ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024 ҚАДР ШУДАНД

ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024 ҚАДР ШУДАНД

22 июл 2024, Душанбе
57
0

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати миллии букмекерии “Формула-55” варзишгарони кишварро, ки ба XXXIII Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфтаанд ва ҷумҳурии азизамонро дар ин чорабинии сатҳи баланди варзишӣ муаррифӣ менамоянд, бо мукофотпулӣ қадр намуданд. 

Ҳамин тариқ, варзишгарони кишвар, ки роҳхати мустақими олимпӣ ба даст оварданд, бо 10 000 сомонӣ ва варзишгароне, ки ҷойҳои универсалиро соҳиб шудаанд, бо 5000 сомонӣ ҳавасманд гардиданд. Онҳо, ҳамчунин, аз ҷониби федератсияҳои варзишиашон барои ин дастовард соҳиби мукофотпулӣ гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024, ки аз 26-уми июл то 11-уми август доир мегарданд, 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш – ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштии тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ менамоянд.

Тавре хабар дода будем, варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 сазовори медал мегарданд, аз номи раиси шаҳри Душанбе ба онҳо манзили истиқоматӣ дода мешавад. Барандагони медали тилло дар пойтахт соҳиби манзили 3-ҳуҷрагӣ, медали нуқра – 2 ва медали биринҷӣ хонаи 1-ҳуҷрагӣ мегарданд.

Дар  баробари  ин,  ба ғолибони Бозиҳои олимпӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегардад: барои медали тилло – 300 000 сомонӣ, медали нуқра – 250 000 ва медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ. Ҳамчунин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023 ба ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпӣ то охири умр ҳар моҳ маош дода мешавад. Дар асоси ин қарор моҳонаи чемпионҳои олимпӣ 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 30 ва 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин шудааст (аз 1-уми январи соли 2024 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ муқаррар шудааст). Бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо маоши онҳо зиёд мешавад.

Инчунин, бори аввал дар таърихи бозиҳои олимпӣ, ду федератсияи байналмилалӣ – варзиши сабук ва бокс – эълон карданд, ба варзишгароне, ки соҳиби медали олимпӣ мегарданд, ҷоизапулӣ медиҳанд. Фонди умумии ҷоизавии Созмони варзиши сабук 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Варзишгароне, ки дар 48 равияи варзиши сабук медали тилло ба даст меоранд, 50 ҳазор доллар мегиранд. Ассотсиатсияи байналмилалии бокс бошад, барои медалҳои нуқра ва биринҷӣ низ ҷоиза медиҳад. Фонди ҷоизавии намуди бокс 13 000 000 доллари ИМА мебошад. Дар ҳамаи 13 вазн – 7 вазни мардон ва 6 вазни бонувон – барандагони медалҳои тилло 100 000 доллари ИМА, медали нуқра – 50 000 ва барандагони медали биринҷӣ 25 000 доллар мегиранд. Илова бар ин, варзишгароне, ки дар чорякфинал шикаст хӯрда, ҷойи 5-умро сазовор мешаванд, 10 000 доллар дарёфт хоҳанд кард. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.07.2024 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив