ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНДИҶОН. ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД

АНДИҶОН. ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД

12 июл 2024, Ҷумъа
31
0
Ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Хуҷанди Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкорӣ ба Донишкадаи мошинсозии Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард. Дар рафти мулоқот ва вохӯриҳо ҷонибҳо ҳамкорӣ дар соҳаи барномаи муштараки таълимиро баррасӣ карданд.
 
– Бо иродаи сиёсии ду сарвари муаззам – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахши таълиму тадрис дар муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвари ҳамҷавор ва дӯст ҳамкориҳои самарабахш ба роҳ монда шудаанд. Ҳамкории байни Донишкадаи политехникии Хуҷанд ва Донишкадаи мошинсозии Андиҷон низ дар заминаи ҳамин равобити ҳасана ба роҳ монда шуда, сол аз сол тавсеа меёбад, – гуфт ба хабарнигори “Ҷумҳурият» проректори  Донишкадаи мошинсозии Андиҷон, профессор Умед Турдиалиев. 
Таъкид гардид, ки ин ду муассисаи таҳсилоти олӣ дар соҳаи пажӯҳишҳои илмӣ оид ба илму техника, табодули таҷрибаи байни устодону донишҷӯён намуда, дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва маводи дигар ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд. Дар доираи ҳамкориҳо байни донишкадаҳои мазкур аз соли таҳсили 2024-2025 дар соҳаи татбиқи барномаи муштараки таълимӣ ба тавофуқ расиданд. Созишномаи мазкур барои таҳсили бакалаврӣ ихтисосҳои автоматикунонӣ ва идоракунии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот, мехатроника ва робототехника, системаҳои муҳандисии интеллектуалӣ, муҳандисии биотиббӣ, мошинсозӣ, мошину таҷҳизотҳои технологӣ, маҳсулнокӣ ва технологияи истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, таъминоти нақлиётиро пешбинӣ намудааст.
Қарор аст, ки дар бахшҳои мехатроника ва робототехника, системаҳои интеллектуалии муҳандисӣ, дастгоҳҳои биологии тиббӣ, системаҳо ва комплексҳо, мошинҳо ва системаҳои рӯизаминӣ, технология ва таҷҳизоти муҳандисӣ барномаи муштараки таълимӣ омода ва мавриди корбаст қарор дода шавад. Донишҷӯёне, ки аз рӯйи ин барномаи таълимӣ таҳсил мекунанд, дар курсҳои якум ва дуюм дар Донишкадаи политехникии Хуҷанд таҳсил мекунанд ва баъд, то ҳимояи рисолаи дипломӣ, дар Донишкадаи мошинсозии Андиҷон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
– Чунин тарзи кор барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш мебошад. Мо ба ин васила дар таҳкими  риштаҳои дӯстии мардуми ду кишвар низ саҳм хоҳем гирифт, –мегӯяд проректори Донишкадаи политехникии Хуҷанд Усмонҷон Аҳмадов. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.07.2024 №: 132
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив