ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ.  МАФКУРАИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ.  МАФКУРАИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

24 июл 2024, Чоршанбе
26
0
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст, зеро муваффақияти ислоҳоти ҳамаҷонибаи ҷомеа бевосита аз таълими ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста аст ва барои татбиқи ғояи давлати ҳуқуқбунёд аҳамияти махсус дорад. 
Мақсади таълими ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ мебошад, ки ба ташаккули рафтори ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шахс, ҷомеа ва давлат мусоидат мекунад.
Яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон васеъ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, таблиғи доимии меъёрҳои қонунгузорӣ тавассути ВАО мебошад. Агар мисол оварем, ҳоло таъсир ба шуур, чунон ки дар ҷомеаҳои анъанавӣ буд, нест. Ҳоло таъсир ба шуур хусусияти инфиродӣ надорад ва принсипи «муаллим-шогирд» қариб, ки амал намекунад, балки раванди иҷтимоишавӣ ба шуури инсон бештар таъсир дорад. Аз ин нуқтаи назар, зарурат пеш омадааст, ки тавассути воситаҳои ахбори омма, махсусан шабакаи телевизион, роликҳои хурд ва дигар барномаҳои иҷтимоию фарҳангӣ сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолиро баланд бардорем. Феълан, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ хеле ба маврид ва саривақтӣ мебошад. Махсусан, баъд аз мулоқоти Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки дар он масъалаҳои муҳими ҷомеа матраҳ гардиданд, баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқӣ боз афзалият пайдо кард.
Сар карда аз масъалаи одобу оиладорӣ, масъулияти падару модар, тарбияи ҷавонону наврасон то фаъолияти масҷидҳову муассисаҳои таълимӣ ва бисёр дигар масъалаҳои иҷтимоӣ аз мавзуъҳои муҳим ба ҳисоб мераванд, ки аз ҳар яки мо, шаҳрвандон, масъулияти баланд талаб менамояд. Воқеан, дар ҷомеа, агар мушоҳида намоем, мо, шаҳрвандон, қариб дар  ҳама  самтҳои фаъолияти худ зиёдаравӣ мекунем, ҳам дар самти таълимоти динӣ ва ҳам риояи расму оинҳо. Вале дар масъалаи муҳимтар – таълиму тарбия ва донишандӯзии фарзандони худ, ки масъулияти зиёдтар металабад, беаҳамиятӣ зоҳир менамоем. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат зимни мулоқот аз ҳазрати Умар ривояти хубе мисол оварда, ходимони динро даъват карданд, то вазифаи худро иҷро кунанд ва дар ислоҳи маънавиёти ҷомеа, хусусан пешгирии ифротишавии ҷавонон, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии имрӯза барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ қарзи имонӣ ва рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоянд. 
Дар таълиму тарбияи насли ҷавони имрӯз ҳар яки мо, шаҳрвандон, масъулем. Барои ин, хеле муҳим аст, ҷиҳати ба мақсад расидан, пеш аз ҳама, дар хонадони худ ба фарзандон таълиму тарбияи дуруст диҳем. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат маҳз ба ҷавонон муроҷиат карда, гуфтанд, ки онҳо соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд ва бо ақлу заковат, неруи зеҳниву ҷисмонӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ аз Ватани хеш муҳофизат мекунанд ва онро ҳамаҷониба пеш мебаранд. 
 
Абдулвоҳид САТТОРЗОДА, судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 24.07.2024 №: 139
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив