоридашуда ҳамчун чораи пешгирӣ аз лаҳзаи дастгир кардан дар ҳудуди давлати хориҷӣ ҳисоб карда мешавад. 
2. Вақти дар ҳудуди давлати хориҷӣ дастгиркунӣ ва дар ҳабс будани шахси ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда, инчунин овардани ӯ ҳангоми баровардани ҳукм ба муҳлати умумии давраи дар ҳабс будан ҳисоб карда мешавад. 
3. Муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани шахси муваққатан супоридашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати иҷрои ҷазои аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда дохил намешавад, агар ин муҳлат ҳангоми адои ҷазои аз ҷониби суди давлати хориҷӣ таъиншуда ба инобат гирифта шуда бошад. 
Моддаи 505. Дар ҳабс нигоҳ доштан ҳангоми овардани транзитӣ ва супоридани муваққатии шахс
Қарори мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи дар ҳабс нигоҳ доштани шахс ё ҳукми суд дар бораи таъин кардани ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳабс нигоҳ доштани шахсоне асос мешавад, ки:
1) тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзит оварда шудаанд;
2) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан супорида шудаанд.
Моддаи 506. Қарор дар бораи дархости супоридани шахс 
1. Пас аз омӯхтани маводи санҷиш оид ба супоридан Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё  муовинони ӯ дар бораи супоридани шахс ё рад кардани супоридан ба давлати хориҷӣ қарор қабул мекунад. Дар мавриди аз якчанд давлатҳо мавҷуд будани дархост оид ба супоридани як шахс, масъалаи ба кадом давлат супоридани ӯ аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё  муовинони ӯ дар шакли қарор қабул карда мешавад.
2. Дар бораи қарори худ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ ва шахсе, ки нисбат ба ӯ қарор қабул шудааст ва ҳимоятгари ӯ хабар медиҳад.
3. Дар сурати қабули қарор дар бораи супоридани шахс нусхаи қарор дар муҳлати на дертар аз се шабонарӯз ба ин шахс супорида шуда, ҳуқуқи шикоят кардан аз болои қарори мазкур ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонда дода мешавад. 
4. Қарор дар бораи супоридани шахс пас аз ба охир расидани муҳлати шикояти он иҷро карда мешавад. Дар сурати шикоят кардан аз болои қарор, супоридани шахс то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода намешавад.
5. Дар сурати даст кашидан аз супоридани шахс ба давлати хориҷӣ, бо асосҳое, ки таъқиби ҷиноятиро истисно намекунанд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ ба таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба ин шахс ба мақомоти тафтишотӣ супориш медиҳад. 
Моддаи 507. Ҳуқуқҳои шахсе, ки супоридани ӯ дархост карда мешавад
1. Шахсе, ки нисбат ба ӯ масъалаи супоридан ба давлати хориҷӣ баррасӣ мешавад, ҳуқуқ дорад:
1) донад, ки барои  содир намудани кадом ҷиноят дархости супоридани ӯ ворид шудааст;
2) ҳимоятгар дошта бошад ва бо шартҳои нигоҳ доштани махфияти мулоқот бо ӯ вохӯрад, дар ҳузури ҳимоятгар пурсида шавад;
3) ҳангоми дастгир кардан хешовандони наздик, аъзои оила ё шахсони дигарро дар бораи дастгир кардан ва ҷойи будубоши худ огоҳ намояд;
4) дар баррасии масъалаҳои вобаста ба ҳабс гирифтан ва дархости супориданаш дар суд иштирок намояд;
5) бо дархости супоридан шинос шавад;
6) аз болои қарорҳои ба ҳабс гирифтан, татбиқи ҳабс оид ба супоридан ва қонеъ кардани дархости супоридан шикоят кунад;
7) дар маҷлиси судӣ фикри худро оид ба дархости супоридан изҳор кунад.
2. Агар шахсе, ки нисбат ба ӯ масъалаи супоридан баррасӣ мешавад, шаҳрванди хориҷӣ бошад ва дар ҳабс қарор дошта бошад,  ҳуқуқ дорад бо намояндаи намояндагии дипломатӣ ё консулгарии давлати худ мулоқот намояд.
Моддаи 508. Хусусиятҳои дастгир кардани шахсе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир кардааст
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиркунии шахсе, ки аз тарафи давлати хориҷӣ барои содир намудани ҷиноят мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад, аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 92 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад. Дар бораи дастгир кардани чунин шахс ба прокурори назоратбаранда фавран хабар дода мешавад.
2. Дар давоми 72 соат шахсияти дастгиршуда, шаҳрвандии ӯ бояд муқаррар карда шавад. Аз ташаббускори ҷустуҷӯ оид ба ҳолатҳои кирдори содиршуда, матни моддае, ки тибқи он ин кирдор ҷиноят эътироф шудааст, қарори мақомоти ваколатдор дар бораи ба ҳабс гирифтани ӯ ва эълони ҷустуҷӯ маълумот дархост карда мешавад,  инчунин тасдиқи зарурати ба ҳабс гирифтани шахс бояд гирифта шавад.
3. Дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи ба ҳабс гирифтани шахс пеш аз изҳори талаб дар бораи супоридан  метавонад тавассути почта, телеграф, телекс, факс ва намудҳои дигари алоқа фиристода шавад.
4. Шахси дастгиршуда фавран озод карда мешавад, агар:
1) дар давоми 72 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ ӯро барои баррасии дархост дар бораи муваққатан ба ҳабси гирифтан ё нисбат ба ӯ татбиқи ҳабс оид ба супоридан ба назди судя ҳозир накарда бошанд;
2) ҳолатҳои дар моддаи 511 Кодекси мазкур пешбинишуда муқаррар карда шаванд, ки дар асоси он супоридан иҷро карда намешавад.
Моддаи 509. Муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштани шахс
1. Пас аз омӯхтани маводи пешниҳодшуда ва ҷой доштани асосҳои кофӣ дар бораи он, ки дастгиршуда шахсест, ки нисбаташ ҷустуҷӯ эълон карда шудааст, дар сурати мавҷуд набудани асосҳои дар моддаи 511 Кодекси мазкур пешбинишуда, прокурор 12 соат пеш аз ба охир расидани муҳлати 72 соати дар ҳабс нигоҳ доштани шахс ба суд оид ба татбиқи муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан ба муҳлати чил рӯз аз лаҳзаи дастгир намудан ё муҳлати муқаррарнамудаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои супоридани ӯ дархост пешниҳод менамояд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатии шахсро дастгирнамуда ба прокурор ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
1) протоколи дастгиркунии шахс;
2) ҳуҷҷатҳое, ки дорои маълумот дар бораи содир намудани ҷиноят аз тарафи шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ ва интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба ӯ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ мебошанд;
3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти дастгиршуда.
3. Судя на дертар аз 72 соат аз лаҳзаи дастгир кардани шахс дархостро баррасӣ намуда, дар бораи муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан ё рад кардани муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан қарор мебарорад.
4. Дар сурати аз ҷониби суд баровардани қарор дар бораи рад кардани муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан, прокурор фавран шахси боздоштшударо озод намуда, аз қарори қабулнамудааш ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.  
5. Прокурор ба мақомоти ваколатдори  давлати хориҷие, ки дархост оид ба супоридан фиристонидааст ё мефиристад, дар бораи муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштани шахс хабар медиҳад.
6. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан на дертар аз даҳ рӯз то ба охир расидани муҳлати ҳабси чунин шахс вазифадор аст, ки прокурорро дар ин бора огоҳ созад.
7. Шахсе, ки нисбат ба ӯ муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан  татбиқ шудааст, дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби прокурор озод карда мешавад, агар:
1) дар давоми чил шабонарӯз тарафи дархосткунанда дар бораи  супоридани шахс дархост нафиристонида бошад;
2) дар давоми чил шабонарӯз ҳабс барои супоридан татбиқ нашуда бошад;
3) ҳолатҳое ошкор шуданд, ки имконияти супориданро истисно мекунанд.
8. Агар дархости супоридан дертар ворид шуда бошад, озод кардани шахс барои бо дархости такрорӣ ба суд дар бораи ба ҳабс гирифтани ӯ ва супоридан тибқи талаботи Кодекси мазкур монеа эҷод намекунад.
9. Дар сурати ворид шудани дархости супоридани шахс то ба охир расидани муҳлати муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан, қарори судя дар бораи муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан аз лаҳзаи қабули қарор оид ба татбиқи ҳабс барои супоридан нисбат ба шахс беэътибор дониста мешавад.  
Моддаи 510. Ҳабс барои супоридан 
1. Пас аз гирифтани дархости супоридани шахси дар ҷустуҷӯ қарордошта тавассути почта, телеграф, телекс, факс ва воситаи дигари алоқа аз тарафи дархосткунанда, прокурор ба суди ҷойи нигоҳдории  шахс дар бораи  татбиқи ҳабси шахс бо мақсади супоридан дархост пешниҳод менамояд. 
2. Якҷоя бо дархост ба баррасии судя ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) нусхаи дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи супоридани шахс, ки аз ҷониби мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст; 
2) ҳуҷҷат дар бораи шаҳрвандии шахс;
3) маводи мавҷуда вобаста ба санҷиш оид ба супоридан.
3. Судя дархостро баррасӣ намуда, дар бораи татбиқи ҳабс барои супоридан ё рад кардани он барои супоридан қарор қабул мекунад.
4. Ҳангоми баррасии дархост, судя мансубияти шаҳрвандии шахси дар ҷустуҷӯбударо санҷида, масъалаи ҷиноят будани кирдоре, ки вобаста ба он супоридан талаб карда шудааст ва таъин намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани онро, бидуни таҳқиқи масъалаи мавҷуд будани гуноҳ ва қонунӣ будани қарорҳои мурофиавии аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ пешниҳодшуда, муайян мекунад. 
5. Шикоят ва аз нав дида баромадани қарори судя бо дархости прокурор бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур сурат мегирад.
6. Дар сурати баровардани қарор дар бораи рад кардани татбиқи ҳабс барои супоридан, судя ҳамзамон дар бораи дар ҳабс нигоҳ доштани шахси таҳти ҷустуҷӯ қарордошта дар давраи баррасии парванда бо дархости прокурор дар Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия ё Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
7. Ҳабс барои супоридан нисбат ба шахси  супоридашаванда ба муҳлати дувоздаҳ моҳ аз лаҳзаи дастгир кардан ва нисбат ба шахсе, ки иҷрои ҳукми судро талаб кардааст, на бештар аз муҳлате, ки ӯ дар давлати дархосткунанда маҳкум шудааст, татбиқ карда мешавад.
8. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан на дертар аз даҳ рӯз пеш аз ба охир расидани муҳлати ҳабси шахсе, ки ба ӯ ҳабс барои супоридан татбиқ шудааст, уҳдадор аст, ки прокурорро дар ин бора огоҳ созад.
9. Дар сурати ба охир расидани муҳлати дувоздаҳ моҳи ҳабс барои супоридан пас аз қабули қарор дар бораи супоридани шахс, муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани шахси супоридашаванда то супоридани воқеии ӯ ба давлати хориҷӣ мумкин аст аз тарафи судя бо дархости прокурор дар доираи муҳлати ниҳоии аз озодӣ маҳрум сохтан, ки дар санксияи қонуни ҷиноятии давлати хориҷӣ пешбинӣ шудааст, дар чунин ҳолатҳо дароз карда шавад:  
1) ташкили интиқоли шахси супоридашуда ба ҳудуди давлати дархосткунанда;
2) баррасии шикояти шахси супоридашуда аз болои қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар бораи супоридани ӯ.
10. Озод намудани шахсе, ки ба ӯ ҳабс барои супоридан татбиқ карда шудааст, дар асоси қарори прокурор, аз ҷумла пас аз гузаштани муҳлати дар моддаи мазкур пешбинишуда, агар супоридан дар ин муҳлат сурат нагирифта бошад, ба амал бароварда шуда, дар ин хусус фавран ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.
11. Озод намудани шахс аз ҳабс барои супоридан ҷиҳати татбиқи такрории он  бо мақсади супоридани воқеии шахс ба давлати хориҷӣ барои иҷрои қарор дар бораи супоридан монеа намешавад, агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
Моддаи 511. Рад кардани супоридани шахс
1. Супоридани шахс дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:
1) шахс шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
2) агар асос ҷой дошта бошад, ки шахсе, ки нисбаташ дархости супоридан ворид шудааст, мумкин аст дар  тарафи дархосткунанда мавриди таҳдиди шиканҷа қарор гирад, ё ин ки ба саломатӣ, ҳаёт ва озодии ӯ аз рӯйи аломатҳои нажодӣ, динӣ, миллат, шаҳрвандӣ, тааллуқ будан ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ин ки ақидаи сиёсӣ хатар таҳдид намояд, ба ғайр аз ҳолатҳои дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
3) кирдоре, ки вобаста ба он супоридани шахс дархост шудааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо тартиби айбдоркунии хусусӣ сурат мегирад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
4) мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар асоси дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи иловагӣ ё пешниҳоди дигар, ки бе онҳо баррасии супоридани шахс ғайриимкон аст, накарда бошад;
5) супоридани шахс ба уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои он мухолифат намояд;
6) асосҳои дигар, ки дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд;
7) ба шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳгоҳи сиёсӣ дода шуда бошад;
8) кирдоре, ки дархости супоридан ба он асос ёфтааст, дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят эътироф нагардида бошад;
9) нисбат ба шахс аллакай барои ҳамон ҷиноят ҳукме бароварда шуда бошад, ки он эътибори қонунӣ пайдо кардааст ё пешбурди тафтиши парванда қатъ карда шуда бошад;
10) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё аз рӯйи асоси дигари қонунӣ оғози парвандаи ҷиноятӣ ва иҷрои ҳукм ғайриимкон бошад.
11) ҷинояте, ки барои он супоридан дархост шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ накарда бошад.
2. Супоридани шахс мумкин аст рад карда шавад, агар ҷинояте, ки вобаста ба он супоридани шахс дархост карда шудааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҳудуди он берун ба муқобили манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда бошад. 
Моддаи 512. Супоридани шахсони дорои душаҳрвандӣ 
1. Супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои шаҳрвандии давлати дигар мебошад, дар асоси шартномаи тарафҳо амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби супоридани шахсони дорои душаҳрвандӣ бо қоидаҳои моддаҳои 498-516 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
Моддаи 513. Тартиби шикоят овардан аз болои қарор дар бораи супоридани шахс
1. Аз болои қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар бораи супоридани шахс аз тарафи шахсе, ки нисбаташ қарор баромадааст ё ҳимоятгари ӯ дар муҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани нусхаи қарор ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.
2. Маъмурияти ҷойи дар ҳабс нигоҳ доштани шахс, дар сурати гирифтани шикояти шахсе, ки нисбаташ қарор дар бораи супоридан  қабул шудааст, дар муҳлати 24 соат онро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида, дар ин хусус ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 
3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дар муҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи ворид шудани огоҳнома оид ба қарори шикоятшуда дар бораи  супоридани шахс маводе, ки асоснок ва қонунӣ будани қарори қабулшударо тасдиқ менамояд, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
4. Санҷиши қонунӣ ва асоснок будани қарор дар бораи супоридани шахс дар муҳлати понздаҳ шабонарӯз аз рӯзи гирифтани шикоят аз ҷониби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷлиси ошкорои судӣ бо иштироки прокурор, шахсе, ки нисбаташ қарор дар бораи  супоридан қабул карда шудааст ва ҳимоятгари ӯ ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ ин муҳлатро дароз кардан  мумкин аст.
5. Дар оғози маҷлис раисикунанда дар хусуси кадом шикоят баррасӣ мешавад эълон намуда, ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва ҷавобгарии шахсони иштироккунандаро мефаҳмонад. Сипас муроҷиаткунанда ва ё ҳимоятгари ӯ шикояти худро асоснок менамояд, пас сухан ба прокурор дода мешавад.
6. Дар ҷараёни баррасии судӣ судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гунаҳгор будани шахсеро, ки нисбаташ қарор дар бораи супоридан қабул шудааст, мавриди баррасӣ қарор надода, қонунӣ будани қарори мурофиавии қабулнамудаи мақомоти ваколатдори давлати хориҷиро мавриди санҷиш қарор намедиҳад. Санҷиш дар масъалаи мувофиқ будани қарор дар бораи супоридани шахс ба қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мешавад. 
7. Дар натиҷаи санҷиш Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ин қарорҳоро қабул менамояд:
1) оид ба ғайриқонунӣ ва беасос эътироф намудани қарори  супоридани шахс ва бекор кардани он;
2) дар бораи беқаноат гузоштани шикоят;
3) оид ба боздоштани қарори  супоридани шахс то баррасии масъалаҳое, ки барои қабули қарор аҳаммияти ҷиддӣ доранд, дар як вақт дароз намудани муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ба муҳлати на кам аз як моҳ.
8. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғайриқонунӣ ва беасос эътироф намудани  қарори супоридани шахс ва бекор кардани он ё беқаноат мондани шикоят аз лаҳзаи эълон кардан эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
9. Озод намудани шахсе, ки нисбаташ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи ғайриқонунӣ ва беасос эътироф намудани супоридан ё бекор кардани онро қабул кардааст, бо тартиби муайянкардаи қисми 10 моддаи 510  Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
Моддаи 514. Ба таъхир гузоштани супоридани шахс ба давлати хориҷӣ
1. Пас аз қабули қарор дар бораи  супоридани шахс Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ метавонанд супоридани шахсро ба давлати хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин ба таъхир гузоранд:
1) шахсе, ки нисбаташ қарор дар бораи супоридан қабул шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё барои кирдори ҷиноятии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудааш адои ҷазо дорад - то ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ, иҷрои ҷазо ё озод шудан аз иҷрои ҷазо бо ягон асосҳои қонунӣ;
2) шахсе, ки нисбаташ қарор дар бораи  супоридан қабул шудааст, ба бемории вазнин мубтало буда, бинобар вазъи саломатӣ супоридани ӯ бе расонидани зарар ба саломатиаш то шифо ёфтани ӯ ғайриимкон аст.
2. Дар мавриди мавҷуд набудани асосҳо минбаъд ба таъхир гузоштани супоридани шахсони дар қисми 1 ин модда пешбинишуда, нисбат ба шахси супоридашаванда ҳабс барои супоридан бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
3. Агар дар давраи батаъхиргузорӣ ҳолате пайдо шавад, ки ба супоридани шахс монеа шавад, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ ҳуқуқ доранд қарори қабулнамуда дар бораи  супориданро аз нав баррасӣ намоянд.
4. Дар ҳолате, ки агар батаъхиргузории супоридан ба гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ ё расонидани зарар ба тафтиши ҷиноят дар давлати хориҷӣ мусоидат намояд, шахсе, ки супориданаш дархост шудааст, мумкин аст ба вақти муайян дода шавад.
5. Шахсе, ки ба вақти муайян дода шудааст бояд пас аз гузаронидани амалҳои мурофиавӣ бо парвандаи ҷиноятӣ, ки вобаста ба он супорида шуда буд, на дертар аз навад шабонарӯз аз рӯзи додани шахс баргардонида шавад. Бо мувофиқаи тарафҳо ин муҳлат мумкин аст дароз карда шавад, вале на зиёда аз муҳлати иҷронашудаи ҷазое, ки барои содир кардани ҷиноят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.  
Моддаи 515. Иҷрои қарор дар бораи супоридани шахс 
1. Маъмурияти ҷойҳои ҳабси пешакӣ пас аз гирифтани қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар бораи   супоридан уҳдадор аст дар муҳлати сӣ шабонарӯз шахсро ба мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ супорида, аз натиҷааш ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад.
2. Дар вақти додани шахси супоридашуда  ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба муҳлати дар ҳабс будани ӯ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода мешавад.
Моддаи 516. Интиқоли транзитӣ
1. Дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба интиқоли транзитии шахси аз тарафи давлати сеюм ба ин мақомот супоридашуда тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамон тартибе, ки барои  дархост оид ба  супоридан муайян шудааст, баррасӣ карда мешавад.
2. Зимни баррасии дархостҳои мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ дар бораи интиқоли транзитӣ танҳо ҳолатҳое, ки дар моддаи 511 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
3. Тарзи интиқоли транзитӣ аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар мувофиқа бо муассисаи дахлдор муайян карда мешавад.
БОБИ 52. ЭЪТИРОФ ВА ИҶРОИ ҲУКМҲО, ҚАРОРҲОИ СУДҲОИ 
ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ
Моддаи 517. Эътироф ва иҷрои ҳукмҳо, қарорҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
1. Бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмҳо, қарорҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст дар ҳолатҳои зерин эътироф ва иҷро карда шаванд:
1) ҳангоми қабули шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати хориҷӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудааст;
2) ҳангоми қабули шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳолати номукаллафӣ  дар ҳудуди давлати хориҷӣ кирдори ба ҷамъият хавфнок содир намуда, нисбаташ қарори суди давлати хориҷӣ оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ барои табобати маҷбурӣ қабул карда шудааст;
3) нисбат ба шахсе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, аз ҷониби суди давлати хориҷӣ маҳкум карда шуда, ҷазо иҷро нашудааст; 
4) нисбат ба шахсе, ки аз ҷониби суди давлати хориҷӣ маҳкум карда шуда, супоридани ӯ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати хориҷӣ рад карда шудааст;
5) ҳолатҳои дигаре, ки дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
2. Қарор дар бораи эътироф ва иҷрои ҳукми суди давлати хориҷӣ вобаста ба даъвои гражданӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 518. Асосҳои супоридани маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ё шахси гирифтори бемориҳои руҳӣ барои табобати маҷбурӣ ба давлате, ки шаҳрванди он мебошад
Дар асоси шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати дахлдори хориҷӣ ё созиши байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдор, шахсони мансабдори давлати хориҷӣ, ки дар асоси ҳамкории тарафҳо ба даст омадааст, шахсони зерин ба давлати шаҳрвандии онҳо дода мешаванд:
1) шаҳрвандони хориҷие, ки аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби суди давлати хориҷӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, - барои адои минбаъдаи ҷазо;
2) шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ дар ҳолати номукаллафӣ кирдори ба ҷамъият хавфнок содир кардаанд ё пас аз содир намудани кирдори ҷиноятӣ ба бемориҳои руҳӣ гирифтор шуда, нисбаташон қарори суд дар бораи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта қабул карда шудааст, минбаьд  барои табобати маҷбурӣ гузаронида мешаванд. 
Моддаи 519. Шартҳои супоридани маҳкумшуда ё шахсе, ки ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд
1. Супоридани шаҳрвандони хориҷии дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинишуда то иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ё ба охир расидани табобати маҷбурӣ  ба давлати шаҳрвандии онҳо дар асоси муроҷиати маҳкумшуда ё шахси нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқкардашуда, намояндагони қонунӣ ё хешовандони наздики онҳо, инчунин бо дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷии дахлдор бо розигии маҳкумшуда ё шахси нисбаташ чораҳои маҷбурии хусусияти тиббидошта татбиқкардашуда ва дар сурати озодона изҳор карда натавонистани иродаи худ - бо розигии намояндаи қонунии онҳо, иҷозат дода мешавад.
2. Супоридани шаҳрвандони хориҷии дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинишуда танҳо пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё қарори суд бо қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё  яке аз муовинони ӯ амалӣ карда мешавад. 
Моддаи 520. Тартиби ҳалли масъалаи супоридани маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд
1. Агар маҳкумшуда шаҳрванди давлати хориҷӣ бошад, муассисаи низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба маҳкумшуда ҳуқуқи ӯро оид ба муроҷиат намудан ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлате, ки ӯ шаҳрванди он аст, дар бораи супоридан барои адои минбаъдаи ҷазо бо асос ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур мефаҳмонад.
2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз омӯхтан ва санҷидани мавод дар мавриди дуруст барасмият даровардан ва мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ё шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи супоридани шаҳрвандони хориҷии дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинишуда қарор қабул мекунад ва дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ, ки ташаббускори масъалаи супоридан аст, хабар дода мешавад. 
3. Пас аз гирифтани маълумот аз мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи розӣ будан оид ба қабули маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазо ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар бораи ҷой, вақт, тартиб ва ташкили супоридани ин шахс аз муассисаи низоми иҷрои ҷазо ё муассисаи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки табобати маҷбурӣ мегирад, ба давлати хориҷӣ, супориш медиҳад.
4. Супоридани шаҳрвандони хориҷие, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, онҳоро аз ҳуқуқи дархост дар бораи шартан пеш аз муҳлат озод кардан, иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо ба ҷазои сабуктар, татбиқи санади авф, бахшиши ҷазо, инчунин қатъ намудан ё тағйир додани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳрум намекунад. Ҳама ҳуҷҷатҳо ё маълумоте, ки барои баррасии ин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, метавонад аз мақомоти ваколатдори давлати иҷрои ҳукм ё иҷрои табобати маҷбурӣ тавассути Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шаванд.
Моддаи 521. Хабар додан дар бораи тағйир додан ё бекор кардани ҳукми суд, қатъ намудан ё тағйир додани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта нисбат ба шаҳрванди ба давлати хориҷӣ супоридашуда
1. Ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани ҳукми суди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъ намудан ё тағйир додани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони хориҷии дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинишуда, ки барои адои ҷазо ё иҷрои табобати маҷбурӣ дар давлати хориҷӣ супорида шудаанд, инчунин татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазои маҳкумшудагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи қарори дахлдорро ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ мефиристад.
2. Агар ҳукм бекор карда шуда, муҳокимаи нави судӣ таъин карда шавад, ҳуҷҷатҳои дигари барои ин зарурӣ ҳамзамон фиристода мешаванд.
Моддаи 522. Рад кардани супоридани маҳкумшуда ё шахси нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқкардашуда ба давлати хориҷӣ
1. Супоридани шаҳрвандони хориҷие, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:
1) кирдоре, ки шахс барои он маҳкум карда шудааст ё нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, мутобиқи қонунгузории давлате, ки маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, шаҳрванди он  аст, кирдори ҷиноятӣ эътироф карда намешавад;
2) дар бораи супоридани маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, бо шартҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ созиш ба даст наомада бошад;
3) агар супоридани маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, метавонад ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
4) маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи истиқомати доимӣ дошта бошад; 
5) бо сабаби махсусан вазнин ва ба ҷамъият хавфнок будани кирдори ҷиноятии содиршуда;
6) кирдори ҷиноятии содиршуда ба манфиатҳои миллӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал расонад ё таъсири зиёди ҷамъиятиро ба миён оварда бошад;
7) агар шахси супоридашаванда шаҳрванди давлати иҷрокунандаи минбаъдаи ҳукм набошад.
2. Илова ба асосҳои пешбининамудаи банди 1) қисми 1 моддаи мазкур, супоридани шаҳрванди хориҷӣ, ки аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, мумкин аст дар ҳолатҳои зерин рад карда шавад:
1) иҷро кардани ҷазо дар давлати хориҷӣ бо сабаби ба охир расидани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории ин давлат имконнопазир бошад;
2) дар лаҳзаи гирифтани дархост дар бораи супоридани маҳкумшуда муҳлати адонашудаи ҷазо камтар аз шаш моҳро ташкил диҳад;
3) аз маҳкумшуда ё давлати хориҷӣ оид ба таъмини иҷрои ҳукм дар қисми иҷрои даъвои гражданӣ ва талофӣ намудани зарари моддии расонидашуда кафолат гирифта нашуда бошад.
3. Илова ба асосҳои пешбининамудаи банди 1) қисми 1 моддаи мазкур, ҳангоми супоридани шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳолати номукаллафӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори ба ҷамъият хавфнок содир карда, нисбат ба ӯ қарори суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта қабул карда шудаанд, дар ҳолатҳои зерин мумкин аст рад карда шавад:
1) агар қонунгузории давлати хориҷӣ чунин чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидоштаро пешбинӣ накарда бошад;
2) давлати хориҷӣ имконияти таъмин намудани табобати зарурӣ ва чораҳои дахлдори амниятиро надошта бошад.
4. Пеш аз қабули қарор дар бораи супоридани маҳкумшуда барои адои ҷазо ба давлати хориҷӣ, мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бояд кафолат диҳад, ки маҳкумшуда мавриди шиканҷа ва намудҳои дигари муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф қарор дода намешавад.
Моддаи 523. Баррасии дархост дар бораи қабули шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои минбаъдаи ҷазо ё табобати маҷбурӣ, инчунин эътироф ва иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, намояндагони қонунӣ ё хешовандони наздики онҳо, инчунин мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бо розигии маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд ва дар сурати қобилият надоштани ӯ ба изҳори озодонаи иродаи худ - бо розигии намояндаи қонунии ӯ,  метавонанд ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост дар бораи аз тарафи маҳкумшуда адо намудани ҷазо ё табобати маҷбурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
2. Мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ метавонанд ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост дар бораи эътироф ва иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ нисбат ба шахсоне, ки дар бандҳои 3) ва 4) қисми 1 моддаи 517 Кодекси мазкур зикр шудаанд, муроҷиат намоянд.
3. Пас аз ворид шудани дархост ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи супоридани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои минбаъдаи ҷазо ё табобати маҷбурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд ва тасдиқи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани маҳкумшуда, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои моҳиятан ҳал кардани масъала дархост менамояд.
4. Дар сурати қонеъ кардани дархостҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишуда, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи эътирофи иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мефиристад.
Моддаи 524. Тартиби аз тарафи суд баррасӣ намудани масъалаҳо оид ба иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ 
1. Пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судя дар мурофиаи судӣ, бе иштироки маҳкумшуда ё шахсе, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, дар муҳлати як моҳ баррасӣ мешавад. 
2. Дар қарори судя дар бораи иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ бояд инҳо дарҷ карда шаванд:
1) номи суди давлати хориҷӣ, вақт ва макони иҷрои ҳукм ё қарор дар бораи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта;
2) маълумот дар бораи ҷойи охирини истиқомати маҳкумшуда ё шахси нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурӣ татбиқкардашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи кор ва намуди машғулият то маҳкум шудан ё татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта;
3) бандубасти кирдори ҷиноятие, ки дар содир намудани он шахс гунаҳкор дониста шудааст ва дар асоси кадом қонуни ҷиноятӣ ӯ маҳкум карда шудааст ё нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд;
4) қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои содир намудани кирдори ҷиноятии аз тарафи маҳкумшуда ё шахси нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, муайян мекунад;
5) намуд ва муҳлати ҷазо (асосӣ ва иловагӣ), муҳлати оғоз ва анҷоми ҷазое, ки маҳкумшуда бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намояд, намуди муассисаи ислоҳӣ, тартиби рӯёнидани товони зарар аз рӯйи даъво, намуди чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта, ки нисбат ба шахси дар табобати маҷбурӣ қарордошта, татбиқ мешаванд.
3. Агар мувофиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноят муҳлати ҳадди болоии ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷазои бо ҳукми суди давлати хориҷӣ таъиншуда камтар бошад, судя ҳадди болоии ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро, ки барои содир намудани он дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таъин менамояд. Агар маҳрум сохтан аз озодӣ ба сифати ҷазо пешбинӣ нашуда бошад, судя намуди дигари ҷазоро дар ҳадди муайянкардаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои содир намудани ин кирдори ҷиноятӣ муқаррар намудааст ва ба ҷазои таъиннамудаи ҳукми суди давлати хориҷӣ бештар мувофиқ аст, таъин мекунад.
4. Агар ҳукм вобаста ба ду ва ё якчанд кирдоре бошад, ки на ҳамаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф мешаванд, судя кадом қисми ҷазои таъиннамудаи ҳукми суди давлати хориҷиро, ки ба кирдори ҷиноятӣ мансубанд, муайян менамояд.
5. Ҳангоми баррасии масъалаи иҷрои ҷазо, дар сурати мавҷуд будани дархости дахлдор, суд метавонад ҳамзамон ҳалли масъалаи иҷрои ҳукми суди давлати хориҷӣ дар қисми даъвои гражданӣ ва рӯёнидани хароҷоти мурофиавиро ҳал намояд.
6. Суд дар як вақт ҳолати татбиқ шудани санадҳои авфи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда нисбат ба шахсони дар моддаи 518 Кодекси мазкур пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
7. Дар сурати бекор кардан ё тағйир додани ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ ё татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо дар давлати хориҷӣ ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба маҳкумшуда ё шахсе, ки дар табобати маҷбурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, масъалаҳои аз нав баррасӣ намудани ҳукм ё қарори суд, инчунин татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо мувофиқи қоидаҳои  моддаи мазкур ҳал карда мешаванд.
8. Агар ҳангоми баррасии пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ба хулоса ояд, ки кирдоре, ки шахс барои он маҳкум карда шудааст ё нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят намебошад ё иҷрои ҳукм ва қарори суди давлати хориҷӣ бинобар гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан инчунин бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон аст, оид ба рад намудан аз эътирофи ҳукм ё қарори суди давлати хориҷӣ қарор мебарорад.
9. Аз болои қарори суд тибқи тартиб ва муҳлатҳои дар Кодекси мазкур барои баррасии қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқарраршуда шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.
Моддаи 525. Иҷрои минбаъдаи адои ҷазо ё табобати маҷбурӣ нисбат ба маҳкумшудагоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудаанд
1. Пас аз қонеъ намудани дархост дар бораи қабул намудани маҳкумшудагоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, барои адои ҷазо ё табобати маҷбурӣ ва гирифтани розигии мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ барои супоридан, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти низоми  иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба мувофиқасозии ҷой, вақт, тартиб ва ташкили додани ин шахсон ба муассисаҳои ислоҳии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё муассисаҳои тиббие, ки  табобати маҷбуриро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, супориш медиҳад.
2. Иҷрои ҷазо ё анҷом додани табобати маҷбурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур дарҷ шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
3. Нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур дарҷ шудаанд, шартан пеш аз муҳлат озод намудан, татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо, қатъ намудан ё тағйир додани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.
4. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ, ки суди он ҳукм баровардааст, оид ба ҳолат ва натиҷаи иҷрои ҷазо ё табобати маҷбурӣ дар ҳолатҳои зерин хабар медиҳад:
1) ҳангоми ба охир расидани иҷрои ҷазо ё табобати маҷбурӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) фавт ё фирор намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 518 Кодекси мазкур зикр шудаанд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2017
Қарори Маҷлиси   намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Д. МАНСУРӢ
ш. Душанбе, 6 декабри соли 2023, № 1171
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023,  № 438
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №9-10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с. 2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод.268, мод.269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод.312, мод.313, №7, мод.464; с.2020, №1, мод.6, №7-9, мод.604, мод.606, мод.621, №12, мод.900, мод.901; с.2021, №6, мод.384, мод.385, №12, қ.2, мод.686, мод.687, мод.688, мод.689; с.2022, №1-3, мод.12, №7, мод.443, №12, қ.2, мод.768), моддаи 3461 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 3461. Риоя накардани талаботи истифодаи таваққуфгоҳҳои муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ
1. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани монеа ҳангоми истифодабарии ҷойҳои таваққуф дар ҳудуди таваққуфгоҳи муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ, -
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. 
2. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникии танзимкунанда ё дигар молу мулки дар ҳудуди таваққуфгоҳи муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ буда, - 
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт бе пардохти маблағи хизматрасонии истифодабарӣ тарк кардани ҳудуди таваққуфгоҳи муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ, -
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».  
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2018
Қарори Маҷлиси   намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии 
маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 21 июни соли 2023, № 1035
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 439
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, №7, мод. 547, № 12,   қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144. № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод. 708. № 11, мод. 955,  № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016,    № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 6, № 7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, № 12, мод. 900, мод. 901, с. 2021, № 6, мод. 384, мод. 385,  № 12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, № 1-3, мод. 12, №7, мод. 443, № 12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, № 4-6, мод. 155, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 1986), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 6 моддаи 39 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
‹‹6. Маблағи ҷаримаи маъмурӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.››.
2. Моддаи 5411 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
‹‹Моддаи 5411. Риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ
Барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин аз ҷониби онҳо истифодаи кортҳо ва воситаҳои дигари электронии шахсии пардохт бо ин мақсад, -
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.››.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2019
Қарори Маҷлиси   намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани тағйиру илова 
ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2023, № 1176
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  27 декабри соли 2023, № 440
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба моддаи 98 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.502; с.2014, №3, мод.145, №7, қ.1, мод.391, №11, мод.644; с.2015, №3, мод.202, №7-9, мод.709, мод.710, мод.711, №11, мод.956, №12, қ.1, мод.1109; с.2016, №3, мод.133, №7, мод.615; с.2017, №5, қ.1, мод.276; с.2018, №1, мод.8, №5, мод.270, мод.271; с.2020, №1, мод.7, №7-9, мод.601, мод.605, мод.622, №12, мод.902, мод.903; с.2021, №1-2, мод.4, №4, мод.194, мод.195, №6, мод.386, №12, қ.2, мод.690; с.2022, №1-3, мод.9, мод.10, мод.11, №12, қ.2, мод.769; с.2023, №1-3, мод.3) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар қисми 1 рақамҳо ва калимаҳои «336 қисмҳои 1 ва 3» ба рақамҳо ва калимаҳои «336 қисмҳои 1, 3-6» иваз карда шуда, пас аз рақами «346» аломат ва рақами «, 3461» илова карда шаванд;
- дар сархатҳои якум, дуюм ва панҷуми қисми 2 рақамҳо ва калимаҳои «336 қисмҳои 1 ва 3» ва «ва 346» мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои «336 қисмҳои 1, 3-6» ва «, 346 ва 3461» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2020
Қарори Маҷлиси   намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 21 июни соли 2023, № 1037
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова 
ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ 
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 441
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА 
КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7-9, мод. 709,      мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3,    мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8,     № 5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, № 1, мод. 7, № 7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод.4, №4, мод.194, мод.195, № 6, мод. 386, № 12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, № 1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, № 12, мод. 769; с. 2023, № 1-3, мод. 3, № 4-6, мод. 156) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 87:
1) қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«2. Ҳангоми содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар моддаҳои 324, 333 қисми 2 ва 340 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дар сурати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки ҳисоботдиҳии қатъии намунааш аз тарафи  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.»;
2) қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«4. Ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар моддаи 2951 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, дар сурати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки ҳисоботдиҳии қатъии намунааш аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.»;
3) дар қисми 5:
- пас аз калимаи «диҳад,» калимаҳои «инчунин имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағи ҷаримаро надошта бошад,» илова карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар сурати нисбати ронандаи воситаи нақлиёт тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуҷҷати ронандагии ронандаи воситаи нақлиёт гирифта намешавад ва протоколи тартибдодашуда ба махзани ягонаи электронии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.».
2. Ба қисми 1 моддаи 93 пас аз рақами «541,» рақами « 5411,» илова карда шавад.
3. Дар моддаи 229:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «намудааст,» калимаҳои «бо тартиби дар қисми 6 моддаи 39 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида» илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «бо тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
МОДДАИ 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2021
Қарори Маҷлиси   намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2023, № 1178
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  27 декабри соли 2023, № 442
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ 
ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 2012, №7, мод. 721; с. 2014, №7,      қ. 1, мод. 388, №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953; с. 2016, №5, мод. 360; с. 2018, №1, мод. 6; с. 2019, №1, мод. 6, №6, мод. 314; с. 2020, №7-9, мод. 603; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 691; с. 2022, №1-3, мод. 6,  мод. 7, №7, мод. 440, №12, қ. 2, мод. 770), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни Кодекс калимаҳои «ГРАЖДАНИИ», «гражданӣ», «граждание», «гражданиро», «граждании» ва «гражданию» мувофиқан ба калимаҳои «МАДАНИИ», «маданӣ», «мадание», «маданиро», «мадании» ва «маданию» иваз карда шаванд.
2. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 54, сархати сеюми қисми 1 моддаи 267, номи боби 30, ном ва матни моддаи 281, ном ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 282, ном ва матни моддаҳои 283, 284 ва 285, сархати сеюми қисми 2 моддаи 392, сархати якуми моддаи 421, сархати якуми қисми 1 моддаи 423 ва сархати сеюми қисми 1 моддаи 424 калимаҳои «ғоиб», «фавтида», «шаҳрванд», «ҒОИБ», «ФАВТИДА» ва «ШАҲРВАНД» мувофиқан ба калимаҳои «ғоибшуда», «вафоткарда», «шахси воқеӣ», «ҒОИБШУДА», «ВАФОТКАРДА» ва «ШАХСИ ВОҚЕӢ» иваз карда шаванд.
3. Дар қисмҳои 2, 6 моддаи 55 ва қисми 2 моддаи 56 калимаи «ваколатдиҳанда» ба калимаи «вакилкунанда» иваз карда шавад.
4. Дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 267, номи боби 31, ном ва қисмҳои 2 ва 3 моддаи 286, ном ва қисми 2 моддаи 287, ном ва қисмҳои 2 ва 3 моддаи 289, ном ва қисми 2 моддаҳои 290 ва 291, сархати дуюми қисми 2 моддаи 392 калимаҳои «сохтани қобилияти амали шаҳрванд» ва «СОХТАНИ ҚОБИЛИЯТИ АМАЛИ ШАҲРВАНД» мувофиқан ба калимаҳои «намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ» ва «НАМУДАНИ ҚОБИЛИЯТИ АМАЛКУНИИ ШАХСИ ВОҚЕӢ» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2022
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии 
Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1113
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон              Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 443
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз 7 январи соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 204, №11,       мод. 958; с. 2016, №5, мод. 362; с. 2017, №1-2, мод. 14; с. 2020, №7-9,     мод. 610) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 91 бо мазмуни зерин илова карда шавад:  
«Моддаи 91. Дархости адвокат
1. Бо мақсади расондани ёрии ҳуқуқӣ адвокат ба мақомоти дахлдор  бо дархост муроҷиат менамояд.
2. Дар дархост бояд насаб, ном, номи падари адвокат, ҳуҷҷат, маълумоти хаттӣ ё шифоҳии ба ӯ лозима ва суроғаи шахсе, ки ҷавоби дархост ба ӯ равона карда мешавад,  зикр гардад.
3. Рад кардани пешниҳоди маълумот вобаста ба дархости адвокат танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун мумкин аст.».
2.Дар моддаи 10:
1) дар қисми 1:
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳар моҳ барои эҳтиёҷоти Иттифоқи адвокатҳо маблағро дар шакли ҳаққи узвият пардохт намояд;»;
- сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- барои таъмин намудани фаъолияташ мувофиқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи ташкилоти адвокатӣ маблағ ҷудо намояд;
- бо ваколатдиҳанда ҳангоми амалӣ намудани намояндагӣ созишнома бандад ва ордер пешниҳод намояд;»;
2) дар сархати сеюми қисми 2 калимаи «предмети» ба калимаи «мавзуи»  иваз карда шавад.
3.Дар сархати якуми қисми 4 моддаи 12 калимаҳои «ва муфаттиш» ба калимаҳои «, муфаттиш ва таҳқиқбаранда» иваз карда шаванд.
4.Ба қисми 3 моддаи 13 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Аъзои Комиссияи тахассусӣ, ба истиснои раиси Комиссия,  наметавонанд зиёда аз як маротиба аъзои Комиссияи тахассусӣ бошанд.». 
5. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаҳои «мӯҳлати ду моҳ» ба калимаҳои «ҷаласаи навбатӣ, вале на дертар аз се моҳ» иваз карда шаванд.
6. Қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Комиссияи тахассусӣ довталабро, ки имтиҳони тахассусиро бо муваффақият супоридааст, дар давоми панҷ рӯз пас аз қабул гардидани қарор дар хусуси ба ӯ додани мақоми адвокат хаттӣ огоҳ менамояд.».
7. Қисми 1 моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Маълумот дар бораи адвокат ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо дар давоми панҷ рӯз пас аз қабул гардидани қарор дар бораи додани мақоми адвокат ворид карда мешавад.».
8. Дар моддаи 19 калимаҳои «иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатҳо» ба калимаҳои «огоҳии хаттӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми 1 моддаи 21: 
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- дар асоси аризаи адвокат;»;
- сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- дар муҳлати зиёда аз панҷ сол нагузаштани курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос; 
- барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад ё дар асоси сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад, то аз ҷониби Комиссияи тахассусӣ қабули қарор дар бораи қатъ намудани мақоми адвокат.».
10. Дар моддаи 22:
1) дар қисми 1:
- сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- ба сархати шашум пеш аз калимаи «аз» калимаи «такроран» илова карда шавад;
2) аз қисми муқаддимавии қисми 2 калимаҳои «ва хулосаи мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо» хориҷ карда шаванд;
3) қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Иттифоқи адвокатҳо ҳангоми аз мақомоти давлатӣ, Комиссияи тахассусӣ, мақомоти минтақавӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гирифтани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинишуда ба ҷаласаи навбатии Комиссияи тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд.»;  
4) қисмҳои 3, 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
11. Дар моддаи 29:
- дар сархати сеюми қисми 5 калимаи «предмет» ба калимаи «мавзуъ»  иваз карда шавад;
- дар қисми 14 калимаи «онро» ба калимаҳои «он ва Иттифоқи адвокатҳоро» иваз карда шавад.
12. Қисми 7 моддаи 31 хориҷ карда шуда, қисмҳои 8-11 мувофиқан қисмҳои 7-10 ҳисобида шаванд.
13. Ба  моддаи 34 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Коромӯзӣ дар назди адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон аст.».
14. Дар моддаи 35:
- аз қисми 1 калимаҳои «дар муассисаи таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ» хориҷ карда, калимаҳои «гузаронидани» ва «Иттифоқи адвокатҳо» мувофиқан ба калимаҳои «бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва» ва «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- қисми 3 хориҷ карда шуда, қисми 4 қисми 3 ҳисобида шавад.
15. Ба моддаи 37 қисми 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11. Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он уҳдадоранд ба Комиссияи тахассусӣ маълумот оид ба фаъолияти худ, раванди назорати фаъолияти касбии адвокатҳо, баррасии шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба адвокатҳо, инчунин маълумоти дигари барои фаъолияти Комиссияи тахассусӣ заруриро ҳар шаш моҳ ва вобаста ба ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳар моҳ пешниҳод намоянд. Иттифоқи адвокатҳо нусхаи қарорҳои қабулшударо вобаста ба масъалаҳои дар сархатҳои якум, дуюм,        сеюм, чорум, даҳум, сенздаҳум ва чордаҳуми қисми 3 моддаи 38, сархатҳои дувоздаҳум ва чордаҳуми қисми 4 моддаи 39 Қонуни мазкур пешбинишуда дар давоми 3 рӯз пас аз қабули онҳо бо замимаи нусхаи санадҳои дахлдор ба Комиссияи тахассусӣ барои маълумот пешниҳод менамояд.».
16. Дар сархати чоруми қисми 3 моддаи 38 калимаи «аъзогии» ба калимаи «узвияти» иваз карда шавад.
17. Ба моддаи 39:
- аз сархати шашуми қисми 4 калимаҳои «такмили ихтисоси адвокатҳо ва» хориҷ карда шаванд;
- ба қисми 7 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Раёсати Иттифоқи адвокатҳо метавонад қарору санадҳои хилофи қонунгузорӣ қабулнамудаи мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро бекор намояд.».
18. Қисми 4 моддаи 41 хориҷ карда шавад.
19. Қисми 1 моддаи 42 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Молу мулки Иттифоқи адвокатҳо аз ҳисоби ҳаққи узвият, грантҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ташаккул меёбад. Маблағи ҳаққи узвият бевосита ба суратҳисоби Иттифоқи адвокатҳо пардохт карда мешавад.».
20. Ба қисми 1 моддаи 43 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо оид ба фаъолияти худ дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2023
Қарори Маҷлиси намояндагони  
Маҷлиси  Олии  
Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 ноябри соли 2023, № 1161
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 444
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 271; с. 2019, №7, мод. 465; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 694) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати шашуми моддаи 2 пас аз калимаи «қонунгузорӣ» калимаҳои «ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи бештари ҳуқуқидошта» илова карда шаванд.
2. Дар сархати нуҳуми моддаи 2 ва тамоми матни Қонуни мазкур калимаҳои «субъектони», «Субъектони» ва «субъектоне» мувофиқан ба калимаҳои «субъектҳои», «Субъектҳои» ва «субъектҳое» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати сеюми қисми 3 моддаи 6 калимаи «интишори» ба калимаҳои «ҷойгир намудани» иваз карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 7, қисми 1 моддаи 34, сархати чоруми қисми 4 моддаи 57, қисми 5 моддаи 62, қисми 4 моддаи 66, қисми 3 моддаи 69, сархати ҳаштуми қисми 4 моддаи 82, қисми 3 моддаи 84, қисми 2    моддаи 87, ном, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 89, ном ва матни моддаи 91 калимаҳои «Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба калимаҳои «Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
5. Ба сархати даҳуми қисми 2 моддаи 9 пас аз калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» илова карда шуда, калимаҳои «Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба калимаҳои «Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 22 калимаи «бароварда» ба калимаҳои «қабул карда» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 24:
- дар ном ва қисми 1 калимаҳои «ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба калимаҳои «, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд.»;
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» илова карда шуда, калимаҳои «Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба калимаҳои «Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
8. Ба қисми 3 моддаи 29 пас аз калимаҳои «санадҳои қонунгузорӣ,» калимаҳои «фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,» илова карда шаванд.
9. Дар қисми 2 моддаи 31 калимаҳои «Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва «ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва «, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 39:
- дар қисми 2 калимаҳои «Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ» иваз карда шаванд;
- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Тартиби пешбурди Портали интернетӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкуниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
11. Ба моддаи 42 ҷумлаи шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кодекс, қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабул ё тасдиқшавандаи мушаххас ҳангоми дар шакли мухтасар ифода ёфтан, ки намуд ва номи онҳоро инъикос менамояд, бо ҳарфҳои хурд навишта шуда, бо ҳарфи калон оғоз меёбанд.».
12. Дар моддаи 43:
- аз қисми 9 калимаҳои «, зербандҳо» ва «, як зербанд» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 11 калимаҳои «қисм ё» хориҷ карда шаванд.
13. Дар ҷумлаи якуми қисми 3 моддаи 47 пас аз калимаҳои «пас онҳо» калимаи «метавонанд» илова карда шуда, калимаи «мешаванд» ба калимаи «шаванд» иваз карда шавад. 
14. Дар моддаи 48:
- қисмҳои 2, 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«2. Дар мавриди истинод намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои таркибии онҳо) инҳо зикр карда мешаванд:
- ишора ба меъёри дақиқ (дар мавриди зарурӣ то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод кардан ба қисми таркибии алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ);
- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- номи санади меъёрии ҳуқуқӣ. 
3. Дар мавриди истинод намудан ба санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ илова ба нишонаҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда рақам ва санаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ низ зикр карда мешаванд.
4. Дар ҳолатҳои якчанд маротиба ба санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ истинод кардан танҳо намуди санад, рақам ва санаи қабули он ва ё шакли мухтасари он зикр карда мешаванд.»;
- қисми 5 хориҷ карда шуда, қисми 6 қисми 5 ҳисобида шавад.
15. Ба номи моддаи 52 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «ва мафҳумҳо» илова карда шаванд.
16. Дар моддаи 55:
- дар ҷумлаи якуми қисми 2  калимаҳои «ҳуқуқӣ оид» ба калимаҳои «ҳуқуқии баробардараҷа оид» иваз карда шаванд;
- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Агар ҳангоми таҳияи лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд ояд, ин лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар маҷмуъ таҳия ва пешниҳод карда шаванд, агар дар лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.»;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инчунин метавонанд бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои дахлдор ворид карда шаванд.»;
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
17. Ба ҷумлаи дуюми қисми 3 ва ба қисми 5 моддаи 56 пас аз калимаҳои «мешаванд» ва «мешавад» калимаҳои «, ба истиснои сархатҳо, ки онҳо мустақилона ҷобаҷогузорӣ мегарданд» илова карда шаванд.
18. Дар сархати шашуми қисми 4 моддаи 57 ва қисми 1 моддаи 66 калимаҳои «ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба калимаҳои «, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
19. Ба қисми 1 моддаи 58 пас аз калимаҳои «Бонки миллии Тоҷикистон,» калимаҳои «Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,» илова карда шаванд.
20. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 63 калимаи «экспертҳо» ба калимаи «коршиносон» иваз карда шавад.
21. Дар моддаи 64:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «зиддикоррупсионӣ,» калимаи «зиддитабъизӣ,» илова карда шавад;
- дар қисми 2 калимаи «эксперт» ба калимаи «коршинос» иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаи «экспертҳо» ба калимаи «коршиносон» иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаи «экспертӣ» ба калимаи «коршинос» иваз карда шавад;
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Экспертизаи зиддитабъизии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» гузаронида мешавад.».
22. Дар моддаи 66:
- дар қисми 1 калимаҳои «ва «Садои мардум» ба калимаҳои «, «Садои мардум», «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» иваз карда шаванд;
- қисми 3 хориҷ карда шуда, қисми 4 қисми 3 ҳисобида шавад.
23. Дар қисми 6 моддаи 67 ва қисми 4 моддаи 69 калимаи «аниқи» ба калимаи «дақиқи» иваз карда шавад.
24. Моддаи 68 хориҷ карда шавад.
25. Дар моддаи 69: 
- ба қисми 1 пас аз калимаи «чоп» калимаҳои «ва шакли электронии он, ки аз соли 2011 бо шакли коғазӣ эътибори якхела дорад, дар сомонаи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир» илова карда шаванд;
- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъмин карда мешаванд.».
26. Дар моддаи 83:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 83. Мутобиқати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»;
- дар матни модда калимаҳои «Қонунҳои» ва «қонунҳои» мувофиқан ба калимаҳои «Қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои» ва «санадҳои қонунгузории дигари» иваз карда шаванд. 
27. Қисми 4 моддаи 89 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Дар сурати ошкор гардидани мухолифати санади меъёрии ҳуқуқии вазорат, кумитаи давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии навқабулшуда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар бораи бартараф кардани мухолифати ҷойдошта хабарнома ирсол менамояд. Субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз санаи қабули хабарномаи Вазорати адлия мухолифатро бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ва ё аз эътибор соқит кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ бартараф карда, санади меъёрии ҳуқуқиро барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Дар сурати аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар давоми як моҳ пешниҳод нагардидани санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф кардани мухолифат                   Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани он қарор қабул намуда, онро барои маълумот ва аз эътибор соқит намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор мефиристад. Қарор дар бораи аз Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мегардад.».
28. Дар қисми 5 моддаи 91 калимаҳои «муқаррароти боби мазкур» ба калимаҳои «тартиби бақайдгирии давлатӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта» иваз карда шаванд. 
29. Дар қисми 5 моддаи 93 калимаҳои «ва пешбурди» ба калимаҳои «, пешбурд ва ворид кардани иттилооти ҳуқуқии дигар ба» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2024
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии 
Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2023, № 1174
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 446
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 617) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 2 моддаи 13 калимаи «ноболиғон,» хориҷ карда шавад.
2. Моддаи 131 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 131. Хусусияти пешниҳод ва баррасии муроҷиати ноболиғон
1. Ноболиғоне, ки метавонанд ақидаҳои худро мустақилона ифода кунанд, ҳуқуқ доранд дар бораи риояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоту ташкилотҳои дахлдор бевосита муроҷиат намоянд. Ба манфиати ноболиғон, инчунин метавонанд намояндагони қонунии онҳо, мақомоти васоят ва парасторӣ ва мақомоти ваколатдори дигар муроҷиат намоянд.
2. Ноболиғон ҳангоми муроҷиат ҳуқуқ доранд фикру ақидаҳои худро озодона ва бе таъсиррасонии мақомоту ташкилот ва шахсони дигар баён намоянд.
3. Баррасии муроҷиати ноболиғон аз ҷониби мақомоту ташкилотҳои дахлдор ҳангоми зарурат бо иштироки намояндагони қонунии ноболиғон, инчунин мақомоти васояту парасторӣ сурат мегирад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2025
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонМ. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1095
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 447
ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ХОК»
Моддаи 1. Ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» аз 16 октябри соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №9-10, мод.548) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаи «маъданӣ» ба калимаи «минералӣ» иваз карда шавад;
- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- харобшавии хок – паст гардидани сифатҳои табиӣ, кимиёвӣ ва (ё) биологии хок дар натиҷаи равандҳои табиӣ ва антропогенӣ, ки ба камшавӣ ё нобудшавии сохт ва таркиби хок, инчунин иҷро нагардидани вазифаҳои муҳими экосистемавии он сабаб мегарданд;»;  
- сархати сездаҳум хориҷ карда шавад.
2. Аз моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 5: 
- дар сархати дуюм калимаи «ваколатдор» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок» иваз карда шавад;
- сархатҳои чорум, шашум ва ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- тасдиқи стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои амал дар соҳаи ҳифзи хок;
- тасдиқ намудани тартиби мансуб донистани хок ба хоки нодир ва хоке, ки ба он хатари аз байн рафтан таҳдид мекунад;
- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳа».
4. Дар моддаи 6:
- дар қисми 1 калимаи «гуногуннавъии» ба калимаҳои «намудҳои гуногуни» иваз ва калимаҳои «ҷомеъ ва» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «ҷомеъ» ба калимаҳои «мақсадноки давлатию минтақавӣ» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 7:
- дар қисми 2 калимаи «шомили» хориҷ, калимаҳои «он, ки иҷрои вазифаҳояшро таъмин менамоянд, буда» ва «навъи» мувофиқан ба калимаҳои «онро дар бар гирифта,» ва «намуди» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои «замини киштзорҳо» ба калимаҳои «заминҳои таъиноти кишоварзӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 3 моддаи 9 калимаҳои «навъ ва зернавъҳои» ба калимаҳои «намуд ва зернамудҳои» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 11:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ҳифзи қабати ҳосилхези хок аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва заминистифодабарандагон таъмин карда мешавад.»; 
- дар қисми 4 калимаи «киштзорҳо» ба калимаҳои «заминҳои таъиноти кишоварзӣ» иваз карда шавад.
8. Дар қисми 2 моддаи 13 калимаҳои «чангу дуд» ба калимаҳои «партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳаво ва объектҳои об» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 15:
- аз қисми 1 калимаи «аввал» хориҷ карда шавад;
- ба қисми 3 пас аз калимаи «натиҷаҳои» калимаҳои «корҳои вобаста ба» илова карда шаванд.
10. Дар моддаи 16:
- дар номи модда калимаи «камғизо» ба калимаи «харобшавӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми 1 калимаҳои «камғизо, хушк ва сахт нашудани хок» ба калимаҳои «ҳифзи хок аз харобшавӣ, хушку сахтшавӣ» иваз карда шаванд;  
- дар қисми 2 калимаҳои «камғизо нашудани», «маъданӣ ва органикӣ» ва «камғизошавӣ» мувофиқан ба калимаҳои «харобшавии», «органикӣ, минералӣ ва биологӣ» ва «харобшавӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «маъданӣ ва органикӣ» ба калимаҳои «органикӣ, минералӣ ва биологӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2027
Қарори Маҷлиси   намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 21 июни соли 2023, № 1045
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни 
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 449
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) глятсиология – илм дар бораи омӯзиши яхҳои табиӣ дар сатҳи замин, атмосфера, гидросфера, литосфера, реҷа, ташаккул ва инкишофи онҳо;
2) захираҳои барф ва ях – манбаъҳои оби ҳама намудҳои барф ва яхҳо дар сатҳи замин, литосфера ва гидросфера;
3) криосфера – қитъаи сатҳи замини дорои захираҳои об дар шакли сахт ё аз ҳад хунук;
4) кӯли пиряхӣ – обанбори дар натиҷаи обшавии пирях ва (ё) қабатҳои барфӣ дар сатҳ ё қисми канории пирях бавуҷудомада;
5) қабати устувори барфӣ – қабати барфи тамоми зимистон ё фосилаи на кам аз як моҳ маҳфузмонда;
6) маҷмуи пиряхҳо – маҷмуи шаклҳои релефи дорои пиряхҳо ва таҳшинҳои пиряхӣ; 
7) минтақаи санитарии ҳифзи пиряхҳо – ҳудуди ҳамшафати пиряхҳо бо реҷаи махсуси муҳофизатии тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида;
8) пирях – ҳаҷми бузурги яхи табиии дар натиҷаи табдили боришоти сахти атмосферӣ бавуҷудомада; 
9) пиряхи набзӣ – пиряхи дорои хусусияти дар натиҷаи лағжиши якдафъина ё мунтазам гузаштан аз ҳолати мувозина ба ҳолати ғайримувозина;
10) пиряхшиносӣ – ҷузъи таркибии илми глятсиология дар бораи омӯзиши ташаккулёбӣ, тағйирёбӣ, таркиб ва хосиятҳои физикии пиряхҳо;
11) таркиби изотопии пирях – маҷмуи унсурҳои ба ҳам монанди  кимиёвии пиряхҳои дорои миқдор ва хосиятҳои физикии гуногун; 
12) ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТИИ ПИРЯХҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – номгӯй, маълумоти тавсифӣ ва арзёбишуда оид ба ҳолат, андоза, шаклҳои релефӣ, мавзеи ҷуғрофӣ, хусусиятҳои таркибӣ ва реҷавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13) хати барфӣ – хати муайянкунандаи сарҳади бартарии ғуншавии боришоти сахти атмосферӣ нисбат ба обшавию бухоршавии барф дар охири давраи коҳишёбии он;
14) ҳавзаҳои пиряхӣ – ҳавзаҳои дар натиҷаи обшавии пиряхҳо бавуҷудомада;
15) ҳифзи пиряхҳо – маҷмуи талабот ва чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ба пиряхҳо, аз ҷумла омӯзиши қонуниятҳои тақсимоти боришот, қабати барф, ташаккулёбии тармаҳо, реҷаи обуҳавосанҷии пиряхҳо, манбаъҳои ташаккулёбии ҳавзаҳои обҷамъшавӣ, нишондиҳандаҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо;
16) яхбастагии бисёрсола – қабати болоии қишри замини дорои ҳарорати манфии ҷинсҳои кӯҳӣ, хок ва набудани обшавии такрорӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. 
Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо 
1. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангию маърифатиро дар бар мегирад.
2. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона карда шудааст.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии ҳифзи пиряхҳо 
Ҳифзи пиряхҳо ба принсипҳои асосии зерин асос меёбад:
1) афзалияти нигоҳ доштани системаҳои экологии ба пиряхҳо алоқаманд, баинобатгирии аҳамияти стратегии пиряхҳо; 
2) ошкорбаёнӣ ва шаффофият;
3) мутаносибии манфиатҳои ҷомеа ва тадбирҳои пешгирикунандаи хатари эҳтимолӣ ба коҳишёбии пиряхҳо; 
4) ҳавасмандгардонии таҳқиқоти илмии пиряхшиносӣ.
Моддаи 5. Ҳуқуқи моликият ба пиряхҳо ва Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 
1. Пиряхҳо моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад.
2. Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ, грантҳо ва маблағҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Моддаи 6. Вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо
Вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо аз инҳо иборат мебошанд:
1) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидор ва шахсони воқеӣ оид ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо;
2) ташкил ва таъмини фаъолияти шабакаи иттилоотии моҳворавӣ ва шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо бо мақсади ҷамъоварии иттилооти дахлдор, омӯзишу таҳлили он, таъмини саҳеҳӣ ва пуррагии пешгӯиҳо ва арзёбии вазъи захираҳои барф, назорати раванди ташаккулёбӣ ва инкишофи пиряхҳо;
3) омӯзиши пиряхҳои набзӣ ва кӯлҳои пиряхӣ бо мақсади муайян намудани вазъи онҳо;
4) таҳқиқи ҳавзаҳои пиряхӣ, қабатҳои барфӣ, аз ҷумла қабатҳои устувори онҳо, қитъаҳои азбайнрафтаи пиряхҳо ва хатҳои барфӣ;
5) ташкили корҳои экспедитсионӣ ва таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ва захираҳои барф, фаромадани тармаҳо ва пешгирии обхезиҳо, инчунин реҷаи гидрологии обҳои пиряхӣ дар ҳавзаҳои обҷамъшавӣ ва кӯлҳои пиряхӣ;
6) тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо;
7) таъмини мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, бахши хусусӣ, инчунин аҳолӣ бо иттилоот дар бораи вазъи ҷорӣ ва дурнамои пиряхҳо.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;
2) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои оби пиряхҳо;
3) таъсиси Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани тартиби истифодаи он;
4) ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли моликият, оид ба ҳифзи пиряхҳо; 
5) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо 
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об мувофиқан мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодаи захираҳои оби пиряхҳо мебошанд.
2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дохил мешаванд:
1) татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;
2) таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намудани  ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;
3) таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, сифати об ва таркиби изотопии пиряхҳо;
4) мусоидат ба рушди шабакаҳои байналмилалии мушоҳидавии пиряхҳо, табодули байналмилалии иттилоот оид ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо;
5) пешгӯии эҳтимолияти фаромадани тарма ва обхезӣ, омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ ва таъмини ҳифзи пиряхҳо;
6) ташкил ва таъмини фаъолияти шабакаи иттилоотии моҳворавӣ ва шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо;
7) пешбурди Феҳристи давлатии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи низоми бақайдгирии пиряхҳо ва захираҳои оби онҳо; 
8) амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо;
9) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об дохил мешаванд:
1) татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои оби аз пиряхҳо ҷоришаванда; 
2) таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба истифодаи захираҳои оби аз пиряхҳо ҷоришаванда;
3) ташкил ва гузарондани баҳисобгирии давлатии истифодаи захираҳои оби аз пиряхҳо ҷоришаванда;
4) таҳия ва амалигардонии тадбирҳо оид ба пешгирии коҳишёбии захираҳои оби аз пиряхҳо ҷоришаванда;
5) амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба истифодаи захираҳои оби аз пиряхҳо ҷоришаванда дар доираи ваколатҳои худ;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи пиряхҳо
Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи пиряхҳо мансубанд:
1) иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо; 
2) андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар маҳал, иштирок дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;
3) пешгирии фаъолияти худсаронаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сабаби расонидани таъсири манфӣ ба пирях ва барфтӯдаҳо мегардад; 
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Фаъолият дар минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо
1. Дар минтақаҳои ҳифзи санитарии пиряхҳо ҷойгир намудани иншооти истеҳсолии хатарнок ва пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, ки метавонад ба вазъи пиряхҳо таъсири номатлуб расонад, инчунин ҷойгир кардани маҳсулоти нафтӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, истифодаи моддаҳои кимиёвӣ, пеститсидҳо ва дигар моддаҳои зараровар манъ аст. 
2. Пешбурди корҳои иктишофи геологӣ, коркард ва истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва ё истифодабарии иншооти зеризаминӣ дар минтақаҳои ҳифзи санитарии пиряхҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Сайёҳии экологӣ ва варзишию кӯҳгардӣ, кӯҳнавардӣ, чорабиниҳои ҳарбӣ, инчунин гузарондани таҳқиқоти илмӣ дар минтақаҳои ҳифзи санитарии пиряхҳо ва бевосита дар ҳудуди пиряхҳо вобаста ба фасли сол ва реҷаи махсуси дастрасӣ ба онҳо тибқи талаботи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, амалӣ карда мешаванд.
4. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари хилофи Қонуни мазкур амалишаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд, боздошт ё қатъ карда мешавад.
Моддаи 11. Арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба пиряхҳо
1. Арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба пиряхҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. 
2. Гузарондани арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ки метавонад ба вазъи пиряхҳо таъсири номатлуб расонад, ҳатмӣ мебошад.
3. Ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба пиряхҳо ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии фаъолияти банақшагирифташаванда омода ва барои хулоса ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод карда мешаванд.
4. Шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба пиряхҳо иштирок намоянд.
БОБИ 3. ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ВА МОНИТОРИНГИ ПИРЯХҲО
Моддаи 12. Таҳқиқоти илмии пиряхҳо 
1. Таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Таҳқиқоти илмии пиряхҳо самтҳои зеринро дар бар мегирад:
1) таҳқиқоти бунёдии илмӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани тамсилаҳои муосири таҳқиқоти  пиряхҳо, аз ҷумла бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим;
2) гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ ва криосфера, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии минтақавӣ ва байналмилалӣ; 
3) муайян намудани меъёрҳои илмию методии омӯзиши пиряхҳо, инчунин ҳангоми татбиқи ин фаъолият дар шароити махсуси иқлимӣ;
4) амалӣ намудани фаъолият дар самтҳои дигари таҳқиқоти илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 13. Мониторинги пиряхҳо
1. Мониторинги пиряхҳо тавассути гузарондани мушоҳидаҳои дарозмуҳлати маҷмуӣ, омӯзиш, арзёбӣ ва пешгӯӣ кардани ҳолати табиии пиряхҳо, таҳлили раванди таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим, таъсироти дигари физикӣ, кимиёвӣ ва биологии дорои омилҳои табиӣ ва антропогенӣ ба пиряхҳо, инчунин таъсири пиряхҳо ба муҳити зист ва омода кардани иттилооти дахлдор дар ин хусус амалӣ карда мешавад.
2. Мониторинги пиряхҳо самтҳои зеринро дар бар мегирад:
1) мушоҳидаи ҳолат ва қонуниятҳои тақсимоти боришот, қабатҳои барф, ташаккул ва паҳншавии пиряхҳо, нақши онҳо дар таҳаввул ва пешгӯии тағйирёбии вазъи муҳити зист;
2) мушоҳидаи раванди таъсири омилҳои табиӣ, антропогенӣ ва тағйирёбии иқлим ба маҷмуи пиряхҳо, аз ҷумла бо истифода аз технологияи рақамӣ, барномаҳо ва воситаҳои ченкунии махсус; 
3) истифодаи низоми мониторинги кайҳонии пиряхҳо бо мақсади арзёбии қабатҳои барф, ҳаҷм ва обшавии онҳо;
4) мушоҳидаи ҳолати тармаҳои дар раванди обшавии пиряхҳо ва яхбастагиҳои бисёрсола бавуҷудомада.
Моддаи 14. Истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхшиносӣ ва мониторинги пиряхҳо
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхшиносӣ ва мониторинги пиряхҳо бо мақсадҳои зерин истифода мешаванд:
1) таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои оби пиряхҳо;
2) пешгӯии вазъи муҳити зист ва ташаккули захираҳои об;
3) таҳияи харитаҳои фаврии барфтӯдаҳо, муайян намудани масоҳат ва сарҳади пиряхҳо, пешгӯии лағжиши пиряхҳои набзӣ ва фаромадани тармаҳо бо мақсади пешгирии оқибатҳои номатлуби офатҳои табиии марбут ба онҳо;
4) таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба пешгирии таъсиррасонии антропогенӣ ба пиряхҳо ва қабатҳои барф, инчунин таъсири номатлуби обшавии босуръати пиряхҳо ва барфтӯдаҳо ба аҳолӣ, иқтисодиёт ва муҳити зист;
5) мақсадҳои дигари ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо 
1. Шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо маҷмуи нуқтаҳои доимӣ ва сайёр, аз ҷумла дидбонгоҳҳо, стансияҳо, расадхонаҳо ва озмоишгоҳҳо мебошанд, ки мушоҳидаи равандҳои ташаккул ва тағйирёбии вазъи пиряхҳо, барфтӯдаҳо ва яхбастагиҳои бисёрсола, захираҳои об, омӯзиши хусусиятҳои ландшафтию иқлимӣ, яхбандӣ, гидрологӣ ва гидрометеорологӣ, инчунин баҳисобгирии сифати об, таркиби изотопӣ, ҳолати санитарии пирях ва барфтӯдаҳоро дар бар мегирад.
2. Фаъолияти шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо барои гузарондани омӯзиш ва мониторинги онҳо ҷиҳати ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард, омода намудани иттилоот ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намудани он равона карда мешавад.
3. Ташкили шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо, аз ҷумла яхбастагиҳои бисёрсола, қатъ намудани фаъолият ё иваз намудани мавзеи ҷойгиронии онҳо бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо қисми таркибии шабакаи давлатии мушоҳидавӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ мебошад.
5. Додани қитъаҳои замин барои ҷойгиронии нуқтаҳои шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо
1. Махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо маҷмуи маълумоти ҷамъоваришуда, батартибдаровардашуда, мукаммалгардида ва ҳуҷҷатгузоришуда оид ба вазъи пиряхҳо мебошад.
2. Махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ташкил карда мешавад.
3. Иттилоот аз махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Моддаи 17. Пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Вазъи ҳуқуқии пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузарондани корҳои таҳқиқотию илмӣ, мониторинг, арзёбӣ ва ҳифзи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо 
Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2026
Қарори Маҷлиси   намояндагони
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» қабул карда шавад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Д. МАНСУРӢ
ш. Душанбе, 6 декабри соли 2023, № 1167
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 448
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» аз 19 сентябри соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №8-9, мод. 653; с. 2018, №2, мод. 69) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархатҳои шашум ва ҳаждаҳум калимаи «арзёбии» ба калимаи «баҳодиҳии» иваз карда шавад;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«- хели (типи) дохилизотии ҳайвоноти кишоварзӣ – гурӯҳи муайяни дохилизотӣ, ки бо хусусиятҳои биологию маҳсулнокӣ, сохти бадан ва намуди зоҳирӣ аз дигар гурӯҳҳо фарқият дорад;»;
- дар сархати ҳаждаҳум калимаҳои «зотпарварӣ давра» ба калимаҳои «кишоварзӣ давра» иваз карда шаванд;
- сархати бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«- селексионер – шахсе, ки зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзиро офаридааст ва (ё) корфармо ё вориси ҳуқуқии ӯ;»;
- сархати бисту дуюм хориҷ карда шавад. 
2. Дар ном ва матни моддаи 3 калимаи «обӣ» ба калимаи «об» иваз карда шавад.
3. Дар матни моддаи 5 калимаҳои «зотпарварӣ бо» ба калимаҳои «кишоварзӣ бо» иваз карда шаванд.
4. Ба қисми 1 моддаи 10, қисми 2 моддаи 11, қисми 2 моддаи 12,   қисми 2 моддаи 13, қисми 2 моддаи 16, матни моддаи 18, қисми 3 моддаи 20, қисми 2 моддаи 21, қисми 4 моддаи 22 ва қисми 3 моддаи 24 пас аз калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» калимаҳои «дар соҳаи кишоварзӣ» илова карда шаванд.
5. Сархати дуюми моддаи 6 хориҷ карда шавад.
6. Моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ 
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ мебошанд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дорои  ваколатҳои зерин мебошад: 
- барномаҳои рушди соҳаи зотпарвариро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дастур, меъёр ва қоидаҳои фаъолият дар соҳаи зотпарвариро таҳия ва тасдиқ менамояд;  
- қоида ва шаклҳои баҳисобгирии ҳайвоноти зотии кишоварзиро таҳия намуда, баҳисобгирии маълумотро дар соҳаи зотпарварӣ анҷом медиҳад;  
- гузарондани озмоиш ва тасвиби расмии дастовардҳои нави селексиониро дар соҳаи зотпарварӣ таъмин менамояд; 
- амали ҳуҷҷати ба шаҳодатнома ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақоми дахлдори давлати содиркунанда додааст, эътироф менамояд;  
- номгӯйи намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзиро дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки ҷинсҳои наринаи он барои офаридани зотҳои нав ё беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда истифода мегарданд, муайян мекунад;  
- бо тартиби муқарраргардида содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро амалӣ менамояд;
- баҳодиҳии сифати маводи (маҳсулоти) зотиро таъмин мекунад;
- барои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузарондани корҳои селексионӣ фоиданок чораҳои дахлдор меандешад; 
- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд; 
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. 
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- назорати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд;
- риояи дастур, меъёру қоидаҳои парваришро дар соҳаи зотпарварӣ назорат менамояд;
- барои ба вуҷуд овардани зотҳо, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаҳои нави сермаҳсули ҳайвоноти кишоварзӣ мусоидат менамояд;
- содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро назорат менамояд;
 - назорати баҳодиҳии сифати маводи (маҳсулоти) зотиро амалӣ менамояд;
- ба ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар соҳаи зотпарварӣ мусоидат менамояд; 
- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.».
7. Дар моддаи 9:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» калимаҳои «дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ» илова карда шаванд; 
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд.»; 
- дар қисми 4: 
- аз сархати ҳафтум калимаҳои «дар назди Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ» хориҷ карда шаванд;
- сархати ҳаштум хориҷ карда шавад.
8. Қисми 2 моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ворид намудани маълумот оид ба зотҳои алоҳидаи аз рӯи мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигар афзалияти бештар дошта, гирифтани иқтибос аз Феҳристи мазкур ва интишори иттилооти расмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян менамояд.». 
9. Дар моддаи 13: 
- дар қисми 3 калимаҳои «Шахсони мансабдор ва мутахассисони Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ, инчунин мутахассисони зотпарварӣ» ба калимаҳои «Мутахассисони соҳаи зотпарварии» иваз карда шаванд; 
- сархати дуюми қисми 4 хориҷ карда шавад.
10. Моддаи 131 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 131. Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ 
Ҳуқуқи селексионер барои зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти селексионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.».
11. Ба қисми 5 моддаи 15, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 25 пас аз калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» калимаҳои «дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2028
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1107
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 450
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 20; с. 2015, №11, мод. 959) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
2. Дар қисми дуюми моддаи 6, қисми сеюми моддаи 7, қисми дуюми моддаи 8, қисми дуюми моддаи 9, қисми дуюми моддаи 10, қисми дуюми моддаи 11, қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 16, матни моддаи 17, қисми якуми моддаи 18, қисми сеюми моддаи 19, қисмҳои якум ва дуюми    моддаи 20, қисми чоруми моддаи 211, қисми сеюми моддаи 22, қисми сеюми моддаи 23, қисми панҷуми моддаи 26 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 14:
- дар қисми якум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад; 
- дар қисми дуюм калимаҳои «мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «нашрияи расмии мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ» ба калимаҳои «нашрия ва сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз ва калимаҳои «ба шабакаи интернет» хориҷ карда шаванд.
4. Дар қисмҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи 141 калимаҳои «мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо», «Мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо», «шабакаи интернет» ва «мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ», «Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ», «сомонаи расмӣ» ва «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ» иваз карда шаванд.
5. Дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми якуми моддаи 142 калимаҳои «қаламрави» ва «мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми дуюми моддаи 21 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар матни моддаи 212 калимаҳои «мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ» иваз карда шаванд.
8. Моддаҳои 24 ва 25 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд: 
«Моддаи 24. Сертификатсияи тухмӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ нақшаи сертификатсияи тухмиро барои намудҳои растаниҳои сертификатсияшаванда муайян менамояд. 
Ҳар як маҷмӯи тухмӣ, ки барои фурӯш пешбинӣ шудааст, бояд сертификатсия карда шавад. 
Сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ барои ҳар як маҷмӯи тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
МОДДАИ 25. ШАҲОДАТНОМАИ НАВЪ ВА СИФАТИ ТУХМӢ
Шаҳодатномаи навъ ва сифат ба тухмии аслӣ, элита ва репродуксионӣ дар асоси ташхиси лабораторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.». 
9. Дар моддаи 27:
- дар қисми якум калимаи «иҷозатномаи» ба калимаи «иҷозати» иваз карда шавад;
- дар қисми шашум калимаҳои «иҷозатномаи» ва «мақоми ваколатдори давлатии карантини растаниҳо» мувофиқан ба калимаҳои «иҷозати» ва «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳафтум калимаҳои «иҷозатномаи» ва «мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ» мувофиқан ба калимаҳои «иҷозати» ва «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳаштум калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ» иваз карда шаванд.
10. Моддаи 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 29. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ 
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии озуқаворӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ мебошанд.».
11. Сархати дуюми моддаи 291дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- тасдиқ намудани барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ;».  
12. Моддаи 292 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Моддаи 292. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар самти тухмипарварӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар самти тухмипарварӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад: 
- амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ;  
- тасдиқи нақшаи истеҳсоли тухмии растаниҳо; 
- таҳия ва тасдиқи тартиби фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ;
- таъмини тасвиби расмии дастовардҳои нави селексионӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, баҳисобгирии истеҳсоли тухмии растаниҳо; 
- таҳлил ва мониторинги фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар самти истеҳсоли тухмӣ;
- муайян намудани тартиби истифодаи навъҳои тухмии растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карданашуда; 
- бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани содирот ва воридоти тухмии растаниҳо;
- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
13. Моддаи 293 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 293. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар самти тухмипарварӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар самти тухмипарварӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- амалӣ намудани назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ;
- сертификатсияи тухмии ба фурӯш пешниҳодшуда, назорати кишти навъи тухмӣ дар саҳро ва қитъаҳои санҷишӣ, ташхиси лаборатории сифати навъӣ ва киштбобии тухмӣ;
- амалӣ намудани фаъолияти ташкилию методӣ, назорати таъмини риояи стандартҳои давлатӣ ва қоидаҳои байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
- назорати содирот ва воридоти тухмии растаниҳо;
- муқаррар намудани меъёрҳои илман асоснокшудаи сифати тухмӣ ва таҷҳизоти техникии ташхиси сифати тухмӣ;
- муқаррар намудани тартиби истифодаи борҷомаю воситаҳои борбандӣ, тамға, нигоҳдорӣ ва интиқоли тухмии растаниҳо;
- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ оид ба назорати фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
14. Дар номи моддаи 293 рақами «293» ба рақами «294» иваз карда шавад.
15. Дар моддаи 30:
- дар қисми якум калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ» иваз карда шаванд.
16. Моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Моддаи 31. Назорати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
Роҳбарон ва кормандони дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ фаъолияти худро дар самти тухмипарварӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.».
17. Моддаи 311  бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 311. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
Президенти 
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2029
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи тухмипарварӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии 
Тоҷикистон          М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 ноябри соли 2023, № 1152
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 451
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 571 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии   Тоҷикистон,  с.  1998,  №22, мод.  303; с.  2006, №4, мод. 196;  с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, №12, мод.  855;  с. 2013,  №3,  мод. 195;  с. 2015,  №11,  мод. 960; с. 2016, №3, мод. 143, №11, мод. 881; с. 2017, №1-2, мод. 18) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақомоту ташкилотҳо, инчунин шахсони мансабдори онҳо, ки барои қабули қарор ваколатдор мебошанд, ҳангоми ҳалли масъалаҳои ба манфиатҳои кӯдак дахлдошта бояд фикри кӯдакеро, ки метавонад ақидаҳои худро мустақилона ифода кунад, сарфи назар аз синну сол, ба назар гирифта, дар асоси манфиатҳои беҳтарини кӯдак қарор қабул кунанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2030
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, №1093
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 452
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО 
БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси   Олии   Ҷумҳурии   Тоҷикистон,   с.  1998,   №22,  мод.  303, мод. 304; с. 2006,   №4, мод. 196;  с. 2008,  №3,  мод.  201; с.  2010,  №7,  мод.   546;  с.   2011, №3,   мод.   177,   №12, мод.   855;   с.   2013,   №3,  мод.   195;  с. 2015,   №11,  мод.  960; с. 2016, №3, мод.  143, №11, мод. 881; с. 2017, №1-2, мод. 18), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Кодекс калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
2. Ба қисми 1 моддаи 127 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- шахсоне, ки бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят якумра аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти омӯзгорӣ ва ё ишғоли мансабҳое, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ доранд, маҳрум карда шудаанд;». 
3. Ба моддаи 145 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- шахси фарзандхондкарда бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят якумра аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти омӯзгорӣ ва ё ишғоли мансабҳое, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ доранд, маҳрум шуда бошад;».
4. Ба қисми 2 моддаи 148 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- шахсоне, ки бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят якумра аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти омӯзгорӣ ва ё ишғоли мансабҳое, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ доранд, маҳрум карда шудаанд;». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2031
Қарори Маҷлиси   намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 ноябри соли 2023, №1163
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 453
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи  1.  Ба Кодекси  тандурустии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  30 майи  соли  2017  (Ахбори  Маҷлиси   Олии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон,              с. 2017, №5, қ. 1, мод. 270; с. 2021, №1-2, мод. 12) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- аз сархати ҳафтум калимаҳои «тавассути ширкатҳои фарматсевтӣ ва ё намояндагии онҳо» хориҷ ва калимаҳои «мутахассисони соҳаи тандурустӣ» ба калимаи «онҳо» иваз карда шаванд;
- сархати наваду ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- фаъолияти тиббӣ - фаъолияти касбӣ оид ба расондани кумаки тиббӣ, гузарондани экспертизаи тиббӣ, муоинаи тиббӣ, шаҳодаткунонии тиббӣ, чорабиниҳои санитарӣ-зиддиэпидемикӣ ва фаъолияти касбии ба пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳо, гардиши хуни донорӣ ва (ё) ҷузъҳои он алоқаманд бо мақсадҳои тиббӣ;».
2. Дар сархати сеюми моддаи 6 калимаи «лоиҳаҳои» ба калимаи «лоиҳаи» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 40:
- дар номи модда калимаҳои «гирифтани товони» ба калимаи «ҷуброни» иваз карда шаванд;
- дар матни модда калимаҳои «гирифтани товони зарар» ба калимаҳои «ҷуброни зараре, ки ба саломатии онҳо расонда шудааст» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 48:
- дар сархати чоруми қисми 1 калимаи «пардохти» ба калимаи «ҷуброни» иваз карда шавад; 
- дар қисми 2:
- дар сархати ҳаштум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- барои дастрас намудани дору аз дорухонаи мушаххас тавсия диҳанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2032Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 ноябри соли 2023, № 1154
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 454
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи фарҳанг танзим менамояд. 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) фарҳанг – маҷмуи арзишҳои моддию маънавӣ, ки ба рушди маънавӣ, қонеъ гардондани завқу ҳиссиёти зебоипарастии шахс ва ташаккули шахсият равона гардидаанд;
2) фаъолияти эҷодӣ – намуди фаъолияти фарҳангӣ, ки ба офаридан, ташаккул, таҷдид, тарғибу оммавигардонии арзишҳои фарҳангӣ равона гардидааст;
3) фаъолият дар соҳаи фарҳанг – фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба эҷоду ташаккул, ҳифз, эҳё ва татбиқи арзишҳои фарҳангӣ нигаронида шудааст;
4) объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ – объектҳо ё ашёҳои таърихии фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, ки аҳаммияти таърихӣ, илмӣ ва арзиши умумибашарӣ, умумимиллӣ ё маҳаллӣ доранд; 
5) сарватҳои таърихию фарҳангӣ – арзишҳои маънавӣ ва ашёҳои моддии дорои арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, илмию маърифатӣ, бадеӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ, ки арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд;
6) сарватҳои фарҳанги миллӣ – арзишҳои фарҳангӣ, ки дорои аҳаммияти таърихию фарҳангӣ буда, ба Феҳристи ягонаи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда шудаанд;
7) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи фарҳанг амалӣ намуда, раванди фарҳангиро дар муассисаҳои соҳаи фарҳанг, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон назорат менамояд;
8) иттифоқҳои эҷодӣ – иттиҳодияи ҷамъиятии кормандони касбии эҷодии як ё якчанд равияҳои фарҳангӣ, ки дар асоси узвият ва ихтиёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбанд;
9) мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмуи арзишҳои фарҳангӣ, ки аҳаммияти миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ ва маънавию ахлоқӣ дошта, сарвати умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд; 
10) мероси фарҳанги миллӣ – маҷмуи арзишҳои фарҳангӣ, ки аз нигоҳи аҳаммияти таърихию фарҳангӣ дорои дараҷаи махсуси арзиши миллӣ мебошанд; 
11) мероси фарҳанги ғайримоддӣ – анъанаҳои миллӣ, ҷашну маросим, муҳтавою моҳияти адабиёт ва воситаҳои шифоҳии ифодаи онҳо (забон, фолклор, урфу одат, донишу малака), ки ба ашёву ҳунарҳои бадеии халқӣ ва падидаҳои ба табиат алоқаманд вобастагӣ доранд;
12) муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг – муассисаҳои таълимӣ,  новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки раванди таълиму тарбияро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барномаҳои таълимиро дар соҳаи фарҳанг амалӣ менамоянд;
13) муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии соҳаи фарҳанг - муассисаҳое, ки доир ба рушди самтҳои мухталифи соҳаи фарҳанг корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ–методиро ба анҷом мерасонанд;
14) муассисаҳои консертӣ – муассисаҳое, ки барои ташкил ва гузаронидани консертҳо, тарғиби мусиқӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва чорабиниҳои дигари фарҳангию оммавӣ масъул мебошанд;
15) бойгонӣ - муассиса ё воҳиди сохтории мақомоти давлатӣ, корхона ва ташкилот, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро ба амал мебарорад; 
16) воситаҳои ахбори омма – матбуоти даврӣ, агентиҳои иттилоотӣ, телевизиону радио, инчунин кинохроникаҳо, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ, ки тавассути интишор, эфир ё кабел мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мешаванд; 
17) китобхона – муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ, ки  дорои фонди муташаккили адабиёт, ҳуҷҷатҳо ва маводи дигари маънавӣ буда, онҳоро барои истифодаи муваққатӣ ба истифодабарандагон пешниҳод менамояд, инчунин хизматрасониҳои дигари китобдориро ба анҷом мерасонад; 
18) кино – соҳаи фарҳанг ва санъат, ки маҷмуи фаъолияти касбӣ, эҷодӣ, истеҳсолӣ, илмӣ, техникӣ, таълимӣ ва иттилоотии ба офаринишу истифодаи филмҳо нигаронидашударо дар бар мегирад;
19) нашриёт – муассисае, ки маҳсулоти чопиро интишор менамояд, аз ҷумла ҷиҳатҳои ташкилӣ, забонӣ, молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва таъминоти дигари интишори онро ба уҳда дорад;
20) осорхона – муассисаи ғайритиҷоратии фарҳангӣ, ки бо мақсади дарёфт, бақайдгирӣ, гурӯҳбандӣ, барқароркунӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва намоиши оммавии ашё ва коллексияҳои таърихию фарҳангӣ таъсис дода мешавад; 
21) сирк – муассисае, ки ба санъати намоишӣ, басаҳнагузорӣ ва намоиши қобилияти фавқулодаи инсон, зебогии ҷисм, рамзи ҷасорату шуҷоат машғул мебошад;
22) театр – муассисае, ки фаъолияти асосии он офаридан ва ба тамошобин ба таври зинда иҷро ва пешниҳод намудани намоишномаҳои театрӣ ва дигар намоишномаҳо мебошад;
23) телевизион ва радиошунавонӣ – муассисае, ки пахши барномаҳо ва ахборро бо истифода аз шабакаҳои кабелӣ, ноқилӣ, моҳворавӣ, бисёрканалаи рақамӣ, компютерӣ, аз ҷумла шабакаи байналмилалӣ ва дигар шабакаҳо ба роҳ мемонад;
24) корманди соҳаи фарҳанг – шаҳрванде, ки дар муассиса ё воҳиди сохтори мақомоти давлатӣ дар эҷод, ташаккул, татбиқ, ҳифз ва рушди арзишҳои фарҳангӣ саҳм гузошта, дар ҳамин соҳа кору фаъолият мекунад;
25) корманди касбии эҷодӣ – шахси воқеӣ, ки фаъолияти касбиаш ба эҷод ва ташаккули арзишҳои бадеӣ, таҷдид ё тафсири асарҳои бадеӣ ва санъат равона мегардад; 
26) ҳунарҳои бадеии халқӣ – яке аз шаклҳои эҷодиёти халқӣ, фаъолият оид ба офаридани маснуоти бадеии таъиноташон манфиатрасон ва ё ороишӣ буда, дар асоси эҷодкунии инфиродӣ ва дастҷамъона  рушд  додани анъанаҳои мероси санъати халқӣ дар маҳалли муайян дар раванди меҳнати эҷодкоронаи дастӣ ва ё механиконидашудаи устоҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ амалӣ гардонда мешаванд;
27) чорабиниҳои намоишии фарҳангию оммавӣ – чорабиниҳое, ки бахшида ба таҷлили ҷашну тантанаҳо, санаҳои таърихӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, фестивалҳо, намоишҳо, озмунҳо ва ҷовидон гардонидани хотираи арбобони шинохтаи сиёсию давлатӣ, фарҳангию илмӣ ва ҷамъиятӣ дар сатҳи маҳал, минтақа, вилоят, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ баргузор карда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фарҳанг
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фарҳанг ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. 
Моддаи 3. Доираи  амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур фаъолият дар соҳаи фарҳангро дар самтҳои зерин танзим менамояд:
1) кашф, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ;
2) адабиёти бадеӣ, кинематография, санъати саҳнавӣ, рақсӣ, мусиқӣ, тасвирӣ, суратгирӣ ва дигар намуду навъҳои (жанрҳои) санъат;
3) касбу ҳунари бадеии халқӣ, намудҳои фарҳанги халқӣ, забонҳо, лаҳҷаҳо, эҷодиёти шифоҳии халқ (фолклор), анъанаву маросим, номи мавзеъҳои таърихӣ;
4) эҷодиёти бадеии ҳаваскорон;
5) кори осорхона, ҷамъоварӣ ва гурӯҳбандӣ  кардани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ;
6) табъу нашри китоб, фаъолияти китобдорӣ ва фаъолияти дигари фарҳангӣ, ки ба эҷоду ташвиқи китоб ва истифодаи он вобаста аст, инчунин фаъолияти муассисаҳои бойгонӣ; 
7) телевизион, радио ва дигар воситаҳои намоишу шунавонидан дар мавриди офаридан ва густариши сарватҳои фарҳангӣ;
8) тарбияи зебоипарастӣ (эстетикӣ), маълумоти бадеӣ, фаъолияти омӯзгорӣ дар ин соҳа;
9) таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи фарҳанг;
10) табодули байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг;
11) истеҳсоли мавод, таҷҳизот ва воситаҳои дигари марбут ба нигоҳ доштан, офаридан, интишор ва азхудкунии сарватҳои фарҳангӣ;
12) фаъолияти дигаре, ки тавассути он сарватҳои фарҳангӣ эҷод, ҳифз ва азхуд карда мешаванд.
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Давлат бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг  
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг аз принсипҳои зерин иборат аст: 
1) иштироки озодонаи шаҳрвандон дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа;
2) кафолати қонеъгардонии талаботи фарҳангии шаҳрвандон ва таъмини ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар соҳаи фарҳанг;
3) дастгирии шахсиятҳои боистеъдод дар соҳаи фарҳанг;
4) эҳтиром, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
5) дастгирии давлатии соҳаи фарҳанг, ҳифз, рушд ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик ва дигар халқу ақалиятҳои миллие, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;
6) мусоидат ба рушди хусусиятҳои умумимиллӣ, илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи фарҳанг;
7) дастрасии шаҳрвандон ба арзишҳо ва сарватҳои фарҳангӣ;
8) таъмини фаъолияти озоди эҷодӣ, баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар самти эҷод, истифода, интишори арзишҳо ва сарватҳои фарҳангӣ; 
9) ташаккул ва рушди эҷодиёти шифоии халқ (фолклор), анъана, ҷашну маросимҳо;
10) таъмини ҳамгироии фарҳанги халқи тоҷик бо фазои фарҳангии ҷаҳонӣ, пешниҳоди кафолатҳои ҳуқуқӣ бо мақсади нигоҳдории мероси таърихии халқи тоҷик, ҷамъиятҳои этникӣ, рушд ва таҷдиди иқтидори эҷодии ҷомеа; 
11) эҳё ва ҳифзи намунаҳои фарҳанги халқӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ;
12) таъмини ҷанбаи демократӣ ва давлатию ҷамъиятӣ доштани идоракунии соҳаи фарҳанг; 
13) ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои дигари ба пешбурди фаъолият дар соҳаи фарҳанг алоқаманд;
14) пешгирӣ ва бартараф намудани тамоилҳои инҳисорӣ дар самтҳои фаъолият дар соҳаи фарҳанг;
15) дастгирии давлатии иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ дар татбиқи фаъолият дар соҳаи фарҳанг.
Моддаи 6. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, таҳсилот, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк ва хусусияти касбу кор ҳуқуқ доранд:
1) мутобиқ ба қобилият ба ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодӣ, тавассути интихоби мустақилонаи соҳаҳою шаклҳои татбиқи он, гирифтани таҳсилоти босифат, такмили истеъдод, маҳорат ва малака машғул шаванд;  
2) фаъолияти эҷодии худро дар асосҳои касбӣ ва ғайрикасбӣ (ҳаваскорӣ) амалӣ намоянд; 
3) новобаста аз фаъолияти касбӣ ва ғайрикасбии (ҳаваскорӣ) эҷодӣ аз ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ, озодии истифодабарии маҳсули меҳнати худ аз дастгирии давлатӣ истифода намоянд; 
4) намоиш ва фурӯши маҳсули фаъолияти эҷодии худро дар дохил ва хориҷи мамлакат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намоянд;
5) сарватҳои таърихиву фарҳангӣ, китобхонаҳо, осорхонаю бойгониҳои давлатиро озодона истифода намоянд;
6) молики молу мулки дорои аҳаммияти таърихиву фарҳангӣ, биноҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва объектҳои дигари таърихиву фарҳангӣ бошанд; 
7) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг ташкилот, муассисаю корхона, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои дигар таъсис диҳанд ва вазифаи миёнаравиро дар соҳа амалӣ намоянд;
8) аз имкониятҳои дигар дар соҳаи фарҳанг мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
2. Ҳуқуқи дастрасии шаҳрвандон ба арзишҳои фарҳангӣ таъмин карда мешавад, агар бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии махсус ба объектҳои муайяни мероси фарҳанги миллӣ маҳдуд нагардида бошад.
Моддаи 7. Уҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд:
1) нисбат ба мерос, сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳифзу нигоҳдории онҳо бомасъулият буда, муносибати ғамхорона зоҳир намоянд; 
2) фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, урфу одат, ҷашну маросимҳои халқи тоҷик, гурӯҳҳои этникӣ ва забонҳои дигарро эҳтиром намоянд;
3) ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки боиси вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ мегарданд, роҳ надода, тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои муқаррарнамударо дар ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои намоишии фарҳангӣ ва чорабиниҳои дигари оммавӣ риоя намоянд; 
4) ба ҷойҳои гузарондани чорабиниҳои намоишии оммавӣ маводҳои сахттаъсири мадҳушкунанда ва моддаҳои дигар, ки истифодаи онҳо метавонад ба ҳаёт ва саломатии одамон зарар расонад ва ё хавфнок бошад, бо худ наоранд;
5) ба саҳна, майдон, тахтасуфа, чуқурии оркестр, инчунин макони ҷойгиршавии тамошобинон ҳангоми гузарондани чорабиниҳои  намоишии оммавӣ ҳар гуна ашёи ба ҳаёт ва саломатии инсон хавфнокро напартоянд;
6) ба истифодаи шиору овезаҳо, рамзҳо ва ашёҳои аёнии дигар, ки ба барангехтани низоъҳои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, маҳалгароӣ ва авлодӣ равона гардидаанд, инчунин ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми гузарондани чорабиниҳои намоишии оммавӣ поймол мекунанд, роҳ надиҳанд.
Моддаи 8. Кафолати  давлатии шаҳрвандон  дар соҳаи фарҳанг
1. Ба шаҳрвандон ҳуқуқи фаъолият намудан дар соҳаи фарҳанг тавассути фароҳам овардани имконияти баробари иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, гирифтани таҳсилоти босифати тахассусӣ, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти худ кафолат  дода мешавад.
2. Мақомоти давлатӣ барои тарғиби мероси фарҳанги миллӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои фарҳангӣ мусоидат намуда, барои таъмини хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд зимни дастрасӣ ба истифодаи чорабиниҳои фарҳангӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд.  
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ
Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг 
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг; 
2) тасдиқ намудани дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг;
3) муайян намудани тартиби тағйири ҷой, нусхабардорӣ намудан ва таъмири объектҳои дорои арзиши махсуси таърихӣ ва фарҳангӣ;
4) тасдиқ намудани феҳристҳои ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг; 
5) таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои давлатии сатҳи ҷумҳуриявии соҳаи фарҳанг;
6) муайян намудани меъёрҳои ҳадди ақали маблағгузории соҳаи фарҳанг, тартиби маблағгузории муассисаҳои давлатии соҳаи фарҳанг; 
7) тасдиқ намудани тартиб ва шартҳои ба муассисаҳои давлатии соҳаи фарҳанг ва дастаҳои алоҳидаи касбии бадеию эҷодӣ додани мақоми «ҷумҳуриявӣ», «миллӣ» ва «академӣ»;
8) муайян намудани андозаи музди меҳнат, маоши вазифавӣ, меъёрҳо ва тартиби пешниҳоди имтиёзҳо, грантҳо, ҷоизаҳо ва стипендияҳо барои кормандони муассисаҳои соҳаи фарҳанг;
9) ташкил ва татбиқи таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ дар соҳаи фарҳанг, расонидани ёрии методӣ барои пешбурди фаъолият дар соҳаи фарҳанг барои муассисаҳои фарҳангӣ ва дигар субъектҳои фаъолияти фарҳангӣ;
10) таъмини рушди фарҳанг дар муҳити ҳаёти деҳот, аз ҷумла тавассути ҷойгиркунонии самараноки муассисаҳои фарҳангӣ;
11) ҳавасмандгардонии субъектҳои фаъолияти фарҳангӣ, ки дар инкишоф ва паҳнсозии арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи мутахассисон саҳм мегузоранд;
12) мусоидат ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13) ташаккул ва инкишофи муҳити рақобатпазир дар соҳаи фаъолияти эҷодӣ;
14) ташкили воситаҳои ахбори омма, ки ба тарғибу оммавигардонии дастовардҳои соҳаи фарҳанг ва тарбияи завқи зебоипарастии ҷомеа равона гардидаанд;
15) танзими аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун баровардан  ва ба ҳудуди он воридсозии арзишҳо ва сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда;
16) тарбия ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи фарҳанг вобаста ба талаботи соҳа дар дохил ва хориҷи мамлакат;
17) тасдиқ намудани низомномаҳои намунавии муассисаҳои соҳаи фарҳанг;
18) тасдиқ намудани қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи фарҳанг;
19) тасдиқ намудани қоидаҳои аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг;
20) тасдиқ намудани низомномаи намунавии комиссия оид ба муваққатан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ; 
21) амалӣ намудани салоҳияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дохил мешаванд:
1) иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг;
2) таҳияи пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг;
4) амалӣ намудани барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг;
5) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани феҳристҳои ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг; 
6) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани чорабиниҳо вобаста ба ҳифз, баҳисобгирӣ, консерватсия, азнавбарқароркунӣ ва истифодаи мақсадноки сарватҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин ҷовидон гардондани хотираи ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ; 
7) муайян ва тасдиқ намудани тартиби ягонаи ҷамъоварии маълумоти омории соҳаи фарҳанг;
8) муайян намудани қоидаҳои баҳисобгирии гурӯҳҳои ҳунарӣ, ансамблҳо, ҳунармандони алоҳида, продюсерон, марказҳои продюсерию эҷодӣ; 
9) дастгирӣ ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти муассисаҳои давлатии дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ дар соҳаи фарҳанг оид ба рушди осорхона, фаъолияти китобдорӣ, мусиқӣ, санъати театрӣ, кинематография ва ҳунарҳои бадеии халқӣ;
10) таҳия ва тасдиқ намудани низоми ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи фарҳанг; 
11) тасдиқ намудани қоидаҳои тартиби мониторинг, баҳодиҳии фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳанг; 
12) тасдиқ намудани тартиби ҷобаҷогузории мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии соҳаи фарҳангро хатм менамоянд;
13) тасдиқ намудани  қоидаҳои ташкил ва баргузории фаъолияти сафарҳои ҳунарӣ; 
14) бақайдгирии давлатӣ ва муайян кардани тартиби истифодаи мероси фарҳанги миллии дар хориҷи кишвар ҷойдошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
15) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби ба китобхонаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ додани мақоми «марказӣ»;
16) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низомномаҳои намунавии муассисаҳои соҳаи фарҳанг;
17) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани қоидаҳои гузарондани аттестатсияи кормандони соҳаи фарҳанг;
18) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани қоидаҳои аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг;
19) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низомномаи намунавии комиссия оид ба муваққатан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ; 
20) аттестатсияи кормандони соҳаи фарҳанг, баҳогузории маҷмуӣ ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳанг; 
21) тасдиқ намудани тартиби ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории фонди осорхонавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
22) таъсис додани шуроҳои соҳавии бадеӣ-экспертӣ ва тасдиқ намудани низомномаи онҳо;
23) амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳо оид ба ҷустуҷӯ ва дастгирӣ намудани ҷавонони болаёқат ва дастаҳои ҳаваскорӣ ва худфаъолияти фарҳангӣ;
24) ҳамоҳанг ва амалӣ сохтани сиёсати репертуарӣ дар самти санъати мусиқӣ, театрӣ ва дигар соҳаҳои фарҳанг;
25) таҳия ва дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ намудани қоидаҳои хизматрасонии пулакӣ оид ба пешниҳоди (фурӯши) мол, кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг;
26) пешниҳоди дархостҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохил намудани ҷузъҳои мероси фарҳанги ғайримоддии  халқи тоҷик ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО, ки ба ҳифзи фаврӣ ниёз доранд;
27) ҳамоҳангсозии фаъолияти байнисоҳавии илмӣ ва илмию техникӣ бо мақсади амалӣ намудани консепсияҳо, барномаҳо, лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ, технологию коммуникатсионӣ; 
28) ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робита бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг;
29) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 11. Ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи фарҳангӣ доранд
Ба ваколатҳои вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сохтори худ муассисаи фарҳангӣ доранд, дохил мешаванд:
1)  дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг тасдиқ намудани оинномаи муассисаи соҳаи фарҳанги тобеъиятдошта;
2) тасдиқ намудани барномаҳо оид ба рушди муассисаҳои соҳаи фарҳанги тобеъиятдошта;
3) ҳамоҳангсозии кори муассисаи соҳаи фарҳанг, новобаста ба тобеияти идоравӣ, дар ташкили фаъолият дар соҳаи фарҳанг;
4)  ба роҳ мондани тартиби такмили ихтисос ва аз аттестатсияи давлатӣ гузаштани кормандони муассисаҳои фарҳангии тобеи худ бо иштироки намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг;
5) андешидани чораҳо барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг;
6) муҳайё намудани шароит барои барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ; 
7) ба роҳ мондани озмуни фармоишҳои эҷодӣ ва фарҳангӣ тибқи тартиби муқарраршуда;
8) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
 Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дохил мешаванд:
1)  дастгирии муассисаҳои маҳаллии соҳаи фарҳанг;
2) таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсадноки маҳаллӣ оид ба рушди соҳаи фарҳанг;
3) пешниҳод намудани таклифҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг барои ба Феҳристи ягонаи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид намудани ёдгориҳои дорои аҳаммияти таърихию фарҳангӣ; 
4) баҳисобгирӣ, ҳифз, консерватсия, азнавбарқароркунӣ, истифода бурдани сарватҳои таърихию фарҳангии минтақа ва шаҳру ноҳия; 
5) ҷовидон гардондани хотираи ходимони намоёни кишвар дар соҳаи фарҳанг; 
6) амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳо оид ба ҷустуҷӯ ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва дастаҳои эҷодию ҳунарӣ;
7) риоя намудани тарзи махсуси нигоҳдории объектҳо ва сарватҳои миллии фарҳангӣ;
8) ҷалб намудани иттифоқҳои эҷодӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар корҳои тарғиботӣ оид ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
9) таъсис додани фонди рушди фарҳанг дар маҳал;
10) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунӣ дар соҳаи фарҳанг
Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунӣ дар соҳаи фарҳанг дохил мешаванд:
1) ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳанг, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд;
2) пешбурди ҳисоботи оморӣ ва пешниҳоди онҳо ба мақомоти болоӣ;
3) таъин ва озод намудани  роҳбарони муассисаҳои соҳаи фарҳанг, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
4) ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг тавассути шабакаи кабинетҳои методӣ;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи фарҳанг
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи фаъолияти худ ваколатҳои зеринро доро мебошанд:
1) муассисаҳои маҳаллии соҳаи фарҳангро дастгирӣ менамоянд;
2) барои беҳтар намудани раванди кори муассисаҳои фарҳангӣ ва шароити моддию маишии кормандони соҳаи фарҳанг мусоидат менамоянд;
3) барои беҳтар шудани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи фарҳанг чораҳо меандешанд;
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
БОБИ 3. ҲУҚУҚУ  УҲДАДОРИҲОИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ФАРҲАНГ
Моддаи 15. Ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони соҳаи фарҳанг 
1. Кормандони соҳаи фарҳанг ҳуқуқ доранд:
1) бо мақсади амалисозии фаъолияти эҷодӣ аз хизматрасонии муассисаҳои соҳаи фарҳанг истифода баранд; 
2) шахсони дигарро ба фаъолияти худ ҷалб кунанд;
3) ба иттифоқҳои эҷодӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тибқи завқи эҷодӣ ва касбӣ дохил шаванд;
4) дар соҳаи эҷодиёти бадеии халқӣ фаъолият намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махфияти касбиашонро ҳифз ва натиҷаи меҳнаташонро озодона ихтиёрдорӣ намоянд; 
5) бо мақсади амалисозии фаъолияти касбӣ бо шароити мусоид таъмин карда шаванд; 
6) ташаббус ва таҷрибаи пешқадами худро дар амал татбиқ намоянд;
7) шаклу усулҳои самарабахши фарҳангиро интихоб ва татбиқ намоянд;
8)  барои такмили маҳорати касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рухсатии эҷодӣ истифода намоянд.
2. Кормандони соҳаи фарҳанг уҳдадоранд:
1) низомнома, оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
2) маълумотро вобаста ба фаъолияти эҷодӣ, ки фош ё гум кардани он ба манфиати касбии онҳо зарар мерасонад, ҳифз намоянд; 
3) шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд;
4) сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд;
5) фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии худро таҳким бахшанд;
6) барои такмил ва рушди маҳорати касбии худ шароит муҳайё намоянд;
7) метавонанд дорои ҳуқуқу уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
Моддаи 16. Имтиёзҳои кормандони соҳаи фарҳанг 
1. Давлат барои корманди соҳаи фарҳанг шароити мусоид муҳайё намуда, ба онҳо имтиёзҳоро кафолат медиҳад. Кормандони соҳаи фарҳанг дорои чунин имтиёзҳо мебошанд: 
1) барои меҳнати шоиста ва дастовардҳо дар фаъолияти касбӣ бо мукофотҳои давлатӣ, соҳавӣ ва намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ сарфароз гардонда шаванд;
2) ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштан ва бе нигоҳ доштани музди меҳнат, рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бароянд;
3) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳхатҳои муассисаҳои табобатию истироҳатӣ истифода намоянд;
4) хонаи истиқоматиашонро, ки дар фонди давлатӣ ё ҷамъиятии манзил қарор дорад, дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол дар соҳа, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ намоянд;
5)  имтиёзҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Ба кормандони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг имтиёзҳои ба кормандони соҳаи маориф баробаркардашуда дода мешаванд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо ва муассисаҳо метавонанд аз ҳисоби захираҳои дохилии худ барои кормандони соҳаи фарҳанг имтиёзҳои иловагиеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, муайян намоянд. 
4.  Кормандони муассисаҳои ғайридавлатӣ дар соҳаи фарҳанг аз имтиёзҳое, ки барои кормандони муассисаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар истифода бурданро доранд.
БОБИ 4. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ
Моддаи 17. Фаъолият дар соҳаи фарҳанг
Фаъолият дар соҳаи фарҳанг тавассути эҷод, таблиғ, паҳн намудан, истифода ва ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла онҳое, ки фаъолияти эҳсонкориро амалӣ менамоянд, ба воситаи муассисаҳои фарҳангӣ ва муассисаҳои дигари дахлдор анҷом дода мешавад. 
Моддаи 18. Субъектҳои фаъолияти фарҳангӣ
Субъектҳои фаъолияти фарҳангӣ фаъолияти худро дар шакли дастаҷамъӣ ё инфиродӣ, давлатӣ, ғайридавлатӣ ва муштарак амалӣ менамоянд. Субъектҳои фаъолияти фарҳангӣ инҳо мебошанд: 
1) ташкилотҳои давлатӣ  ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг;
2) шаҳрвандон, аз ҷумла кормандони соҳаи фарҳанг, кормандони эҷодӣ, эҳсонкорон, соҳибкорон;
3) муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳои пешбаранда  ва татбиқкунандаи фаъолият дар соҳаи фарҳанг;
4) дастаҳои ҳунарӣ, ки дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ намебошанд;
5) иттифоқҳои эҷодӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фарҳанг;
6) ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) дигар шахсони ҳуқуқие, ки ба ҳифз, инкишоф ва паҳнсозии осори фарҳангӣ машғуланд. 
Моддаи 19.  Фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ
1. Барои татбиқи фаъолият дар соҳаи фарҳанг муассисаҳои фарҳангӣ таъсис дода мешаванд. Вазифаи асосии муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ - қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа мебошад.
2. Фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ба самтҳои зерин равона карда мешавад:
1) нигоҳдорӣ ва таблиғи санъати халқӣ, анъанаю маросимҳои этникии фарҳангӣ, мутобиқгардонии онҳо ба шароити муосири таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ;
2) ташкил намудани ҷашнҳо, консертҳо, муаррифиҳо, фестивалу озмунҳо, намоиши амалии санъати мусиқӣ ва тасвирӣ; 
3)  тарғиб намудани дастаҳои ҳунарӣ, падидаҳои нав ба воситаи иштирок дар ҷашнҳо, озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва минтақавӣ. 
Моддаи 20. Мақоми муассисаҳои соҳаи фарҳанг
1. Фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳангро оинномаи онҳо танзим намуда, тартиби таҳия ва татбиқи онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 
2. Низомномаи намунавии муассисаҳои соҳаи фарҳанг аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
3. Ба муассисаҳои соҳаи фарҳанг, дастаҳои касбии бадеӣ ва эҷодӣ, ки фаъолияти онҳо дар соҳаи фарҳанг дорои аҳаммияти махсуси давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад, мумкин аст мақоми «миллӣ» дода шавад. Мақоми «миллӣ» бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.  
4. Ба муассисаҳои соҳаи фарҳанг, дастаҳои касбии бадеӣ ва эҷодӣ, ки фаъолияти онҳо дар соҳаи фарҳанг назаррас мебошад, барои саҳми намоён дар ташаккул, рушд ва таблиғи фарҳангу санъати миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми «академӣ» дода мешавад. 
5. Низомномаҳои намунавии муассисаҳои соҳаи фарҳанг, ки дорои мақоми «ҷумҳуриявӣ», «миллӣ» ва «академӣ» мебошанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6. Ба китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ки ба ташаккул, нигоҳдорӣ ва ба истифода додани маҷмуаҳои универсалии ҳуҷҷатҳо, ташкил намудани истифодаи муштараки захираҳои китобхонаҳо машғуланд ва ба китобхонаҳои дигари тобеашон ёрии методӣ мерасонанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг мақоми «марказӣ» дода мешавад.
Моддаи 21. Муассисаҳо,  корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳаи фарҳанг
1. Ба муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
1) муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг;
2) муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
3) китобхонаҳо;
4) осорхонаҳо;
5) хона-музейҳо;
6) қасрҳои (кохҳои) фарҳанг;
7) хонаҳои фарҳанг;
8) фарҳангсаройҳо (клубҳо);
9) марказҳои фарҳангию фароғатӣ;
10) боғҳои фарҳангию фароғатӣ;
11) театрҳо (касбӣ, халқӣ);
12) филармонияҳо (давлатӣ, мардумӣ);
13) сирк;
14) мамнуъгоҳҳо;
15) осорхона-мамнуъгоҳҳо;
16) муассисаҳои табъу нашр;
17) воситаҳои ахбори омма;
18) амфитеатрҳо;
19) оркестрҳо;
20) ансамблҳо;
21) гурӯҳҳои эҷодӣ;
22) бойгониҳо;
23) кинотеатрҳо;
24) хонаҳои кино;
25) киносалонҳо;
26) толори намоишгоҳҳо;
27) марказҳои дизайнерӣ;
28) муассисаҳои таҳқиқотӣ ва тармимӣ;
29) минтақаҳои фарҳангии таърихӣ;
30) марказҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ;
31) марказҳои миллии фарҳангӣ;
32) студияҳо;
33) галереяҳои санъати тасвирӣ;
34) устохонаҳои эҷодӣ;
35) устохонаҳои тармими асбобу иншооти таърихию фарҳангӣ.
2. Муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳаи фарҳанг танҳо дар сурати мавҷуд будани заминаи моддию техникӣ мутобиқ ба меъёрҳои хизматрасонии фарҳангии аҳолӣ таъсис дода мешаванд.
Моддаи 22. Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии муассисаҳои соҳаи фарҳанг
1. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода шуда, дар ин раванд бояд асосҳои зерин ба инобат гирифта шаванд: 
1) намудҳои муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар асоси мансубияташон ба сохторҳои низоми фарҳанг муайян карда мешавад;
2) муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар соҳаи фарҳанг, ки мақоми маҳаллӣ доранд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг таъсис дода шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузаранд;
3) барҳамдиҳии муассисаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг танҳо бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг амалӣ карда мешавад.
2. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг аз рӯи шакли ташкилёбӣ ва моликияташон метавонанд давлатӣ, хусусӣ, муштарак ва аз рӯи мақсади фаъолияташон тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ бошанд. 
Моддаи 23. Муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг
1. Муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таълиму тарбияро дар соҳаи фарҳанг ба роҳ монда, барномаҳои таълимиро дар соҳаи мазкур амалӣ менамоянд.
2. Муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг метавонанд ба сафи донишҷӯён довталабонеро қабул намоянд, ки дар соҳаи фарҳангу ҳунар истеъдоди нодиру қобилияти фавқулода доранд, ё худ ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд.  
Моддаи 24. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳаи фарҳанг 
1. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳаи фарҳанг дар асоси барномаю лоиҳаҳо самтҳои гуногуни фарҳанги миллӣ ва фарҳанги ақаллиятҳои миллию этникии сокини Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш ва таҳқиқоти илмӣ қарор медиҳанд.
2. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ метавонанд дар самти омӯзиш ва пажуҳиши фарҳанги миллӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ бо муассисаҳои илмии хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, аз грантҳои байналмилалӣ бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг истифода баранд.
Моддаи 25. Муассисаҳои табъу нашр
1. Муассисаҳои табъу нашр  интишори маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла масъалаҳои  ташкилӣ, молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва таъминоти дигари вобаста ба онро ба уҳда доранд.
2. Мақсади фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ қонеъ намудани талаботи маънавии шахс, ҷомеа ва давлат, мусоидат намудан ба рушди фарҳанги миллӣ бо роҳи афзоиши номгӯй, адади нашр ва ҳаҷми маҳсулоти чопӣ, инчунин баланд бардоштани фарҳанги аҳли ҷомеа тариқи дастрасӣ ба маҳсулоти чопӣ, муаррифии арзишҳои башардӯстона ва тарҷумаю чоп кардани асарҳои машҳури адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ таъсис диҳанд. 
Модаи 26. Муассисаҳои консертӣ 
1. Муассисаҳои консертӣ маҷмуи  чорабиниҳоро бо мақсади фароҳам овардани  шароит барои  намоиши оммавии асарҳои адабиёт ва санъат, тарғиби дастаҳои бадеӣ ва ҳунармандони алоҳида анҷом медиҳанд. Намудҳои муассисаҳои консертӣ инҳоянд:
1) филармония;
2) ансамбл;
3) оркестр;
4) хона ва қасрҳои фарҳанг;
5) дигар муассисаҳои фарҳангӣ, ки фаъолияти мазкурро амалӣ менамоянд.
2. Вазифаи асосии муассисаҳои консертӣ тарбияи завқу ҳиссиёти  зебоипарастию тарғиби мусиқӣ, таъмини шароит барои эҷоди барномаю баромадҳо ва намоишҳои баландмазмун, ташкили консертҳои дастаҳои касбии бадеӣ ва ҳунармандони алоҳида, амалисозии фаъолияти бадеӣ-равшаннамоӣ ва рушди мусиқӣ мебошад.
3. Муассисаҳои консертӣ дар фаъолияти эҷодии худ мустақил буда, барномаҳои эҷодӣ пешниҳод менамоянд. Репертуари эҷодии муассисаҳои консертӣ аз ҷониби муассисон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг тасдиқ карда мешавад.
4. Фаъолияти муассисаҳои консертӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 27. Осорхона 
1. Осорхона ҳамчун муассисаи фарҳангӣ бо мақсади нигоҳдорӣ, омӯхтан, намоиши оммавии ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ таъсис дода шуда, тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллиро ба роҳ мемонад.
2. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ашё ва коллексияи осорхонавӣ иборат буда, қисми таркибии мероси таърихию фарҳангии халқи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон осорхонаҳои гуногунсоҳа ва гуногуншакл, аз ҷумла осорхона-мамнуъгоҳҳо ва осорхонаҳои шахсӣ таъсис додан мумкин аст.
Моддаи 28. Сирк
1.  Сирк ҳамчун муассисаи санъати намоишӣ ба тамошобинон қобилияти фавқулода ва рамзи ҷасорату шуҷоати инсонро дар шакли намоиши оммавӣ пешниҳод менамояд.
2.  Мақсади фаъолияти сирк рушд ва тарғиби санъати сирк, ташаккул додани соҳа, татбиқ намудани лоиҳаҳои навоварона ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба санъати сирк ва фароғати онҳо мебошад. 
3. Тартиби фаъолияти муассисаи сиркро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг амалӣ менамояд.
Моддаи 29. Театр
1. Театр ҳамчун муассисаи фарҳангӣ фаъолиятро дар асоси эҷод намудан, ба тариқи мустақим пешниҳод кардани асарҳои драмавӣ, мусиқию драмавӣ, мусиқӣ, хореографӣ, пантомима, ҳаҷвӣ ва тарзи  дигар ба роҳ мемонад. 
2. Мақсади фаъолияти театр рушди санъати театрӣ, ташаккул ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо санъати саҳнавӣ мебошад.
3. Театр, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар интихоби самтҳои бадеӣ, репертуар, эҷод, оммафаҳм намудани асарҳои саҳнавӣ, интихоби равияи эҷодӣ, барнома ва фаъолияти дигари барои рушди босамари эҷодӣ ва истеҳсолӣ зарурӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мустақил мебошад. 
Моддаи 30. Телевизион ва радиошунавонӣ 
1. Муассисаҳои телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ноқилӣ иборатанд, ки аз ҳисоби буҷет ва сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд. 
2. Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, вазъи ҳуқуқии муассисаҳои телевизион ва радиошунавонӣ, инчунин тартиби фаъолияти онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 31. Бойгонӣ 
1. Муассисаҳои бойгонӣ ташкил, бақайдгирӣ, истифода ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро амалӣ менамоянд. Фаъолияти Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2.  Хазинаи бойгонии миллӣ қисми таркибии осори таърихӣ ва фарҳангии ватанию ҷаҳонӣ, инчунин захираи иттилоотии ҷомеа буда, таркиби он аз маҷмуи ҳуҷҷатҳое иборат мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудуди он нигоҳ дошта шудаанд ва таърихи ҳаёти маънавию моддии ҷомеаро инъикос намуда, арзиши илмӣ ва таърихию фарҳангӣ доранд. 
3. Фаъолияти муассисаҳои бойгоние, ки ба низоми нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ осеб мерасонанд ё талаботи бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳоро вайрон мекунанд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад.
Моддаи 32. Китобхона 
1. Китобхона бо мақсади иҷрои (таъмини) вазифаҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ фондҳои муташаккили адабиёт, китоб, ҳуҷҷатҳо, маводҳои дастнавис ва чопӣ, аз ҷумла дар ҳомилҳои электронӣ, маводи графикӣ ва аудиовизуалӣ ташкил намуда, онҳоро барои истифодаи муваққатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд.
2. Фондҳои китобхона, ки дар асоси низоми нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо тартиб дода мешаванд ва инчунин дорои ҳуҷҷатҳои махсуси арзишманд ва нодир мебошанд, мероси миллӣ ҳисобида шуда, метавонанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои  таърихию фарҳангӣ эълон карда шаванд. 
3. Китобхонаҳо дар фаъолияти молиявӣ мустақил буда, маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешаванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона аз худ менамоянд.
Моддаи 33. Кино
1. Кино соҳаи махсуси фарҳанг ва санъат буда, шарти ҳатмии мавҷудияти он инкишофи заминаи эҷодӣ, истеҳсолӣ, таълимӣ, техникӣ, илмӣ ва иттилоотӣ мебошад.
2. Соҳаи асосии фаъолияти муассисаи кино аз истеҳсоли филмҳо, нусхабардорӣ, паҳнкунӣ, намоиши оммавӣ, нигоҳдории филмҳо, рекламаи кино, нашриёти соҳаи кино ва тарғиби санъати кино иборат мебошад.
Моддаи 34. Мақоми шуроҳои бадеии соҳавӣ ва иттифоқҳои эҷодӣ
Бо мақсади мукаммалгардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва мақсаднок ба роҳ мондани фаъолиятҳои эҷодӣ шуроҳои бадеии соҳавӣ ва иттифоқҳои эҷодӣ ташкил карда ва таъсис дода мешавад. 
Моддаи 35. Шуроҳои бадеии соҳавӣ
1. Бо мақсади мукаммалгардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг аз ҷониби мақомоти ваколатдор шуроҳои машваратию маслиҳатӣ вобаста ба самтҳои фаъолияти театрӣ, мусиқӣ, осорхонашиносӣ, санъати тасвирӣ, ноширӣ ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати чунин шуроҳо ходимони намоёни соҳа, олимон, мутахассисон, намояндагони ташкилотҳои эҷодӣ ва таълимӣ дар соҳаи фарҳанг ворид карда мешаванд. 
2. Вазифаи асосии чунин шуроҳо омодасозии пешниҳодҳо барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, баррасии асарҳои эҷодии пешниҳодгардида барои намоиш, дарёфти ҷоиза, мукофот ва дигар шаклҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад. 
3. Шуроҳои соҳавии машваратию маслиҳатӣ фаъолияти худро дар асоси низомномаи намунавӣ дар бораи шурои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардонанд.  
Моддаи 36. Иттифоқҳои эҷодӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фарҳанг
Кормандони касбии эҷодии як ё якчанд равияҳои фарҳангӣ бо мақсади амалисозии фаъолияти эҷодӣ дар соҳаи фарҳанг метавонанд ба иттифоқҳои эҷодӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо шаванд. 
Моддаи 37. Иттифоқҳо, иттиҳодияҳо ва дастаҳои ғайрикасбии (ҳаваскорони) эҷодӣ
1. Иттифоқҳо, иттиҳодияҳо ва дастаҳои ғайрикасбии (ҳаваскорони) эҷодӣ дар соҳаи фарҳанг мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолият менамоянд. 
2. Дастаҳои ғайрикасбии (ҳаваскорони) эҷодӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои соҳаи фарҳанг, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандон таъсис дода шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд.
3. Мақсади асосии иттифоқҳо, иттиҳодияҳо ва дастаҳои  ғайрикасбии (ҳаваскорони) эҷодӣ аз инҳо иборатанд: 
1) ташаккули истеъдодҳо ва коллективҳои эҷодӣ; 
2) баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва эстетикии аҳолӣ;
3) муттаҳид намудани неру ва иқтидорҳои зеҳнии эҷодкорон; 
4) омӯзиши таҷрибаи дастаҳои ҳунарии касбии ватанӣ ва хориҷӣ.
4. Вазифаҳои асосии иттифоқҳо, иттиҳодияҳо ва дастаҳои ғайрикасбии (ҳаваскорони) эҷодӣ аз инҳо иборатанд: 
1) ташкил ва гузаронидани чорабинаҳои оммавии фарҳангӣ ва миллӣ;
2) талқини ғояҳои фарҳанги миллӣ ва волоияти арзишҳои миллӣ;
3) эҳё ва рушди ҳамаҷонибаи ҳунарҳои бадеии халқӣ;
4) тарбия намудан дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва завқи зебоипарастӣ;
5) ташкили маҳфилу чорабиниҳои гуногуни фарҳангию ҳунарӣ; 
6) мусоидат ба рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, дастгирӣ ва тарғиби ташаббусҳое, ки ба рушди дӯстиву ҳамкории ҳамаи миллату халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;
7) мусоидат ба эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ.
5. Аз ҷониби иттифоқҳо, иттиҳодияҳо ва дастаҳои ғайрикасбии (ҳаваскорони) эҷодӣ таблиғ ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. 
Моддаи 38. Ҳамкории муассисаҳои фарҳангии давлатӣ бо ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
1. Бо мақсади истифодаи самараноки молумулки дар ихтиёри муассисаҳои давлатии фарҳангӣ қарордошта, таъмини дастрасии озоди сарватҳои фарҳангӣ ва беҳтар кардани сифати онҳо муассисаҳои фарҳангии давлатӣ метавонанд бо ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. 
2. Самтҳои ҳамкориҳои муассисаҳои фарҳангии давлатӣ бо ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд аз инҳо иборат бошанд:
1) таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла дар самти филмсозӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ба роҳ мондани пажӯҳишҳо ва ғайра;
2) лоиҳакашӣ ва татбиқи корҳо вобаста ба ҳифз, баҳисобгирӣ, консерватсия, азнавбарқароркунӣ ва истифодаи мақсадноки сарватҳои таърихию фарҳангӣ;
3) бастани шартномаҳо оид ба ҷалби маблағгузорӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи фарҳанг;
4) роҳандозии шаклҳои дигари ҳамкорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.  
БОБИ 5. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ
Моддаи 39. Танзими давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
1. Танзими давлатӣ дар соҳаи фарҳанг бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба фарҳанг ва назорати таъмини сифати он амалӣ карда мешавад.
2. Танзими давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ба пешбурди фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳанг нигаронида шуда, сифати амалишавии онро назорат ва идора менамояд.
Моддаи 40. Назорати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
1. Бо мақсади таъмин намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба риояи иҷрои талаботи стандартҳои давлатӣ, нақша ва барномаҳои соҳавӣ назорати давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Назорати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
2. Назорати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
1) иҷозатдиҳӣ барои пешбурди шаклҳои муайяни фаъолият дар соҳаи фарҳанг;
2) мониторинг ва баҳогузории маҷмуӣ ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳанг;
3) ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг;
4) пешниҳоди натиҷаҳои мониторинг ва баҳодиҳӣ оид ба субъектҳои фаъолияти фарҳангӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои андешидани тадбирҳои зарурӣ;
5) баҳодиҳӣ ба риояи муқаррароти нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳудудҳои ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ;
6) маҳдудсозии ҳуқуқи соҳибмулкони (истифодабарандагони) арзишҳои таърихию фарҳангӣ, истифодабарандагони заминҳое, ки дар ҳудуди онҳо объектҳои ғайриманқули фарҳангӣ қарор доранд. Инчунин пешниҳоди тавсияҳо ба онҳо барои бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда;
7) насби тахтачаҳои дорои маълумоти ҳифзшаванда будани объекти мазкур;
8) аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ;
9) назорати ҷорӣ, фосилавӣ ва нақшавӣ.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг барои самаранок ба роҳ мондани назорати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг метавонад комиссияҳои назорати ҷамъиятиро ташкил намояд ва тартиби ташкилу ваколатҳои онҳоро тибқи низомнома муқаррар намояд. 
Моддаи 41. Тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг 
Тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг  дар муассисаҳои таълимӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, гузаронида мешавад:
1)  кормандони соҳаи фарҳанг дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тайёр карда мешаванд;
2)  кормандони соҳаи фарҳанг, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ, ба тарбияи бадеӣ, завқи зебоипарастӣ ва омӯзиш фаро гирифта шуда, дар вақти муайяншуда аз такмили ихтисос мегузаранд;
3) муассисаҳо, иттифоқҳои эҷодӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фарҳанг метавонанд дар таҳия намудани барномаҳои таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос иштирок намоянд;
4) муассисаҳои давлатии соҳаи фарҳанг барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони худ шароити мусоид фароҳам меоранд; 
5) аз такмили ихтисос гузаштани кормандони муассисаҳои ғайридавлатии соҳаи фарҳанг дар асоси шартнома ташкил карда мешавад; 
6) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, муассисаҳои соҳаи фарҳанг, иттифоқҳои эҷодӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои дар хориҷи кишвар тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг мусоидат мекунанд.
Моддаи 42. Аттестатсияи кормандони соҳаи фарҳанг
Бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус ва такмил додани маҳорати касбӣ кормандони соҳаи фарҳанг бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия мегузаранд.
Моддаи 43. Аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг
Аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. 
Моддаи 44. Бақайдгирӣ ва мураттабсозии феҳристҳои ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳангро амалӣ менамояд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба омӯзиши Феҳристи ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг машғуланд, уҳдадоранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дар сурати ошкор гардидани объектҳо ва ашёи нав маълумот пешниҳод намоянд.
Моддаи 45. Феҳристи ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
1. Бо мақсади таъсиси махзани ягонаи давлатии маълумот феҳристи ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия гардида, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дохил мешаванд:
1) Феҳристи ягонаи давлатии бостоншиносӣ;
2) Феҳристи ягонаи давлатии бойгонӣ;
3) Феҳристи ягонаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ;
4) Феҳристи ягонаи давлатии мероси ғайримоддии фарҳангӣ;
5) Феҳристи ягонаи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
6) Феҳристи ягонаи давлатии санъати мусиқӣ ва консертӣ;
7) Феҳристи ягонаи давлатии санъати сиркӣ;
8) Феҳристи ягонаи давлатии санъати тасвирӣ, меъморӣ, ороишдиҳӣ ва дизайн;
9)  Феҳристи ягонаи давлатии соҳаи кино;
10) Феҳристи ягонаи давлатии фаъолият дар соҳаи театр;
11) Феҳристи ягонаи давлатии фаъолияти ноширӣ ва корхонаҳои полиграфӣ;
12)  Феҳристи ягонаи давлатии фонди осорхонавӣ;
13)  Феҳристи ягонаи давлатии ҳунарҳои бадеии халқӣ;
14) Феҳристи дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 6. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ  КОРМАНДИ СОҲАИ ФАРҲАНГ
Моддаи 46. Ҳифзи иҷтимоии корманди соҳаи фарҳанг
1. Шаҳрвандоне, ки дар соҳаи фарҳанг маълумоти махсус доранд, аз рӯи ихтисос ҳуқуқи баробар ба кор қабул шуданро доранд.
2. Музди меҳнати корманди соҳаи фарҳанги ташкилотҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки фармоиши давлатиро оид ба анҷом додани фаъолияти эҷодӣ ва таълимӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ иҷро менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад. 
3. Таъмини нафақа ва таъминоти иҷтимоии корманди соҳаи фарҳанг бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 47. Ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи фарҳанг
1. Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ корманди соҳаи фарҳанг, ки ба рушди фарҳангу санъат саҳм гузоштааст, метавонад:
1) барои гирифтани ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат пешниҳод карда шавад;
2) барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шавад;
3) барои гирифтани мукофотҳо ҳамасола барои таҳқиқоту натиҷаҳои беҳтарини эҷодӣ дар соҳаи фарҳанг пешниҳод карда шавад.
2. Барои фаъолияти эҷодӣ, ки кормандони соҳаи фарҳанг берун аз уҳдадориҳои хизматӣ амалӣ менамоянд, онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикстон бо музди  муаллифӣ ҳавасманд гардонда мешаванд. Андозаи музди хизмати муаллифӣ, тартиб ва меъёри пардохти он дар шартнома бо муаллиф муайян карда мешавад. 
3. Аъзои иттифоқҳои эҷодӣ ва ассотсиатсияҳо, инчунин кормандони дигари эҷодӣ, ки узви иттифоқҳои эҷодӣ нестанд ва манбаи ягонаи даромадашон музди хизмати муаллифӣ ба шумор меравад, дар сурати супоридани суғуртапулӣ ба фонди нафақа, мувофиқи собиқаи кор ҳуқуқи гирифтани нафақаро доранд.
БОБИ 7. ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ 
ЧОРАБИНИИ ОММАВИИ ФАРҲАНГӢ
Моддаи 48. Чорабинии оммавии фарҳангӣ
1. Чорабинии оммавии фарҳангӣ бо мақсади ташаккули афкори ҷамъиятӣ, тарғиби масъалаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, ҷалб намудани таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба рушди соҳаи фарҳанг, инчунин барои ҳимоя ё рушди ҳуқуқҳои фарҳангӣ баргузор карда мешавад.
2. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ иштирок намоянд. Маҷбур намудани шаҳрвандон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ манъ аст.
3. Давлат ҳуқуқи шаҳрвандонро ба баргузор намудан ва иштирок дар чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ бо роҳҳои зерин кафолат медиҳад:
1) пешниҳод намудани биною иншооти соҳаи фарҳанг, варзишгоҳҳо, майдонҳо ва ҷойҳои дигаре, ки барои баргузор намудани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ мувофиқ мебошанд;
2) паҳн намудани иттилоот дар бораи баргузории чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ;
3) мусоидат намудан дар баргузор намудани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ;
4) мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар баргузории чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, набояд монеъ шаванд.
4. Маҳдудкунии иштироки шаҳрвандон дар чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст. 
Моддаи 49. Тартиби ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ 
1. Чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ оид ба таҷлили ҷашну тантанаҳо, санаҳои таърихӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, фестивалҳо, намоишҳо, озмунҳо ва ҷовидон гардондани хотираи арбобони шинохтаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар сатҳи маҳал, минтақа, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гузаронда мешаванд. 
2. Ҷойҳое, ки дар онҳо ташкил ва гузарондани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва намоишӣ ба нақша гирифта шудаанд, бояд ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯй буда, чораҳои зерин андешида шаванд:
1) нақшаи таъмин намудани бехатарии раванди чорабиниҳои мазкур дар мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг тасдиқ карда шавад;
2) бо мақсади ташкил намудан ва гузарондани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ қарор қабул карда шуда, кумитаҳои тадорукот таъсис дода мешаванд ва онҳо фаъолияти ташкилотҳои барои омодасозӣ ва гузарондани чунин чорабиниҳо ҷалбгардидаро ҳамоҳанг созанд; 
3) дар сурати риоя нагардидани талаботи қисми 2 моддаи мазкур бо пешниҳоди мақомоти дахлдори давлатӣ гузарондани чорабиниҳои мазкур то бартараф гардидани камбудиҳои ошкоргардида манъ ё боздошт карда шавад.
Моддаи 50. Уҳдадориҳои ташкилкунандагони чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ
1. Ташкилкунандагони чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ уҳдадоранд, ки барои таъмини амнияти иштирокчиён, беосеб нигоҳдории ҷойҳои гузарондани чорабиниҳо ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
2.  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар хусуси шумораи эҳтимолии тамошобинон дар муддати на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ то гузаронидани чорабинӣ ва як рӯз пеш аз баргузории чорабинӣ дар бораи шумораи чиптаҳои фурӯхташуда, даъватномаҳо ва рухсатномаҳои додашуда, аз ҷумла барои воситаҳои нақлиёт, инчунин ҷойи таваққуфи техникаи махсуси мақомоти корҳои дохилӣ, соҳаи тандурустӣ ва воситаҳои нақлиёти маъюбон хабар расонанд.
3.  Дар ҷойҳои гузарондани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ қоидаҳои рафтори тамошобинонро дар шакли огоҳнома насб намоянд.
Моддаи 51. Сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида
1. Сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. 
2. Барномаи гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг мувофиқа карда мешавад. 
БОБИ 8. САРВАТҲОИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 52. Сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ, омехта, муштарак ва хусусӣ ҳисоб меёбанд, дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. 
2. Ба сарватҳои фарҳанги  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд:
1)  сарватҳои таърихию фарҳангӣ;
2)  мероси таърихию фарҳангии миллӣ;
3)  мероси фарҳанги ғайримоддӣ.
Моддаи 53. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ объектҳои манқул ва ғайриманқули зерин дохил мешаванд:
1) бозёфтҳои бостоншиносӣ ва археологӣ;
2) ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ;
3) коллексияҳои нодиру ашёҳои қадимӣ ва намунаҳои олами набототу ҳайвонот, маъданшиносӣ, анатомия ва ашёи барои соҳаи палеонталогия муҳим;
4) сарватҳое, ки ба таърих рабт доранд, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои таърихӣ, таърихи илму техника, таърихи ҷамъият, таърихи ҷангҳо ва фарҳанги миллӣ, инчунин вобаста ба рӯйдодҳои муҳимми миллӣ;
5)  асарҳои санъати дорои аҳаммияти таърихию фарҳангӣ, аз қабили мусаввараҳо, нусхаҳои нодир, осори наққошӣ, расмҳо, асарҳои ороишӣ, (дизайнерӣ), ки ба ҳаёти арбобони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, илм, фарҳанг, адабиёт ва санъат, мутафаккирону олимон, шоиру нависандагон ва ҳунармандон, инчунин муҷассамаҳо, номҳои аҳаммияти таърихидошта, катибаҳо, оромгоҳҳои шахсиятҳои маъруф, боғҳои фарҳангӣ ва манзараҳои табиии дорои аҳаммияти фарҳангӣ вобастаанд;
6) дастхатҳои нодир, китобҳои дастнавис ва қадима, дастхатҳои муаллифон, ҳуҷҷату нашрияҳои аҳаммияти махсусдошта (таърихӣ, бадеӣ, илмӣ, адабӣ) алоҳида ё дар коллексияҳо;
7) бойгонӣ, фонди бойгонӣ ва коллексияҳо, аз ҷумла бойгонии наворҳо, суратҳо, сабти видеоӣ, кино, инчунин ҳуҷҷатҳои илмию техникӣ;
8) маводи этнографӣ, антропологӣ, этнологӣ ва палеонтологӣ;
9) асбобҳои мусиқии қадима ва нодир;
10) ашёи қадима, ки арзиши махсуси таърихию фарҳангӣ дорад;
11) объектҳои вобаста ба рӯйдодҳои таърихӣ аз ҳаёти халқи Тоҷикистон, рушди ҷомеа ва давлат, таърихи илму техника, ашё ва коллексияҳои осорхонаҳо;
12)  сарватҳои бадеӣ дар шакли тасвиру суратҳо ва расмҳои дастӣ кашидашуда дар замина ва маводҳои гуногун (ба ғайр аз нақшҳо ва маҳсулоти саноатӣ);
13)  маркаҳои (тамғаҳои) почта, маркаҳои андоз ва ба онҳо монанд, ки алоҳида ва ё дар коллексияҳо зиёда аз 50 сол ва аз он пештар нашр шудаанд;
14) тангаҳо, ба истиснои тангаҳои асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба таркиби гудохтаи он ё фулузоте, ки аз он тайёр шудаанд, инчунин тангаҳои давлатҳои дигар, ки на камтар аз сад сол пештар тайёр карда шудаанд, инчунин медалҳо, муҳр ва маводи дигари коллексионӣ;
15) асарҳои нусхаи аслии санъати ҳайкалтарошӣ аз ҳар гуна мавод;
16) нусхаҳои аслии кандакоришуда, расмҳои рӯисангӣ;
17) қисмҳои таркибии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ;
18) дигар сарватҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
2. Берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 54.  Мероси таърихию фарҳангии миллӣ
1. Ба мероси таърихию фарҳангии миллӣ мансубанд:
1)  маҷмуи арзишҳои фарҳанги миллӣ;
2)  мероси таърихию фарҳангии дорои аҳаммияти миллӣ;
3) мероси бадеию илмии дорои хусусияти таърихию фарҳангӣ;
4) мероси таърихию фарҳангии дорои аҳаммияти илмию маърифатӣ;
5) мероси таърихию фарҳангии миллии дорои хусусияти маънавию ахлоқӣ;
6) объектҳои алоҳида;
7) объектҳои маҷмаавӣ;
8) ёдгориҳои таърихӣ; 
9) ёдгориҳои бостоншиносӣ;
10) ёдгориҳои шаҳрсозӣ ва меъморӣ;
11) манзараҳо;
12) дигар мероси таърихию фарҳангии миллӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
2. Мероси таърихию фарҳангии миллӣ объектҳо ё ашёҳои таърихию фарҳангии моддӣ ва маънавӣ, ки аҳаммияти таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии умумибашарӣ, умумидавлатӣ ё маҳаллӣ доранд.
3. Мероси таърихию фарҳангии миллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз гардида, ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, ки таҳти хатари нобудшавӣ қарор доранд, ба Феҳристи давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ворид карда мешаванд. 
Моддаи 55. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ 
Ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ дохил мешаванд:
1) анъанаи шифоҳӣ (асарҳои фолклорӣ, забону лаҳҷаҳо, тарзҳои баён);
2) санъати иҷро (ромишгарӣ, сурудхонӣ, рақс, санъати театрӣ, шаклҳои гуногуни намоишӣ);
3) ҷашну маросимҳо (маросиму ойинҳои хонаводагӣ, маишӣ, мавсимӣ);
4) урфу одатҳо, донишу таҷрибаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҷамъият, табиат ва кайҳон;
5) касбу ҳунарҳо (донишу малака, маҳорат, санъати ороишӣ ва ҷанбаҳои эстетикии онҳо);
6) фарҳанги ахлоқӣ, меъёрҳои анъанавии хонаводагӣ;
7) фарҳанги либоспӯшӣ;
8) фарҳанги хӯрокҳои миллӣ (маҳорату таҷриба ва донишҳои марбут ба фарҳанги хӯрокпазӣ, одобу маросими дастархондорӣ);
9) мусобиқаҳои варзишии суннатӣ ва бозиҳои бачагонаи серҳаракат ва зеҳнӣ;
10) дигар мероси фарҳанги  ғайримоддие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 56. Паҳн ва дастраси омма намудани сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Паҳн ва дастраси омма намудани сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муассисаҳои театрию консертӣ, телевизион ва радиошунавонӣ, кино, китобхонаҳо, бойгониҳо, осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, клубҳо, қасру хонаҳои фарҳанг, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, тамошогоҳҳо, боғҳои фарҳангу истироҳат, ҷойҳои муқаддаси таърихию табиӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кормандони соҳаи фарҳанг, муассисаҳои сайёҳӣ, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, рӯзномаю маҷаллаҳо, нашриётҳо амалӣ мегардонанд.
2. Корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки дорои ваколати паҳн ва дастраси омма намудани сарватҳои фарҳанги миллӣ мебошанд, ҳуқуқи таҳия ва қабули барномаҳои эҷодӣ, репертуар, интихоби жанр, намуд, услуб ва равияҳои мухталифи эҷодӣ, инчунин интихоби роҳу тарзҳои паҳн ва оммавигардонии мероси фарҳангӣ ва комёбиҳои фарҳангу санъатро доранд. 
3. Паҳн ва дастраси омма намудани сарватҳои фарҳанги миллӣ, илмӣ ва адабии классикони тоҷик, намудҳои пурарзиши мероси фарҳанги классикӣ ва дастовардҳои фарҳанги муосири ҷаҳонӣ тавассути маблағгузорӣ ва фондҳои мақсаднок дастгирӣ карда мешаванд.
4. Паҳн ва дастраси омма намудани асарҳое, ки ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, ҷанг, зӯроварӣ, бераҳмӣ, поймолкунии ҳуқуқҳои нажодиву миллӣ, динӣ, адовати мазҳабӣ даъват мекунанд, таҳқири шахсиятро раво медонанд, шаъну эътибори миллиро паст мезананд, инчунин фаҳшу бадахлоқиро тарғиб менамоянд, манъ аст.
Моддаи 57. Муносибатҳои молумулкии вобаста ба сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба  феҳристҳои ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ворид шудаанд, бе мувофиқа иваз, нобуд, тағйири ҷой, тармим ва нусхабардорӣ намудан манъ аст. Инчунин молу мулки дорои арзиши махсуси таърихӣ, бадеӣ ва зебоипарастиро аз ҳам ҷудо ва пароканда кардан манъ аст.
2. Сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба феҳристҳои ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дохил шудаанд, берун аз таъиноти таърихию бадеӣ ва динӣ истифода бурдан манъ аст.
3. Молу мулки мансуби иттиҳодияҳои динӣ, ки ҳамчун сарватҳои фарҳанги миллӣ ё мероси фарҳанги миллӣ шинохта шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъиноташон истифода бурда мешаванд.
4. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар истифода намудани ёдгориҳои меъморӣ ҳуқуқи афзалиятнок доранд ва ба нигоҳдорию ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангӣ масъуланд. 
БОБИ 9. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ ДАР НИЗОМИ ФАРҲАНГ
Моддаи 58. Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ 
1. Манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти эҷодӣ, ҳунарӣ, таълимию истеҳсолӣ, илмӣ ва хоҷагидорӣ, инчунин инкишофи иҷтимоию иқтисодиро дар соҳаи фарҳанг маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағи худи муассис (муассисон) ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил медиҳанд. 
2.  Муассисаҳои соҳаи фарҳанг метавонанд дар доираи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои иловагӣ, аз ҷумла молиявиро бо роҳи хизматрасонии иловагии пардохтшаванда ва амалигардонии фаъолияти дигар, ки оинномаи муассиса пешбинӣ намудааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкорӣ ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷалб намоянд.
Моддаи 59.  Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои соҳаи фарҳанг
1. Ба манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои соҳаи фарҳанг дохил мешаванд:
1) даромад аз фурӯши молу маҳсулот ва маснуоти ҳунармандӣ;
2) даромад аз иҷрои кор ва хизматрасониҳое, ки хусусияти фарҳангӣ доранд;
3) тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии пулакии мутахассисон дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг дар асоси шартнома;
4) фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ дар раванди офаридани фарҳанг ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
5)  пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва дигар маблағҳое, ки аз ҳисоби ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва шахсони воқеӣ ворид мешаванд;
6)  грантҳо;
7)  қарзҳои ташкилотҳои бонкӣ;
8) дигар манбаъҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Фаъолияти хоҷагидории муассисаҳои соҳаи  фарҳанг дар доираи мақсад ва вазифаҳое, ки дар оинномаи онҳо пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла фармоишҳои давлатӣ муайян карда мешавад. Муассисаҳои соҳаи  фарҳанг уҳдадоранд, ки фармоиши давлатӣ ва фармоишҳоро оид ба фурӯши маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ) дар ҳаҷми на бештар аз фармоишҳои дахлдор иҷро намоянд. Муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳуқуқ доранд барои қонеъ гардондани талаботи худ маҳсулот, кор ва хизматрасониро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ намоянд.
Моддаи 60. Ҳуқуқҳои молумулкии муассисаҳои соҳаи фарҳанг 
1. Молу мулки муассисаҳои соҳаи фарҳангро воситаҳои асосӣ ва гардон, инчунин молу мулки дигаре, ки муассис (муассисон) бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста намудаанд, ташкил медиҳанд. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг молу мулки мазкурро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд.
2. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг молу мулки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобасташударо тибқи таъиноти вазифавии онҳо истифода мебаранд ва ҳуқуқ надоранд, ки онҳоро ҳамчун воситаи кафолати иҷрои уҳдадориҳои худ ё уҳдадориҳои шахсони сеюм, аз ҷумла ба сифати гарав, истифода баранд ва ҳамчунин ҳуқуқ надоранд, ки молу мулки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба даст овардашударо бегона кунанд, ҳамчун қарз диҳанд ё ба таври дигар ихтиёрдорӣ  намоянд.
Моддаи 61. Фаъолияти пулакии муассисаҳои соҳаи фарҳанг
1. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг ҳуқуқ доранд, ки дар асоси фаъолияти эҷодӣ ва ҳунарии мувофиқ ба самти фаъолияташон хизматрасонии пулакиро ба роҳ монанд. 
2. Хизматрасонии эҷодию ҳунарии пулакӣ қисме аз фаъолияти муассисаи фарҳангӣ мебошад, ки бо фармоиш ва аз ҳисоби фармоишгар дар асоси шартномаи хизматрасонии пулакӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 62. Таъминоти моддию техникии муассисаҳои соҳаи фарҳанг
1. Ба муассисаҳои хизматрасонии кӯдакон ва наврасон барои таъминоти моддию техникӣ дар соҳаи фарҳанг афзалият дода мешавад. 
2. Истифодаи заминаи моддию техникӣ ва молу мулки муассисаҳои соҳаи фарҳанг берун аз таъиноти онҳо манъ аст. 
3. Хусусияти ташкили таъминоти моддию техникии муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва шахсони ҳуқуқии ба хизматрасонии фарҳангии алоҳида машғулбуда бояд талаботи соҳавиро дар бар гирад, ки ба инобат нагирифтани он метавонад асос барои қатъ кардани иҷозати пешбурди фаъолияташон гардад. 
4. Маҳдуд намудани таъминоти моддию техникии муассисаҳои соҳаи фарҳанги ба хизматрасонии фарҳангӣ машғулбуда бо асосҳои ба талаботи стандартҳои амалкунанда мувофиқ сохтанашон манъ аст. 
5. Хулосаҳо оид ба сатҳи таъминоти моддию техникии муассисаҳои соҳаи фарҳанги ба хизматрасонии фарҳангӣ машғулбуда аз ҷониби мақомоти назоратӣ дода мешаванд ва онҳо асос барои қатъ намудан ё додани иҷозати пешбурди фаъолияташон мегарданд. 
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг мутобиқи барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳифз ва рушди соҳаи фарҳанг, сохтмон ва тармими объектҳои арзишноки соҳаи фарҳанг, дастгирии давлатии фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо мутобиқ ба шартҳои таъмини эҳтиёҷоти давлатӣ чораҳо меандешад. 
7. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадоранд ба муассисаҳои соҳаи фарҳанги тобеи худ дар ҳалли масъалаҳои таъмин ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо ёрии амалӣ расонанд.
БОБИ 10. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 
ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ
Моддаи 63. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг
1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ мегардад.
2. Самтҳои афзалиятноки ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг инҳоянд:
1) машғул шудан ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
2) тармими ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ;
3) тайёр кардан, бозомӯзӣ ва аз такмили ихтисос гузаштани кормандони соҳаи фарҳанг;
4) офаридан ва дар амал татбиқ намудани воситаҳои техникӣ, технологияи нав ва таҷҳизот барои пешбурди фаъолият дар соҳаи фарҳанг;
5) мубодилаи маводҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва усули кор.
3. Мақомоти дахлдори давлатӣ, дигар муассисаю ташкилотҳо дар соҳаи фарҳанг ҳуқуқ доранд дар мувофиқа бо муассис (муассисон) ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг бо муассисаю ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ робита барқарор намоянд.
Моддаи 64. Ҳамкории фарҳангӣ бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанон, тоҷикони бурунмарзӣ ва намояндагиҳои онҳо ҳамкорӣ намуда, чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ мегузаронад, барои бунёди марказҳо, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, хазинаҳои махсус ва рушди фарҳанги миллӣ дар хориҷи кишвар мусоидат мекунад. 
2. Давлат барои бозгаштани ходимони ба хориҷи кишвар рафтаи соҳаи фарҳанг ва ҳунар шароит фароҳам меорад.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти фарҳангии ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо тадбирҳо меандешад.
Моддаи 65. Сарватҳои таърихию фарҳангии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар бурда шудаанд, чораҳо меандешад.
2. Давлат барои ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдории оромгоҳҳои ҳамватанон, ки дар хориҷи кишвар мавҷуданд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. 
Моддаи 66. Марказҳои фарҳангӣ дар хориҷи кишвар
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар марказҳои фарҳангӣ таъсис дода, фаъолияти онҳоро дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо ба роҳ мемонад ва ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифода бурдани моликияташон дар соҳаи фарҳанг мусоидат менамояд.
Моддаи 67. Ташкилотҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг 
1. Таъсиси шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи фарҳанг ва филиалу намояндагиҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба ташкилотҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг, иттифоқҳои эҷодӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дохил шаванд.
3. Муассисаҳои соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар ҳайати худ аъзои (шаҳрвандони) хориҷиро ҷалб намоянд. 
БОБИ 11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 68. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 69. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» аз 13 декабри соли 1997, № 519 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1997, № 23-24, мод. 352; с. 2001, № 4, мод. 143; с. 2003, № 12, мод. 691; с. 2008, № 10, мод. 819; с. 2009, № 7-8, мод. 499; с. 2011, № 6, мод. 445) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи  70. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2033
Қарори Маҷлиси   намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фарҳанг» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997, № 520 «Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (Ахбори  Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24, мод. 352; соли 2001, № 4, мод. 143; соли 2003, № 12, мод. 691; соли 2008, № 10, мод. 819; соли 2009, № 7-8, мод. 499; соли 2011, № 6, мод. 445) аз эътибор соқит дониста шавад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Д. МАНСУРӢ
ш. Душанбе, 6 декабри соли 2023, № 1169
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фарҳанг»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 455
ҚОНУНИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 5, мод. 338; с. 2014, № 7 қ. 2, мод. 423; с. 2016, № 7, мод. 628; с. 2017,  № 7-9, мод. 584; с. 2018, № 5, мод. 280; с. 2021, № 12, қ. 2, мод. 709) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархати сию сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таҳсилоти дуалӣ – низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад;».
2. Дар моддаи 9:
- ба қисми 4 баъд аз калимаи «тиббӣ» калимаҳои «ва ихтисосҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 10 баъд аз калимаи «фосилавӣ,» калима ва аломати «дуалӣ,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2037
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 04 октябри соли 2023, № 1103
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 459
ҚОНУНИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 328) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни Қонун калимаи «ақали» ба калимаи «ақалли» иваз карда шавад.
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муайян намудани ҳадди ақалли зиндагӣ, тартиби баҳисобгирӣ, таъмини кумакҳои давлатии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон, инчунин татбиқи дигар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
3. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаи «ҳаёт» ба калимаи «зиндагӣ» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳафтум калимаи «камбизоатон» ба калимаҳои «шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат» иваз карда шавад.
4. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
5. Дар моддаи 3:
- дар сархати якум калимаҳои «баҳо додани» ба калимаи «арзёбии» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаи «камбизоатон» ба калимаҳои «шаҳрвандон (оилаҳо) - и камбизоат» иваз карда шавад;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«- ташаккули буҷети давлатӣ;».
6. Сархати якуми қисми 1 моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сарикасӣ;»;
- аз қисми 2 калимаи «истифодаи» хориҷ карда шавад. 
7. Дар моддаи 5: 
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 5. Таркиби сабади истеъмолӣ»;
- дар қисми 2 калимаҳои «маводи ғизоӣ» ба калимаҳои «маҳсулоти озуқа» иваз карда шаванд; 
- дар қисми 3 калимаҳои «маҳсулоти ғайриғизоӣ» ва «чорабиниҳои маданию маишӣ» мувофиқан ба калимаҳои «маҳсулоти ғайриозуқа» ва «шароитҳои маишӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи «вуҷуддошта» ба калимаи «мавҷудбуда» иваз карда шавад. 
8. Дар номи моддаи 6 калимаҳои «таҷдиди назар» ба калимаи «бозҳисобӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 7:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Моддаи 7. Даврият ва қоидаҳои ҳисоби андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ»;
- дар қисми 1 калимаҳои «зиндагӣ ба ҳар сари аҳолӣ» ба калимаҳои «зиндагии сарикасӣ» иваз карда шаванд; 
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ, қоидаҳои ҳисоб ва даврияти бозҳисобии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
10. Дар матни моддаи 9 калимаҳои «зиндагӣ барои ҳар як нафар» ба калимаҳои «зиндагии сарикасӣ» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2038
Қарори Маҷлиси намояндагони  
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 21 июни соли 2023, № 1041
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 460
ҚОНУНИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ 
ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СОБИҚАДОРОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 7-8, мод. 67; с. 1996, № 3, мод. 48; с. 1998, № 22,  мод. 295; с. 2004, № 2, мод. 41; с. 2007, № 7, мод. 657; с. 2010, № 1, мод. 18;  с. 2020,  №12, мод.  915; с. 2021, № 12, қ. 2,  мод. 717, с. 2022,  № 12, қ. 2, мод. 779) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба ном ва матни моддаи 9, матни моддаи 11 пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ,» ва «Мақомоти давлатӣ,» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд.
2. Дар сархати дуюми қисми дуюми моддаи 13 ва дар тамоми матни Қонун калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
3. Ба қисми якуми моддаи 19 пас аз калимаҳои «қӯшунҳои дохилӣ» калимаҳои «, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
4. Ба қисми якуми моддаи 20 пас аз калимаҳои «мақомоти гумрук,» калимаҳои «мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,» илова карда шаванд.
5. Дар қисми якуми моддаи 23 рақами «12-уми» ба рақами «13-уми» иваз карда шавад.
6. Дар банди 11) моддаи 24 ва банди б) зербанди 4) қисми якуми моддаи 25 калимаҳои «муассисаҳои давлатии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ» ва «муассисаҳои таълими давлатии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ» ба калимаҳои «муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ» иваз карда шаванд.
7. Ба қисми муқаддимавии моддаи 38 ва қисми сеюми моддаи 43 пеш аз калимаи «судяҳо» калимаҳои «мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2039
Қарори Маҷлиси намояндагони  
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2023, № 1145
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 461
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» аз 31 декабри соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №12, мод. 822; с. 2017, №1-2, мод. 15) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот, реэкспорт, воридот, реимпорт, транзит, сармоягузорӣ ва фаъолият  тавассути кооператсияи истеҳсолӣ дар самти мубодилаи байналмилалии молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавӣ, маълумотдиҳӣ, иҷрои кор, хизматрасонӣ ва натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (ҳуқуқ ба онҳо);
- айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда – муайян намудани мансубияти молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавӣ ба молҳои назоратшаванда;».
2. Ба моддаи 6 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- комиссия оид ба назорати содиротро таъсис дода, низомнома ва ҳайати онро тасдиқ мекунад;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2040
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 21 июни соли 2023, № 1039
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи назорати содирот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 463
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 432; с. 2012, № 7, мод. 701; с. 2018, № 7-8, мод. 533; с. 2023, № 1-3, мод. 14) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд: 
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии татбиқи раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла раванди муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро муқаррар менамояд.». 
2. Дар матни Қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадории», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадорӣ», «ӯҳдадориҳое», «Ӯҳдадориҳои», «граждании», «мӯҳлат», «мӯҳлати», «Мӯҳлати», «мӯҳлатро», «мӯҳлатрасидаи» ва «мӯҳру» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадории», «уҳдадоранд», «уҳдадор», «уҳдадориҳо», «уҳдадорӣ», «уҳдадориҳое», «Уҳдадориҳои», «мадании», «муҳлат», «муҳлати», «Муҳлати», «муҳлатро», «муҳлатрасидаи» ва «муҳру» иваз карда шаванд. 
3. Ба сархати шашуми моддаи 3 пас аз калимаҳои «ташкилоти қарзӣ,» калимаҳои «инчунин, баҳодиҳанда,» илова карда шаванд. 
4. Дар қисми 7 моддаи 6 калимаҳои «дигар асосҳо» ба калимаҳои «дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
5. Аз сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 13 аломат ва калимаҳои «(қарорҳо, таъинот ва ғайраҳо)» хориҷ карда шаванд. 
6. Дар сархати дуюми қисми 6 моддаи 17 калимаҳои «нархгузории» ва «нархгузорон» мувофиқан ба калимаҳои «баҳодиҳии» ва «баҳодиҳанда» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 2 моддаи 58 калимаҳои «аз рӯи виҷдон» ба калимаи «бовиҷдонона» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2041
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2023, № 1143
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 464
ҚОНУНИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ»
Моддаи 1. Ба моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 17 майи соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, № 5, мод. 284) тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар қисми 2 калимаҳои «фондҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ» ва «мешаванд» мувофиқан ба калимаҳои «фонди роҳ» ва «мешавад» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи «фондҳои» ба калимаи «фонди» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2042
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни 
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ҳаракат дар роҳ»  
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1089
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023,  № 465
ҚОНУНИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«ДАР БОРАИ МАОРИФ»
Моддаи 1. Дар қисми 11 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 532; с. 2014, № 3, мод.156, № 7, қ. 2, мод. 422; с.2016, № 3, мод. 148, № 7, мод. 624; с. 2017, № 7-9, мод. 581; с.2018, № 5, мод. 278; с.2020, № 12, мод. 912; с. 2021, № 12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, № 7, мод. 447) калимаҳои «низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2024, № 2035
Қарори Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 21 июни соли 2023, № 1043
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид 
ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 27 декаби соли 2023, № 457
Санаи нашр: 09.01.2024 №: 5-7
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив