ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ.  ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН РУШДИ СОҲАРО ТАКОН МЕБАХШАД

САЙЁҲӢ.  ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН РУШДИ СОҲАРО ТАКОН МЕБАХШАД

22 июн 2024, Шанбе
19
0
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ” ба тасвиб расид. Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни мазкур зикр гардид, ки зарурати тағйиру иловаҳо аз тамоюли кунунии раванди ҷаҳонии сайёҳӣ ва рақобате, ки дар минтақа ба вуҷуд омадааст, сарчашма мегирад.  
 
Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки лоиҳаи Қонун аз 14 қисм иборат буда, бо мақсади танзими фаъолияти субъектони сайёҳӣ ва субъектони хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ равона гардидааст. Инчунин, ҷиҳати амалӣ намудани хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани рақобатпазириву сифати хизматрасонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод гардидааст. 
Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ ба сифати яке аз сарчашмаҳои даромад, ғанигардонии буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар рушди итқтисодиву иҷтимоӣ таъсири мусбат дорад.
– Қабули Қонуни мазкур ба рушди соҳаи сайёҳӣ такон бахшида, дар заминаи он рушди бахшҳои хизматрасонию истеҳсолӣ низ таъмин мешаванд, – гуфт Камолиддин Муминзод.
 
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”  
Санаи нашр: 22.06.2024 №: 118
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив