ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОР. ФАРОГИРИИ КӮДАКОН БА МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ТАШВИШОВАР АСТ

ҲИСОР. ФАРОГИРИИ КӮДАКОН БА МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ТАШВИШОВАР АСТ

10 июл 2024, Чоршанбе
23
0
 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2023, зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, аз вазъи татбиқи қисмҳои асосии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 изҳори нигаронӣ намуда, таъкид сохтанд: «Рушди таҳсилоти томактабӣ, ки дар ташаккули шахсияти кӯдакон ва омода намудани онҳо ба муассисаи таҳсилоти умумӣ нақши муҳим дорад, зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Лозим ба ёдоварист, ки татбиқи қисматҳои асосии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад, вале вазъи иҷрои Барнома то ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад».
Воқеан, дар баъзе шаҳру навоҳии мамлакат фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Чунин вазъи ташвишоварро метавон дар шаҳри Ҳисор мушоҳида намуд. Гарчанде аз қабули Барнома чор сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале фарогирӣ бо назардошти марказҳои инкишофи кӯдак ҳамагӣ 4,5 дарсадро дар бар мегирад. 
Икромиддин Сафаров, иҷрокунандаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор, доир ба ин масъала ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин гуфт:
– Алҳол дар шаҳр 11 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда, аз ин шумора чортояш хусусист. Шумораи умумии тарбиятгирандагон дар кӯдакистонҳо 1670 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар назди 43 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак амал мекунанд, ки 1200 кӯдаки синни томактабиро ба тарбият фаро гирифтаанд. Албатта, ба муассисаҳои томактабии иловагӣ эҳтиёҷ дорем. Дар навбати худ, мо талош дорем, ки ин мушкилӣ то қадри тавон рафъ гардад. Нарасидани муассисаҳои томактабӣ, асосан, дар деҳот ҷой дорад. Аз ҳафт муассисаи томактабии давлатӣ панҷтои он дар маркази шаҳр ва дутои дигараш дар деҳоти Ҳисор ва шаҳраки Шарора фаъолият мекунанд. Сохтмони як кӯдакистони хусусӣ дар деҳаи Ҳаёти Нави деҳоти Ҳисор ҷараён дорад. Соли гузашта аз ҳисоби Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон муассисаҳои томактабии № 3 ва № 8 таъмири асосӣ гардиданд. Ҳамчунин, дар доираи маблағгузории ин лоиҳа бунёди муассисаи томактабӣ дар шаҳр ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои Икромиддин Сафаров, феълан, шумораи умумии кӯдакони синни томактабӣ дар шаҳр 64 ҳазорро ташкил медиҳад. Ташвишовар ин аст, ки аз ин шумора ҳамагӣ 2870 кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаасту халос. 
Муҳлати татбиқи Барнома баъд аз як сол ба поён мерасад, вале масъулони шаҳри Ҳисор бошанд, тайи чор сол фориғболиро пеша карданд. Пас, саволе бармеояд, ки кай мутасаддиён барои бартараф намудани ин мушкилӣ  тадбирҳои саривақтӣ меандешанд? 
 
Ёқуб СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив