ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИТОБДОР

КИТОБДОР

22 июн 2024, Шанбе
13
0
Ҳар гоҳ сухан дар бораи кори неку номи нек равад, дар шуъбаи  фарҳанги ноҳияи Файзобод номи китобдор Салима Собирова вирди забонҳост. Китобдоре, ки тули фаъолияти чандинсола ва хизмати содиқонаи худ миёни мардум ба рамзи китобу донишафрӯз табдил ёфтааст.
 
Салима Собирова хатмкардаи шуъбаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  буда, инак беш аз даҳ сол мешавад, ки дар китобхонаи марказии ноҳия фаъолияти пурсамар дорад. Дар доираи имконоте, ки дар ихтиёр дорад, ҳамеша мекӯшад, то дар татбиқи хостаҳои Пешвои миллат саҳм гузошта бошад. Дар ин муддат даҳҳо шогирдонро ба китобхониву донишандӯзӣ ҷалб кардаву дар замирашон меҳри ин Ватани маҳбубро камол бахшидааст. Махсусан, дар ҳамин шабу рӯз, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудааст, Салима Собирова беш аз ҳар вақти дигар эҳсоси масъулият мекунад. Самари талошҳои ӯ дар роҳравҳои китобхона аз чашм пинҳон намемонанд. Хоса, гӯшаҳои “Тоҷикистон ба пеш!”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Китоб – сарчашмаи дониш”, “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” ва амсоли инҳо муҳити китобхонаро ҷолибу завқи хонандаро мудом болида нигоҳ медоранд. Салима Собирова на танҳо бо шогирдони китобдӯсташ, балки бо волидони онҳо низ ҳамеша дар иртибот аст. Маҳз бо истифода аз таваҷҷуҳи онҳо ба ин махзани дониш сари чанд вақт ҳамоишу шабҳои адабӣ доир намуда, ҳам завқи хонандагонашро тақвият медиҳаду ҳам сафи онҳоро меафзояд. Доир ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ роҳандозӣ намудани конфронсҳои сатҳи ноҳиявӣ аз паҳлуҳои дигари фаъолияти қаҳрамони мост. Дар ҳамин радиф чанде пеш таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ мароми мост” бо ширкати фаъоли аъзои китобхона ва намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин, падару модарон конфронси хотирмоне баргузор гардид. Иштироккунандагон бори дигар саҳфаҳои таърихи навини ин Ватани маҳбубро якҷоя варақгардон намуда, аз талошу заҳматҳои фарзонафарзанди миллат, наҷотбахши Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳи расидан ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ёдовар шуданд. Таъкид карданд, ки насли нисбатан калонсол уҳдадоранд, то сар карда аз оилаву мактаб роҳи тайкардаи ин миллати имтиҳоншударо бо роҳбарии Пешвои миллат аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ, ки, мутаассифона, оғози ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ низ буд, то расидан ба чунин рӯзҳои мубораку саид ба наврасону ҷавонони ноогоҳ доиман гӯшрас карда бошанд. 
Кору рӯзгори китобдор Салима Собирова паҳлуҳои дигари мусбат низ дорад. Вале рӯи коғаз овардани ҳамагӣ чанд далели созанда аз фаъолияти ӯ кофист, то хонанда дарёбад, ки чаро як зан, ки ҳамагӣ як китобдор аст, қаҳрамон интихоб шудаву васф мегардад. Бале, дар марҳалае, ки дар қисмати зиёди деҳҷойҳоямон, дари аксар китобхонаҳо солҳо боз кушода нестанд, ташаббускории китобдороне чун қаҳрамони мо, бешак, лоиқи васф ва намунаи ибрат аст.
 
Ҳокими САФАР, н.Файзобод
Санаи нашр: 22.06.2024 №: 118
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив