ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

14 июн 2024, Ҷумъа
18
0
ДИҚҚАТ РУБРИКАИ НАВ
ОБ – УНСУРИ ЗИНДАГӢ
Натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва муколомаҳои анҷомшуда дар шаҳри Душанбе собит намуданд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон торафт барои ҷомеаи башарӣ арзиши ҳаётӣ касб мекунанд. Ба манзури дарки амиқи аҳамияти иқдомоти Пешвои миллат дар ҳалли мушкилот ва танзими буҳронҳои кунуниву эҳтимолии вобаста ба об дар ҷаҳон саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе» зери рубрикаи «Об – унсури зиндагӣ» маводеро пешниҳод менамояд, ки барои хонанда қобили таваҷҷуҳ хоҳад буд.
 
ОБ.  АЗ ЭҲТИМОЛИ ҶАНГ ТО БАҲСИ ПАЙМОНИ НИЛ
• Дар Нигерия, ки мамлакати сераҳолӣ дар Африқо аст, беш аз 100 миллион нафар ба оби тоза дастрасӣ надорад.
• Бар асари мубодилаи оби тоза Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Ҳиндустон дар остонаи ҷанг қарор дорад. Нуқтаи баҳси Исломобод ва Деҳлии Нав бар сари оби Дарёи Ҳинд аст, ки аз Вилояти Мухтори Тибети Чин сарчашма гирифта, тавассути минтақаи баҳсбарангези Кашмир ба Покистон ҷорӣ мешавад.
• Эфиопия дар мавриди дастрасӣ бо оби ошомидании тоза ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ гардидааст. Дар ин робита ҳукуматдорон талош доранд, то Паймони Нилро, ки дастрасии озод ба обҳои Нил барои иҷрои тарҳҳои ирригатсионӣ ва энергетикиро талаб мекунад, ҷиҳати бозбинӣ ба баҳс кашанд. 
Фароҳамсоз Ф. ҶУМЪАЗОДА
 
 
 
МАГАР АЗ БАРОИ ХУДО ПУЛИ МАЙДА МЕДИҲАНД?
Дар  як сомонаи интернетӣ аз апаи Аҳмади Зоҳир саргузашти аҷибе шунидам. Ӯ қисса мекард:  «Ҳангоми ҷавониямон як саҳар ба мошин савор шудем,  то ба мадраса равем.  Дар ин ҳангом талбандае ба назди  мошин омаду гуфт: «Аз барои Худо ба ман садақа бидиҳед». 
То ман аз сумкаам байни китобҳо пули майда меҷустам, ки Аҳмад аз  ҷайбаш 400 доллар бароварда, ба ӯ дод.  Соил пулро гирифта, дуо карду рафт. Мани акнун ошуфта, гуфтам: «Ту девона шудаӣ, охир ин пулро падарам барои харҷи якҳафтаинаамон дода буд, акнун чӣ кор мекунем?».
Аҳмад бепарвоёна гуфт: «Апаҷон, оё нашунидӣ, ки соил аз барои  Худо гуфт.  Магар  аз барои Худо пули майда медиҳанд?».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
ДУ МАЪЮБЕ,  КИ БЕШ АЗ 10 000 ДАРАХТ ШИНОНДАНД
Сзя Хайся ва Сзя Уэнчи – мардони 59-солаанд, ки яке нобино ва дигаре аз ҳар ду даст маҳрум аст. Бо вуҷуди ин, онҳо тули 13 сол дар музофоти Хэбэйи Чин беш аз 10 000 дарахт шинонданд. Даҳ сол қабл вақте ин ду маъюб кор пайдо карда натавонистанд, илоҷе ёфтанд, ки ҳам ба худашон судманд шуд ва ҳам ба атрофиён.
Ду дӯст аз ҳукумати маҳаллӣ дар лаби дарё майдони калонро барои ниҳолшинонӣ иҷора гирифта, аз пайи сабзкорӣ шуданд. Дӯстони ҳамном ҳар субҳ аз хона соати 6:30 баромада, дарёро убур мекунанд, зимни ин Уэнчи шарики нобинояшро дар пушт он сӯи соҳил мегузаронад. «Ман ба Сзя даст ҳастаму вай барои ман чашм», – бо қаноатмандӣ иброз медорад Хайся. Онҳо усули хоси кори якҷоя доранд дар кандани чуқурӣ, шинондани ниҳол ва обмонӣ. Ҳамин тавр, дӯстон ҳазорҳо дарахт шинонданд, ки маҳаллаҳои атрофро аз обхезӣ эмин нигоҳ медоранд. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
БОВАР КАРДАН ДУШВОР, АММО...
Дар баҳрҳо ҳодисаҳои пешбининашавандаи зиёде ба вуқуъ меоянд. Барои мисол, 5-уми декабри соли 1664 дар гулугоҳи баҳрии Уэлси Британияи Кабир киштии мусофиркаше бо 80 нафар ғарқ шуд ва дар ин ҳодиса фақат як нафар – моҳигир  Хю Уилямс наҷот ёфт.
Пас аз 121 сол, 5-уми декабри соли 1785 дар ҳамон ҷой боз киштие ғарқ мешавад. Аҷибаш он, ки ҳама ғарқ шуданду боз як кас бо номи Хю Уилямс зинда монд. Ба ин бовар кардан душвор аст, лекин баъди солҳои зиёде, яъне 5-уми декабри соли 1860 дар ҳамон ҷо киштие бо 21 нафар мусофир ғарқ мешавад. Боз шахсе бо номи Хю Уилямс наҷот меёбад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ АММО...
Кашшоф ва соҳибкори машҳури амрикоӣ Томас Эдисонро аксарият мешиносанд. Шояд аксарият донанд, ки ин олими сермаҳсул дар натиҷаи кашфиётҳои илмияш танҳо дар Амрико соҳиби  1093 патент ва қариб 3 ҳазор патенти дигар дар хориҷ гардидааст. Маҳз ӯ аввалин фонографро офаридаву иқтидори телеграфу телефон ва лампочкаро такмил дода, бо заҳматҳои камназираш дар саҳифаҳои таърихи илми башарият барои ҷовидонӣ маъво гирифтааст. Воқеан, баробари бардоштани гӯшии телефон “алло” гуфтан низ идеяи Томас аст. Албатта, касе бовар намекунад, ки чунин як шахсияти бузурги таърихӣ мактаби миёнаро базӯр хатм кардааст. Бале бовар нокарданист, вале худи ӯ тасдиқ мекунад: “Дар кӯдакӣ ягон қобилияти умедворкунанда надоштам. Бад хондам. Пас аз чор моҳи омӯзиш муаллимон тавсия доданд, ки модарам маро аз мактаб бараду сарбории онҳо сабуктар шавад. Устодонам ҳамагӣ бовар доштанд, ки ман аз ҷиҳати рушд ақиб мондаам ва дар омӯзиш мушкили ҷиддӣ дорам...”.
 Бо вуҷуди ин, ин тавре мебинем, Томас хеле  бузург шуд. Пас эътироф бояд кард, ки муаллимон низ хато мекунанд, на танҳо табибон!
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
Дар Шведсия компютери “зинда” сохтанд
 
Олимони шведӣ аз бофтаи мағзи сари инсон аввалин компютери "зинда"-ро сохтанд. Он аз 16 органелл ё кластери ҳуҷайраҳои майнае, ки дар лаборатория парвариш шудаанд, иборат аст ва иттилоотро ба ҳамдигар интиқол медиҳанд. Органоидҳо мисли чипи анъанавии компютер кор мекунанд. Онҳо сигналҳоро тавассути нейронҳо қабул мекунанд ва мефиристанд. Нейронҳои зинда назар ба протсессорҳои рақамӣ миллион маротиба камтар энергия истеъмол мекунанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ҚАДРИ ХОНАВОДААТОНРО БИДОНЕД...
 
Дар роҳ мерафтам, ки нохост бо нафаре бархӯрдам. Узр мехоҳам, – гуфтам. Ман ҳам маъзарат мехоҳам гуфт ӯ ва ҳар ду дар доираи одоб муомила карда, роҳи худро давом додем. Вақте ки ба хона медаромадам, ногоҳ духтари хурдсолам аз пешам баромаду бархӯрдем.
Оҳ! Аз сари роҳ дуртар гардӣ намешавад. Дар зери по чи кор мекунӣ, – гуфта оташин шудам. Духтарам ранҷид ва оромона ҷониби хонаи хоби худ рафт. Намедонам то чи ҳад ӯро хафа кардам, вале вақте дар ҷойи хоб якпаҳлу шудам, садое аз ғайб гуфт: “Вақте бо як роҳгузар бархӯрдӣ хуб рафтор мекунӣ, вале бо бачаҳое, ки дӯсташон медорӣ, бадрафторӣ менамоӣ. Рав пеши дари даромадгоҳро бубин, ки  чанд гул ба замин афтодааст. Духтарат онҳоро чида пеши дар интизор буд, то ба ту туҳфа кунад”. Дилам ғамгин шуд ва зуд назди духтарам омадам. Бедор шав духтарҷон, ин гулҳоро барои ман чидӣ? Бовар кун, аз рафтори имрӯзаам афсус мехӯрам. 
Ҳеҷ боке нест падарҷон, ман шуморо дӯст медорам. 
Ҳикмат: Оё медонед, агар фардо бимиред, корхона ё ширкате, ки дар он кор мекунед дар зарфи як рӯз ба ҷойи шумо корманди нав меоварад. Аммо хонаводае, ки дар он зиндагӣ мекунед, то охири умр набудани шуморо эҳсос менамояд.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ФАРДО БИЁЕД
Дар Академияи илмҳо:
– Хизмат?
– Мехоҳам номзадӣ ҳимоя кунам.
– Номи мавзуи рисолаатон чист?
– Чаро кӯдакон дар оилаи мансабдорону депутатҳо якбора миллионер таваллуд мешаванд?
–  Навбатдории ман поён ёфт, фардо биёед.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
 
НАХОД?!
 
Дер боз мехостам сиреро бароятон фош созам: медонед, роҳҳои навсохтро мошинҳои бадҳайбати боркаш не яхтаҳо хароб мекунанд.
–  Чӣ хел? Ин ҷонвари обӣ ба роҳ чӣ алоқамандӣ дорад?
– Ана ҳамин хел: аз вазир то губернатор аз маблағҳои барои роҳсозӣ ҷудошуда калон-калон қайчӣ зада, яхта мехаранд. Ба ибораи дигар, аълосифатии яхтаи губернатор ба бесифатии роҳи маркази вилоят сахт алоқаманд аст. 
– Наход?!
 Аз русӣ тарҷимаи 
Ҳ. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
ЭЙНШТЕЙН ВА АҲДИ Ӯ
Алберт Эйнштейн бо хонум Милево Марич соли 1896 дар Донишгоҳи политехникии Сюрих шинос шуданд. Аз қазо, соли 1903 ақди никоҳ баста, соли 1912 аз ҳам ҷудо мешаванд. Дар шартномае, ки пеш аз ҷудошавӣ имзо намуданд, як банди аҷибе буд. Дар асоси он Эйнштейн уҳдадор мешуд, то дар ҳолати барандаи Ҷоизаи Нобел шуданаш, маблағи муайяни онро ҳатман ба ҳамсари собиқаш диҳад. Аҷиб ин аст, ки баъди се сол Эйнштейн барандаи Ҷоизаи Нобел мегардад ва ҳамон замон қисме аз маблағи Ҷоизаро ба ҳамсари собиқаш дода, талаботи шартномаи имзонамудаашро иҷро мекунад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
 
МАСҶИД АЗ БАРОИ ХУДО Ё РИЁ?
Дар замони хилофати Ҳорунаррашид (замони зиндагӣ: 766-809) марде масҷид сохт. Баҳлул хост ӯро бисанҷад, то бидонад, ки ин амалаш худоӣ аст ё риёӣ, яъне аз барои Худо аст ё аз рӯи риё. Навиштаеро ба ин мазмун дар масҷид овезон кард: “Ин масҷидро Баҳлул бунёд ниҳодааст”.
Ҳар кӣ ин навиштаро мехонд, дар ҳаққи Баҳлул дуои нек мекард ва ӯро тавсиф менамуд. Бунёдгузори масҷид то як ҳафта ба ин навиштаву дуои неки мардум сабр намуд. Оқибат ба ғазаб омад ва эълон дошт: “Эй мардум, ин масҷидро ман сохтаам, Баҳлул дар бунёди он ҳеҷ дасти саҳме надорад. Чаро ӯро дуои нек мекунед, на бунёдгузораш, яъне ки маро?”.
Баҳлул пас аз он дарёфт, ки бунёди ин масҷид аз рӯи риё аст, на аз барои Худо, зеро агар барои Худо мебуд, он Офаридгори оламиён худ нагуфта ҳам медонад, ки онро кӣ сохтааст ва аҷру савобашро ба ӯ мерасонад. 
       Ту бандагӣ чу гадоён ба шарти музд макун,
   Ки дӯст худ равиши бандапарварӣ донад.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
ВОЛИНКА
Волинка сози халқии нафасиест, ки онро аз саночи чармин ё пуфак тайёр карда, бо ҳаво пур мекунанд. Чанд ҷои саночро сӯрох карда, найчаҳои чӯбинро дар он сӯрохиҳо сахт мебанданд. Ҳангоме ки саноч аз ҳаво пур карда шуд, найчаҳо дар тоника ё квинтаи тоникӣ беист садо мебароранд (ғайр аз найчае, ки дар он оҳанги начандон мураккабе навохта мешавад).
Волинка дар байни халқҳои гуногунмиллати Иттиҳоди Шуравӣ бо дигар номҳо низ ба чашм мерасад. Масалан, русҳо, украинҳо ва белорусҳо онро дуда; молдавиҳо – чимпа; гурҷиҳо – гудаствирӣ; озариҳо – тулум меноманд. Инчунин, Волинка дар байни миллатҳои Ғарб низ бо номҳои гуногун маъмул аст. 
 
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
 
 
 
24 КАЛИМАЕ, КИ ТАҚДИРИ ОСЛЕРРО ИВАЗ КАРД
 
Соли 1871 Уилям Ослери британиёӣ, табиб, профессор, нависанда, китоберо хонд, ки 24 калимаи он андешаашро ба зиндагӣ дигаргун сохт. Он вақт ин ҷавон донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ буд ва дар изтироб буд, ки имтиҳонҳои хатмкуниашро чӣ тавр месупорад, куҷо ба кор меравад, умуман ӯро дар оянда чӣ интизор аст? Вале бахт яку якбора ба рӯи ӯ хандид.  Ҳамагӣ  24 калимае,  ки ба қалами Томас Карлейл мутааллиқ буд: «Вазифаи асосӣ он аст, ки ба умеди ояндаи тираву дур нашуда, худи ҳозир то он ҷое, ки ба мо аён аст, нигариста амал намоем» тақдирашро иваз намуд.  Маҳз  хондани ин китоб сабаб шуд, то Ослер табиби машҳури овони худ шавад ва дар назди Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс маъруфтарин мактаби тиббиро созмон диҳад. 
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ДАР ҶОПОН
 
Дар мактабҳои Ҷопон кӯдакони то синфи чаҳорум имтиҳон намесупоранд. Онҳоро чор сол ба омӯзиши касбу ҳунар, саховатмандиву ҳамдигарфаҳмӣ тарбия мекунанд. Ин ба ҳамагон хеле аҷиб менамояд, аммо мактабҳои Ҷопон одобу равишҳоро бар дониш бартар медонанд. Ҳадафи онҳо дар 4 соли аввал рушди шахсияти кӯдакон ва эҷоди рафтори хуб аст, на дониши онҳо.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
ПАНДИ МАРДИ ХИРАДМАНД
 
Чанд нафар хирадмандеро, ки аз маҳаллаи онҳо мегузашт, бо овози баланд таҳқир намуданд. Ӯ ҳамаашро шунид, вале бо онҳо бо чеҳраи кушода салом кард. 
Нафаре пурсид:
– Шумо бо табассум ба ин одамон саломатӣ хостед, оё нисбат ба онҳо хашм надоштед?
Хирадманд гуфт:
– Вақте ман ба бозор меравам, танҳо он чизеро, ки дар ҳамёнам дорам, сарф карда метавонам. Ҳангоми муошират ҳам танҳо он чизеро сарф менамоям, ки дар вуҷудам дорам.
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ТРОЛТУНГА,  НОРВЕГИЯ
Tролтунга яке аз ҷойҳои тамошобоб ва машҳури Норвегия мебошад. Номи макон таърихи аҷиб дорад. Замонҳои қадим бар асари заминларза санге канда шуда, дар болои кӯли Рингедалсватн дар мемонад, ки ба забон монанд аст. Аз ин рӯ, онро "Забони тролл" мегӯянд. Баъдтар он шакли Tролтунгаро гирифт. Дарозиаш тақрибан 10 метр аст, пояаш васеъ ва нисбатан бехатар буда, болояш хеле борик аст. Атрофаш девор надорад. Аммо на ин, на шамоли сахт, на туманҳои пайвастаи ғализ ва на хатари афтодан ҳазорон дӯстдорони аксбардорро аз тамошои он боз намедорад. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХИ ФРАНС ИОСИФ
Пиряхи Франс Иосиф (Māori Ka Roimata o Hinehukatere) дар Боғи миллии Вестланд дар ғарби ҷазираи ҷанубии Зеландияи Нав ҷойгир мебошад. Ин пирях аз он сабаб беназир аст, ки ҳамагӣ 240 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст ва дар атрофи он ҷангалзор ҷойгир мебошад. Он ҷое, ки пирях ба охир мерасад, дарёи Вайхо оғоз меёбад. Дарозии пиряхи мазкур 12 километр мебошад.
Дар забони маорӣ пирях "Ka Roimata o Hinehukatere" номида мешавад, ки онро "ашки Ҳинехукатере" тарҷума карданд. Тибқи ривояти қабилаҳои маҳаллӣ, духтаре бо номи Ҳинехукатере дар кӯҳҳо сайругашт намуданро дӯст медошт ва маъшуқааш Таверо водор кардааст, ки ҳамроҳаш ба кӯҳҳо биравад. Дӯстдоштааш бар асари ярҷ мефавтад  ва аз гиряи бисёр ашки духтар пиряхро ба вуҷуд меоварад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
 
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
РАМЗ ВА ШИОРИ ОЛИМПӢ
Рамзи Олимпиадаи муосир панҷ ҳалқаи бо ҳам пайванд аст. Он мафҳуми иттиҳоди варзишгарони панҷ қитъаи оламро мефаҳмонад, ки дар бозиҳои олимпӣ ба ҳам меоянд. 
Шиори машҳури олимпии “Ситиус, алтиус, фортиус!” (Зудтар, баландтар, боқувваттар!) мақсади олимпизмро аниқ ифода мекунад. Муаллифи шиор руҳонии фаронсавӣ Анри Дидон мебошад. Соли 2021 Шурои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ибораи “бо ҳам”-ро ба шиор илова кард. Ҳамин тариқ, нишони Кумитаи байналмилалии олимпӣ панҷ ҳалқа бо шиори “Зудтар, баландтар, боқувваттар, бо ҳам!” мебошад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
Санаи нашр: 14.06.2024 №: 113
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив