ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭКСПО. БАРГУЗОРИИ НАМОИШГОҲИ ТОҶИКИСТОН

ЭКСПО. БАРГУЗОРИИ НАМОИШГОҲИ ТОҶИКИСТОН

18 июн 2024, Сешанбе
14
0
Меҳмонони Конфронс дар Намоишгоҳ аз маҳсулот ва иқтидори истеҳсолию саноатии корхонаю коргоҳҳои гуногуни Тоҷикистон дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, кимиё, нассоҷӣ, маъдан, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмон, ангишт, технологияи иттилоотӣ, энергетика, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ дидан намуданд.
Дар як гӯшаи Намоишгоҳ Бонки миллии Тоҷикистон ба меҳмонони дохилию хориҷӣ ва иштирокдорони чорабинӣ тангаҳои хотиравӣ ва сабикаҳои ченакии тиллоро ба намоиш гузошт.
Зимни шиносоӣ ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ифодагари тамаддуни қадимаи халқи тоҷик, арзишҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ буда, рӯйдодҳои таърихиро дар худ таҷассум менамоянд. Онҳо манбаи пурарзиши таълимӣ ба ҳисоб рафта, дар бораи гузашта ва имрӯзи мо маълумот медиҳанд. 
Зикр гардид, ки тангаҳо на танҳо аз ҷиҳати молиявӣ, балки аз лиҳози таъсирнокию ҳиссиёт низ, арзиш дошта, ҷамъоварандагон онҳоро барои аҳамияти таърихӣ доштанашон қадр мекунанд. Сармоягузорӣ ба ин намуди маҳсулот на танҳо имкони баланд бардоштани арзиши дороиҳои худ, балки огаҳӣ ёфтан ва ҳамроҳ шудан ба таъриху фарҳанг мебошад. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.06.2024 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив