ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. ДУШАНБЕ ШАҲРЕСТ НАМУНАИ ИБРАТ

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. ДУШАНБЕ ШАҲРЕСТ НАМУНАИ ИБРАТ

19 июн 2024, Чоршанбе
7
0
Дар  асоси қарори раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардид ва бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташаббуси «900 рӯзи ободонӣ» пайваста амалӣ мешавад. Мақсад аз он, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.
Инсоният, хусусан гузаштагони мо, аз қадимулайём ба покизакорӣ, тозагии муҳити зист ва манзили хеш эътибори ҷиддӣ дода, ба ин назаранд, ки сирату сурати инсон бояд зебо бошаду даруну беруни ҳавлию маскани худро бояд тозаву озода нигоҳ дошт.
Мавриди зикр аст, ки тоҷикон қадимтарин бошандагони Осиёи Миёна буда, сафедиву покизагиро нисфи имон, рамзи озодӣ, бахту иқболи сафед, ғалабаи нур бар зулмот, дурахши нур, рафтору пиндори некӣ медонанд, ки то ба ҳол боқист. 
Ин ҷо бояд таъкид кард, ки халқи тоҷик дар тули таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён буданд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондаанд. Душанбешаҳр, барҳақ, меросдори ҳамаи он ба ҳисоб рафта, сокини пойтахт будан боиси ифтихор аст ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад. 
Воқеан, инсон  ҷаҳонро агар бо чашми хирад нигарад, ба осонӣ дарк мекунад, ки меҳру муҳаббат, инсондӯстиву эҳсонкорӣ, ободкориву озодагӣ,  саховатпешагиву ҷавонмардӣ ва ҳамзистиву ҳамсоягӣ болотар аз ҳама меистанд. Зеро шахсони дорои ин гуна хислатҳо ҳамеша дилсӯзу дилҷӯи мардум ҳастанду байни халқи худ сарбаланду сарфароз умр ба сар мебаранд. Бузургони мо чунин хислатҳоро ҳамеша ситоиш карда, аз корҳои хубу савоб медонанд.
Чун як шаҳрванди Тоҷикистон аз гузаштаву имрӯз ва мардуми сарбаланди он ифтихор менамоям. Дар ҳақиқат, замоне ки ба ҷойҳои гуногуни кишвар сафар мекунему хислатҳои ҳамида, ба мисли меҳмондӯстӣ, ҳимматбаландӣ, ҷавонмардӣ ва тозакории халқи худро дида, хурсанд  мешавем. Ҳамин хислатҳои ҳамидаи сокинони пойтахт ва  мардуми атрофи ону шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки пайваста дар ободиву гулгулшукуфоӣ саҳм мегузоранд. 
Дар баробари дигар идораву муассисаҳо роҳбарияти АМИТ, хусусан кормандони Институти Осиё ва Аврупо пайваста дар шанбегиҳо фаъолона ширкат варзида, дар тарғиби  тарзи ҳаёти солим давом додани анъанаи неки аҷдодӣ саҳм мегузоранд.
 
Мирсаид РАҲМОНОВ,
коршиноси минтақа ва ходими калони
илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив