ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ.  МУЛОҚОТ БО МУДИРИ ДАФТАРИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ШВЕЙТСАРИЯ

БМТ.  МУЛОҚОТ БО МУДИРИ ДАФТАРИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ШВЕЙТСАРИЯ

19 июн 2024, Чоршанбе
17
0
Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо мудири барномаҳои макроиқтисодии Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (SECO) ҷаноби Роналд Гиндрат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
Фирдавс Толибзода ба ҷаноби Роналд Гиндрат барои ҳамкории дарозмуддат ва самарабахш изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки шарикӣ бо ин ташкилоти бонуфуз имкон дод, то тайи солҳои охир дар бахши молия ва низоми бонкӣ як қатор ислоҳоти муҳим татбиқ гарданд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаҳои SECO ба таъдоде аз дастурамалу низомномаҳои бахши назорати бонкӣ, аз қабили  идоракунии корпоративӣ, суботи молиявӣ, қарзҳои батаъхирафтода ва дигар воситаҳои танзими бонкӣ, тағйирот ворид гардиданд, ки натиҷаҳои назаррас доштанд.
Ҷонибҳо тақвияти ҳамкории тарафайнро бо истифодаи самараноки зар-фиятҳои мавҷудбуда зарур шумурда, ҳавасмандии худро дар татбиқи лоиҳаҳои минбаъдаи ислоҳоти бахшҳои бонкӣ бо мақсади таҳкими механизмҳои танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявии қарзӣ, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии идоракунии буҳрон дар бахши молиявӣ, таҳияи моделҳои санҷишии макростресс, ҷалби мушовирон барои рушди бозори коғазҳои қиматноки БМТ, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба татбиқи модули IFT ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳо дар доираи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 иброз намуданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив