ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН АЗ ШАҲРҲОИ БОКУ ВА МИНСК БОЗДИД МЕНАМОЯД

РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН АЗ ШАҲРҲОИ БОКУ ВА МИНСК БОЗДИД МЕНАМОЯД

16 май 2023, Сешанбе
10
0


Дирӯз ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 100-солагии Ҳайдар Алиев ба шаҳри Боку сафар намуд. Дар ин хусус ба мо аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин дар ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблея, ки 18 май дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус доир мегардад, иштирок менамояд.


МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
15 майи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Кореяро таҳти роҳбарии фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангмин ба ҳузур пазируфт. Хабари он дар саҳифаҳои расмии Вазорат ҷой дода шудааст. 
Зимни мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои доираи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва башардӯстона муҳокима гардиданд.


ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚШИНОСОН
«Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар ҳошияи Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқшиносон мулоқоти дуҷонибаи директори Хадамоти федеролии иҷрочиёни суди Россия Дмитрий Аристов бо сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода баргузор гардид». Чунин омадааст дар иттилооти ба АМИТ «Ховар» додаи ниҳоди мазкур.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду мақомот, аз ҷумла тақвияти ҷараёни ба имзо расондани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии иҷрочиёни суди Федератсияи Россия дар самти истеҳсолоти иҷро мавриди баррасӣ қарор гирифт.


«НАВОИ ШАШМАҚОМ»
Фестивали ҷумҳуриявии мақомсароён ҷамъбаст шуд
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали мақомсароён – “Навои Шашмақом” баргузор гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба мо хабар доданд, дар он овозхонони ансамблҳои «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва мақомсароён аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Панҷакент, Бохтар ва ноҳияи Варзоб иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив