ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОМАИ ТАҚДИРИ МО

НОМАИ ТАҚДИРИ МО

19 июн 2024, Чоршанбе
24
0
Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст. 
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, ваҳдат вожаи одию сода нест. Мафҳумест хеле васеъ ва пурҷило. Агар ба маънои луғавиаш нигоҳ кунем ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, якдигарфаҳмӣ, муттаҳидиро ифода карда, дар маҷмуъ, миллатро ба ҳам меорад ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ медорад. Аз тарафи дигар, барои мо – тоҷикон ваҳдат ба маънои муқаддасот ҳам ҳаст. Вақте дар бораи миллат, ваҳдат, сулҳ сухан ба миён меорем, шеъри “Ваҳдат”- и шоири ҳамсабақам Абдулқодири Раҳим пеши назар меояд ва ӯ дар бораи ваҳдат мегӯяд:
...Пурӯзии ақлу адл омад ваҳдат,
Бикшодани мулки фазл омад ваҳдат.
Миллат, ки ба асли хеш роҳе меҷуст,
Дарёфт, роҳи асл омад ваҳдат...
 
Дар ҳақиқат, роҳе, ки миллат меҷуст имрӯз мо тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардем. Имрӯз калимаи ваҳдат барои тоҷикон “ман”-и миллат ва мани “ваҳдат” ва мани бақои давлати тоҷикон шудааст, ки онро чун гавҳараки чашм бояд эҳтиёт кард. Таъкид мекунем, ки ҷонибдорӣ аз ваҳдати миллӣ – ин ҷонибдорӣ аз сулҳу салоҳ, суботи сиёсӣ, амнияти ҷомеа, андешаҳои солими миллӣ, пешрафти илму маориф, иқтисоду фарҳанги миллӣ, низоми давлатдории миллӣ аст. Роҳе, ки мо бо сарварии Пешвои миллат интихоб кардем, ин роҳ ба сӯи ваҳдати ҷовидонӣ чун Офтоби дурахшон, субҳи содиқи ҳар як шаҳрванди тоҷик дар фазои Тоҷикистони азиз мебошад. 
Яқин аст, ки сулҳу ваҳдати миллӣ осон ба даст наомадааст. То расидан ба ин рӯзи саид, роҳи душвор ва пурмашаққатро пушти сар кардем. Дар ҳамин моваро як сухани Шоири халқии Доғистон, дӯсти тоҷикон Расул Ғамзатов пешорӯи ман меояд ва ӯ менависад: “Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формуллаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад...”. Воқеан ҳам, чунин буду чунин ҳам ҳаст. Ин суханҳо бо ҳарфҳои заррин навишта ва дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт шудаанд.
Имсол, мо 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Аз ин рӯ, агар ба охири солҳои 80-ум ва солҳои 90-ум назар афканем, рӯзҳои мудҳиштарини халқамон пеши назар меоянд. Бадхоҳони миллати тоҷик дар замини аҷдодии тоҷикон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро барафрохтанд ва мехостанд миллати тоҷик ва давлати онро пора-пора кунанд. Хушбахтона, Сарвари давлат халқро аз гирдоби ҳалокат раҳо карданд ва худ наҷотбахши миллат шуданд. Гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд, ҷинояткоронро афв намуданд ва сулҳу амниятро барқарору ваҳдати миллиро истеҳком бахшиданд.
Ба андешаи инҷониб, шоҳсутуни истиқлол ва бақои давлати тоҷикон ин ваҳдат аст. Маҳз ваҳдат моро аз андешаҳои ботил дур мекунад, қишрҳои гуногуни ҷомеаро новобаста аз ҳизбият, муносибатҳои динӣ, гуногунандешӣ, шахспарастӣ, манфиатҳои шахсӣ ва манфиатҳои маҳаллӣ ба ҳам меорад, чун фарзандони содиқи як миллат, тоҷиконро аз парокандагӣ эъмин нигоҳ медорад. Пешвои миллат зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҷой медиҳанд, халқро раҳнамоӣ мекунанд, аркони давлатдориро тақвият мебахшанд. Ваҳдати миллӣ буд, ки дар дили мардум умеди зиндагии осоиштаро ҷой дод. Тоҷикистони озодро дар ақсои олам муаррифӣ кард, нуфузи онро дар миқёси ҷаҳон боло бурд. 
Дар ҳамин росто як сухани Пешвои миллат, ки 27-уми июни соли 1997 гуфта буданд, меорам, ки хеле муҳим аст: “Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои панҷ-шаш соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст, зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро аз худ дур андохта, морони заҳҳокро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад. Ақли солим ва хиради дурбинии халқи тоҷик пирӯз шуд...”.
Дар поёни сухан аз шеъри “Чакомаи ваҳдати миллӣ”-и Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ёдовар мешавем:
Ваҳдати миллӣ
Ҷавшани мо бош!
Махзани мо бош!
Офтоби рахшони мо бош!
 
Аъзамҷон АЗИМОВ, профессор
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив