ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МИНТАҚАИ РАШТ.  ФАРОҒАТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ДАР ЛАГЕРҲО

МИНТАҚАИ РАШТ.  ФАРОҒАТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ДАР ЛАГЕРҲО

10 июл 2024, Чоршанбе
16
0
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таълиму тарбия ва истироҳату фароғати кӯдакону наврасон таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат  қарор дорад. Ҳамасола дар мавсими тобистон бо фарорасии таътили мактаббачагон баҳри дилхушиву фароғати онҳо бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар гӯшаву канори гуногуни кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои минтақаи Рашт, лагерҳои истироҳатӣ ташкил мешаванд.
Дар робита ба ин мавзуъ Тӯрабек Аброров, мудири маорифи ноҳияи Лахш, чунин иброз дошт: 
– Чун анъана, дар давраи таътили тобистона шуъбаи маориф бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати руҳбаланд кардани хонандагон, инчунин, хуш гузарондани мавсими тобистон аз ҷониби онҳо, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёна  лагерҳои истироҳатӣ ташкил менамояд. Имсол низ дар деҳоти Сайлиобод, Лахши Боло, Нурафшон ва Саритал лагерҳои истироҳатии наздимактабӣ бо ҷалби зиёда аз 100 хонанда ба  фаъолият оғоз намуд.  Боиси зикр аст, ки  дар истироҳатгоҳҳо ҳуҷраҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаҳои варзиш, ҳавзи шиноварӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонда шудаанд ва баҳри босамар гузаштани вақти хонандагон баргузории бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва ташкили барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки дувоздаҳ хонандаи болаёқат барои гузарондани таътил ба лагери «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Варзоб фиристода шуд. 
Тавре, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Ривоҷиддин Тоҷиддин таъкид кард:  
– Имсол ба хотири боз ҳам беҳтару хубтар гузарондани таътил дар дараи Камароб, лагери мактаббачагон бо ҷалби 150 хонанда дар се давр  ба фаъолият оғоз намуд. Инчунин, дар 31 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо иштироки панҷ ҳазор хонанда легерҳои истироҳативу варзишӣ ташкил шуданд ва кӯдакон дар баробари бозиҳои шавқовар ба хондани китобу омӯхтани касби дилхоҳашон машғул мегарданд. Воқеан, кӯдакону наврасон бояд барои аз худ намудани дониш ва касбу ҳунар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла истироҳат дар лагерҳо, истифода баранд, зеро фардои дурахшони Тоҷикистон дар дасти онҳост.
Дарвоқеъ, боиси тазаккур аст, ки айни ҳол рӯзҳои истироҳатии кӯдакону наврасони ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор низ дар фазои ободу озоди Ватани маҳбубамон идома дорад. 
 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив