ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИН ҚИТЪА МАГАР ҚАТЛГОҲИ ФАРИШТАГОН АСТ?

ИН ҚИТЪА МАГАР ҚАТЛГОҲИ ФАРИШТАГОН АСТ?

19 май 2023, Ҷумъа
107
0
(Ба хотираи занони озодихоҳи кӯҳистон)
Донӣ, ки чаро дори мукофот шудем?
Нокарда гунаҳ чунин муҷозот шудем?
Куштем хирад, дор задем донишро
Дар банду асири сад хурофот шудем!
 
Мавлоно
 
Вақте бод гесувони дарозу мушкии Сайрамбибии ба дор овезонро парфишон кард, ҳатто Фузайл Махсуме, ки хун пеши чашмонашро гирифта буд, ангушти пушаймонӣ газид, ки ин ҳусну ҷамолу гесувони дарозу мушкин бар пояи дор ҳайф шуд. 
Ҳанӯз бод дар кӯҳу пуштаҳои Ҳоит аз ҳасрати се соҳибҷамоли бадоровехтаи ин диёр навҳа мекашад. Сайрамбибӣ, Оламбибӣ ва Маълумбибӣ се арӯси бенишон, ки танҳо барои рафтан ба омӯзишгоҳи муаллимӣ сар ба дор шуданд. Онҳо танҳо орзу доштанд, то нури маърифатро дар рустои худ фурӯзон кунанд. Гуноҳашон аз пайи омӯхтани илму фан рафтан буду бас. Аммо қурбони душманони нуру ақлу ҳушу илму маърифат шуданд.  Солҳои 1927-1929 курсҳои маҳви бесаводӣ дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон таъсис меёфт ва чаҳор тан аз духтарони Ҳоит аз сӯи ҳукумати маҳаллӣ барои таҳсили курси кӯтоҳмуддати омӯзгорӣ барои 1 моҳ ба маркази ноҳияи Ғарм фиристода мешаванд. Дар ин бора муаллиме аз ин диёр бо исми Давлатов баъдҳо қисса кардааст. 
Пас аз чанд вақт аз замони гурехтани Амир Олимхон ва ҳомиёни аморати манғитӣ ба он сӯи Омӯ, Фузайл Махсум бо дастаи мусаллаҳе аз Афғонистон барои барқарории ҳукумати амирӣ ба Ғарм пас меояд ва бо дасисаву хабарчинии афроди чоплусу фурсатталаб дар баробари қатлу ғорати мардуми бесилоҳ навиштани тақдири ин духтарони дарсхонда ва бедифоъро ба зиммаи худ мегирад. Дар мазҳари ом онҳоро ба дор меовезад ва ҷасадашонро чанд рӯз рӯи дор овезон мегузорад. Дар мавриди сар хам накардани ин духтарони диловар, ки роҳи илмомӯзиро ҳақ медонистанд, назди буздилони бемаърифат ва заифмиҷозу ноҷавонмард ривоятҳои зиёде мавҷуд буданд, ки каме аз онҳо дар шакли хаттӣ то имрӯз омада расидааст. Ба нақли бузургсолони ин диёр бонувони дарсомӯхта чаҳор тан буданд, ки яке аз онҳо бо далели обистан будан, ба таври муваққат аз пояи дор ҷони солим ба дар мебарад, ба шарти то ба дунё омадани фарзандаш. Қарор буд, тибқи дастури шариат ва амри Фузайл, ин зан набояд пас аз зоймон ба фарзандаш шир диҳад ва бояд ҳукми ба дор овехтанаш иҷро мешуд. Ба нақле, ин зан гурехта, худро дар оби Кабуд мезанад ва об ӯро ба бероҳае мепартояд ва аз дасти ҷаллодони Фузайл наҷот меёбад. Тахаллуси ин зани шуҷоъ Чиласпа буда, баъдан дар Ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш зиндагӣ кардааст. Санг Раҳмонов, аз кормандони фаъоли ҳизбии шуравӣ, соли 1962 бо ӯ суҳбати кӯтоҳе доштааст, ки бар иллати маризии ин зани фаъол ва ҷонсахт фаҳмидани ҷузъиёти он ҳодисаи мудҳиш барояш даст надодааст.
Бархе аз шоҳидон дар бораи писари ин бону, ки дар замони даҳшатбор дар батни модар будаву боиси наҷоти ӯ шудааст, нақл кардаанд, ки ӯро дар рӯзҳои таҷлил аз Инқилоби Октябр дар маросимҳое дар макотиби водии Вахш дидаанд. 
Дар мавриди саргузашт ва корнамоии ҷавондухтарони ҳоитӣ дар аксарияти маҳфилҳои макотиби Тоҷикистони шуравӣ намоишномаҳо гузошта мешуданд ва онҳо ҳамчун афрӯзандагони чароғи маърифат дар фазои тангу тори феодалӣ муаррифӣ мешуданд. Новобаста аз ҳар гуна идеология ва сохтори давлатдорӣ гуноҳи аслии ин ҷавондухтарон рафтан ба мактаб будааст. Ҷурмашон дарс хондан!
Бо ба дор овехтани ин ташнагони илму маърифат бо амали даҳшатбори хеш ҷаллодон мехостанд монеи дарсомӯзӣ ва ба мактаб рафтани ҷавонон шаванд. Ҳамчуноне ки имрӯз дигар намояндагони бадгуҳари торикӣ ва насле аз ҷаҳлу нодонӣ монеи рафтани духтарон ба мактаб дар сарзамини Хуросони Қадим ҳастанд ва дунё нафринашон мехонад. Дар замони ин духтарони маърифатпарвар ва Фузайли ҷоҳил расонаҳо ба андозаи имрӯз рушд надошт, то расвоии ин ҳамоқати хунхори даврро ба давру бар бибаранд. Аммо ин хабари шум дар он замони тангу тор дар атрофу акноф аз даҳон ба даҳон мегузашт ва дар андешаи мардум тарсу ҳаррос ба вуҷуд меовард ва ба ҳайбати Фузайл меафзуд. Аммо дағдағаи ин ҳайбату манманӣ дар тори гесуи ин се духтари гуларӯсу бедифоъ овезон буд. 
Мадфун кардани ҷасади духтаронро дар қабристони маҳал мамнуъ эълон карданд ва онҳо солҳо пушти дарвозаи волидонашон мазор ёфтанд. Тӯпи хоке аз ҳасрати гулҳои маҳкум ба марг дар рӯёрӯии азизон ҳар рӯз захми доғи марги онҳоро тозаву тозатар мекард. Соҳибтадбирони маҳал барои раҳоӣ аз ин ранҷи пурдаҳшати волидони мақтулон ҷасадҳоро ба назди мактаби куҳна, ки як хонаи сокинеро табдил ба мактаб карда буданд, кӯч доданд ва то соли 1968 ҳамин ҷо мадфун монданд. Соли 1968 мактаби нав бунёд шуд ва ҷасади аввалин духтарони маърифатпарварро боиззату икром ба назди ин мактаб кӯч доданд ва ба ифтихорашон сутуни ёдбуд бунёд ёфт. Он ба мақарри пурифтихори донишомӯзону мактабиёни диёр табдил ёфт. Гулгузорӣ бар пояи ин сутун дар рӯзҳои ҷашну маросимҳо бар одати пурифтихори ҳамдиёрон табдил шуд. 
Санг Раҳмонов, котиби вақти аввали комсомоли ноҳияи Ғарм, нақл мекунад, ки ба пешвози Пленуми ВЛКСМ, ки ба 50-умин солгарди ташкилёбии ин ташкилот бахшида мешуд, бо ташаббуси ӯ ва дастгирии раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ғарм Бобоев Салимҷон ба хотири қурбониёни ҷаҳлу нодонӣ лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд. Дар лавҳаи ёдгорӣ аз рӯи нақли бузургсолон саҳнаи қатли духтарони мақтул акси бузурге аз сӯи як наққоши маҳаллӣ тасвир ёфт. Он аксро ба ҳузури Ҷаббор Расулов, раҳбари аввали вақти Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон мебаранд ва Расулов ду дафъа барои ҳамчунин аксе шигифтангез аз ҷо баланд мешавад ва миннатдорӣ баён мекунад. Бо дастури Ҷаббор Расулов ин аксро дар Академияи педагогии Тоҷикистони шуравӣ нигаҳдорӣ мекунанд.
Аммо номи Фузайл Махсумро аксарияти насли имрӯзии ин минтақа ҳамчун ҷаллод ва қотили ин зеборухони рӯшанфикр ба забон меоранд. 
Ин ҳодиса  бештар аз 90 сол қабл дар Ҳоит, ноҳияе дар шарқи кишвар рух додааст. Рӯшанкунандагони чароғи маърифат, се тан аз нахустин муаллимони занро буздиле бо номи Фузайл Махсум ба дор зад ва ҷасади онҳоро, ҳамчунон, бар пояи дор овезон монд, то чашми мардумро битарсонад. Дар ҳоле ки тарс бузургтарин гуноҳ шумурда мешавад ва агар мардум босавод мебуд, иззату каромати инсонӣ ва ҷавонмардиро дар ҷойи аввал мегузошт, ба ҳеч ваҷҳ намегузоштанд, то буздилону номардони давр ин гулҳои бедифои маърифатро каллакан кунанд. Ҳамеша бетарафӣ ва бекифоятӣ дар баробари ҷаҳлу нодонӣ беҳтаринҳои моро ба коми аҷали бемаврид тела додааст. 
Агар фузайлмахсумҳо ҷасорату фаҳм медоштанд, ба ҳеч ваҷҳ бо занони бесилоҳу бесипар ин зулмро раво намедиданд ва худро дар назди таърих рӯсияҳ намесохтанд. Фузайлҳои беҳувияту буздил аз ҳар роҳе барои тарсондани мардуми авом кор мегирифтанд ва чароғи маърифатро ба ҳар тариқе хомӯш кардан мехостанд. Аммо оташи маърифати афрӯхтаи ин омӯзгорони зан бо ба сари баланд ба зери дор рафтани онҳо бар ин пастиҳои бемаърифатони давр дастболо шуд ва номашон ҷовидонӣ. 
Ҳоло ҷоҳилоне вопасмонда аз даврони ҷоҳилият ҳамин корро дар чандқадамии мо дар кишварҳои ҳамсояи дуру наздики мо такрор мекунанд. Фархунда – духтари тоҷик дар Кобул аз сӯи ваҳшиёни аз инсоният бехабар бо пайравӣ аз ҳамин хатти фикрӣ ё мактаби фузайлмахсумҳо дар маҳзари ом бо ваҳшоният кушта шуд. Духтари ҳиҷобдор, исломӣ, донандаи ҳамон Қуръон, аммо огоҳ!  Чун бо огоҳӣ муллоро ба фитнаву ҷодугарӣ муттаҳам кард ва хост ба роҳи ростӣ ҳидоят кунад. Яъне ин тӯдаи ҷоҳил намехоҳанд аз воқеиятҳои дунё мардум бохабар шаванд.
Даҳҳо бачаҳои дар ҳукми гул, ки бар асари ҷангу кашмакашҳои ахир аз мактабу таълиму маърифат дур мондаанд, сайди ин сайёдони ҷоҳил мешаванд. Бадбахтона, модарони шӯрбахти онҳо тамошогари қатли бачаҳои бо хуни дил ба воя расондаи хешанд. Онҳо барои ҷоҳилият меҷанганд. Барои боз ба дор задани муаллимони худ, барои қасди ҷони хоҳарони илмҷӯи хеш кардан дарбадару хокбасар мегарданд. Террористони ҷоҳил ва “ДОИШ”-иёни хуношом димоғи онҳоро бо бӯйи хун одат ва мағзҳояшонро бо ғояҳои шайтонӣ ва золимонаву хунхоронаи худ, ки аз номи Худо паём медиҳанд, заҳролуд сохтаанд. 
Агар мехоҳед, башарият шоҳиди дигарбораи ҳамоқати номардонаи фарзандони шумо нашавад ва сарҳои хоҳарони бомаърифати ин диёр сар ба дор нашаванд, дар остини худ мор парвариш надиҳед. Агар мехоҳед як миллати пешрафта, соҳибмаърифат ва вориси тамаддуни башаридошта, чароғи маърифатро барафрӯзед. Асри нав асри технологияи пешрафта аст. Кӯрсавод набошед. Бихонед, аз илмҳои муосир огоҳ шавед, ба ҳар гӯшсавод ё кӯрсавод иҷоза надиҳед, зиндагии шуморо талх бисозад. Зиндагиеро, ки барои хушии шумо сохта шудааст, ба ҷаҳаннам табдил созанд. Шумо дар ин роҳ танҳо як сипар доред. Дониш!
Танҳо дониш аст, ки метавонад роҳи зиндагиро мунаввар созад ва шуморо ба саодат бирасонад. Ба ваъдаҳои дурӯғини воизони мактабнодида дода нашавед. Касе, ки дониш дорад, беҳуда ҷор намезанад. Як бор ба атроф дида бидӯзед, як кӯрсаводи мактабнодидаи шайхнамо ин қадар дӯғу пӯписа мекунад ва гӯё мехоҳад роҳи дурустро барои шумо нишон бидиҳад. Шахси босавод бомаърифат мешавад. Ҳеч гоҳе аз хушунат кор намегирад. 
Чароғи барафрӯхтаи Оламбибӣ, Маълумбибӣ ва Сайрамбибиҳо нури маърифат буд, ки мехостанд, чашми ҷомеаро боз кунанд ва роҳнамо бошанд. Касе дари дабистонро мекушояд, роҳи зиндагиро рӯшноӣ мебахшад. Ҳаргиз думболи касони ҳаросафкан, хушунатгаро ва ҷоҳил наравед, ҷои эҳсосот ақлро ба кор бигиред. Ин ҳама мардуми кишварҳои мусулмоннишин чаро худро ба обу оташ мезананд то ба як зиндагии муфарраҳ дар Ғарб, ба ҷое ки мардумонашро кофир мепиндоранд, бирасанд?! Магар аз ҷаҳаннам мегурезанд? На, ин ҳама мардум аз бедонишӣ, аз ҷоҳилият даргурезанд. Ба кишварҳои донишбунёд ва ақлгаро, зеро ин ҷо донишро ба дор мезананд ва чароғи маърифатро бо ҷоҳилияти хеш мекушанд.
 
ҶОНИ НОДОН НЕ, ИН ҶО ҶОНИ ДОНО  ДАР АЗОБ АСТ!
 
Соли 2005 буд, хабар шудем, як талабаи синфи 8, ки дучархаи кӯдакони дар кӯча машғули бозиро бо зӯр гирифта ва шикаставу боз онҳоро азият мекардааст, насиҳатҳои хоҳарбузурги муаллимам ба гӯшаш нафорида, ки ӯро лату кӯб кардааст. Хоҳарбузургам бо аламу ошуфта дари хонаи волидони ин беадабро кӯфта, талаб кардааст, то пеши роҳи писари бадрафтори хешро бигиранд. Аммо ба ҷои пӯзиш модари писари беадаб пушт гардонда, амаки писари ноболиғ болои сӯхта намакоб рехтаву аз дасти муаллимаи ҷабрдида гирифта, аз дарвоза берун кардаву дӯғу пӯписа низ мекунад. Падари наврас дар муҳоҷират дар Россия буд. Назди мудири мактаб рафтану шикоят кардани омӯзгор ҳам натиҷа надод, мудир гуфта, ки мо ҳеч кор намекунем ва худро дар бало намемонем. Нахоҳӣ кор кардан, марҳамат, метавонӣ корро бас кунӣ.
Ӯ ба Душанбе занг заду аз мо додхоҳӣ кард. Гуфтем, ба додгоҳ муроҷиат бикун! Исрор кардем, марҳилаҳои қонуниро бояд пушти сар кард ва ҳамин гуна додхоҳӣ шуруъ шуд. Кор ба дарозо кашид. Дар ин муддат хоҳарбузурги аламдорам тарки мактаб кард. Касеро парвое набуд, зеро ҳар каси тасодуфӣ метавонист ҷойгузини даҳто ҳамчунин муаллим бишавад.
Бо давутози зиёд билохира, додгоҳ оғоз ёфт. Бонуи муҳтарам Оиша Мирзоева, ки он замон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кор мекард, аз ҳолати кор воқиф шуда, бевосита ин масъаларо дар маҷлиси мақомот ба баррасӣ гузоштааст ва муҳокимаи писари беадаб дар сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти интизомӣ шуруъ шуд.
Таку дави бачаи “зӯр” оғоз шуд. Ҳаққи ҳамсоягӣ ба хотирашон расид. Аммо ба хоҳарбузургам тавсия кардем, то охир истодагарӣ бикунад. Ҳамин гуна додгоҳ дар марҳилаи ҳукм содир кардан буд ва хоҳарбузургам ҳамон ҷо ба хотири ҳанӯз тифл будани он талабаи мактаб аз баҳри даъво гузашт. Аммо дигар ҳаргиз ба мактаб барнагашт.
Навраси муштзӯр дар хонаводаи аз лиҳози молӣ таъмин тарбият меёфт. Хонаводаи падар аз ҷумлаи хонаводаҳои суннатӣ ва пойбанд ба мазҳабу дину оин ва хонаводаи модар аз ҷумлаи коммунистони пешгом ва роҳбари ноҳия буданд. Падар таҳсилдида, модар бо маълумоти мактаби миёна. Писарашон шогирди муаллима. Сарнавишти он писар чи шуд, хабар надорем. 
Аз он ҳодисаи дилхарош 18 сол сипарӣ шуд. Хоҳарбузурги ман, ки бо заҳмати зиёд донишкадаи омӯзгориро хатм карда буд, дигар ҳаргиз ба мактаб барнагашт. Чунки роҳбарияти вақти мактабу маориф ба ин ҷинояти дар назар кӯчак чашмпӯшӣ карданд ва иззату обрӯи муаллимро нодида гирифтанд. Ё шояд ҳам чизе аз дасташон намеомад. 
Мо аз дудмони муаллимон ҳастем ва бо нони ҳалоли муаллим ба воя расидаем, аммо ба ҳеч ваҷҳ баргаштани хоҳарбузургамонро ба ҷое, ки дар он инсон, муаллим арзиш надорад ва беқадр аст, салоҳ надонистем.
Ҳамин гуна мушкилоти мактабу ҷомеаи пас аз ҷанги таҳмилии мо дар филми “Муаллим”, (муаллиф Сафар Ҳақдод) таҷассум ёфтааст. Дар ин филмнома ман симои бародари муаллимамро, ки дар ноҳияи кӯҳистонӣ солҳои дароз бори азими ин соҳаро мекашид, дидам. Ӯ хатмкардаи яке аз донишкадаҳои Россияи шуравӣ буд. Ёд дорам, агарчи хурд будам, то дили шаб назди чароғи керосинӣ барои котибҳои райкому комсомол бо забони русӣ маъруза менавишт. Даҳҳо шогирдонаш шоҳиданд, ки муаллими хубу босавод буд ва аксарияти шогирдонаш дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ имрӯз ифои вазифа мекунанд. Аммо билохира, муҳити носолими корӣ, курситалабӣ ва курсинишинии қишри бесавод ӯро низ, гирифтори дарду ранҷ сохт ва барои умрбод аз система берун андохт. Ҳоло ҷабри онро наздиконаш мекашанд. Бо нафақаи ночизи корношоямӣ.
Сулолаи муаллимӣ бо ҳамин дар хонаводаи мо хатм намешавад. Дигар хешу ақрабо ин рисолати аждодиро идома медиҳанд ва барои босавод кардани ҷомеа заҳмат мекашанд. Аз ин рӯ, мушкилоти ин бахш бароям ошност.
Ин ҳолатҳо аз масъулиятношиносии мансабдорони соҳаи илму маориф дар аксари шаҳру навоҳии кишвар шаҳодат медиҳад, ки  солҳост идома дорад. Бояд гуфт, ки бахши омӯзиш ва парвариш ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.
 
БАХТҲОИ НАГУНИ ҚАСРҲОИ АЗИМ
 
Дар зершуури миллат тули солиёни зиёд бар асари сиёсатҳои ғалати давлатдорон аз сӯи бадхоҳони миллат афкоре рехта шуда, ки барои ислоҳи он ба як ислоҳоти бузург ниёз аст. Даҳҳо масалу шеъру мисоли тавҳиномезро ба суроғаи худ метавон ин ҷо овард, танҳо хостаи душман метавонад дар баробари рақиби хеш бошад, ки нохудогоҳ онро такрор мекунем ва як миллати боиззат инро бар шаъни худ ва гузаштагонаш ҳаргиз шоиста намедонад.
Мо дар адабиётамон, ки зеҳни миллати мо аз он обишхӯр аст, чеҳраҳои барозанда ва пурҷилое аз ҷинси мард дорем. Агарчи сарнавишти аксарияти қаламкашони таърихи дарози мо ҳам ба бадбахтӣ ва фоҷиа анҷом мепазирад. Аммо тақдири ду шоҳдухтари фарҳехта ва донишманд Робиаи Балхӣ ва Зебунисо талхиҳои сарнавишти бонувони ин қаламравро ба намоиш мегузорад.
Робиаи Балхӣ, ки аз ӯ ба унвони “модари шеъри форсӣ” ёд мешавад, дар соли 329 ҳиҷрии қамарӣ бо амри бародараш Ҳорис ба қатл расид. 
Робиа духтари Яқуб Қазодорӣ аз арабҳои кӯчида ба Хуросонзамин ва фармонравои Балху Сиистон буд. Ҳорис бародари Робиа, ки баъд аз марги Яқуб ҷонишини вай шуд, духтари бо ноз парвардаи падарро, ки ҳамроҳ бо тоҷу тахт ворисии ӯро бар дӯш гирифта буд, пас аз воқиф шудан аз ишқ ва номанависии Робиа ба Бактош ном ходими дарбор, раги дастонашро мебурад ва дар ҳаммом зиндонӣ мекунад. Робиа бо хуни худ ашъореро бо хитоб ба Бактош бар девори ҳаммом ҳаккокӣ мекунад. Рӯзи баъд ҷасади оғӯшта ба хуни ӯро аз гармоба берун мекунанд.
Ин ҳам мухтасари достони зулму ситами сайёдони хунрези аҳриманхуе, ки ҳатто ба хуни хеш, ки хоҳараш буд, низ раҳм накарданд.
Зебунисо Махфӣ  фарзанди аршади император Аврангзеб буд. Ӯ яке аз хушнависони Ҳинд ва аз шоирони сабки ҳиндӣ дар адабиётӣ форсӣ ва тасаввуф буд ва бо тахаллуси «Махфӣ» шеър месуруд. Табори ӯ аз ҷониби модар ба Шоҳ Исмоили Сафавӣ, дудмони ҳоким бар Эрон мерасид. Зебунисо духтари нозпарварди падараш буд ва ҳамвора дархостҳояш мавриди қабули падар қарор мегирифт, ба андозае, ки ӯ метавонист афродро афв кунад. 
Аммо ин духтари ноздонаи падар дар 20 соли охири умри худ дар қалъаи Салимгари Деҳлӣ тавассути падараш зиндонӣ шуд. 
Зебунисо дар даврае зиндагӣ кард, ки бисёре аз шоирони «бузург» дар авҷи шуҳрати худ буданд, аз ҷумла мавлоно Абдулқодир Бедил, Калими Кошонӣ, Соиб Табрезӣ ва Ғании Кашмирӣ. Таъсири қобили мулоҳизае аз сабк Ҳофизи Шерозӣ дар шеъри Зебунисо дида мешавад. «Зебунисо омӯзаҳои динӣ ва масоили имониро ба таври ҷиддӣ омӯзиш дида буд ва ӯ ба унвони як донишманди олӣ дар чандин риштаи донишгоҳӣ ва ба унвони як шахсияти адабӣ ва машҳур шинохта мешуд. Ӯ хуб овоз мехонд ва оҳанг менавохт ва бисёре аз боғҳои рӯзгори худро обод кард». 
Чандин гузориши мутаноқиз вуҷуд дорад, ки тавзеҳотеро дар бораи шароите, ки дар ниҳоят боис ба зиндонӣ шудани вай дар қалъаи Салимгари Деҳлӣ шудааст, ироа медиҳад. Ҳангоме ки Аврангзеб дар соли 1662 бемор шуд ва пизишкон ба вай тағйири муҳитро пешниҳод карданд, вай ҳамроҳ бо хонавода ва дарбор ба Лоҳур рафт. Дар он замон Ақилхон, писари вазири вай, фармондори он шаҳр буд. Пас аз он иддао шуд, ки Ақилхон ва Зебунисо робитае кӯтоҳ ва дар айни ҳол номуваффақ доштанд. Пас аз он Аврангзеб ба Зебунисо беэътимод шуд ва сипас, ӯро зиндонӣ кард.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ӯ ба номанависӣ ба бародараш Муҳаммад, ки мехостааст ҷойгузини падараш Аврангзеб шавад ва сиёсати ғалати падарро дар зимомати идораи кишвар нокифоят ва муғойир ба қавонини исломӣ арзёбӣ карда, муттаҳам мешуд.
Назарияҳои дигар ҳокӣ аз он аст, ки вай ба далели шоирӣ ва мусиқидон будан ба зиндон афтод чаро, ки ҳар ду кор бо шеваи зиндагӣ ва тафаккури сахтгирона, мазҳабӣ ва бунёдгароёнаи Аврангзеб дар тазод буданд.
Муҷозоти вай ин буд, ки сарвати андӯхташудааш мусодира, ҳуқуқи бознишастагии солиёна 4 лаки ӯ ботил ва то замони марг дар Салимгар зиндонӣ шавад. 
Зебунисо дар он ҷо пас аз таҳаммули 20 сол ҳабс, бемор шуд ва пас аз ҳафт рӯзи беморӣ дар ҳоле ки Аврангзеб дар сафаре ба Дакан буд, дар Ҷаҳонобод даргузашт.
 
РЕНЕСОНС Ё РЕФОРМ, КАДОМ ЯКЕ?
 
Осори хаттӣ ва шифоҳии мо аз он далолат мекунад, ки занон аксар вақт дар қабзаи сиёсати мардсолорона тули таърихро тай кардаанд ва ҷое ҳам ки даст ба кор мешаванд танҳо ҳақ доранд дар либоси мард берун шаванд ва дар корзори берун аз хона кореро сомон бидиҳанд. Агар ҳар кӣ аз доираи ин муқаррарот берун по ниҳода ё сар зада шуда ва ё гирифтор ба шиканҷаву ҳабси хонагӣ гардидаанд. 
Танҳо мисоли ба дор зада шудани се духтари ҷавон барои рафтан барои омӯзиш дар баробари чашми мардум дар ҳамин қаламрави имрӯзии мо коре бас зишт ва накуҳидааст. 
Қатли занон дар маърази ом дар ҳамсоягии мо, ба мисли Фархундаҳо аз ҳамоқат ва номардии буздилоне бо ришу фаши ҷулидаву мағзи тиҳӣ далолат мекунад.  
Аммо шиканҷа ва беҳурматӣ нисбат ба бонувони бузургвори кишварамон, тангназарӣ ва нодида гирифтани ҳузури занон дар ҷомеа аз чӣ фарҳанге сарчашма мегирад; ориёӣ ва ё тозиён? Суолест, ки ба он бояд посух ҷуст. 
Аз даст додани замон дар  ташхис ва табобати саривақтии маризӣ танҳо ба марг меанҷомад. Он ҳам марги як миллат! 
 
Адолати МИРЗО
Санаи нашр: 19.05.2023 №: 105
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив