ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОРУҒ. РОҲҲО ОИНАИ ШАҲРАНД

ХОРУҒ. РОҲҲО ОИНАИ ШАҲРАНД

24 июн 2024, Душанбе
11
0
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имсол низ баъзе аз қитъаҳои роҳи маҳаллии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла роҳи мошингарди маҳаллаи Носири Хусрав, мумфарш карда мешавад. Ин иқдом аз дастуру супоришҳои  Президенти мамлакат зимни сафари кории  роҳбарияти  олии кишвар ба  шаҳру ноҳияҳои  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон маншаъ мегирад. Соли гузашта дар партави ин супоришҳо як қисми  роҳи марказии шаҳр навсозӣ ва  мумфарш гардид. Имсол роҳҳои маҳаллии шаҳр таъмиру таҷдид мешаванд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз ин маҳалла дидан намуда, ба масъулини сохтмони роҳ, ки рӯзҳои наздик корро дар ин самт оғоз менамоянд, барои гузоштани латокҳо ва иҷрои баъзе корҳои дигар дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Зикр гардид, ки маҳаллаи Носири Хусрав аз маҳаллаҳои сернуфузи маркази маъмурии вилоят буда, дар чорсӯйи шаҳр ҷой гирифтааст. Дар ин ҷо бо дастури  Президенти мамлакат маҷмааи варзишии замонавӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Айни ҳол сохтмони бинои нави МТМУ №6 бомаром идома дорад. Бори нахуст дар миқёси вилоят дар маҳалла бинои истиқоматии 9-ошёна сохта шуд. Дар самти ободонии маҳалла дар оянда низ нақшаҳои зиёде амалӣ мегарданд. Азнавсозӣ ва ба талаботи шаҳрдорӣ баробар кардани роҳҳои ҳудуди маҳалла аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад.
Раиси вилоят, инчунин, аз боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ – “Чорбоғ” ва боғи Ғалаба  боздид ба амал овард. Тавре аз дафтари матбуотии раиси вилоят иттилоъ доданд, боғи Ғалаба пурра азнавсозӣ гардида, барои истироҳат мувофиқ карда шуд. Дар боғи марказии шаҳри Хоруғ – “Чорбоғ” бошад, дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон атраксионҳои замонавӣ барои дилхушии кӯдакон ба истифода дода шуданд. Дар ин ҷо ба ибтикори  раиси вилоят ва дастгирии молиявии соҳибкори муваффақи шаҳр Мукарабшо Ноёбшоев иншооти нави дилхушию фароғатӣ ба истифода дода шуд. Иншооти фарҳангӣ дар  масоҳати 1600 мураббаъ доман паҳн карда, дар он панҷ намуди бозиҳои атраксионӣ насб  шудаанд. Аз ин иқдоми неки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сокинони шаҳр  сипосгузор буда, ҳамарӯза бо фарзандон вақтҳои холигии худро дар ин маконҳои зебову тамошобоб мегузаронанд. 
Раиси вилоят зимни боздид аз боғи фарҳангию фароғатии  “Чорбоғ” дастуру супоришҳои мушаххас  дода, масъалаи  зарурати таъмиру азнавсозии кӯлро, ки дар миёни боғ доман густурдааст, махсус таъкид намуд. Ин кӯл дар солҳои 50-уми асри пеш сохта шуда, бо мурури замон ниёз ба таъмири асосӣ пайдо кардааст. Ба талаботи замон мувофиқ намудани ягона кӯли оббозӣ дар шаҳри Хоруғ ҷавонону наврасонро метавонад аз  шиноварӣ дар дарёҳҳои кӯҳӣ, ки хеле хатари калон дорад, пешгирӣ намояд.
Ҳамзамон, барои ба тартиб даровардани роҳравҳои кӯчаи асосии шаҳри Хоруғ ва иваз кардани латокҳои фарсуда масъулинро вазифадор намуда, иброз дошт, ки шаҳри Хоруғ чун маркази маъмурии ВМКБ бояд ҳамеша ободу зебо ва ба  қабули меҳмонон омода бошад. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.06.2024 №: 119-120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив