ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГАР ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ТАВЪАМ НАБОШАД...

АГАР ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ТАВЪАМ НАБОШАД...

12 июн 2024, Чоршанбе
47
0
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар изҳор доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад. Пешвои миллат бо зикри ин матлаб таъкид намуданд, ки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон аст.   
 
Воқеан, илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат ҳамчун соҳаи калидӣ ва афзалиятнок эътироф гардидааст. Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбариашон мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа давра ба давра баланд бардоштанд. Зеро мусаллам аст, дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.
Бар ивази он ҳама ғамхориҳое, ки Ҳукумат нисбат ба кормандони соҳаи илму маориф роҳандозӣ намудааст, олимони мо низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, саҳмгузор бошанд. Тавре Пешвои миллат таъкид доштанд: “Иҷрои ин корҳо вазифаи танҳо Ҳукумат нест, балки дар ин раванд олимону зиёиёни кишвар низ бояд пешсаф бошанд”. 
Воқеан, боиси нигаронист, ки саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар қариб ба назар намерасад. Ин дар ҳолест, ки агар илм бо истеҳсолот тавъам набошад, натиҷаҳои илмӣ барои дилхоҳ мамлакат муфид нест. Бинобар ин, илми муосир бояд бо навигариҳои инноватсионӣ ва технологӣ муаррифӣ шуда, дар тақвият пазируфтани сатҳи ҷаҳонбинии дунявӣ нақши муассире бигзорад, вагарна бо шароит фароҳамоварии таҳқиқи илмӣ ҳеҷ кадом ниҳоди илмӣ наметавонад дар таъмини рушди кишвар нақши мусбатро бозӣ кунад. 
Ҷиҳати татбиқи андешаҳои илмӣ дар истеҳсолот бояд ҷавононе дастгирӣ ва раҳнамун шаванд, ки, аллакай, ба илм ворид шуда, лоақал тасаввуроте дар мавриди илм дошта бошанд. Аммо воқеият дигар асту сатҳи донишандӯзии унвонҷӯйҳо дигар. Агар мо ба фаъолияти илмии аксар докторони илм, аъзои пайваста ва вобастаи Академияи миллии илмҳо назар карда, дилхоҳ пажӯҳишро бобати нақши онҳо дар рушди илми ватанӣ таҳқиқ намоем, саранҷом мушоҳида мекунем, ки пас аз расидан ба унвонҳои баланд ва дараҷаҳои олии илмӣ олимон дигар ба фаъолияти густурда машғул намешаванд. Яъне, ба ибораи саҳеҳтар агар гӯем, соҳибунвонии аксар даъвогарон ҷанбаҳои молиявӣ дошта, ин амал аз хотири болорави сатҳи маош роҳандозӣ мешавад. Дар ин маврид метавон ба суханронии Сарвари давлат такя намуд: “Таҳлили ҳисоботи академия тайи солҳои 2021-2023 нишон медиҳад, ки аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст. Таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо яке аз сабабҳои ин падидаи нигаронкунанда маҳсуб мешавад”.
Татбиқшавии дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот на фақат ба талаботи муосир дар самти илму маориф ҷавобгӯ нест, балки амалан вуҷуд надорад. Чаро? Чунки робитаи илм бо истеҳсолот татбиқ нагардида, сатҳи ихтироъкории олимони ҷавон ҳузнангез боқӣ мемонад. Агар гӯем, ки аксар ибтикороту тасмимҳои олимон дар ҳоли худнамоӣ қарор дошта, муваққатан, ҷиҳати муаррифӣ шудани фаъолияти илмист, чандон эътимодбахш нахоҳад буд, чунки фаъолияти илмӣ дар замони муосир дар озмоишгоҳ мавриди санҷиш қарор гирифта, пасон, бо дарназардошти сатҳи омӯзиш, баррасӣ хоҳад гардид. Гузашта аз ин, дар вохӯрӣ Сарвари давлат аз сатҳи пасти ҳамкории олимон бо истеҳсолот ёдовар шуда, масъаларо яке аз нуқсонҳои асосии олимон номид: “Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд”.
Ба ҳар навъе, лозим ба тазаккур аст, ки мулоқоти бо аҳли илм доирнамудаи Сарвари давлат бештарин мушкилиҳои мавҷудбударо дар самти таҳқиқ, фаъолияти илмӣ ва парваридани кадрҳои илмӣ ошкор сохта, моро водор менамояд, ки минбаъд дар тадқиқоти илмӣ таъкидҳои Пешвои миллатро фаромӯш насозем ва бар хилофи ҳадафҳои миллӣ амал накунем. Бояд тазаккур дод, ки баррасиҳои илмии Сарвари давлат моро водор менамояд, то масъулияти худро дар назди давлатамон ба субут расонда, ҷиҳати татбиқшавии манфиатҳои миллӣ дар ҷодаи илм ҷаҳду кӯшиши даркориро анҷом диҳем. Ин мулоқоти судманд моро водор мекунад, ки аз пайи иштибоҳу ғафлатҳоямон кор кунем ва хидмати Ватани азизро дар ҳеҷ сурат фаромӯш насозем.
 
Фарҳод ҚОДИРЗОДА,
доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент,
муовини ректор оид ба иқтисод ва иҷтимоиёти ДМТ
Санаи нашр: 12.06.2024 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив