ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФТИТОҲИ  БИНОИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР МИНТАҚАИ РАШТ 

ИФТИТОҲИ  БИНОИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР МИНТАҚАИ РАШТ 

14 июн 2024, Ҷумъа
19
0
13-уми июн дар шаҳри Роғун бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои нави шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  дар минтақаи Рашт ба истифода дода шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки иншоот бо истифода аз тарҳи муосир ва унсурҳои замонавии шаҳрсозӣ сохта шуда, аз бинои асосии сеошёна бо таҳхона, биноҳои иловагӣ иборат буда, дар маҷмуъ, дорои 12 ҳуҷраи корӣ, қисми навбатдорӣ, толори варзишӣ, бойгонӣ, китобхона ва ошхона мебошад.
 
 
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР СОҲАИ ОБУ ЭНЕРГЕТИКА 
12-уми июн вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо муовини вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Мардуми Чин Сзу Лейминг мулоқот намуд. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандиашонро барои мубодилаи иттилоот, таҷриба дар соҳаи истифодаи технологияҳои сарфаи об, усулҳои пешрафтаи обёрӣ, тайёр кардани мутахассисон барои соҳаи об баён доштанд.
 
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.06.2024 №: 113
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив