ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФЕСТИВАЛИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД».  АЗ ХАТЛОН ДУ НАФАР ҒОЛИБ ОМАД

ФЕСТИВАЛИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД».  АЗ ХАТЛОН ДУ НАФАР ҒОЛИБ ОМАД

01 май 2023, Душанбе
94
0

Дар даври ниҳоии Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»,  ки дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” доир гашт, беҳтаринҳо аз панҷ шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ иштирок карда, аз инҳо ду ҳунарманд дар озмун ғолибият ба даст овард.
Ба иттилои Қобилҷон Файзализода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, ҳунармандони вилоят маҳсулоти кандакорӣ, гаҳворасозӣ, қошуқу табақтарошӣ, армуғонсозӣ, шонасозӣ, сангтарошӣ, дӯзандагӣ, ҷомадӯзӣ, тоқидӯзӣ, рӯймолу камарбанддӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, куртадӯзӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ ва читгарӣ ба маъраз гузоштанд. 
Қабл аз оғози озмун ҳайати комиссия бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва намояндагони вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳо аз намоиши маҳсули дастони ҳунармандон дидан карда, ба маҳорати ҳар як нафар дар асоси низомномаи фестивал баҳои сазовор доданд. 
Бо хулосаи аъзои комиссия, Умеда Маҳмадҷонова, ҳунарманд аз ноҳияи Вахш, аз рӯи номинатсияи “Бофандагӣ” сазовори дипломи дараҷаи якум ва ҳунарманди мардумӣ Тозагул Самадова, аз ноҳияи Кӯшониён, аз рӯи номинатсияи “Бофандагӣ ва либосдӯзӣ” сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардиданд.  
Ҳамзамон, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои иштироки фаъол ва саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории фестивал сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки фестивал бо мақсади татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, № АП-318 оид ба ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмун, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо ташкил шуд. То даври ниҳоӣ он аз ҷониби раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳо ва маҳаллаҳо гузаронда шуд. 
Даври якум 12 апрели соли равон ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муайян шуда, барои иштирок ба марҳилаи дуюм, яъне ба фестивали вилоятӣ, роҳхат гирифта буданд. Даври дувум 15 апрел дар шаҳри Бохтар барпо шуд. Дар он аз рӯи се номинатсия нуҳ нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм сеюм дониста шуда, ҳунару эҷодкории онҳо бо диплом ва  сипоснома қадр гардид.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.04.2023 №: 88-89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив