ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШКОШИМ.  БУНЁДКОРИҲО ДАР АВҶАНД

ИШКОШИМ.  БУНЁДКОРИҲО ДАР АВҶАНД

01 август 2024, Панҷшанбе
26
0
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба ноҳияи Ишкошим ташриф оварданд.  Дар  ин сафар онҳоро раиси ноҳияи Ишкошим Анвар Иматшозода  ҳамроҳӣ кард.
Онҳо, нахуст, аз сохтмони бинои  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13-и деҳаи Птуп дидан намуданд. Иттилоъ доданд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2022 оғоз ёфта, арзиши лоиҳавии он 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бунёди он аз тарафи  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Айни ҳол  корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо сифати баланд ҷараён доранд.                                                               
Дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков котиби Шурои амният ва раиси вилоят бо  фаъолияти корхонаи  коркарди ангат шинос гардида, аз таъсиси чунин корхона изҳори қаноатмандӣ намуданд. Буттамеваи ангат як намуди рустании шифобахш буда, дар тиб барои муолиҷаи ҳар гуна бемориҳо истифода мешавад. Корхона, ки фаъолияташро аз соли 2014 ба роҳ мондааст, аз мева ва фишурдаи ангат дору истеҳсол менамояд.   Дар ин давра корхона  ҳаҷми содироти равғани ангатро аз 2 килограмм  то ба  500-600 килограмм расондааст. Корхона бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, дар он 40 нафар  бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин мебошад. Маъмурияти корхона бо парки инноватсионии ноҳияи Дарвоз ҳамкориро ба роҳ монда, маҳсулоти истеҳсолнамудаашро ба он ҷо интиқол медиҳад. Айни ҳол дар корхона корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ идома доранд. Ин ба корхона имкон медиҳад, ки дар оянда   ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро васеъ ва шумораи ҷойҳои кориро зиёд намояд. 
Дар идомаи сафари корӣ котиби Шурои амният ва раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмони корхонаи саноатии коркарди маъдани литийи деҳаи Рин, ки аз ҷониби ҶДММ “Рушди энержии Хайтуо”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳандозӣ мешавад, биноҳои  раёсати молия, кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, МТМУ  № 21  ва варзишгоҳи марказӣ дидан намуданд.   Зикр гардид, ки сохтмони МТМУ № 21 соли 2017 бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм оғоз ёфта,  барои 1300 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия, ки  4 ҳазор ҷойи нишаст дорад, соли 2017 оғоз гардидаанд. Барои сохтмони варзишгоҳ, ки бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд мешавад, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  11 миллиону 774  ҳазор сомонӣ ҷудо  шудааст.   Сохтмончиён ният доранд, ки то даҳаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ корҳои бунёдиро дар варзишгоҳ пурра ба охир расонанд. 
Дар ҷараёни шиносоӣ бо корҳои  сохтмонӣ раиси вилоят ва котиби Шурои амният ба масъулони сохтмонҳои мазкур ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар анҷоми сафари корӣ котиби Шурои амният ва раиси вилоят дар маркази ноҳия бо фаъолони ноҳия мулоқот  доир намуданд.
        
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.08.2024 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив