ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

24 июн 2024, Душанбе
23
0
 
Таърихи инсоният собит намудааст, ки дар ҳар як давраи муайяни рушди давлатдорӣ ва гузариш аз як сохти давлатӣ ба сохти дигари давлатӣ ҷомеа ногузир ба мушкилоту буҳронҳои муайяни сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ мегардад ва зарурати ба талаботи замони нав мувофиқ намудани фаҳмиш ва диду назари шаҳрвандон ба вуҷуд меояд. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бошад, яке аз омилҳои асосии ҳалли ин мушкилот ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, бар асари ноустувории ҳаёти сиёсии солҳои аввали истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ин омил бевосита ба коҳиш ёфтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеа гардид. Аз ин рӯ, барои рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар он сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши асосиро иҷро мекунад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва чорабиниҳои маҷмуӣ андешида шуданд.
Бо дарки ин воқеият Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбариашон оид ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳанӯз 9-уми апрели соли 1997 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон» ба имзо расида, заминаи асосии ҳуқуқӣ барои минбаъд қабули барномаҳои омӯзиш ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва сиёсати ҳуқуқӣ дар ин самт гардид. Фармони мазкур бо мақсади тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини дастрасии санадҳои ҳуқуқӣ барои тамоми шаҳрвандон ва ташкилотҳо, мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии фаъолият ва интизоми онҳо, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо қабул гардид. 
Воқеан, яке аз роҳҳои ташаккул ва инкишофи давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дар баробари дигар омилҳои таъсиррасон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, дар Паёми соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии  зиёд дорад». Воқеан, асоси рушди давлати демократӣ,  ҳуқуқбунёд ва дунявиро маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ ташкил медиҳад. Зеро, маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ боис мегардад, ки низому тартибот дар ҷомеа таъмин гардида, принсипи қонуният ва таъмини баробарии шаҳрвандон амалӣ шавад. Чунки риояи Конститутсия, қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон аз маърифати ҳуқуқӣ сарчашма мегиранд. Маҳз, маърифати баланди ҳуқуқӣ боиси пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб ва низоъҳои иҷтимоӣ, динӣ, маҳаллӣ ва миллӣ дар ҷамъият гардида, мавқеи арзишҳое ба монанди инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, адолат, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ғайра баланд мегардад. 
Сипас, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ шуд. Мақсади Барномаи мазкур аз баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, риояву эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд иборат аст. Тадбирҳои андешидашуда маҳз барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва аҳолӣ, воқиф гардидани аҳолӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо равона шудааст. 
Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути барномаҳои дигар, аз ҷумла «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2012 қабул гардидааст, амалӣ мешавад. Мақсади асосии Барномаи мазкур низ, аз баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ иборат мебошад. 
Дар Паёми соли 2016 бошад, Пешвои миллат оид ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъкид намуданд ва онҳо дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ворид гардиданд. 
Воқеан ҳам, ин ташаббуси Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳо, ки ба сатҳи маънавиёт, тарбия ва ташаккули  ҷавонону наврасон, замина мегардад, зарурӣ ва саривақтӣ буд. Зеро солҳои охир шомилшавии баъзе аз наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ  ба назар мерасад, ки, албатта, боиси ташвишу нигаронист. Дар шароити кунунӣ шомилшавии баъзе ҷавонон ба равандҳои  номатлуб, аслан тавассути шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ расонда мешавад, чунки аксарияти истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонон мебошанд, ки ин ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад. Сабаби ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо шомил шудани онҳо, пеш аз ҳама, надоштани саводи кофии дунявию динӣ ва дар сатҳи пасти тарбия, хусусан тарбияи ҳуқуқӣ қарор доштани ҷавонон мебошад.
Аз ин рӯ, омӯзиши Конститутсия ва қонунҳои болозикр ба ҷавонону наврасон имкон медиҳад, ки маълумоти зарурӣ дар бораи Конститутсия, дар бораи ҷашну маросим, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту таассуб,  таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангиро пайдо намоянд. 
Маҳз ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадаф дар ҳамин Паём қабули «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон» масъалагузорӣ гардид ва дар натиҷа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ шуд. Қабули Барномаи мазкур бо назардошти пешрафти ҷомеа ва рушди илму техникаи муосир бениҳоят зарур арзёбӣ карда мешавад. Дар Барнома таҳлили вазъи кунунӣ, мақсад, вазифа ва принсипҳо, низоми таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, мақомоти ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи барнома, ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, сарчашмаи маблағгузорӣ, интизорӣ аз натиҷаҳо пешбинӣ гардидаанд.
Дар Паёми навбатӣ, 28-уми декабри соли  2023,  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд. Ин ташаббуси Пешвои миллат ба таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд шудааст. Дар ин хусус, дар ҳамин Паём Президенти кишвар чунин иброз намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ Соли маърифати ҳуқуқӣ  эълон карда  шавад». 
Ҳамин тариқ, имрӯз масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба яке аз масъалаҳои мубрам ва асосии ҷомеа табдил ёфтааст. Дар ин робита, шаҳрвандонро зарур аст, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба самти кору фаъолияти онҳо дахлдошта, хусусан аз меъёрҳои Конститутсия, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак огаҳӣ дошта бошанд. Донистани Конститутсия ва қонунгузорӣ танҳо вазифаи ҳуқуқшиносон нест. Онҳо бояд китоби рӯимизии ҳар як сокини Тоҷикистон бошанд. Корманди мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар бораи Конститутсия маълумот дошта бошанд, меъёрҳои онро донанд, муҳимтарин масъалаҳои дар Конститутсия пешбинишударо аз бар намуда, аз тартиби гузарондани ҷашну маросим огоҳӣ дошта, арзишҳои асили фарҳанги миллиро ҳифз намуда, хурофоту таассубро пешгирӣ карда, фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълиму тарбия намоянд.
 
САИДЗОДА Исфандиёр Искандар, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Санаи нашр: 24.06.2024 №: 119-120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив